Рамзӣ Калонов, сарбози 19-солаи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки ба қавли наздиконаш ҳашт моҳ пеш ба артиш бурда шуда, дар як воҳиди низомӣ дар Истаравшан (вилояти Суғд) хидмат мекард, ба таври мармуз ҷон бохтааст.
Мақомот ҷасади ӯро рӯзи 28-уми ноябр ба наздиконаш дар маҳаллаи “Дарвоз”-и шаҳри Душанбе супурда, талош кардаанд, “ҳарчи зудтар дафн карда шавад”. Дар ин маҳаллаи пойтахт бештари хонаводаҳо аз ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ ҳастанд.
Сабаби расмии марги Рамзӣ Калонов маълум нест. Кӯшиши Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи Нерӯҳои марзбонӣ то ин дам бенатиҷа буд. Дар Вазорати корҳои дохилӣ ва идораҳои дигари интизомӣ гуфтанд, ки дар бораи қазияи Рамзӣ Калонов иттилое надоранд.
Яке аз хешовандонаш рӯзи 1-уми декабр бо фиристодани наворе аз лаҳзаи гиряву нола бар сари тобути ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар сараш осори зарбу лат буд”. Радиои Озодӣ ин иддаоро ба таври мустақилона тасдиқ ё инкор карда наметавонад.
“Вақте тобутро оварданд, намояндагони мақомот низ буданд. Ба суолҳои зиёд дар бораи марги ӯ посух надоданд. Нагуфтанд, ки сабаби маргаш чӣ будааст,” – гуфт мусоҳиби мо бо шарти фош нашудани номаш. Ба нақли ӯ, мақомот нагузоштаанд, ки ҷасади Рамзӣ Калоновро то расидани хешовандон аз ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ нигоҳ доранд.
“Рӯзи ҷумъа хешовандон ба маросими видоъ даъват шуда буданд. Хонаводааш мехостанд, тобутро то соати яки пас аз зуҳр нигоҳ доранд, аммо мақомот исрор карданд, ки ӯ зудтар гӯронда шавад ва соати ёздаҳ тобутро ба қабристон бурданд,” – изофа кард ӯ.
Рамзӣ Калонов дар оила фарзанди нахустин буда, як муддат дар муҳоҷирати корӣ дар Русия будааст. Ба гуфти пайвандонаш, ӯ соли 2024 аз Русия ба Тоҷикистон ронда ва муддате нагузашта ба хидмати ҳарбӣ бурда шуд.
Бо вуҷуди он ки ҳанӯз сабаби ҷон бохтани Рамзӣ Калонов расман эълон нашудааст, пайвандонаш марги ӯро эҳтимол маҷбурӣ медонанд, вале ҳамзамон нақшаи муроҷиат ба мақомотро надоранд. “Мо ба адолати додгоҳӣ бовар надорем,” -- гуфт яке аз пайвандони Рамзӣ Калонов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Марги сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, аз ҷумла дар сафи Нерӯҳои марзбонӣ ҳодисаи нав нест. Дар гузашта ҳам дар натиҷаи тасодуфу муноқиша ба ҳалокат расидани чанд сарбоз сабт шуда буд.
Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар як гузориш гуфт, ки танҳо дар соли 2023 марги 40 сарбоз сабт шуд. Аз ин шумора, ба эътирофи Омбудсмен, 8 маврид худкушӣ буда, "6 кас аз беморӣ фавтиданд".
Мақомот пайваста мегӯянд, ки вазъ дар артиши Тоҷикистон беҳтар шуда, сафи ихтиёриёни хидмати аскарӣ афзудааст, вале ҳанӯз ҳам волидони бархе сарбозон аз шароити ногувор ва озору азияти наваскарон шикоят мекунанд.