Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон истеъфои дипломати Амрикоро "хандаовар" номид


Аббос Мусавӣ дар Твиттераш истеъфои Ҳукро хандаовар номидааст.
Аббос Мусавӣ дар Твиттераш истеъфои Ҳукро хандаовар номидааст.

Вазорати умури хориҷаи Эрон истеъфои Брайан Ҳук, намояндаи хоси ҳукумати Амрико барои Эронро, масхараомез хонда, гуфтааст, ки Кохи Сафед “луқмаи бузургтар аз даҳонашро бардоштааст.” Намояндаи хос, сиёсати Иёлоти Муттаҳида барои Эронро пеш мебарад. Баёнияи тамасхуромезро Аббос Мусавӣ сухангӯи вазорат рӯзи 7-уми август дар саҳифааш дар Твиттер нашр кардааст.

Як рӯз қабл аз ин вазорати умури хориҷии Амрико эълон кард, ки Брайан Ҳук вазифаи худро тарк мекунад. Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, дипломати дигар Эллиот Абрамс, муваққатан Брайан Ҳукро иваз мекунад. Ин дипломат талошҳои ҳукумати Амрико барои сарнагунии раиси ҷумҳури Венесуэларо роҳбарӣ мекард. Сабабҳои аз мақомаш рафтани Брайан Ҳукро шарҳ надодаанд.

Аббос Мусавӣ тағйирот дар мақоми намояндаи хоси Амрико барои Эронро хандаовар хонда гуфтааст, “Миёни Ҳук ва Абрамс ҳеч фарқе нест, чуноне байни онҳо ва Ҷон Болтон мушовири собиқи амниятии президент Трамп.” Дипломати эронӣ навиштааст: “Вақте сиёсати Амрико дар қиболи Эрон матраҳ аст, мақомоти амрикоӣ луқмаи бузургтар аз даҳонашро бардоштаанд.”

Истеъфои ғайримунтазира ва қабл аз раъйдиҳӣ дар Шӯрои Амният

Истеъфои ғайримунтазираи Ҳук дар замоне эълон шуд, ки қарор аст, Шӯрои Амнияти Созмони Милал ҳафтаи оянда дар мавриди тамдиди таҳрими фурӯши аслиҳа ба Эрон раъйгирӣ кунад. Ҳук дар моҳи августи соли 2018 баъди он ки Амрико эълон кард, аз созиши атомии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон хориҷ мешавад, ин вазифаро бар уҳда гирифт.

Созиши атомӣ байни Эрон ва қудратҳои бузург дар соли 2015 таҳримҳои фалаҷкунанда алайҳи Эронро бартараф кард ва дар иваз Эрон уҳдадор шуд, ки фаъолиятҳои атомии худро маҳдуд созад. Трамп баъди хориҷ кардани Амрико аз созиш, фишорҳо алайҳи Теҳронро сахттар кард.

Майк Помпео вазири умури хориҷии Амрико гуфт, Абрамс ҳамзамон бо он ки талошҳоро барои сарнагун кардани Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла идома медиҳад, масъулиятҳои марбут ба Эронро низ бар уҳда мегирад.

XS
SM
MD
LG