Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими видоъ бо Сулаймонӣ ва гиряи Хоманаӣ аз марги ӯ. ВИДЕО


Рӯзи душанбе садҳо ҳазор нафар ба кӯчаҳои шаҳри Теҳрон рехтанд, то дар маросими видоъ бо фармондеҳ Қосим Сулаймонӣ ширкат кунанд, ки дар дар ҳамлаи ҳавоии Амрико ҳалок шуд.

Духтараш гуфт, қатли падараш “рӯзҳои сиёҳе”-ро ба сари Амрико меорад. Зайнаб Сулаймонӣ зимни суханронӣ, ки дар телевизион намоиш доданд, гуфт: “Трампи девона, фикр накун, ки ҳамачӣ бо шаҳодати падари ман анҷом меёбад.”

Қосим Сулаймонӣ, генерал ва фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ рӯзи ҷумъа, 3-уми январ дар натиҷаи зарбаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико кушта шуд. Дастури қатли ӯро раиси ҷумҳур Доналд Трамп додааст. Қосим Сулаймонӣ, яке аз меъморони асосии сиёсати Эрон барои тақвияти нуфузи кишвар дар саросари минтақа буд ва Теҳрон гуфт, ки барои марги ӯ интиқом мегирад.

Миқёси издиҳом дар Теҳрон, ки телевизионҳои давлатӣ нишон доданд, ба қавли ҳамин телевизионҳо миллионҳо нафарро ташкил медод ва мисли издиҳоме буд, ки дар соли 1989 дар замони видоъ бо Оятуллоҳ Хумайнӣ, бунёнгузори Ҷумҳурии Исломӣ дида шуд. Қосим Сулаймонӣ барои бисёре аз эрониён қаҳрамони миллӣ ба ҳисоб мерафт, ҳатто барои онҳое, ки худро тарафдори содиқи рӯҳониёни ҳоким бар Эрон намешуморанд. Сулаймониро барои дафн ба зодгоҳаш ба Кирмоншоҳ мебаранд.

Дар вокуниш ба ҳушдори Эрон, ки гуфт, марги Сулаймониро беҷавоб намегузорад, Трамп таҳдид кард, дар сурати ҳамлаи Эрон ба амрикоиҳо ва ё таъсисоти кишвараш, Иёлоти Муттаҳида 52 таъсисоти Эрон, аз ҷумла маконҳои фарҳангии Эронро ҳадаф мегирад. Таҳдидҳои дуҷониба бӯҳрони мавҷуд дар Ховари Миёнаро амиқтар бурд ва бим аз оташ гирифтани минтақаро бештар кард.

Эрон бо генерал Қосим Сулаймонӣ видоъ мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00

Тобути Қосим Сулаймонӣ ва пешвои ниманизомиёни ироқӣ Абу Маҳд-ал-Муҳандисро, ки дар айни ҳамла кушта шуд, мардуме, ки ба маросими видоъ омада буданд, болои сар мегузаронданд ва “Марг бар Амрико” шиор медоданд. Наворҳо аз осмон издиҳоми азимеро дар кӯчаву паскӯчаҳои маркази Теҳрон нишон медод, намоиши хушоянди ваҳдати миллӣ барои ҳукуматро, ки моҳи ноябр шоҳиди тазоҳуроти олуда ба хушунат ба зидди рӯҳониёни ҳоким дар Эрон шуд.

Қатли Сулаймонӣ нуфузи Эронро бештар мекунад?

Бо қатли Сулаймонӣ, Эрон ба ҳадафи асосиаш дар минтақа, яъне берун кардани нерӯҳои Амрико аз Ироқ як қадам наздиктар шуд. Рӯзи якшанбе порлумони Ироқ ба тарафдории қарори нахуствазири муваққат Одил Абдулмаҳдӣ раъй дод, ки тавсия дод, тамоми нерӯҳои хориҷӣ кишварашро тарк кунанд. Ӯ гуфт: ”Бо вуҷуди мушкилоти дохиливу хориҷӣ, ки ба он рӯ ба рӯ мешавем, аз назари усулӣ ва амалӣ барои мо ҳамин беҳтар аст.”

Пешвоёни гуруҳҳои рақиби шиамазҳаб, аз ҷумла мухолифони нуфузи Эрон дар Ироқ баъди ҳамлаи рӯзи ҷумъа бо ҳамдилӣ, хоҳони рондани нерӯҳои Амрико аз кишварашон шуданд. Амрико дар Ироқ 5 ҳазор сарбоз дорад, ки аксарият ба ҳайси мушовирони низомӣ кор мекунанд.

Исмоил Қоонӣ, раҳбари нави нерӯҳои Қудс, воҳиди Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, ки масъули амалиётҳо дар хориҷ аст, гуфт, Эрон роҳи пешгирифтаи Сулаймониро идома медиҳад. Ин генерал бо таъсиси шабакаи васеъи гуруҳҳои вафодор ба Эрон, нуфузи кишварашро дар минтақа, сар аз Лубнон то ба Сурияву Ироқ тавсиа дод. Гуруҳҳои фаластинӣ ва яманӣ ҳам шомили ин шабака мешаванд.

Намози ҷанозаи Сулаймонӣ дар Теҳронро, худи Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон хонд ва ҳангоми суханронӣ гиря кард. Сулаймониро баъд аз худи Хоманаӣ дуввумин чеҳраи бонуфуз дар кишвар медонистанд. Исмоил Ҳания, раҳбари гуруҳи фаластинии "Ҳамос", барои ширкат дар маросими дафн ба Теҳрон сафар кард. Ӯ бо ишора ба Исроил гуфт: “Муқовимат ба тарҳи саҳюнистҳо дар сарзамини Фаластин поён намеёбад, муқовимат ба зидди султаҷӯии Амрикоро намешиканад ва заиф намекунад.”

Тарс аз афзоиши таниш ва оташ гирифтани Ховари Миёна

Дар иқдоми дигаре, ки танишҳоро бештар мекунад, Эрон гуфт, ки аз иҷрои тааҳудоти дигари созиши атомии соли 2015 даст мекашад. Амрико аз ин созиши муҳим соли 2018 даст кашид. Олмон гуфт, эълони Эрон гуфт, ки дигар бе маҳдудият ба ғанисозии ураниум машғул мешавад, метавонад, созишро аз байн барад. Кишварҳои аврупоӣ саъй доштанд, ки ин созиш боқӣ бимонад.

Баъди тарки созиш, Амрико, таҳримот ба зидди Эронро барқарор кард ва онро сиёсати “фишори ҳадди аксар” номид ва гуфт, мехоҳад, содироти нафт, як манбаи аслии даромади Эрон то ба сифр бирасонад. Баъд аз ин иқтисоди Эрон ва пули миллиаш рӯ ба суқут овард. Ҳангоми суҳбат бо хабарнигорон дар рӯзи якшанбе Доналд Трамп дигарбора ба таҳдидаш барои ҳадаф гирифтани мавзеъҳои фарҳангии Эронро такрор кард, ҳарчанд ӯро барои чунин баёния сиёсатмадорони амрикоӣ танқид кардаанд.

Доналд Трамп гуфт: “Онҳо иҷоза доданд, ки одамони моро кушанд. Онҳо иҷоза доданд, одамони моро шиканҷаву маъюб кунанд. Онҳо иҷоза доданд, ки бомб бигузоранду, одамони моро тарконанд. Ва мо иҷоза надорем, ба маконҳои фарҳангии онҳо даст расонем. Ингуна намешавад.”

Мунтақидон аз Ҳизби Демократи Амрико, гуфтанд, ки дастури Трамп барои маҳви Сулаймонӣ аз бемулоҳизагӣ будааст. Баъзеҳо гуфтанд, ки ҳадаф гирифтани маконҳои фарҳангӣ баробар ба ҷиноятҳои ҷангӣ аст. Бисёриҳо пурсидаанд, ки Сулаймониро, ки дер боз мақомоти Амрико хатар мепиндоштанд, чаро ҳоло аз байн бурданд.

Вакилони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар Конгресс аз амалкарди Доналд Трамп ҳимоят кардаанд. Трамп ҳамчунин ба Ироқ бо таҳрим таҳдид кард ва гуфт, агар Ироқ сарбозони амрикоиро аз қаламраваш хориҷ кунад, Бағдод бояд пули “пойгоҳи фавқуллода гарон”-и ҳавоии Амрико дар онҷоро бипардозад.

Маълум нест, ки Вашингтон ҳампаймонҳояшро дар бораи ҳамла аз қабл огаҳ карда буд, ё не. Бритониё, ки дар Ироқ сарбоз дорад, гуфт, мефаҳмад, ки чаро Амрико Сулаймониро кушт, вале айни замон гуфт, барои пешгирӣ аз ҷанг дар Ховари Миёна бояд танишҳо минтақа фуру нишонда шавад. Бо афзоиши нигарониҳо, аз шиддат гирифтани таниш қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ду дар сад боло рафт ва аз марзи 70 доллар барои як бӯшка гузашт.

XS
SM
MD
LG