Гӯшти гови беларусӣ ва гӯсфанди қазоқиву муғулӣ. Ин саҳна дар дӯконҳои гӯштфурӯшии аксар бозорҳои бузурги шаҳри Душанбе аз миёнаҳои моҳи декабр ба ин сӯ мушоҳида мешавад. Харидорон ва фурӯшандагон аз камчин шудани гӯшти гову гӯсфанди маҳаллӣ дар бозорҳо нигаронӣ мекунанд. Феълан дар растаҳои гӯштфурӯшӣ намегӯянд , ки гушт воридотист ё маҳаллӣ, зеро мардум гӯштҳои воридотиро камтар мехаранд.
Фотима, як сокини Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд маротиба гӯшти белорусӣ гирифт, вале "маззааш маъқул нашуд".
"Ин намуд гӯшт равғанаш зиёд аст, баъд маззаш ранги гӯшти як бор ҷӯшондагӣ аст",-мегӯяд ин сокини Душанбе.
Видеоро инҷо бинед:
Дар пайи боло рафтани арзиши гӯшти гову гӯсфанд ҳукумати Тоҷикистон барои коҳиши нарх ба ворид кардани гӯшт аз хориҷи кишвар иҷозат дод. Бархе тоҷирон мегӯянд, мақомот онҳоро маҷбур мекунанд, ки бештар гӯшти воридотиро фурӯшанд ва ин як сабаби камчин шудани гӯшти маҳаллӣ дар бозорҳои кишвар аст. Бархе аз гӯштфурӯшиҳои хурд ба далели харидор надоштани гӯшти воридотӣ, аз фурӯши он худдорӣ карда, танҳо гӯшти парранда мефурӯшанд. Онҳо мегӯянд, мақомот намегузоранд, ки гӯшти маҳаллӣ фурӯшанд.
Ҳоло як кило гӯшти гову гӯсфанди воридотӣ аз 75 то 85 сомонӣ қимат дорад. Ҳасан, сокини шаҳри Ваҳдат низ мегӯяд, ки хонаводаи онҳо бештар гӯшти маҳаллӣ мехарад. "Мо дар ноҳияи худамон кофта-кофта гӯшти маҳаллӣ мегирем".
Гӯшти гову гӯсфанди маҳаллӣ дар бозорҳо аз 105 то 115 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар фурӯшгоҳҳои бузург гӯшти маҳаллӣ аз 105 то 200 сомонӣ арзиш дорад. Сарфи назар аз нархи нисбатан баланд, харидорон бештар талабгори гӯшти маҳаллиянд.
Ҷамшед, сокини дигари шаҳри Душанбе мегӯяд, ки "як кило гӯшти маҳаллиро бо 100 сомонӣ мехаранд ва дар як кило 300 грамм равған мегузоранд".
Мақомот нархи як кило гӯшти маҳаллиро расман 85 сомонӣ муайян кардаанд. Дар нархномаи ҳамаи гӯштфурӯшиҳо арзиши як кило гӯшти маҳаллӣ низ 85 сомонӣ нишон дода шудааст. Аммо ба гуфтаи харидорон тақрибан дар ҳеч дӯкони гӯштфурӯшӣ бо ин қимат гӯшт намедиҳанд.
Иброҳим Икромов, гӯштфурӯш дар бозори "Ховарон" -и Душанбе ҳам рӯзи 2-юми январ гуфт, ки "онҳо як кило гӯшти гови маҳаллиро 85 ва гӯсфандро 90 сомонӣ мефурӯшанд", вале харидорони ин бозор ба ин гуфта бовар надоранд.
Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти дигари Тоҷикистон сабаби дар як-ду соли охир боло рафтани арзиши гӯштро ба зиёд шудани талаботи аҳолӣ ва афзоиши ошхонаву нуқтаҳои хӯроки умумӣ рабт медиҳанд. Вале бар асоси маълумоти пойгоҳи "Геостатистика", соли 2025 шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни ҳама кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз ҳама камтар гӯшт истеъмол кардаанд. Тибқи додаҳои ин пойгоҳ, ҳар сокини Тоҷикистон дар сол 35,9 килограм гӯшт хӯрдааст. Ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон меъёри солонаи истеъмоли гӯшт барои ҳар сокини кишварро 40,8 кило муайян кардааст.
Дар Қазоқистон истеъмоли солонаи гӯшт 70,2 кг, дар Русия 81,7 ва дар Белорус 94,5 кг баробар будааст. Дар Қирғизистону Узбекистони ҳамсояи Тоҷикистон низ сокинон аз Тоҷикистон бештар 38,2 ва 42,4 кг ва дар Туркманистон 59 кг гӯшт истеъмол кардаанд.
Талаботи солонаи Тоҷикистон ба гӯшт тақрибан 390 ҳазор тонна баровард шудааст. Тибқи омори Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар 11 моҳи соли 2025 дар кишвар 375 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст, ки 35 ҳазор тонна бештар аз як соли пеш аст. Аз ин ҳамагӣ 42,5 ҳазор тонна гӯшти паранда аст. Ба гуфтаи вазорат, ин омор нишон медиҳад, ки таъминоти аҳолӣ ба гӯшти маҳаллӣ наздик ба 100% аст. Мустақилона тасдиқ кардани ин омор мушкил аст.
Ҳарчанд ин шабу рӯз ба гуфтаи фурӯшандагону харидорон аксари гӯшт дар бозорҳои Душанбе воридотӣ аст, Вазорати кишоварзӣ мегӯяд то декабри соли 2025 ҳамагӣ 8 ҳазор тона гӯшт аз хориҷ ворид шудааст. Тоҷикистон аз Белорус, Қазоқистон ва Муғулистон гӯшти гову гӯсфанд ворид мекунад, аммо номи ширкатҳои воридкунандаи гӯшт расонаӣ намешавад. Фишор ба соҳибкорон барои фурӯхтани гӯшти воридотӣ сокинонро ба андешае мебарад, ки воридкунандагон аз нуфуз ва имтиёзи хосе бар бозор бархӯрдоранд.