Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари як сайёҳи кушташудаи амрикоӣ аз Тоҷикистон ҷуброн мехоҳад. САДО


Ҷеа Сантовско бо писараш Ҷей Остин

Як шаҳрванди Амрико, ки писараш тобистони соли гузашта дар ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон кушта шуд, мехоҳад, аз мақомоти ин кишвар ҷуброни зарари маънавӣ талаб кунад.

Аз он дар ғазабам, ки писари ман дар ҳолати хуншор ва дар канори роҳ мисли саг ҷон додааст. Намедонам, ки дар он лаҳза чӣ дард мекашид, вале медонам, ки ӯ зуд на, балки дар фосилаи 20 ё 30 дақиқаи баъди ҳамла даргузаштааст

Ҷеа Сантоваско 62-сола аст ва дар иёлати Ню-Ҷерси зиндагӣ мекунад. Писари ӯ – Ҷей Остин – яке аз чаҳор сайёҳи хориҷӣ буд, ки рӯзи 29-уми июли соли 2018 дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон кушта шуд. Сантоваско дар ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ сохторҳои интизомии Тоҷикистонро муттаҳам мекунад ва мегӯяд, “гуноҳи онҳо ин аст, ки натавонистанд пеши роҳи ҳодисаро бигиранд.”

Дар ин ҳамла, ки масъулияташро гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифтааст, чаҳор нафар – Ҷей Остин ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз аз Амрико, Воке Рене Виллемм аз Ҳолланд ва Хамел Маркус аз Швейтсария кушта шуданд. Дар ин ҳодиса се сайёҳи дигари хориҷӣ захм бардоштанд.

лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:05:07 0:00
Линки мустақим

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2018-ум иҷрогари ҳамла Ҳусейн Абдусамадови 33-соларо ба ҳабси абад маҳкум кард. Дар баробари ӯ 14 нафари дигар бо ҷурми даст доштан дар ин ҷиноят ё хабар надодан ба мақомот зиндонӣ шуданд.

"Умеди ман ин буд, ки дар пирӣ дастёрам мешавад"

Ҳусейн Абдусамадов ба ҳабси абад маҳкум шуд
Ҳусейн Абдусамадов ба ҳабси абад маҳкум шуд

Ҷеа Сантоваско рӯзи 15-уми март дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, талаби пардохти ҷуброн барои қатли фарзандаш аз он ҷо маншаъ мегирад, ки зиндагии ӯ баъди ин ҳодиса “ба як даҳшат табдил шуд”.

Ҷей Остин ягона фарзанди ин зани танҳо будааст ва ба нақли модар, аз назари рӯҳиву равонӣ бо ӯ пайванди хеле сахт доштааст. “Умеди ман ин буд, ки дар пирӣ дастёри ман мешавад”, - гуфт ӯ .

Ба қавли ин зан, чаҳор моҳи аввали баъди қатли фарзандаш “дар ҳолати шок” қарор дошт ва баъди ба худ омадан, ҳоло талош мекунад бо вуҷуди он ки сахт аст, “бо зиндагӣ ва воқеиятҳои нав бисозад”.

Сантоваско мегӯяд, дар бахши тиҷорати манзил кор мекунад ва тамоми вақт ба кор банд аст. Бо ин ҳол, вазъи равониаш иҷоза намедиҳад, ки ором бошад. Мегӯяд, талош мекунад аз роҳи музокирот бо мақомоти тоҷик ваё додгоҳ ҷуброни пулии ин ҳама маҳрумиятҳояшро талаб кунад. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти тоҷик дар сатҳи ҳукумат ваъда додаанд, ки посухи худро ба ӯ мефиристанд.

Видео: Нақша дар рӯшноии "Моҳи хунин". Қотилони сайёҳони хориҷӣ кӣ буданд?

Қотилони сайёҳони  хориҷӣ дар Тоҷикистон кӣ буданд?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:05:52 0:00

Ду хонавода мехоҳанд, ҷуброн талаб кунанд

Мақомоти расмии Тоҷикистон ин мавзӯъро шарҳ намедиҳанд. Вале манобеи огоҳ аз қазия гуфтанд, ҳадди ақал ду оилаи сайёҳони кушташуда мехоҳанд, мавзӯи пардохти ҷуброни марги фарзандон дар ҳодисаи террористиро матраҳ кунанд.

Як мақоми огоҳ аз ин қазия рӯзи 15-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси муроҷиати хонаводаи Остини амрикоӣ ва Маркуси швейтсарӣ, як комиссияи муштараки иборат аз сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистон таъсис шудааст, то паҳлӯҳои ҳуқуқии ин дархостро баррасӣ кунанд.

Ин мақом афзуд, феълан аз ин беш чизе гуфта наметавонад ва танҳо ишора кард, ки “онҳо маблағи хеле калон пурсидаанд”.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Ҳуқуқдони тоҷик Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, тибқи қонунгузориҳои дохиливу байналмилалӣ наздикони қурбониҳо ҳаққи талаби ҷубронро доранд. Ба қавли ӯ, дар масъалаи пардохти ҷуброн шартнома ё қарордоде, ки дар заминаи он таъмини кафолати амнияти сайёҳ аз ҷониби ширкате ё давлати Тоҷикистон дода шуда бошад, бояд пардохти ҷуброн аз ҷониби ҳамон ширкат ё давлат сурат гирад.

  • "Таҷрибаи пардохти ҷуброн ба хонаводаи сайёҳоне, ки кушта мешаванд, дар кишварҳои дигар вуҷуд дорад. Давлат, ки масъули тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ аст, дар ҳамин гуна ҳолатҳо метавонад масъулияти амнияти меҳмононро ба зимма гирад. Агар сайёҳон бе гирифтани кафолати амнияти худ ё расмиёти дигар ба кишвар ворид шудаанд, дар чунин ҳолат далелҳои ҷониби давъвогар ва моҳиятан ҷузъиёти парвандаро дидан зарур аст", - афзуд ӯ.

"Ҷей баъди ҳодиса 20-30 дақиқа зинда будааст"

Муҷасамма дар ҷои ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ
Муҷасамма дар ҷои ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ

Ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи ин ки то куҷо маблағи ҷуброни марги фарзанд дар ҳодисаи террористӣ дили модарро таскин мебахшад, Ҷеа Сантоваско гуфт, “агар маблағе дарёфт кардам, талош мекунам аз кор канор равам ва ба истироҳату муолиҷа пардозам. Чунки дар баробари кори сангин фоҷиаи марги писар ба саломатиам осеби ҷиддӣ расондааст.”

Ҷеа Сантоваско мегӯяд, хабари кушта шудани писарашро баъди нӯҳ соати ҳодиса як хонуме аз сафорати Амрико дар Душанбе ба ӯ расондааст. Ӯ гуфт, он лаҳзаҳо дунё дар назараш торик шуд ва ёд дорад, ки ҳарфе ба забон оварда натавонист.

Ин зани амрикоӣ чанд ҳафта пеш гузориши пурраро дар бораи кушта шудани писараш дарёфт кард ва бар асоси он тоза фаҳмид, ки Ҷей Остин баъди ҳодиса 20 дақиқа зинда будааст.

  • “Нисбат ба қотилон ҳеч хашм надорам. Нисбат ба онҳое ҳам, ки ин ҷавононро гумроҳ кардаанд, хашм надорам. Ҳамаи онҳо мушкили равонӣ доранд ва чаро бояд аз онҳо биранҷам? Вале аз он дар ғазабам, ки писари ман дар ҳолати хуншор ва дар канори роҳ мисли саг ҷон додааст. Намедонам, ки дар он лаҳза чӣ дард мекашид, вале медонам, ки ӯ зуд на, балки дар фосилаи 20 ё 30 дақиқаи баъди ҳамла даргузаштааст”, - гуфт ӯ.

Номаи модар ба қотили писар

Ин зан мегӯяд, ба ҳеҷ сурат нисбат ба мардум ва миллати тоҷик эҳсоси манфӣ надорад, чунки муҳаббат ва дастгирии ин мардумро дар номаҳои зиёди ғамшарикӣ дарк кардааст. Ӯ гуфт, як рӯз пеш аз марг писараш ҳам дар як видеое аз сафараш ба Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карда ва аз ин сафар розӣ буд.

Баъди ҳамла ба дучархасаворон
Баъди ҳамла ба дучархасаворон

Ҷеа Сантоваско дар давоми 8 моҳи баъди фоҷеа бо тамоми ҷузъиёти парванда ошно аст ва исми ташкилкунанда ва иҷрогари ҳамлаи террористиро зоҳиран азхуд кардааст. Ба суоли ин ки агар бо қотили писараш рӯбарӯ шавад, ба ӯ чӣ мегӯяд, гуфт, тавассути сафорати Амрико ба дасти Ҳусейн Абдусамадов ба зиндон нома фиристодааст. Ӯ гуфт, намедонад, ки номааш ба дасти Абдусамадов расид ё на. Ҷеа Сантоваско порае аз номааш ба қотили писарашро хонд:

“Ман модари Ҷей Остин ҳастам, ки ту барқасдона ва бераҳмона куштӣ. Бо вуҷуди ин ки ман омода нестам ба писарам хайрбод бигӯям, ту ӯро ба дунёи ҷовидона фиристодӣ. Ҷисми ӯ мурда аст, аммо равони ӯ эҳсоси дард намекунад. Танҳо эҳсосе, ки ӯ дошта метавонист, даҳшат аз бераҳмии ту буд...”

Ӯ дар идома навиштааст: “Вале дар ин байн ту ба зиндон рафтӣ. Ҳаёти ту ҳеҷ маънову ҳадафе надорад. Ту дигар ҷое барои рафтан надорӣ. Ту ба ҷое нарасидӣ. Ман ба ту нафрат надорам. Зиндагии ту дигар ҳеч маъно надорад..”

Ҷеа Сантоваско гуфт, ҷасади писарашро рӯзи 13-уми августи соли гузашта аз Тоҷикистон ба Вашингтон фиристоданд ва маросими видоъ бо ӯ дар шаҳре баргузор шуд, ки давраи таҳсилаш дар дар онҷо гузаштааст. Баъдан бо васияти худи писар, ҷасади ӯро сӯзондаанд. Ҷей Остин, ба гуфтаи модар, ҳамагӣ 29 сол дошт ва умеду орзуҳои зиёдро бо худ ба хок бурд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG