Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҳоҷирон дарди сар мехаранд." Баҳси намозгузорӣ дар кӯчаву хиёбонҳои Русия


Намози иди Фитр дар Маскав. Акс аз соли 2016
Намози иди Фитр дар Маскав. Акс аз соли 2016

Мақомоти Русия гуфтанд, рафтори ронандаеро месанҷанд, ки дар аввали моҳи октябр мусофиронро дар дохили автобус монда, худаш ба намоз пардохтааст. Ҳодиса дар минтақаи Хабаровски Русия рух дода, ширкати автобусҳои шаҳрӣ гуфтааст, ронанда муҳоҷири корист. Ҳоло маълум нест, ки бо ронанда чӣ кор кардаанд, аммо ин ягона ҳолате нест, ки сокинони Русия аз ибодати муҳоҷирон дар кӯчаҳо шикоят мекунанд.

Ҳафтаҳои охир наворҳои зиёде дар саҳифаҳои миллатгароҳои рус дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки муҳоҷирони кориро ҳангоми адои намоз инҷову онҷо нишон медиҳанд. Корбарон ҳам ин рафтори муҳоҷиронро интиқод карда, онро таблиғи дин дар маконҳои иҷтимоӣ медонанд, ки ба қавли онҳо дар Русия мамнуъ аст.

“Касеро, ки ноҳақ аст, ҷазо намедиҳанд”

Далер, як таксирони тоҷик дар Маскав, гуфт, воқеан шоҳид мешавад, ки муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар кӯчаву паскӯчаҳо ва таваққуфгоҳҳо ҷойнамоз меандозанду намоз мехонанд. Ӯ афзуд, “асосан ронандагони таксӣ ҳангоми пешин ё асру шом чунин мекунанд. Аз ин тарафи Маскав то пеши масҷид меравӣ, ки 3-4 соат вақт мегузарад. Бинобар ин, мошинро манъ мекунанд, пеши бино аст ё партовгоҳ, намоз мехонанд.”

Ба гуфтаи ин муҳоҷир, пулис ба намозгузорӣ дар ҷойҳои иҷтимоӣ камтар дахолат мекунад ва аксаран мардуми таҳҷоӣ ҳастанд, ки эътирозу шикоят доранд. Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ки пештар дар Русия кору зиндагӣ мекард, гуфт, қонунгузорӣ ибодатро дар маконҳои умумӣ манъ накарда, ҳамзамон дақиқан иҷозат надодааст. Ба гуфтаи ӯ, агар мақомоти Русия бихоҳанд, барои ин амал ҷазо пайдо мекунанд.

Валентина Чупик
Валентина Чупик

“Агар ба таври таҳрифомез шарҳ диҳем, ин амалро мешавад майдаавбошӣ номид. Зеро намозгузорон ба зону мезананд, рӯи гилемча менишинанд, дастҳояшонро болову поён мекунанд – инро метавонанд ҳамчун майдаавбошӣ баҳо диҳанд. Аз ҷониби дигар – дашному ҳақорат кардани намозгузорон, дарафтодан ба онҳо низ майдаавбошӣ ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, дар Русия ҳукуматдорон миллатгаро ҳастанд ва онҳо касеро ҷазо намедиҳанд, ки ноҳақ аст, балки аз ду ноҳақ касеро ҷазо медиҳанд, ки чашмони обӣ ва мӯи сари зард надорад,” – шарҳ дод Валентина Чупик.

Мақомоти Русия мегӯянд, намозгузории муҳоҷирон дар ҷойҳои иҷтимоӣ таниши иҷтимоиро ба бор меорад. Валерий Фадеев, раиси Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон дар Русия, дар ибтидои моҳи октябр гуфт, хондани намоз дар маконҳои ҷамъиятӣ бо рӯҳияи замона созгор нест.

“Таниши иҷтимоӣ аз инҷо сар мезанад. Ин масъала марбут ба фарҳанг, забон ва ҳамгироӣ аст. Вақте касе дар метро ҷойнамоз меандозаду намоз мехонад, ин номақбул аст,” – гуфт ӯ.

Навор дар Фейсбук:

Худнамоӣ ё ифрот?

Адҳам Ҳайдарзода, донишманди улуми исломӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ислом ҳам ибодат дар роҳро ҷоиз намешуморад, вале дар масъалаи намозхонии муҳоҷирон дар Русия Шӯрои уламои Тоҷикистон бояд фатво бидиҳад. Радиои Озодӣ барои дарёфти назари Шӯрои уламо дар робита ба ин мавзуъ муроҷиат кард. Дар сурати дастрас шудани посухи Шӯрои уламо онро нашр хоҳад кард.

Адҳам Ҳайдарзода гуфт: “Пайғамбар дар ҳафт ҷой намоз хонданро наҳй (манъ) карданд. Аз ҷумла, дар роҳ. Уламо дар шарҳи ҳадис гуфтанд, инсоне, ки дар роҳ намоз мехонад, бо гузаштани ҳамон инсонҳои роҳгузар ҳушаш парешон мешавад ва хушуъаш дур мешавад.”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери ингуна видеоҳо худи корбарони тоҷик ҳам муҳоҷиронро сарзаниш мекунанд, ки дар кишваре бо фарҳанги бегона ин корро мекунанд ва ба оқибаташ намеандешанд. Дигарон зери барфу борону рӯйи роҳу кӯча намоз гузоштанро худнамоӣ ва ё ифрот мешуморанд ва сабаби онро камсаводии муҳоҷирон меноманд.

Муҳоҷири тоҷик Далер, ки дар Маскав таксиронӣ мекунад, гуфт, муҳоҷирон набояд бо рафтори худ ба оташи муҳоҷирситезӣ дар Русия доман бизананд. Ӯ афзуд, “ин ватан ватани мо нест. Намозро дар ҷойе хондан даркор, ки ба касе халал нарасонем. Айби намозхонҳо ҳам ҳаст кам-кам. Мебинед, ки инҳо ҳамин хел мекунанд. Бори аввал нест, бе намоз хондан ҳам дар роҳу рӯ бинанд, баҳона мекунанд, ки айбе пайдо кунанд.”

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, мегӯяд, дахолат ва монеъ шудан ба намозгузории муҳоҷирон дар Русия тамоюли нав нест. Балки, ба гуфтаи вай, аз солҳо пеш мушоҳида мешавад ва вобаста ба сатҳи муҳоҷирбадбинӣ каму зиёд мегардад. Ба қавли хонум Чупик, “муҳоҷирон бо намозгузорӣ дар маконҳои умумӣ ё дар кӯча барои худ дарди сар мехаранд. Коре, ки набояд кунанд.”

Навор дар Инстаграм:

XS
SM
MD
LG