Ба гуфтаи Трамп, ҳамлагарро дуртар аз толори меҳмонхона, ки зиёфат онҷо сурат мегирифт, боздошт карданд.
Президенти ИМА дар суҳбат бо телевизиони "Фокс Нюс” рӯзи якшанбе гумонбар ба тирандозии шаби шанберо "фарди беморе" номид. Ӯ гуфт, ҳамлагар як нақшаи зиддимасеҳӣ ва дар дил нафрати зиёд доштааст.
Дар пайи тирандозӣ, Доналд Трамп ва аъзои ҳукумати ӯро ҳамон лаҳза аз бино берун карданд ва ба касе осеб нарасид. Як маъмури амниятӣ ҳадафи тир қарор ёфт, аммо ҷавшан ӯро наҷот дод.
Мақомот гуфтанд, фарди тирандоз Коул Томас Аллен, сокини шаҳри Торранси аёлати Калифорния, будааст. Ӯ пешакӣ дар меҳмонхонаи "Вашингтон Ҳилтон" маскан гирифта, он шом хост вориди толор шавад ва ба сӯи як маъмури Хадамоти амниятӣ аз туфанг тир андохт, вале дастгир шуд.
Як мақоми расмӣ гуфт, гумонбар дар нақшае, ки пеш аз ҳамла ба хешовандонаш фиристодааст, худро "қотили федералии меҳрубон" номидааст.
Тодд Бланш, додситони кулли муваққати Амрико дар сӯҳбат бо телевизиони NBC гуфт, ҳадафи эҳтимолии ҳамла худи Трамп ва аъзои калидии ҳукумати ӯ будаанд.
Маъмурони пулис хонаи гумонбарро дар Калифорния ҷустӯҷу кардаанд. Тодд Бланш афзуд, ки ба Коул Томас Аллен рӯзи душанбе дар як додгоҳи федералӣ иттиҳом эълон мекунанд ва эҳтимол дорад, ки айбномаи ӯ бо гузашти вақт васеътар шавад.
Ҷефри Кэрол, сардори муваққати пулиси Вашингтон, гуфт, гумонбар бо як туфанг, туфангча ва чандин корд мусаллаҳ будааст.
Ин ҳодиса дар ҷараёни зиёфат суолҳои тозаеро дар мавриди амнияти мансабдорони баландпояи Амрико ба миён овард, ки бисёре аз онҳо дар толори бузурги гаронқимати меҳмонхона ҷамъ омада буданд.
Майк Мантрага, корманди пешини Хадамоти махфӣ, мегӯяд, ӯ ҳам аз ин вазъ нигарон аст, вале бар ин бовар аст, ки хадамоти мазкур дар умум кори хубе анҷом дода ва Доналд Трампро ба таври муносиб муҳофизат кардаанд. Ӯ афзуд, ки нақшаи амниятии шаби шанбе дуруст амалӣ шудааст ва бовар дорад, ки Доналд Трамп зери хатари ҷиддӣ қарор надошт."
"Ман дар он меҳмонхона будаам. Медонед, ин ҳамон меҳмонхонаи бадном аст, ки соли 1981 ба Рейган онҷо тир заданд. Хадамоти махфии Амрико ин меҳмонхонаро хеле хуб медонад. Онҳо даҳсолаҳост, ки низоми амниятиро онҷо роҳандозӣ кардаанд,"—гуфт ӯ.
Бо ин ҳол, Мантрага аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ҳузурии Трамп дар зиёфат аз пеш эълон шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, шояд беҳтар бошад, ки ҳаракатҳои раиси ҷумҳур пешакӣ расонаӣ нашавад.
Гуфтугӯ