Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти ба ҳам зид дар бораи сардори боздоштшудаи тандурустӣ дар Суғд

Фаррух Мақсудзода. Акс аз моҳи сентябри 2025
Фаррух Мақсудзода. Акс аз моҳи сентябри 2025

Яке ҷузъиёт надод; дигаре ба талаби ришва гумонзад донист; севумӣ боздошташро ба соҳибкорӣ пайванд дод, на мансабу кори расмӣ. Изҳороти гуногун ва гоҳе зидди ҳам дар бораи Фаррух Мақсудзода, сардори боздоштшудаи Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд.

“Сирри тафтишот”

Дар додситонии минтақа ва он ҳам пас аз ду моҳи дастгир шудани Мақсудзода гуфтанд, ки ӯ дар доираи як амалиёти нерӯҳои амниятӣ ба даст афтодааст.

“Аз ҷониби раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд нисбат ба сардори Раёсати тандурустӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд. Айни замон тафтиш идома дорад. Барои фош нагардидани сирри тафтишот аз тавзеҳоти он худдорӣ мекунем,” – гуфт Кенҷабой Раҳматов, муовини додситони Суғд.

Назари пайвандон ё вакили мудофеи Фаррух Мақсудзода ба қазия маълум нест.

Ӯ тобистони соли 2025 сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд таъйин шуда буд. Радиои Озодӣ моҳи декабри ҳамон сол хабар ёфт, ки муддатҳо боз дар ҷойи кораш нест. Дертар Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ гуфт, Мақсудзода боздошт шудааст, вале иддао кард, ки “дастгир шудани ӯ ба кори расмияш рабт надорад”.

Вазир гуфт: “Дар фаъолияти касбии он кас ягон эрод нест. Он камбудҳое, ки ҳангоми тафтиши мақомоти дахлдор барои ин ё он ҷиноят имрӯз дар маҳбас ҳаст, фикр мекунам, шояд ба фаъолияти шахсиашон вобастагӣ дошта бошад. Вай камтар фаъолияти соҳибкорӣ ҳам дорад, мумкин барои ягон фаъолияти дигар муттаҳам шудаанд.”

"Гирифтани ришва"

Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, мансабдор ё ходими давлатӣ ҳақ надорад, ки ба соҳибкорӣ машғул шавад. Рӯшан нест, вазири тандурустӣ бо ин изҳороташ хостааст, ниҳоди зери итоати худро наҷот диҳад ё зердасти боздоштшудаашро.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, вазири тандурустии Тоҷикистон пеш ва баъд аз боздошти Фаррух Мақсудзода ба вилояти Суғд рафтааст. Пайванди сафари ӯ ба қазияи зердасташ маълум нест. Дар аксҳое, ки дафтари матбуоти вазорат рӯзи 25-уми октябри соли 2025 нашр кард, Ҷамолиддин Абдуллозода дар канори Фаррух Мақсудзода дида шудааст.

Сабаби боздошти мансабдори Суғдро гуфтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Дар ҳамин ҳол, раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, баръакси вазири тандурустии Тоҷикистон, гуфт, айбномаи Фаррух Мақсудзода бештар ба фаъолияти давлатияш пайванд мегирад.

Диловар Мирзоҳомидзода гуфт: "Ба зидди Фаррух Мақсудзода барои додани иҷозат бар асоси моддаи 319, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне гирифтани "пора" парванда оғоз шуд. Ба Суд (Додгоҳ) дархост шудагӣ ҳаст. Парванда ба Суд ворид нашудааст, ҳолатҳои кор ба мо маълум нест.”

Агар ин иттиҳом тасдиқ шавад, ба Фаррух Мақсудзода аз 284 ҳазор то 711 ҳазор сомонӣ ҷарима ё панҷ сол зиндон таҳдид мекунад. Раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд нагуфт, ки Фаррух Мақсудзода кай ва чӣ қадар ришва гирифтааст. Тарафи дигари даъво низ маълум нест. Вале чанд пизишку корафтода дар суҳбати ҳузурӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар мавриди ба гуфтаашон "пулситонӣ" дар бемористонҳои вилоят суҳбат карданд.

“Ягон ҳуҷҷат нарасидааст”

Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, гуё дар ҷараёни як санҷиши тиббӣ тариқи ҳамёнҳои электронӣ ба суратҳисоби Фаррух Мақсудзода пули калон ворид шуда ва маҳз ҳамин ҳолат боис ба тафтишот гаштааст. Ҳамкоронаш дар ин мавзуъ расман гап намезананд.

Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд, гуфт, “то ба имрӯз ба Раёсат ягон ҳуҷҷат аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нарасидааст. Ман маълумоти пурра пешниҳод карда наметавонам. Ҳангоми ба раёсат пешниҳод шудани маълумоти расмӣ иттилои муфассалро баъд пешниҳод карда метавонем”.

Фаррух Мақсудзода дар гузашта ҳам дар мақоми сардори Раёсати тандурустӣ кор карда, як муддат сардухтури бемористони Суғд буд.

Тамаъҷӯӣ ва гирифтани ришва дар ниҳоди тандурустии Тоҷикистон аз мушкили аслии соҳа ба ҳисоб рафта, сокинону корафтодагон ҳам зиёд дар бораи ин масъала шикоят доранд. Мақомоти Оҷонси зидди фасод дар ҳисоботи соли гузаштааш гуфта буд, ки соҳаи тандурустӣ ва маориф аз фасодзадатаринҳои Тоҷикистон дониста мешаванд.

XS
SM
MD
LG