Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор ба садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия. САДО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон ба садҳо ҳазор муҳоҷир дар Русия ҳушдор додаанд, ки аз гирифтани санад ва муҳрҳои қалбакӣ эҳтиёт кунанд, вагарна то ду сол зиндонӣ хоҳанд шуд.

Онҳо гуфтаанд, баъзе аз муҳоҷирони тоҷик барои гузаштан аз марзи Русия худашон намераванд, балки тавассути миёнаравҳо муҳри марзбониро мегиранд.

Муҳоҷироне, ки патент ё иҷозаи кор дар Русияро надоранд, дар се моҳ як бор барои қонунӣ кардани будубоши худ маҷбур ҳастанд, марзи ин кишварро гузаранд.

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 16-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ахиран нисбат ба як муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми тақаллуби санади давлатӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ин муҳоҷир бо далели шубҳаовар будани муҳри гузаштани марз дар шиносномааш ба ҷавобгарӣ кашида шудааст ва ба ӯ то ду соли зиндон таҳдид мекунад.

Ба ин хотир, масъулони намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар дар Русия ҳушдор додаанд, ки дар ягон ҳолат шиносномаи худро барои гирифтани муҳри гузаштан аз сарҳад ба миёнаравон надиҳанд. “Ҳарчанд онҳо бо чандин қасам Шуморо бовар мекунонанд”, - гуфт шудааст дар огоҳии онҳо.

Иброҳим Аҳмадӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба каси дигар додани шиноснома дар миёни муҳоҷирон саросарӣ нест, вале пайдо шудани ҳолатҳои ҷудогона онҳоро водор кард, то ин огоҳиро пахш кунанд.

Дар изҳороти намояндагии Вазорати меҳнат гуфта мешавад, “агар шароит ва имконият надоред, бигзор бо ҳуҷҷати муҳлаташ гузашта гардед, лекин ҳуҷҷати қалбакӣ нагиред. Бе ҳуҷҷати будубош гаштан чораи маъмурӣ дорад, вале бо ҳуҷҷати қалбакӣ гаштан ҷавобгарии ҷиноӣ.”

Вале бархе аз муҳоҷирон мегӯянд, муҳлати се моҳи будубош дар Русия хеле кам аст ва онҳо фурсат надоранд, ки то як ҳафта кори худро як сӯ гузошта, ба марз раванд ва дубора вориди Русия шаванд.

“Илова ба ин харҷи зиёд дорад. Аз хӯрок гирифта то харҷи роҳ. Баъзе миёнаравҳо пешниҳод мекунанд, ки ниме аз он пулро барояшон диҳем, ҳамон муҳри гузаштан аз сарҳадро барои мо меоранд”, - нақл кард яке аз муҳоҷирон.

Ҳамчунин дар моҳҳои охир чанд мошини муҳоҷирон дар роҳ ба марзи Русия ва Қазоқистон ба садама дучор шуда, баъзе аз онҳо ҷон бохтаанд. Моҳи июни имсол бародарон Муҳаммад ва Мансур Гурезовҳо, сокинони ноҳияи Ёвон, дар як садамаи нақлиётӣ дар марзи Қазоқистону Русия фавтиданд.

Огоҳии мақомоти тоҷик ба муҳоҷирон дар Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00
Линки мустақим

Тирамоҳи соли гузашта мақомоти Тоҷикистон аз Русия хостанд, ки мӯҳлати иқомати муҳоҷиронро то 180 рӯз ва мӯҳлати сабти номро то 30 рӯз тамдид кунад.

Худи муҳоҷирон ҳам мегӯянд, дар сурати то 180 рӯз дароз кардани мӯҳлати иқомати муҳоҷирон дар Русия зарурат ба зуд-зуд убур кардани марз аз байн меравад.

Диловар Ҳусейнов, муҳоҷири корӣ гуфт, ба марз рафтан мушкили ягонаи онҳо нест ва дар умум ҳуҷҷатгузорӣ дар Русия барояшон “дарди сар” шудааст.

“Проблемаи асосии муҳоҷирон ҳуҷҷат кардан аст. Муҳоҷире, ки қарз гирифта ба Русия меояд, барои ҳуҷҷатгузорӣ ва гирифтани патент бояд ба камиаш 25 ҳазор рубл дошта бошад. Агар патент кунед, маҷбуред ҳар моҳ ба он 3,5 ҳазор рубл гузаронед, ки дар се моҳ 10 ҳазор мешавад. Боз ду ҳазори дигар барои ба қайд гузоштан”, -- гуфт Диловар Ҳусейнов.

Мушкил дар ҳуҷҷатгузорӣ боис шудааст, ки солона садҳо нафар аз муҳоҷирони тоҷик бо ҷурми нақзи қоидаи будубош ва надоштани патенту риоя накардани қонунҳо аз Русия ихроҷ шаванд. Бо ин далел феълан роҳи 250 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия баста аст.

Солона аз Тоҷикистон садҳо ҳазор нафар барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд ва маблағи фиристодаи онҳо ба кишвар муҳим шумурда мешавад.

Мухолифон ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки дар дохил ҷойҳои корӣ намесозад ва иқтисоди кишварро пойбанди пули муҳоҷирон кардааст. Соли гузашта Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар Созмони Милал низ гуфт, Тоҷикистон барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Русия талоши кофӣ ба харҷ намедиҳад.

XS
SM
MD
LG