Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дубора ба намозгузорӣ дар масҷидҳои Тоҷикистон иҷозат доданд, ВИДЕО


Масҷиди марказии шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Масҷиди марказии шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон иҷозат дод, ки аз 20-уми март дар масҷидҳои кишвар намозҳои дастҷамъӣ хонда шаванд, аммо айни замон аз сокинон талаб кард, "қоидаҳои беҳдоштро қатъан риоя кунанд".

Тасмими манъи намозҳои дастҷамъӣ, ба истиснои намози ҷаноза, дар ду ҳафтаи пеш бо вокунишҳои гуногун рӯ ба рӯ шуда буд. Баъзеҳо ин қарорро кори дуруст номиданд, баъзеҳо баръакс.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон, рӯзи 19-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, аз бомдоди ҷумъа дари масҷидҳои кишвар дубора ба рӯйи намозгузорон боз мешавад. Ба қавли ӯ, давоми ду ҳафтаи баста будани дари масоҷид "дар ҳамаи ин муассисаҳои динӣ чораҳои зиддиуфунӣ ё дезинфексия гузаронда шуд".

"Вазъи масҷидҳои кишвар то ду ҳафтаи пеш сахт осебпазир буд. Ба ин хотир чораҳои беҳдоштиро андешиданд. Аз ҷумла, ҳама масҷидҳои кишвар дезинфексия карда шуданд ва баъди нисбатан беҳтар гардидани вазъият Шӯрои уламои кишвар салоҳ донист, ки дубора намозҳои дастаҷамъона дар масҷидҳои кишвар баргузор карда шавад," - шарҳ дод ӯ.

Хуруҷи коронавирус мақомоти чанд кишварро водор кард, ки намозгузорӣ дар масҷидҳоро манъ кунанд. Аз ҷумла, дар Эрон намогузорӣ дар масоҷид манъ шудааст. Эрон яке аз кишварҳоест, коронавирус дар онҷо зиёд паҳн шудааст. Аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, то ҳол Узбекистон намозгузорӣ дар масҷидҳоро манъ кард. Дар ин кишвар чанд ҳолати сироятёбӣ ба вируси нави корона ошкор шудааст. ​

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 5-уми март бо ҳадафи, ба гуфтаи масъулонаш, пешгирӣ аз сирояти коронавирус дари масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъро баст.

Азбаски ҳукумати Тоҷикистон солҳои ахир барои маҳдуд кардани ҳуқуқи динӣ танқид мешунавад, бархе аз мардум қарори манъи намозгузорӣ дар масҷидҳоро ҳадафмандона хонданд. Баъзе аз онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ навиштанд, ки "агар ҳадаф пешгирӣ аз сирояти коронавирус буд, чаро мактабу донишгоҳ, бозору ошхона ва майдонҳои варзишиву марказҳои савдо баста нашуд?"

Мақомот дар баробари манъи намозҳои дастҷамъӣ, тамрини роҳпаймоии хонандагону донишҷӯёнро барои ҷашни Наврӯз манъ карда буданд. Ва далелашро ҳам пешгирӣ аз сирояти коронавирус гуфтанд.

Дертар наворҳое аз Хуҷанду Бохтар расонаӣ шуд, ки дар онҳо ҳазорҳо хонанда ва донишҷӯ ба ҷашни Наврӯз омодагӣ мебинанд.

Коронавирус, ки охири соли гузашта дар Чин кашф шуд, то кунун дар ҷаҳон беш аз 220 ҳазор нафарро гирифтор карда, боис ба марги тақрибан нӯҳ ҳазор кас шудааст. Бино ба оморҳо беш аз 80 ҳазор нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ба ҳол ҳеч мавриди гирифторӣ ба ин вирус дар кишвар сабт нашудааст, аммо мегӯянд, аз 1-уми феврал то 18-уми март тақрибан 1900 нафаро, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон омаданд, ба карантин фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора беш аз 1400 нафар ба хонаҳояшон рухсат шуда, айни замон 464 нафар дар бемористонҳои кишвар ҳастанд.

XS
SM
MD
LG