Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маймун ва морҳоро баъзан ба хона мебарем"


Боғи ҳайвоноти шаҳри Хуҷанд
Боғи ҳайвоноти шаҳри Хуҷанд

Пахши навори нигоҳдории маймун дар қафаси хурде дар Боғи ҳайвоноти шаҳри Хуҷанд баҳсҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Масъулони ягона боғи ҳайвонот дар шимоли Тоҷикистон аз камбуди шароит шикоят доранд, вале гуфтанд, ки маймун феълан дар шароити хуб нигаҳдорӣ мешавад.

Маймуни хурд, ки навори нигоҳдориаш баҳс барангехт, чор сол боз дар боғи ҳайвоноти шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунад ва яке аз ҷонварҳои ҷолиби тамошогарон аст. Бунёдгузори боғ мегӯяд, дар чаҳор сол ин маймун боре ҳам бемор нашуда буд, вале сармои имсол онро каме нотоб кард.

Мадина Давлатова, муассиси Боғи ҳайвоноти шаҳри Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи сард шудани ҳаво маймун зуком шуд ва бо иҷозаи бойтор ин ҳайвонро барои гузарондани сӯзандору ба қафаси хурд гузаронданд. "Баъди гузаронидани сузандорӯ се рӯз дар хонаи гарм меистад. Мо на танҳо маймун, балки дигар намуди ҳайвонҳоро низ вақте бемор мешавад барои табобаташ дар қафаси танг нигоҳ медорем".

Ин ягона боғи ҷонварон дар ҳудуди вилояти Суғд аст ва имкони тамошои ҳайвоноти ваҳширо дар шимоли кишвар соҳибкори маҳаллӣ Мадина Давлатова 7 сол пеш фароҳам кардааст. Вай мегӯяд, барои харидани ҷонварон ва таъсиси боғ аз бонк пул қарз гирифт. Ва ҳамчунин дар гирд овардани ҷонварони нодир дӯстону хешон ва хайрхоҳон ёрӣ кардаанд. Ҳарчанд ҳоло шумори ками ҳайвонҳо дар ин боғ дида мешаванд, моликаш мегӯяд, беш аз 30 навъи онро дар тӯли ин 7 сол ҷамъоварӣ кардааст.

"Мо ҳамин қадар камбудӣ дорем, ки ҷойи зимистонгузаронӣ надорем. Ҷойе мешавад, ки маймунчаро ба хона мебарам. Морҳоро ҳоло дар хонаи худамон нигоҳубин мекунем. Морҳои калон дорем", - мегӯяд муассиси Боғи ҳайвоноти шаҳри Хуҷанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Гузориш аз Боғи ҳайвоноти шаҳри Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:20 0:00

Солҳои пеш низ барои набуди шароити мусоид қисме аз ҷонваронро ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон фиристода буданд. Ҳарчанд харҷи зимистонаи нигоҳубини ҳайвонот назар ба дигар фаслҳо хеле бештар аст, тамошогарони боғ ҳам дар ин мавсим хеле каманд. Сайркунандагони боғи ҳайвонот мегӯянд, ки кам будани ҷонварон дар ин фасл сабаби наомадани одамон мешаванд.

Сорбон Аброров, як донишҷӯ аз Хуҷанд мегӯяд, "мо мехоҳем, ки ба боғи ҳайвоноти шаҳри Хуҷанд ҳайвонҳои бисёртар биёранд. Барои он, ки тамошобинон зиёд шавад ва одамҳо ҳам вақте ҳайвон зиёд мешавад, тамошо меоянд".

Мадина Давлатова таҳсилкардаи Омӯзишгоҳи шаҳри Қаршии Узбекистон дар ин ришта аст. Ӯ онҷо оиладор шуда ва ҳамроҳи шавҳараш дар сирки Тошканд ба ҳайси морбоз кор кардааст. Баъди гирифтани таҷриба ӯ ин пешаро дар Тоҷикистон идома дод. Боғи хусусии ӯ бо маблағи тамошои мардум фаъол аст. Нархи билети даромад барои калонсолон 10 ва барои кӯдакон 5 сомонист.

Мадина Давлатова
Мадина Давлатова

Мадина Давлатова орзу дорад, ки бо кумаки хайрхоҳон ва мақомоти вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд боғи ҳайвонот бо шароити хубтар сохта шавад. "Мисол мо фарзандонамонро гирифта, ба шаҳри Душанбе ё Тошканду Қирғизистону Қазоқистон барои тамошои боғи ҳайвонот набарему ҳаминҷо биёрем. Ин ҳам ободии давлат ва ҳам барои фарзандони мо ҷойи аҷоиб мешавад", - мегӯяд ин ҳамсуҳбати мо.

Аксар боғҳои ҷонварон дар Тоҷикистон борҳо барои надоштани шароити хуб танқид мешаванд.

Аз ҷумла, тамошобинон ва сокинони Душанбе пайваста бо нашри аксу навор аз ҳоли ҷонварон дар дохили панҷараҳо шароити боғи ҳайвоноти пойтахтро интиқод мекунанд. Бархе аз ин боғ ба унвони "зиндони ҷонварон" ном мебаранд ва бархе ҳам нигаҳдории ҷонваронро дар чунин шароит номумкин медонанд. Онҳо ба зиндагии ҳайвонотро дар муҳити табиӣ бартарӣ медиҳанд.

Боғи ҳайвоноти Душанбе
Боғи ҳайвоноти Душанбе

Солҳост ҷонваршиносон барои сохтмони як боғи нав бо меъёрҳои замонавӣ дар Душанбе ҳам садо баланд мекунанд ва ин мавзуъ дар ҷаласаҳои ҳукумат ҳам баррасӣ шудааст. Моҳи июли соли гузашта як намояндаи Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, Боғи ҳайвоноти Душанберо ба наздикии шаҳри Ҳисор мекӯчонанд.

XS
SM
MD
LG