Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толиб Айёмбеков: “Ман тиҷорати орду бензин дорам” САДО


Толиб Айёмбеков
Толиб Айёмбеков

Толиб Айёмбеков, яке аз афроди таъсиргузор дар вилояти Бадахшон, ки қаблан мақомот ӯро “аз саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноӣ дар Хоруғ” ном бурда буданд, гуфт, ҳоло даврони бознишастагӣ меронад ва ба тиҷорати орду бензин машғул аст. Вай рӯзи 29-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди беш аз як моҳи боздид аз Душанбе ва гӯшаҳои дигари кишвар дар талоши ободии зодгоҳи худ шудаанд.

Гуфтугӯ бо Толиб Айёмбеков, баъди бозгашт аз Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:19 0:00
Линки мустақим

Дар Душанбе ҳама хуб буд. Камбудҳо бештар дар Бадахшон аст

Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев ва Зоир Раҷабов дар охири моҳи октябри имсол аз Хоруғ ба Душанбе омаданд. Айёмбеков мегӯяд, ки ошноии онҳо бо Душанбеву минтақаҳои дигари кишвар бо даъвати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сурат гирифт ва, ба қавли ӯ, “хеле хуб гузашт”. Толиб Аёмбеков мегӯяд, тақрибан ҳафт соли охир аз қаламрави Бадахшон берун нарафта буд.

“Орзу дорам, ки дар соли 2019 дар кишвар танҳо оромӣ бошад ва Бадахшон ҳам мисли дигар минтақаҳо рушд кунад. Миллати мо бо якдигарфаҳмию бародарӣ зиндагӣ дошта бошад”, - афзуд ӯ.

Радиои Озодӣ: Вақте дар Душанбе будед, овозаҳо паҳн шуд, ки гӯиё ният доред бо раиси ҷумҳур мулоқот кунед. Ҳатто сару садо буд, ки ба Шумо ваъдаи кор дар сохтори Вазорати умури дохилӣ дар Бадахшон дода шудааст. Ин ҳарфҳо то куҷо ҳақиқат доранд?

Толиб Айёмбеков: “На, дар ҷараёни сафари мо ба Душанбе чунин барнома набуд. Мо фақат барои сайру саёҳат рафтем. Дар масъалаи ҷалби ман ба кор дар Раёсати умури дохилии Бадахшон низ гуфтушунид сурат нагирифтааст. Агар чунин пешниҳоде шавад, ман таҷриба ва тавоноиро дорам, ки барои суботу оромии вилоятамон кор кунам. Вале дар ин бора дар Душанбе ҳеч ишора нашуд.”

Радиои Озодӣ: Дар ин сафар бештар чӣ ҷолиб буд?

Толиб Айёмбеков
Толиб Айёмбеков

Толиб Айёмбеков: “Ман дар бораи сохтмонҳои муҳим ва ободии Душанбеву минтақаҳои дигар бисёр шунидаам, вале надида будам. Рости гап, чандон бовар намекардам. Хусусан, вақте ману се рафиқамро ба маросими ифтитоҳи чархаи аввали Роғун даъват намуданд ва ин сохтмони азимро дидам, боварам бештар шуд. Тайи ҳафт соле, ки ба он тарафҳо нарафта будам, хеле дигаргунӣ шудааст. Ҳоло бояд талош ба харҷ дод, ки Бадахшон ҳам тараққӣ кунад, чун дар инҷо масъалаи ҳалношуда зиёд аст. Камбуд зиёд аст.”

Радиои Озодӣ: Кадом камбудҳоро дар назар доред?

Толиб Айёмбеков: “Дар Душанбе ҳама хуб буд. Вале гуфтам-ку, камбудҳо бештар дар Бадахшон аст. Роҳҳои мошингард харобу мушкилгузар шудааст. Ҳоло ки ҳама тинҷ шуд, Бадахшон ҳам обод мешавад, иншоаллоҳ.”

Радиои Озодӣ: Яъне, гуфтанӣ ҳастед, ки дигар ҳоло гуруҳҳои ҷиноӣ нестанд, силоҳ дар дасти мардум нест, мошинҳои сиёҳшиша нест?

Толиб Айёмбеков: “Бале дигар дар Хоруғ мошинҳои сиёҳшиша нест, ронандаҳои сархушу маст кам шуданд ва гурӯҳҳои ҷиноӣ ҳама худ таслим шуданд. Тинҷӣ аст. Дигар фаъолият дар доираи қонун сурат мегирад, мо зуд-зуд гардиш мекунем ва аз ҳеҷ нафар шикоят намешунавем.”

Радиои Озодӣ: Се нафари дигар аз ҳамроҳонатон дар робита ба сафари якмоҳа ҳамфикри Шумо ҳастанд?

Толиб Айёмбеков: “Бале, мо ҳамроҳ будем ва дар ҷараёни сафар баҳсу машваратҳо доштем ва ҳама аз ин саёҳат қонеъ ҳастанд. Вақте мо аз Душанбе баргаштем, дар бораи натиҷаи сафар бо раиси вилоят Ёдгор Файзов мулоқот намудем ва таассуроти худро нақл кардем.”

Рейдҳои зидди мошинҳои сиёҳшиша, ҷамъоварии силоҳ ва таслим шудани афроди гумонбар дар ҷиноятҳо баъди он шурӯъ шуд, ки моҳи сентябри имсол президенти Тоҷикистон дар як сафари корӣ ба шаҳри Хоруғ аз вазъи тартибот дар минтақа интиқод кард ва гуфт, "чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонанд". Баъди ин дар вилоят тағйироти ҷиддӣ сурат гирифт -- мақомоти ҳукумати вилоят ва сохторҳои додгустариву додситонӣ иваз шуд.

Дар паи шурӯи санҷишҳои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, дар манотиқи мухталифи вилоят, аз ҷумла шаҳри Хоруғ посгоҳҳои полис гузошта шуд. Вале сокинони маҳаллӣ норозианд ва борҳо аз мақомот хостаанд, ки посгоҳҳоро бардоранд.

XS
SM
MD
LG