Ҳукумати Лаҳистон ё Полша, ки дар онҷо муҳоҷирони тоҷик ҳам кор мекунанд, азм дорад, даъвати нерӯи кориро аз хориҷа коҳиш диҳад. Сабаб, ба гуфтаи мақомот, мардум мойил нестанд, ки хориҷиёни зиёд омада дар ватанашон кор кунанд. Дар Маҷористон ё Венгрия низ ҳамин масъала пеш омадааст.
"Мардуми маҳаллӣ... таваҷҷуҳ надоранд"
Ҷессика Гуэварра аз Филиппин дар яке аз корхонаҳои истеҳсоли маводи гӯшти паранда дар Маҷористон кор мекунад. Даромаде, ки ӯ дар инҷо мегирад, барои рӯзгузаронии аҳли оилааш дар ватан муҳим будааст.
“Ман дар Филиппин дар фабрика кор мекардам. Дар онҷо маош мисли Маҷористон баланд нест. Ба фикрам, кор дар Маҷористон барои таъмини оилаҳоямон хуб аст," – гуфт ӯ дар суҳбат бо хабарнигори “Рейтерс”.
Ҳукуматҳои марказгарои Маҷористон ва Лаҳистон бо назардошти афкори иҷтимоӣ тасмим гирифтаанд, ки даъвати нерӯи кории хориҷиро кам кунанд. Коре, ки ба назари иқтисодшиносон метавонад рушди ин кишварҳоро суст гардонад.
Сарвазирони ду кишвар дар зери фишори миллатгароҳо ба иҷрои ин ваъда шуруъ кардаанд. Лаҳистон додани иҷозати корро ба шаҳрвандони берун аз Иттиҳоди Аврупо 22 дарсад коҳиш медиҳад. Ҳукумати Маҷористон дар қадами аввали ба истилоҳ "танзими муҳоҷирати корӣ" аз моҳи июн даъвати коргаронро аз Филиппин, Арманистон ва Озарбойҷон бас кард.
Петр Магяр, нахуствазири Маҷористон, гуфт, "бар иловаи танзими рақобат миёни ширкатҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ вазифаи асосии мо ташкили ҷойҳои нави корӣ аст. Кор барои мардуми Маҷористон. Маоши ин корхонаҳо бояд рақобатпазир бошад, то мардуми Маҷористон дар онҳо кор кунад.”
Ӯ соҳибкорони маҳаллиро ба он муттаҳам кард, ки сарфи назар аз ёрона ё субсидияҳои давлатӣ аз хориҷа коргар даъват мекунанд. Ласло Батанӣ, молики корхонаи “Мастер Голд”, мегӯяд, бо назардошти пиршавии аҳолӣ истифодаи 580 муҳоҷири корӣ аз Филиппин барои муассисаи ӯ ва ҳам Маҷористон муҳим мебошад.
Ширкати Ласло Батанӣ бо коркарди гӯшти паранда машғул аст. "Мардуми маҳаллӣ ба шуғле, ки пешниҳод мекунем, таваҷҷуҳ надоранд," – афзуд вай.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
"Ягон нақша кашида наметавонам"
Назархоҳии умумӣ дар Лаҳистон ҳам баёнгари он аст, ки аксар мардум мухолифи омадани муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои камбағал будаанд. Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд исрор меварзад, ки коҳиши вуруди нерӯи корӣ боиси поин шудани суръати рушди иқтисодӣ мегардад, чунки сол ба сол миқдори кумак ва нафақаи мардуми солхӯрда бештар мешавад.
Матей Дусйук, мансабдори Вазорати корҳои дохилии Полша, бар ин назар аст, ки тамоми низоми даъвати коргарони хориҷӣ ба ислоҳот ниёз дорад: “Низоми сабтином ва қонунӣ гардонидани ҳузури коргарони хориҷӣ дар соли 2015 танзим шудааст. Он замон дар Полша солона тахминан 100 ҳазор коргари хориҷӣ дархости кору зиндагӣ мекард. Ҳозир соле то 600 ҳазор ва ҳатто 700 ҳазор хориҷӣ дархости кору зиндагӣ дар кишвари моро доранд. Низом бояд бозбинӣ шавад."
Муҳоҷири озарбойҷонӣ Фирӯза Оғозода аз ин баҳсу баррасиҳо нороҳат аст, зеро 26 моҳ инҷониб мунтазири иҷозати кору иқомат дар Полша будааст: "Эҳсос мекунам, ки ҳаётам мутаваққиф шудааст. Ҳеч нақшае кашида наметавонам. Агар имрӯз аз ин кишвар берун шавам, аснои бозгашт бояд аз нав раводиди сафар ба инҷоро бигирам."
Ба қавли ин муҳоҷири озарбойҷонӣ, дарёфти санади иқомати доимӣ имкон медиҳад, ки бе мушкилӣ ба хориҷ аз Полша сафар намуда, бидуни мушкиле ба ин кишвар баргардад.