Хабари нав

Изҳори нигаронии Тоҷикистон аз кушта шудани як шаҳрвандаш дар Русия

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон дар як баёнияи камсобиқа аз кушта шудани як шаҳрванди кишвар дар Русия ҷиддан изҳори нигаронӣ кардаанд.

Фирӯз Ҳусайнови 32-сола рӯзи 15-уми ноябр дар шаҳри Салавот (Салават) дар Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия мавриди ҳамла қарор гирифта, дертар дар бемористон ҷон бохт.

Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа рӯзи 26-уми ноябр ва баъди беш аз даҳ рӯзи ҳамлаи маргбор дар баёнияе гуфт, аз ин ҳодиса "нигаронии амиқ изҳор мекунад".

Ҳарчанд консулгарӣ дар бораи Фирӯз Ҳусайнов маълумот надодааст, баъзе аз фаъолон аз Бошқирдистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро ронандаи таксӣ ва соҳиби се фарзанд муаррифӣ кардаанд.

Фаъоли сиёсии бошқирд, Руслан Габбосов, дар шабакаҳои иҷтимоӣ Фирӯз Ҳусайновро қурбонии навбатии нажодпарастон дар Русия номид. Вай гуфт, Фирӯз пас аз басти шабонаи кор ба қаҳвахона даромада, "зери ҳамлаи ду наврас монд ва яке аз онҳо бо болға ба сараш зад".

"Косахонаи сари Фирӯз Ҳусайнов шикаста, дар шифохона бистарӣ буд. Пас аз як ҳафта бар асари осеби косахонаи сару мағз даргузашт," -- хабар дод Раёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар Бошқирдистон. Ӯро рӯзи 24-уми ноябр дафн кардаанд.

Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи куштор парвандаи ҷиноӣ боз карда, як навраси понздаҳсоларо гумонзад донистааст. Ҳарчанд тафтишот ҳабси ӯро талаб кард, додгоҳ наврасро ба ҳабси хонагӣ фиристод.

Руслан Габбосов мегӯяд, "тақрибан шакке нест, ки гумонзадҳо пайравони ақидаи "Бошқирдистони рус" ва "Русия барои русҳо" ҳастанд. Ва ба ронандаи таксӣ маҳз ба хотири миллаташ ҳамла кардаанд. Чунин афрод орзу доранд, ки Бошқирдистонро на танҳо аз муҳоҷирон, балки аз бошқирдҳо низ пок кунанд," – навиштааст ӯ.

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Уфа дар мавриди сабабҳои ҳамла ба Фирӯз Ҳусайнов ишорае накарда, аммо гуфтааст, дар робита ба ин рӯйдод бо роҳбарияти шуъбаи тафтишотии шаҳри Салавот ҳамкорӣ ва бо хешовандони ҷавони кушташуда тамос дорад.

Ин манбаъ афзудааст, "ҷиҳати дарёфти маълумоти расмӣ дар бораи рафти тафтишот ва таъмини ҳамкории минбаъда бо мақомоти салоҳиятдор" ба Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Русия дар Уфа ва шуъбаи Кумитаи тафтишоти Русия дар Салавот нота ё ёддошти расмӣ фиристод.

"Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати гузаронидани тафтишоти ҳамаҷониба, воқеъбинона ва беғаразонаи ҳодисаи мазкур, муайян намудани тамоми ҳолатҳои ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкорро талаб менамояд. Консулгарӣ қазияи мазкурро зери назорат қарор дода, пайгирии онро то муайян гардидани натиҷаҳои тафтишот идома хоҳад дод," – гуфта шудааст дар баёнияи мақомот.

Дар бештар аз бист соли охир мавридҳои зиёди қатли шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла кӯдакон, дар Русия расонаӣ шудааст. Куштани Қобилҷон Алиеви даҳсола дар моҳи декабри соли 2025 дар мактабе дар Русия аз ҷумлаи онҳост, ки дар дохилу беруни Тоҷикистон вокунишҳои зиёдеро ба бор овард.

Мақомоти Тоҷикистон ба баъзе аз ин ҳодисаҳо эътироз карда, аз мақомоти Русия таҳқиқи мӯшикофонаро хостаанд, аммо Маскав на ҳамеша ба дархости Тоҷикистон вокуниш мекунад.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кору маошу зиндагии муносиб танҳо ё ҳамроҳи ҳамсару фарзандон ба Русия мераванд. Ва ҳар сол аз Русия ба Тоҷикистон то ҳазор тобут мефиристанд. Баъзе аз онҳо бар асари беморӣ, тасодуф ё дар пайи ҳамлаҳои миллатгароён ҷон додаанд.

​
XS
SM
MD
LG