Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди вазири нақлиёти Тоҷикистон аз "худсарӣ"-и IRS. ВИДЕО


Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз кори ширкати IRS (Innovative Road Solutions), мутасаддии нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Чаноқ, танқид карда ва гуфтааст, "ин ширкат дар пешниҳоди ҳисобот ба мақомот худсарӣ мекунад". Ширкати IRS то ба ҳол вокуниш накардааст. Масъулони ширкат дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дертар ҷавоб медиҳанд.

Гуфтугузор дар бораи кори ширкати IRS дар ҷаласаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон сурат гирифтааст, ки тақрибан даҳ рӯз пеш баргузор шуд ва баъзе аз ҷузъиёти онро рӯзномаи расмии "Нақлиёт" нашр кард. Бино ба он, Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёт, гуфтааст, "аз бемасъулияти кормандони IRS дар роҳи Душанбе-Хуҷанд танбашавӣ ба вуҷуд меояд ва мошинҳо то ду-се соат дар навбат меистанд".

Кам иттифоқ меафтад, ки мақомот аз кори ширкати IRS танқид кунанд. Моликони ширкат, ки дар минтақаи офшор сабтином шудааст, маълум нест. Дар Тоҷикистон танҳо намояндагии он фаъол аст.

Худоёр Худоёрзода
Худоёр Худоёрзода

Ба навиштаи нашрияи "Нақлиёт", ки рӯзи 17-уми октябр нашр шудааст, Худоёрзода аз заҳматҳои коргарони ширкати мазкур дар фасли зимистон сипосгузорӣ карда, вале аз "бемасъулиятӣ"-и нуқтаҳои пулгирии IRS норизоятӣ кардааст.

"Маҳз аз бемасъулиятии коргарони ин нуқтаҳо баъзан дар роҳ танбашавӣ ба вуҷуд меояд ва мошинҳо ҳатто то ду – се соат дар навбат меистанд. Ин ба он оварда мерасонад, ки мардум ҳукумати кишвар ва Вазорати нақлиётро гунаҳкор меҳисобад" -- гуфтааст вазири нақлиёт.

Ҳафтаномаи “Нақлиёт” навиштааст, Нусратулло Эшонҷонов, намояндаи ширкати IRS дар ҷаласаи вазорат иштирок дошт ва гуфтааст, омодагии онҳо ба мавсими зимистон қариб иҷро шуда, "дар бораи эродҳо ва ҷиҳати ҳалли нуқсон чораҷӯӣ мекунанд".

Интиқоди дигари вазири нақлиёт ин будааст, ки дар роҳи зери назари IRS мошинҳои боркаши ангишту хок бе болопӯш мегарданд ва ин боис ба ғализшавии ҳаво ва ифлос гардидани даруни нақб мегардад.

"Обпартоҳо пур аз сангу хоканд. Хадамотро супориш медиҳам, ки оид ба ин масъала санҷиш гузаронад, намояндагонашон мегӯянд, кормандони IRS онҳоро кор кардан намемонанд. Магар ин роҳи Тоҷикистон нест? Охир, ҷавобгӯйи ҳамаи роҳҳои кишвар Вазорати нақлиёт аст. Каму кости роҳҳоро аз мо мепурсанд," -- гуфтааст Худоёр Худоёрзода.

Баҳси вазир бо ширкати нозири роҳи Душанбе-Чаноқ то куҷо хоҳад расид?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Вазири нақлиёт дастур додааст, ки барои ба тартиб даровардани нуқси техникии роҳи Душанбе-Хуҷанд, ки дар ихтиёри ширкати IRS аст, "чораҳои муассир андешида шуда", ба роҳбари ширкат нома фиристанд.

Ҳарчанд интиқоди Вазорати нақлиёт аз кори IRS нав аст, аҳолӣ борҳо аз кори ширкат норозигӣ кардааст. Танқиди асосӣ аз кори ширкат он аст, ки бо боридани барф ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд соатҳо қатъ мешавад. Аммо масъулини ширкат ин интиқодҳоро рад карда, гуфтаанд, барои пешгирӣ аз ҳалокати ронандагону мусофирон баъзан маҷбур мешаванд, ҳаракатро барои чанд соат қатъ кунанд.

Ширкати офшории "IRS" - Инновейтив роуд солюшнз бар асоси як созишнома бо ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2009, ягона роҳ ба шимоли Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад. Ширкат барои нигоҳбини роҳ аз ронандагон маблағ мегирад. Дар ин роҳ чандин плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ - насб шудааст, ки барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи хидмати роҳ мегирад.

Ин роҳ бо 281 миллион доллар қарзи Чин ва аз тарафи "Корпоратсияи сохтмони роҳу пулҳои Чин" ва ё "China road" сохта шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 дар сад баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад.

Ширкати IRS, ки ҳоло мутасаддии нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Чаноқро ба ӯҳда дорад, соли 2009 дар минтақаи оффшории Вирҷинияи Бритониё сабтином шудааст. Моликони аслии ин ширкат то ба ҳол барои ҷомеаи Тоҷикистон рӯшан нест. Баъзе расонаҳо дар оғоз онро ба Ҷамолиддин Нуралиев, ҳоло муовини аввали раиси Бонки Миллӣ ва домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон рабт дода буданд, вале худи ӯ соли 2010 дар як нишасти хабарӣ ин иддаоро рад кард.

Шарҳҳоро бинед (25)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG