Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдори пешини БДА-ро барои садамаи марговар 4 сол зиндонӣ кардаанд. ВИДЕО


Садамаи маргбор дар Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

Ин наворро пас аз чанд лаҳзаи садама бардоштаанд. Моҳи октябри соли 2020

Баҳром Азаматов, корманди пешини раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) дар вилояти Суғдро бо гуноҳи "садамаи марговар" ба чаҳор сол зиндон маҳкум карданд. Дар ин бора ҳукми Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе содир шуд.

Вокуниши ӯ, наздикон ва ё вакили мудофеяш дастрас нашудааст. Қаблан баъзе афроди наздик ба Баҳром Азаматов иддао доштанд, ки дар замони ҳодиса ӯ сари чанбараки мошин набуд. Як манбаи огоҳ аз ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 29-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ ӯро ба

  • "вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ ва истифодаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ" ва
  • "аз беэҳтиётӣ дар хатар гузоштан ва боис ба марг шудани ҷарбдида" гунаҳкор донистааст.

Бар асоси ҳукм, Баҳром Азаматов пас аз адои муҳлати ҳабс то се соли дигар наметавонад, ба кор дар идораҳои давлатӣ роҳ дода шавад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Баҳром Азаматов ба зиндон маҳкум шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

Азаматови 34-сола яке аз кормандони баландмақом дар Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар вилояти Суғд буд. Садамае, ки ӯро сабабгораш медонанд, шаби 3-юми октябри соли 2020 дар рӯйи пули Исмоили Сомонӣ, машҳур бо номи "пули кӯҳна"-и шаҳри Хуҷанд рух дод.

Дар ин ҳодиса Акбар Ғаффорзодаи 32-сола, муфаттиши шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд, ҷон дода, Ҷаҳонгир Файзуллоев ва Далер Маҳмудов, сокинони шаҳри Хуҷанд, маҷруҳ шуданд.

Акбар Шарифӣ, сухангӯйи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, пас аз ду рӯзи ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "Баҳром Азаматов бо мошини Ҷип Мерседес Бенс GL ба самти муқобил баромада, ба мошини Акбар Ғаффорзода бархӯрдааст".

Дар ин ҳодиса, ба иттилои расмӣ, ду мошини дигари "Мерседес-Бенс" ва як худрави тамғаи "Нексия" зарар дидаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҷабрдидагон ва наздикони онҳо розӣ нашуданд, ки бо хабарнигорон суҳбат кунанд ва маълум нест, зарари расонидашуда ҷуброн шудааст ё не.

Пештар чанде аз расонаҳои мустақил бо такя ба манобеи худ дар мақомоти қудратӣ дар бораи дастгир шудани Рустамхӯҷа Азаматови 23-сола, бародари Баҳром Азаматов, иттилоъ дода буданд, ки гуё дар шаби ҳодиса мошини "Mersedess GL" таҳти идораи ӯ қарор доштааст.

Назари Баҳром Азаматов ё пайвандони ӯ дар робита ба ҳукми Додгоҳ маълум нест. Дақиқ нест, ки онҳо дар бораи ҳодиса чӣ назар доранд ва то куҷо гуноҳро мепазиранд.

Садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон, бахусус бо иштироки мақомдорон ё фарзандони онҳо, ҳамеша пурсару садо ҳастанд. Дар миёни маъмултарин қонуншиканиҳо –

  • ҳаракат бо суръати баланд,
  • риоя нашудани қоидаи ронандагӣ,
  • мастӣ,
  • надоштани ҳуҷҷат ё парвонаи ронандагӣ

номбар мешаванд.

Моҳи феврали имсол Султонҷон Султонов, сардори шуъбаи кофтукоби ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзобро, ки дар як садамаи маргбор гумонбар дониста мешавад, дастгир ва аз мақомаш барканор карданд.

Дар садамаи дигари нақлиётӣ бо ширкати Ислом Анварзода, муовини пешини додситонии ноҳияи Фирдавсӣ, овозхони шинохта Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расида буд. Наздиконаш мегӯянд. Анварзода барои муолиҷа ба хориҷа рафтааст ва мақомот таҳқиқи парвандаи ӯро боздоштаанд.

Соли гузашта дар пайи 1109 садамаи нақлиётӣ 376 нафар ба ҳалокат расида, 1263 кас маҷруҳ шудаанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG