Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои Эрон нигарониҳоро аз ҷанг бо Амрико барангехт. ВИДЕО, САДО


Яке аз мушакҳое, ки Эрон партоб кардааст.
Яке аз мушакҳое, ки Эрон партоб кардааст.

Ҳамлаҳои шабонаи мушакии Эрон ба ҳадафҳои Амрико дар Ироқ нигарониҳоро дар ҷаҳон барангехт, ки мумкин аст, ин муноқишаи мусаллаҳона дар Ховари Миёна аз контрол хориҷ шавад.

Томас Варрик, пажуҳишгари Атлантик, як муассисаи таҳқиқотӣ дар Вашингтон мегӯяд, айни замон суоли асосӣ ин аст, ки агар ҳамлаҳои Эрон талафоте дар байни амрикоиҳо оварда бошад, чӣ хоҳад шуд.

Ӯ субҳи 8-уми январ ба "Садои Амрико" гуфт: "Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико возеҳ гуфтааст, ки талафот дар байни амрикоиҳо хатти сурх аст." Вазорати дифои Амрико гуфтааст, ки осеби расида ба таъсисоташ дар Ироқро таҳқиқ мекунад. Томас Варрик гуфт: "Дар ин соат мо намедонем, ҳамлаҳо оё сабаби талафот дар байни амрикоиҳо, ироқиҳо ва ё кишварҳои дигаре шуда бошад."

Доналд Трамп баъди ҳамлаҳои мушакӣ дар Твиттер навишт, ки "ҳама чиз хуб аст, то ҳол авзоъ басомон аст."

Айни замон Одил Абдулмаҳдӣ - нахуствазири Ироқ, рӯзи 8-уми январ гуфт, ҳукумати ӯ то кунун дар бораи талафот дар миёни сарбозони ироқӣ ва ё нерӯҳои эътилофи ба раҳбарии Амрико нагирифтааст. Мақомоти Бритониё, Олмон, Фаронса, Лаҳистон, Дания ва Финландия ҳам гуфтанд, ки ҳеҷ яке аз сарбозонашон дар Ироқ дар зарбаҳои мушакии Эрон кушта ва ё маҷруҳ нашудаанд.

Дар Ховари Миёна чӣ мегузарад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00
Линки мустақим

Телевизиони давлатии Эрон бе нишон додани ягон далеле гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаҳо "камаш 80 сарбози террористи Амрико" кушта шуданд. Ба гуфтаи ҳамин телевизион, мушакҳо, чархболу, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва дигар муҳимоти ҷангӣ дар пойгоҳи Айн-ул-Асад дар ғарби Ироқро вайрон кардаанд. Дар ин пойгоҳ нерӯҳои Амрико ва Бритониё ҷойгир шудаанд.

Қудрати низомии Амрико

Ба гуфтаи Варрик, агар дар ҳамлаҳои мушакии эрониён амрикоиҳои зиёде талаф ёфта бошанд, ҳеч шак нест, ки "раиси ҷумҳур Трамп дастури ҳамла ба сарзамини Эронро хоҳад дод." Ба қавли таҳлилгар: "Ғолибан амр медиҳад, ҷойҳое, ки аз онҷо мушак партоб шуданд ва ё дигар таъсисоти маълум барои Амрико ҳадаф гирифта шаванд. Ҳатто мумкин аст, ки баъди ин артиши Эрону Амрико барои чанд рӯзи оянда ба тарафи якдигар оташ бикушоянд."

Томас Варрик, пажуҳишгари Шӯрои Атлантик ҳамчунин гуфт: "Мақомоти Амрико возеҳ кардаанд, ки ба ҳар гуна ҳамлае, ки амрикоиҳоро мекушад, бо қудрати тамом ҷавоб медиҳанд. Қудрате, ки Эрон ҳеҷ ба он баробар шуда наметавонад."

Стивен Дейвид, профессори умури равобити байналмилал дар Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс мегӯяд, азбаски ҳамлаҳои мушакӣ аз дохили Эрон сурат гирифтаанд, масъала бисёр ҷиддӣ аст. Ба қавли ӯ, истифодаи Эрон аз мушакҳои баллистикӣ ба ҷойи мушакҳои кӯтоҳпарвозе, ки нерӯҳои вафодор ба Эрон аз дохили Ироқ истифода мекунанд, амале буд, ки ба оташи таниш равған мерезад.

Эрон пойгоҳҳои амрикоии мустақар дар Ироқро мушакборон кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00

Стивен Дейвид субҳи 8-уми январ ба "Садои Амрико" гуфт: "Аз назари миқёс (истифода) аз мушакҳои баллистикӣ назар ба мушаки оддӣ бисёр ҷиддӣ аст. Вақте мо дар бораи мушакҳои баллистикӣ гап мезанем, мушакҳои атомиро ҳам дар назар дорем, ки хушбахтона Эрон онҳоро надорад. Далолати зимнии он бисёр тарснок аст ва нишон медиҳад, ки эрониён воқеан амал мекунанд."

Дар посух ба ин суол, ки оё роҳе барои фурӯ нишондани муноқиша байни Вашингтону Теҳрон ҳаст, профессори амрикоӣ гуфт, Эрон паём додааст, ки "дар сурати ба қавли Эрон иғвоангезии Амрико даст рӯи даст наменишинад."

Стивен Дейвид интизор дорад, ки Амрико ба ҳамлаҳо посух медиҳад ва "сипас интизор дорам, ки ҳампаймонҳои Амрико дар Аврупо, Созмони Милал, дигарон ва ҳама хоҳанд гуфт, аз ин роҳи хусумат баргардед."

Ӯ дар идомаи суҳбат гуфт: "Тасаввураш мушкил аст, ки Амрико сокит бошад ва ҳеч коре накунад" ва афзуд, "ҳамлаҳои дигари Амрико метавонад, Эронро ба он водор кунад, ки ба Арабистони Саудӣ ва Исроил зарба занад ва ба зидди Амрико ҳамлаҳои кибернетикӣ анҷом бидиҳад."

Ба қавли Стивен Дейвид, ин як саҳнаи бисёр тарснок аст, чунки инҷо "раҳбарони ду кишваре ҳастанд, ки ҳеч яке ақибнишинӣ кардан намехоҳанд ва бо ҳама навъи аслиҳа, мушакҳои баллистикӣ, мушакҳои болдор, ҳавопаймо, аслиҳаи кимиёвӣ, аслиҳаи кибернетикӣ мусаллаҳанд."

Айни замон профессори амрикоӣ умедвор аст, ки хирад дастболо мешавад. "Умедворам, хештандорӣ пирӯз мешавад. Ду тараф ба ҷое мерасанд, ки ором мешаванд ва имкон медиҳанд, таниш фурӯ нишинад. Ҳеч яке аз кишварҳо намехоҳанд, вазъ аз контрол хориҷ шавад. Барои ман дар бесарусомонии мудҳиш ҳамин ягона аломати хушбинона аст."

Раҳбарони кишварҳои ҷаҳон рӯзи 8-уми январ аз Амрикову Эрон хостанд, ки хештандорӣ нишон бидиҳанд ва нагузоранд, ки вазъ аз зери назорат хориҷ шавад. Вокунишҳои аввали ҳампаймонҳои Амрико баёнгари он аст, ки ҳеҷ яке аз онҳо майл надорад, дар Ховари Миёна ҷанги комилеро бубинад.

"Ҳамлаи хатарноки Эрон"

Ҳукумати Бритониё зарбаҳои мушакии Эронро маҳкум кард ва гуфт, ҷанги нав дар Ховари Миёна, сабаби доман задани терроризм мешавад. Доминик Рааб, вазири умури хориҷии Бритониё гуфт: "Мо ин ҳамла ба пойгоҳҳои низомии Ироқ ва мизбони нерӯҳои эътилофӣ, аз ҷумла Бритониёро маҳкум мекунем. Мо аз Эрон мехоҳем, чунин ҳамлаҳои хатарноку бемулоҳизаро такрор накунад ва баръакс роҳи ҳарчӣ зудтар фурӯ нишондани танишро пеш бигирад."

Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Бритониё, ҷанг байни Эрону Амрико “фақат ба манфиати” гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" ва “дигар гурӯҳҳои террористӣ” хоҳад буд. Аннегрет Крамп-Карренбауеэр, вазири дифои Олмон ҳам зарбаҳои Эронро танқид кард ва гуфт: “Берлин ин таҷовузро сахт маҳкум мекунад.” Ба қавли ӯ, “акнун ба эрониҳо бастагӣ дорад, ки ба шиддат гирифтани вазъ роҳ надиҳанд.”

Суҳайл ал-Мазруӣ, вазири энержии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гуфт, ҳам Вашингтон ва ҳам Теҳрон бояд хештандорӣ нишон бидиҳанд. Ӯ афзуд: “Мо ба хиради ҳарду тараф умедворем, ки танишҳоро коҳиш бидиҳанд.”

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт, ҳамлаҳо ба таъсисоти амрикоӣ дар Ироқ посух ба қатли генерал Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудси сипоҳ буд, ки дар зарбаи мушакии амрикоиҳо дар рӯзи 3-юми январ дар Бағдод кушта шуд.

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон гуфт, амалкарди кишвараш, “амали қонунӣ барои мудофиаи худ буд ва Амрико бояд аз арзёбиҳо бар асоси тахайюл парҳез кунад.”

Дар муроҷиат ба мардуми кишвар дар субҳи 8-уми январ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон гуфт, ҳамлаҳои мушакӣ ба пойгоҳҳои нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ “як шаппотӣ” буд. "Ин корҳои низомӣ барои (ниқор) кифоят намекунад. Ончӣ муҳим аст, ин аст, ки боястӣ ҳузури фасодбарангези Амрико дар ин минтақа тамом бишавад."

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG