Ҳукумати Чеченистон қонуни наверо дар масъалаи муди занон ҷорӣ кардааст, ки пӯшиши либосҳои суннатии дорои "нишона ё унсурҳои мардона"-ро манъ мекунад.
Бори аввал нест, ки ҳукумати ин ҷумҳурии худмухтор дар Русия маҳдудиятҳоеро дар бораи зоҳир ва пӯшиши занон ҷорӣ мекунад. Аммо нозирон мегӯянд, мантиқи пушти ин қонуни нав на риояи суннат, балки назорати занон аст.
Вазорати фарҳанги Чеченистон эълон кардааст, тарроҳони либос дигар иҷоза надоранд аз сабкҳое истифода кунанд, ки бо "одоб ва арзишҳои фарҳангии суннатӣ" дар мухолифат қарор дошта бошад.
Вазорати фарҳанги Чеченистон рӯзи 15-уми ноябр ба тарроҳони либоси миллӣ дар Чеченистон ҳушдор додааст, ки дар таҳияи либосҳои замонавии занона аз ингуна унсурҳо истифода накунанд. Масалан, дар ҷомаҳои мардонаи мардуми Қафқоз, ки бо номи черкеска маъруф аст, як раҳ барои тирмонӣ дӯхта мешавад, чун аз он дар давраи ҷанг истифода мекарданд.
Чаро черкескаҳо ҳадаф қарор гирифтаанд?
Вазорати фарҳанги Чеченистон гуфтааст, "ҷангҷӯён аз тирмонӣ барои нигаҳдории борут истифода мекарданд ва бо гузашти замон, ин унсур ба намоде аз шуҷоат, ифтихор ва рӯҳи муҳофиз табдил шуд. Истифода аз чунин унсурҳо дар либоси занон навъе ҳамла ба намодҳои мардона ва нақзи суннатҳои чандсадсола шумурда мешавад".
Ин дувумин маҳдудият дар мавриди зоҳири занон аз сӯи мақомҳои Чеченистон дар камтар аз як моҳ аст. Дар охирҳои моҳи гузашта занон аз берун рафтан бе ҳиҷоб ва рӯсарӣ ҳам манъ шуданд. Ба гуфтаи ёвари раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров, заноне, ки бе рӯсарӣ дида шаванд, барои огоҳонида мешаванд. Айни ҳол, истифода аз ниқоби исломӣ низ манъ аст.
Озмуне барои вафодороии умумӣ?
Нозирони сиёсӣ, пажӯҳишгарони таърих ва мудофеони ҳуқуқи занон иддаои ҳукумати Чеченистонро дар бораи ин ки ин маҳдудиятҳо бархоста аз фарҳанги чеченӣ ҳастанд, рад кардаанд.
Созмони иҷтимоии “Марем” аз ҳуқуқи занон дар Қафқози Шимолӣ ҳимоят мекунад. Масъулонаш гуфтанд, аз инки "мардони Вазорати фарҳанг ба муди занон эрод гирифтаанд" чандон шигифтзада нестанд. Онҳо афзудаанд, "ончи дӯст дорем бубинем, кормандони давлатие ҳастанд, ки оё барои намодҳои воқеии шуҷоат ва иззат ба мисли поён додан ба занкушӣ ва манъи хушунат алайҳи занон талош мекунанд ё не".
Руслан Айсин, донишманди улуми сиёсӣ, ин вазъиятро бо Кореяи Шимолӣ муқоиса мекунад, ки ҳатто либос ва модели мӯйи мардумро назорат мекунад. Ӯ мегӯяд, режимҳои тамомиятхоҳ "вафодории идеологии мутлақ" металабанд, то ҳеч инҳирофе вуҷуд надошта бошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин иттифоқ дар Чеченистон дар ҳоли рух додан аст ва мавзӯъ рабте ба суннат надорад, балки озмуне барои санҷиши вафодории мардум аст.
Айсин мегӯяд, "ҳар ончи ҳукумат дар ҳавзаи фарҳанг анҷом медиҳад, барои намоиш аст ва бо ҳадафи назорат. Фарҳанги расмӣ вуҷуд дорад ва фарҳанги мардумӣ низ ҳаст, ки дар аксари ҳолатҳо дар тазоданд. Агар ба суннатҳои воқеии чеченӣ нигоҳ кунед, дар онҳо диктатор вуҷуд дорад".
Рамзҳои пӯшиш ва сиёсати ҷойнишинӣ
Рамазон Қодиров муддатҳост, ки аъзои хонаводаашро дар вазифаҳои баланд таъйин мекунад ва ҳамчунин ба ҷойнишинии худ меандешад.
Иброҳимов, аз наздикони Қодиров, раҳбарии Вазорати фарҳангро бар ӯҳда дорад, ҳамон ниҳоде, ки ин мамнуиятро эълон кард. Духтари Қодиров, Оиша Қодирова, аз соли 2021 то 2023 ҳамин вазифаро бар дӯшт ва сипас ба мақоми муовини сарвазир дар умури иҷтимоӣ расид. Ӯ, ки акнун 26-сола аст, дар моҳи феврал истеъфо дод ва гуфт, ин кор "барои марде қавитар муносиб аст" ва ният дорад ба тиҷорат машғул шавад.
Фаъолиятҳои тиҷории ӯ шомили маъруфтарин брендаш "Хонаи муди Фирдавс" аст. Дар вебсайти он омадааст, ки тарроҳони "Хонаи мӯди Фирдавс" дар "бахши мӯди пӯшидаи асил" фаъолият мекунанд ва либосҳои мутобиқ бо "сабки суннатии чеченӣ, нақшу нигорҳои суннатии мардуми чечен, ингуш ва табиат" тавлид мекунанд.
Ҳам Қодирова ва ҳам брендаш "Фирдавс" таҳти таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо ва Амрико қарор доранд.
Руслан Айсин мегӯяд, Қодирова мумкин аст аз маҳдудиятҳои нав ва пӯшиши занони чечен нафъ барад: "Дар Чеченистон раванди интиқоли қудрат аз Қодиров ба сӯи як модели хонаводагии чандмарказӣ дар ҷараён аст. Ин ниёзманди иқдомҳои идеологӣ ва сиёсӣ аст. Асосан бояд қудрат миёни духтар, писар, набераҳо, домодҳо ва хешовандон тақсим шавад".
"Ҳифзи назм" барои Кремл
Светлана Анохина, бунёдгузори созмони иҷтимоии “Марем” мегӯяд, истифода аз "суннатҳо" барои тавҷеҳи мамнуиятҳо раванде дерина дар Қафқози шимолӣ аст. Ӯ мегӯяд, "мардон ҳамеша ҳар гуна "убур аз ҳудуд" аз сӯи занонро нақзи имтиёзҳо ва мардонагии худ донистаанд".
Анохина мегӯяд, ҳатто судури чунин фармоне аз сӯи Қодиров низ бо суннати чеченӣ дар тазод аст: "Тибқи суннат, марди бегона наметавонад мустақим ба зане дастур диҳад. Ӯ бояд аз тариқи мардони хонаводааш бо ӯ суҳбат кунад. Аммо зоҳиран Қодиров худро "падари миллат" медонад ва бар ин асос амал мекунад. Ӯ иҷоза медиҳад, занон муҷозот, сарзаниши умумӣ ва аз пӯшидани баъзе аз либосҳо манъ шаванд".
Фотима Ғозиева аз созмони "Занони сулҳталаб дар саросари ҷаҳон" дар Белгия мегӯяд, мақомҳои Чеченистон бо чунин маҳдудиятҳое на танҳо контроли дарунии ин ҷумҳурии худмухтори Русияро тақвият мекунанд, балки мехоҳанд ба Кремл нишон диҳанд, ки тавони "ҳифзи назм"-ро доранд.
Ба гуфтаи Ғозиева, "мавзуъ эҳтиром ба каромати занон аст, чизе, ки ҳамеша бахше аз арзишҳои воқеӣ ва на сиёсишудаи чеченӣ будааст. Ба иборати дигар, агар мақомҳо воқеан нияти пос доштани суннатро доранд, бояд аз занон муҳофизат кунанд, на онҳоро таҳти султа дароваранд".