Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё ҷанг дар Украина соли 2026 ба поён мерасад?


Дар ҳоле ки ҷанги вайронгари Русия дар Украина ба марзи чаҳорсолагиаш наздик мешавад, ихтилофи назарҳои амиқ миёни ду тараф боқӣ мемонад. Таҳлилгарон мегӯянд, поён ёфтани хунинтарин ҷанг дар Аврупо баъд аз Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум дар соли 2026 аз эҳтимол дур аст. Онҳо ҳушдор медиҳанд, ки ҳатто қатъи даргириҳо ҳатман ба маънои сулҳи пойдор нахоҳад буд.

"Албатта, мехоҳам ҳамаи ин зудтар тамом шавад, аммо... ба назарам, чунин вазъ муддате идома хоҳад ёфт", мегуфт Петро, сарбози украинӣ, ки дар як маҳалли наздик ба ҷабҳаи ҷанг бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард. Александр, ҳамсангари ӯ, афзуд: "Оташбас нахоҳад шуд... Ҳама чиз гувоҳи он аст, ки ҷанг идома меёбад." Ба гуфтаи ӯ, Русия кам андар кам барои тасарруфи комили вилояти Донетск азм дорад.

Ҳоло бо гузашти ҳашт моҳ аз он сӯҳбатҳо, на аз оташбас хабаре ҳаст ва на аз сулҳи пойдор. Русия бо вуҷуди ҷангҳои сахт натавонист, тамоми Донетскро ишғол кунад ва коршиносон бовар доранд, ки ҷанг соли 2026 ба поён нахоҳад расид.

Рут Дейермонд, устоди Донишгоҳи Кингсии Лондон, ба Радиои Озодӣ гуфт: "На Украина ва на Русия дар мавқеъе нестанд, ки дар майдони ҷанг пирӯзии комил ба даст оранд. Ҳарчанд ҳарду тараф зери фишори сахт ҳастанд, аммо эҳтимоли шикасти ҳеҷ кадоме аз онҳо дида намешавад."

Вақте Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия моҳи феврали соли 2022 ҳамларо оғоз кард, интизор дошт Украинаро зуд тасхир кунад. Аммо пас аз чаҳор сол, нерӯҳои Русия нисбат ба ҳафтаҳои аввали ҷанг қаламравҳои камтарро таҳти назорат доранд. Ҳоло бо талафоти зиёд ва бо суръати оҳиста пеш мераванд, вале боз ҳам қисматҳои зиёди Донетск, Запорожйе ва Херсон ҳанӯз таҳти назорати Киев аст.

Тибқи ҳисобҳои хадамоти ҷосусии Ғарб, дар ин ҷанг беш аз 1,5 миллион низомӣ аз ҳарду тараф кушта, ё захмӣ шудаанд. Дар ҳамлаҳои ҳавоии Русия низ ҳазорон мардуми осоишта ба ҳалокат расидаанд, зерсохторҳои зиёди энергетикии Украина хароб шудаанд.

Нақши Трамп ва монеаҳо дар роҳи сулҳ

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ки моҳи январи соли гузашта давраи дуввуми раёсати ҷумҳурии худро оғоз кард, поён додан ба ҷангро дар авлавиятҳои кори ҳукумати худ қарор дод. Дар чанд моҳи охир Амрико, Украина ва Аврупо ба як созиши сулҳ наздик шудаанд.

Аммо монеаи асосӣ Русия аст. Марк Кансиан, коршиноси низомии Маркази Мутолиоти Стратегӣ ва Байналмилалӣ дар Вашингтон, мегӯяд: "Амрико ва Аврупо метавонанд, забони муштарак ёбанд, вале Русия ҳозир ба гузашт нест. Онҳо фикр мекунанд, ки дар ҳоли пирӯзӣ ҳастанд ва ҳадафҳояшон барои тарафҳои дигар комилан ғайриқобил аст."

Дар ҳоле ки Киев ва Ғарб аз пешрафт дар музокирот мегӯянд, Кремл лаҳни худро тундтар кардааст. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, гуфт, ки Маскав мавқеи худро дар музокирот "сахттар" хоҳад кард.

Владимир Путин дар паёми охирини худ ба муносибати соли нав ва Мавлуди Исо танҳо аз "пирӯзӣ" ҳарф зад ва ҷанги сарбозонашро "рисолати муқаддас" хонд. Дара Массикот, коршиноси Бунёди Карнегӣ, мегӯяд: "Путин ҳанӯз ҳам даъвои ишғоли Луҳанск, Донетск, Запорожйе ва Херсонро дорад."

Олег Игнатов, таҳлилгари Гурӯҳи Байналмилалии Таҳқиқи Бӯҳронҳо, мегӯяд: "Ҳарду тараф мефаҳманд, ки дароз шудани ҷанг боиси бесуботӣ ва монеи рушди онҳо мешавад. Аммо ҳоло ҳарду ҷониб бовар доранд, ки идомаи ҷанг мавқеи онҳоро дар музокироти соли 2026 беҳтар мекунад."

Олга Оликер, мудири барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Гурӯҳи Байналмилалии Таҳқиқи Бӯҳронҳо, мегӯяд, ҳатто агар ҳукумати Доналд Трамп Украинаро барои пазируфтани шартҳои Русия таҳти фишор гузорад, ин ба маънои сулҳ нахоҳад буд: "Ин бештар ба таслим шудан монанд хоҳад буд, ки метавонад боиси бесуботии сиёсӣ дар Украина ва нигарониҳои нав дар Аврупо гардад."

Ба андешаи Рут Дейермонд, эҳтимолан ҷанг ба як "низои шахшуда» ва бе ҳалли ниҳоӣ табдил ёбад: "То замоне, ки дар Русия раисиҷумҳури нав наояд, дар мавзеъгирии Русия тағйири ҷиддӣ ғайриимкон менамояд. Аз ин рӯ, эҳтимол дорад, ки мо дар охири соли 2026 боз ҳам аз худ бипурсем: «Оё ҷанг дар соли 2027 тамом мешавад?»

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG