Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руҳонӣ аз эрониҳо хост, дар давраи сахт "муттаҳид" бошанд


Ҳасан Руҳонӣ

Бо афзоиши мушкилоти иқтисодии Эрон аз таъсири таҳримоти Амрико Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон аз ҷиноҳҳои сиёсии кишвараш хост дар “ин давраи сахт” муттаҳид бошанд.

Ӯ рӯзи 11-уми май дар ҳузури гуруҳе аз фаъолони сиёсӣ дар Теҳрон гуфт, “фишорҳои душманон як ҷанги бесобиқаи дар таърихи Инқилоби исломӣ аст”.

Хабаргузории расмии ИРНА аз қавли Ҳасан Руҳонӣ навиштааст: “Имрӯз наметавон гуфт, ки шароит аз давраи ҷанги таҳмилии (Эрону Ироқ дар солҳои 1980-88) бадтар аст, аммо мо дар он замони ҷанг мушкили бонк, фурӯши нафт ва воридоту содирот надоштем ва танҳо таҳрими мо таҳрими силоҳ буд.”

Ҳасан Руҳонӣ дар идомаи суханрониаш гуфтааст, ки бо ҳамфикрӣ ва муттаҳидӣ метавонанд, ин шароити сахтро пушти сар кунанд. Буҳрони иқтисодӣ дар Эрон дар як соли гузашта ва баъди он бадтар шуд, ки Амрико аз созиши атомии соли 2015 бо Эрон хориҷ шуд ва таҳримоти иқтисодӣ ба зидди онро барқарор кард.

Аз ҷумла таҳримот ба зидди содироти нафт ва фулуззот ба зидди Эрон аз ҷумлаи таҳримҳои сахте ҳастанд, ки кишварро аз манбаи даромад маҳрум мекунанд. Амрико мегӯяд, ҳадаф аз ин таҳримот водор кардани Эрон ба хотима додан ба “фаъолиятҳои бадхоҳона” дар Ховари Миёна ва ҳам талош барои тавлиди силоҳи атомӣ аст. Амрико мегӯяд, Эрон гуруҳҳои ифротӣ ва террористӣ дар минтақаро дастгирӣ мекунад, иддаое, ки Теҳрон пайваста рад кардааст.

Ба сабаби таварруми зиёд, афзоиши қимату бад шудани некӯаҳволии аҳолӣ, мардуми зиёд ва кормандони муассисаҳои хусусиву давлатӣ ба кӯчаҳо баромада ва аз таъхир дар пардохти музди кор ва бадтар шудани шароити кор эътироз кардаанд.

Баъди ин ҳама Ҳасан Руҳонӣ, ки дар солҳои аввали ҳукуматаш аз ҳимояти мардум бархудор буд, зери танқиди зиёди муҳофизакорони тундрав қарор гирифт ва баъзе аз шариконаш ҳам ӯро раҳо карданд.

Айни замон Иёлоти Муттаҳида ҳузури низомиашро дар Халиҷи Форс тақвит медиҳад ва гуфтааст, ки ҳадаф аз ирсоли нерӯҳои изофӣ муқобила бо хатароти афзоянда аз тарафи Эрон аст.

Вазорати дифои Амрико рӯзи 10-уми май гуфт, нови ҷангии “Арлингтон” ба зудӣ ба минтақа шино карда ва ба нови азими дигари “Абраҳам Линколн” ҳамроҳ мешавад. Чанд ҳавопаймои ҷангии бомбандози B-52-ро ҳам ба минтақа фиристодаанд, зеро ба гуфтаи Хадамоти истихборотии Амрико Эрон дар Ховари Миёна кадом ҳамлаҳоеро тарҳрезӣ кардааст.

Ҷон Болтон, мушовири амниятӣ дар ҳукумати Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 5-уми май гуфт, киштии ҷангии Арлингтон нерӯҳои изофӣ бо назардошти “аломатҳои нигаронкунанда ва ҳушдорҳо” ба минтақа фиристода шуданд.

Ӯ ва Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ба Эрон ҳушдор додаанд, ки дар сурати ҳамла ба манофеи Амрико ва шариконаш ба “нерӯи беамоне” дучор мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG