Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ва Тоҷикистону ҳамсояҳояш. Ҷалби сармоя ё чатри амниятӣ?

Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, бо раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ. Чин, соли 2023
Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, бо раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ. Чин, соли 2023

Ҷалби сармоя, чатри амниятӣ, тавозуни геополитикӣ ва ё ҳифзи шарики сармоядор? Таваҷҷуҳи зиёди кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Чин ва созмонҳои зери нуфузи он, бавижа Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ), барои чист?

Шуморе аз мақомоти кишварҳои минтақа рӯзи 12-уми июн дар як нишаст дар шаҳри Душанбе гуфтанд, ки Осиёи Марказӣ метавонад ба унвони ҳастаи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой барои нуфузи он нақши бузургтаре иҷро кунад. Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояаш дар баробари Чину Русия аз муассисони ин созмон ҳастанд.

"Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки Осиёи Марказии муттаҳид, ҳамбаста ва дар ҳоли рушду пӯё бо манфиатҳои дарозмуддати СҲШ ҳамсӯ ва созгор аст," – гуфт Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти Душанбе.

Таваҷҷуҳи қудратҳо ва кишварҳои гуногуни дунё дар чанд соли охир ба Осиёи Марказӣ далели дигаре шуд, ки дар стратегияи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой барои то соли 2035 Осиёи Марказӣ ҳастаи ин созмон эълон шавад. Минтақае саршор аз манбаъҳои табиӣ, ки солҳо зери нуфузи Маскав қарор дошт, акнун беш аз гузашта ба меҳвари таваҷҷуҳи Пекин табдил меёбад.

Андрей Руденко, муовини вазири корҳои хориҷии Русия, дар нишасти Душанбе гуфт, “дар баҳогузории коршиносон иқтисоди Осиёи Марказӣ дар соли 2025 рушди ҳудуди 7 дар сади солонаро ба намоиш гузошт. Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар ҳудуди 500 миллиард доллар буд. Рушди минтақа ба сифати яке аз марказҳои рушди иқтисодӣ дар фазои АвруОсиё бидуни шак ба манфиатҳои СҲШ дар маҷмуъ мувофиқ аст.”

Чин аз сармоягузорони аслии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар солҳои охир аст. Бонки Рушди АвруОсиё, ки онро Русияву Қазоқистон таъсис додаанд, дар гузорише аз моҳи декабри соли 2025 эълон намуд, ки сармоягузории мустақими Чин дар Осиёи Марказӣ тайи даҳ соли гузашта аз 35 миллиард доллар болотар рафтааст.

Аз нигоҳи ин бонк, Чин аз Русия пеш гузашта ва ба калонтарин сармоягузори мустақими хориҷӣ дар Осиёи Марказӣ табдил шудааст. Бо вуҷуди чун ҳаҷми бузурги сармоягузорӣ, дар доираҳои расмиву коршиносӣ нигарониҳо низ аз густариши нуфузи ин кишвар вуҷуд доранд.

Видео дар инҷост:

СҲШ ва Осиёи Марказӣ. Сармоя ё амният?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:40 0:00

"Мо бояд ҳам бо Шарқ бошем, ҳам бо Ғарб"

Ермухамбет Конуспаев, муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, гуфт, “Қазоқистон чун пештара аз хатти маше пайравӣ мекунад, ки ҳама гуна рӯйкардҳои блокӣ, идеологӣ ва тақобулиро барои ҳалли мушкилоти рушди байнулмилалӣ ва минтақаӣ истисно менамояд. Барои Остона ошкоро ва зидди касе нигаронида нашудани созмон яке аз авлавиятҳои асосии рушди минбаъдаи он боқӣ мемонад.”

Абдуғанӣ Мамадазимов
Абдуғанӣ Мамадазимов

Абдуғанӣ Мамадазимов, сиёсатшиноси тоҷик, бар ин аст, ки дар Чин сиёсати давлатие пиёда мешавад, ки то соли 2049 Осиёи Марказӣ бояд чун ба минтақаи пайвандгари Чин ба Аврупо табдил шавад. Аммо ин донишманд мегӯяд, вобастагии зиёд бар сармоягузории як кишвар ба нафъи давлатҳои Осиёи Марказӣ нест.

“Осиёи Марказӣ набояд танҳо аз як самт, масалан аз Шарқ вобаста бошад. Мо бояд ҳам бо Шарқ бо Чин рафтуо дошта бошем ва ҳам бо Ғарб, масалан кишварҳои Аврупо ё кишварҳои арабӣ ва Русия. Тавозуни геополитикӣ бояд бошад, ҳам бо шарқ ва ҳам бо ғарб. Агар аз як тараф бисёртар вобаста бошӣ, албатта, имрӯз ҳам набошад, дар оянда метавонад баъзе талаботи сиёсиро пеш гузорад,” – шарҳ дод ӯ.

Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар ибтидо бо номи Панҷгонаи Шонгҳой бо меҳварияти Чин ва Русияву Қазоқистону Тоҷикистону Қирғизистон таъсис шуд. Соли 2001 бо узви ин ниҳод шудани кишвари дигари минтақа – Узбекистон номи кунунияшро гирифт.

Ин созмон, ки 10 узви доимӣ ва 17 нозиру шарик дорад, ҳоло ба фикри таъсиси Маркази зиддимухаддиротӣ дар Душанбе, Марказҳои муқовимат бо чолишу таҳдидҳои амниятӣ ва амнияти иттилоотӣ дар Тошканд ва Маркази муқовимат бо ҷиноятҳои фаромиллӣ дар Бишкек аст.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG