Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадуро ва ҳамсараш дар додгоҳи Ню-Йорк ба иттиҳомҳо посух медиҳанд


Николас Мадуро, президенти Венесуэла ва ҳамсараш Силия Флорес рӯзи 5-уми январ ба яке аз додгоҳҳои федералии иёлати Ню-Йорк ҳозир ва иттиҳомашон баррасӣ мешавад. Дар ин бора телевизиони NBC News ва рӯзномаи The New York Times хабар додаанд. Қарор аст аввалин ҷаласаи додгоҳ соати 12:00 ба вақти маҳаллӣ баргузор шавад.

Парвандаро додраси федералӣ Элвин Ҳеллерстин баррасӣ хоҳад кард. Интизор меравад, ки дар ҷаласаи аввал ба Мадуро ва Флорес расман бо моддаҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир, нигоҳдории силоҳ ва маводи тарканда айбнома эълон шавад.

Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла рӯзи 3-юми январ пас аз боздошт аз сӯи нерӯҳои амрикоӣ ба аёлати Ню-Йорк интиқол ёфт ва дар як боздоштгоҳи Бруклин қарор дорад. Ин амалиёти ғофилгиронаи низомии Амрикоро иддае аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Эрон, Русия ва дигар муттаҳидони ин кишвари Амрикои Ҷанубӣ маҳкум карданд, вале венесуэлагиҳои муқими хориҷ аз он изҳори хушҳолӣ мекунанд.

Доналд Трамп дар нишасти хабарӣ бо Котиби давлатӣ ва Вазири ҷанги Амрико
Доналд Трамп дар нишасти хабарӣ бо Котиби давлатӣ ва Вазири ҷанги Амрико

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҳангоми шарҳи амалиёти низомӣ дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида муваққатан мудирияти Венесуэларо "то замони як гузариши амн, муносиб ва оқилонаи қудрат" бар дӯш мегирад. Ҳанӯз дақиқ нест, ки манзури Трамп аз "идора кардани кишвар" чист.

Дар ҳамин ҳол Додгоҳи олии Венесуэла қарор кард, ки дар набуди Николас Мадуро муовинаш Делси Родригес иҷрокунандаи вазифаи президент таъйин карда шавад. Хабаргузории Ройтерс бо такя ба қарори додгоҳ навишт, Родригес бояд “ҳифзи ҳамаҷонибаи кишвар”-ро кафолат диҳад.

Рӯзе қабл Родригес дар муроҷиаташ тариқи телевизиони давлатии Венесуэла гуфт, Николас Мадуро “президенти ягона ва қонунии кишвар” аст. Ӯ аз Амрико талаб карл, ки ӯро фавран озод кунад. Делси Родригес “таҷовузи низомӣ” алайҳи Венесуэларо маҳкум карда гуфт, шӯрои мудофиаи кишвар ба кор оғоз кардааст. Родригес ба мардум ваъда дод, ки ҳукумат омодаи ҳимоят аз кишвар аст ва аҳолӣ бояд оромиро ҳифз кунанд.

Делси Родригес дар ҳузури мансабдорони баландпояи Венесуэла
Делси Родригес дар ҳузури мансабдорони баландпояи Венесуэла

Пештар Доналд Трамп гуфта буд, ки муовини раиси ҷумҳури Венесуэла дар суҳбат бо Котиби давлатии Амрико Марко Рубио ваъда додааст, ки омодаи ҳамкорӣ бо ИМА аст. Трамп ҳамчунин гуфт, барои роҳбари мухолифони Венесуэла ва барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел Мария Мачадо “мушкил аст, ки роҳбари оянда бошад, чун дар дохили кишвар пуштибонӣ ва маъруфият надорад”.

Пештар Мачадо дар изҳороте даъват кард, ки Эдмундо Гонсалес, номзади мухолифон дар интихоботи президентии соли 2024 ҳамчун роҳбари қонунии Венесуэла эътироф карда шавад.

Иқдоми низомии Амрико пас аз моҳҳо фишори афзояндаи иқтисодӣ ва низомии Вашингтон бар ин кишвари Амрикои Ҷанубӣ сурат гирифт. Амрико аввал ба қаиқҳое, ки аз Венесуела берун меомаданд, зарба зада, чандин нафарро кушт, чун ба қавли мақомоти амрикоӣ маводи мухаддир интиқол медоданд. Пас аз он киштиҳои нафткаши ин кишварро дастгир кард.

Вашингтон аз соли 2013, вақте ки Мадуро ҷойгузини Уго Чавес, раиси ҷумҳури собиқи Венесуэла шуд, машруияти ӯро зери суол мебурд ва ба интихоботҳои пайиҳам ишора мекард, ки ба гуфтаи мухолифон ва нозирони дигар, ба суди Мадуро таққалуб ва дасткорӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG