Обид Шоҳимардонов, сокини 33-солаи Душанбе, ҳангоми наҷоти марде аз зери чархи қатор (поезд) як пояшро аз даст дод. Вай рӯзи сиюми январи имсол чун ҳарвақта дар пойтахт такси меронд, бехабар аз онки он рӯз зиндагияш ба “то” ва “баъд” тақсим мешавад.
“Соати 12:45 ба тарафи роҳи нав, Ипподром, ҳаракат доштам. Роҳро гузаштем, ки як марди 66-сола мерафт. Чанд кас дод зад, ки "ака, поезд меояд". Ҳамроҳам дод зад, ман ҳам дод задам, ки “амакӣ, ист”. Намефаҳмидааст," – қисса кард ӯ.
"Чашмонам сиёҳ шуду дар замин афтидам"
Ба нақли Обид Шоҳимардонов, мард мехост, ба воситаи роҳи оҳан ба тарафи дигари роҳ гузарад. Вақте дидааст, ки қатор ба мард наздик аст, ба кумак шитофта, мардро тела медиҳад. Дар натиҷа мард ба он тарафи роҳ ва худи Обид ба ин тараф меафтанд, аммо пойи ҳарду зери чархи қатор мемонад.
“Дар ёдам ҳаст, ки қариб чор метр монда буд, ки давидаму тела кардам. Аллакай қатор зад ва чашмонам сиёҳ шуду дар замин афтидам. Хестам, нигоҳ кардам, ки мард се метр болотар хоб аст дар замин, гирду атрофро нигоҳ кардам пури одам буд. Ёрии таъҷилӣ омад, якум ӯро ва баъд маро бурданд,” – афзуд ӯ.
Ҳардуро дар бемористони Қарияи Боло ҷарроҳӣ карданд. Панҷаи пойи ҳарду, аз яке росту аз дигари чап бурида шуд.
Пизишк Фарҳод Парпиев гуфт, "вақте беморҳоро оварданд, ҳарду дар ҳолати бениҳоят вазнин буданд. Дар ҳолати шок қарор доштанд. Ин осеби вазнин ба шумор меравад. Барқарор кардани андом дар ин ҳолат ғайриимкон мебошад. Ягона роҳ буридани андом аст, чун қисми боқимондаи пой ягон ҳолати ҳаётӣ надошт.”
"Милисаҳо хабар доданд"
Марде, ки Обид сабаби наҷоташ шуд, Ашӯрбой Абдуҳалимови 66-сола бо хоҳиши худ барвақт аз бемористон ҷавоб шудааст. Мегӯяд, аз рӯзи ҳодиса чизе дар ёд надорад. "Як поям нест. Чӣ хел ҳодиса шуд, худам ҳайрон. Чаро ман ин хел афтидам. Номаълум,” – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи наздиконаш, вай дар ин садама аз сар ҳам осеб хӯрдааст ва фаромӯшхотирӣ дорад. То ин ҳодиса ӯ дар яке аз мактабҳои шаҳр ба ҳайси усто кор мекардааст ва наздиконаш мегӯянд, солим буд.
Алишер Абдухолиқов, бародарзодаи Ашӯрбой, гуфт, “милисаҳо ба ман хабар доданд. Ӯро дар беморхона дидам. Мумкин аст, дар ҳамон ҳолат ба фикр рафта, нашунидааст. Ҳар кор шуданаш мумкин. То ҳол савол медиҳем дар бораи ҳодиса, намедонад.”
Алишер ба аёдати Обид Шоҳимардонов рафта, аз номи амакаш ба ӯ изҳори сипос кардааст.
"Одамони бегона ҳам омаданд"
Обид ҳоло дар бемористон бо асобағал роҳ рафтанро меомӯзад. Мусоҳиби мо мегӯяд, аз кори кардааш пушаймон нест. Чун агарчӣ бо баҳои як пой бошад ҳам, тавонист нафареро аз марг наҷот диҳад. Онҳо аввалин бор ҳамдигарро дар бемористон диданд.
Баъди огоҳ шудан аз ин ҳодиса, ба гуфтаи Обид, шахсони зиёду ношиносе ба ӯ занг задаву сипосгузорӣ кардаанд: “Занг мезананд, аҳволпурсӣ мекунанд. Мегӯянд, акаҷон, шумо қаҳрамон ҳастед. Одамони бегона ҳам омаданд. Аз Русия дирӯз занг зада, кумак карданд, ҳолпурсӣ карданд. Худо умри ҳамаашонро дароз кунад.”
Ин мусоҳиби мо дар ин фикр аст, ки бояд бо пойи чап рондани мошинро омӯзад. Ҳам ӯ ва ҳам марди наҷотёфта ният доранд, ки дар оянда пойи сунъӣ гузоранд. Умед доранд, ки зиндагиро мисли қабл идома хоҳанд дод, агарчӣ осон нест.
Гузориши видеоӣ дар инҷост: