Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотираҳо ва гусастагӣ. "Дунёи зиндагии помириҳо" аз нигоҳи Фиона Наим


Фиона Наим ҳангоми мусоҳиба бо Радиои Озодӣ
Фиона Наим ҳангоми мусоҳиба бо Радиои Озодӣ

Фиона Наим, донишманди улуми инсоншиносӣ дар Донишгоҳи Ҳумболдти Олмон, дар бораи таърихи фарҳангиву маданӣ ва сиёсии мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳқиқот нашр кард. Китоби ӯ "Дунёи зиндагии помириҳо. Хотираҳо ва густастагӣ дар ВМКБ-и Тоҷикистон" ном дорад. Радиои Озодӣ ӯро ба барномаи "Меҳмони Озодӣ" даъват кард.

Радиои Озодӣ: Воқеан, як таҳқиқи бисёр муфассалро дар бораи ҳаёту фарҳанг, дин ва таҳаввулот дар зиндагии мардуми Бадахшон анҷом додаед. Чаро мавзӯи гусастагиҳо дар зиндагии мардуми ин вилояти Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт?

Фиона Наим: "Мавзӯи гусастагиҳое, ки ман дар борааш суҳбат мекунам, ҳатто ба давраи пеш аз таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ бармегардад, ба замоне ки соли 1895 Кумисюни аломатгузории марзи Помир кашидани хати сарҳадро ба анҷом расонда буд. Ин барои тақсими ҳудудии Помире, ки мо имрӯз медонем, яъне дар қаламравҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Чин сабаб шуд. Давраи дигаре аз он ҳам пештар – қарни 11-ро фаро мегирад. Ин замоне буд, ки мазҳаби исмоилӣ дар минтақа ислоҳот диду Носири Хусрав ба мубаллиғӣ машғул шуд. Андешаи ман ин аст, ки ин гусастагиҳо на ҳамеша нақши манфӣ доштанд. Яъне, на манфӣ ва на мусбат, балки ҷараёни ҳодисаҳоро ба ҷойи дигар, ба як оғози наве тоб додаанд. Воқеан, баъд аз кашидани хати сарҳаду таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ, ду тарафи марз дар Тоҷикистону Афғонистон дар ду самти мухталиф пеш рафтаанд. Яъне як роҳи шӯравӣ буд, дар ҳудуди Тоҷикистони шӯравӣ ва ақаллияти диние, ки бо таъқиб рӯбарӯ шудааст. Ва Афғонистон, ки он ҷо помирҳо бо сарнавишти дигаре рӯбарӯ гаштанд.”

“Занҳо рӯзгори сахте доштанд”

Радиои Озодӣ: Марҳилаи кору омӯзишҳои шумо дар вилояти Бадахшон ба давраи буҳрони ҷиддӣ рост омад, ки худи шумо онро “ҳодисаҳои ногуфтанӣ” меномед. Бигӯед, шумо солҳои 2021 ва 2022 дар Бадахшон чиро дидед?

Фиона Наим
Фиона Наим

Фиона Наим: “Ман ин ҳодисаҳоро ба он хотир ногуфтанӣ меномам, ки аз дидгоҳи инсоншиносии худам ҳам чунин ҳастанд, чун ба ҳайси як муҳаққиқ, бахусус дар соҳаи инсоншиносӣ гоҳо бо фаъолиятҳое рӯбарӯ мешавед, ки намедонед ба он чӣ ном гузоред, ё чӣ гуна тавсифаш кунед. Ман, ки худам аз Тоҷикистон нестаму он замон як намояндаи донишгоҳи аврупоӣ будам, бо ин ҳама ҳодисаҳо як таҷрибаи комилан дигаре доштам. Ман бояд роҳи баёни ин ҳодисаҳоро дармеёфтам, вале ин корро бо шакле бояд мекардам, ки исму ҳувияти мусоҳибонам пинҳон монад ва онҳоро дар ҳолати хатарноке қарор надиҳам. Аз ин рӯ, ман онро бо истилоҳи ҳодисаҳои ногуфтанӣ ифода кардам. Дар як бахши китоб ман ҷузъиёти ин ҳодисаҳоро нашр намудам. Вале ҳоло ба бовари ман мардуми бештаре бо ин минтақа ошноӣ доранд ва дар бораи ҳодисаҳое, ки гап мезанам, огаҳ ҳастанд.

Ман солҳои 2021, 2022 ва 2023 дар минтақа будам, вале шоҳиди воқеии он ҳодисаҳои хунин набудам, чунки он замон дар Душанбе қарор доштам. Вале ман бо пайомадҳои он ҳодисаҳо рӯбарӯ шудам ва бо дӯстонам дар минтақа дар тамоси наздик қарор доштам, аз ин рӯ, бисёр хуб огаҳ ҳастам, ки аз сари онҳо чӣ мушкилот гузашт. Баъд аз намоишҳои эътирозии пурхушунати соли 2022 ман медидам, ки бисёриҳо ҳабс шуданду як мавҷи мардони ҷавону пир нопадид мешуданд. Барои ман, ба ҳайси як муҳаққиқ, пайдо кардани роҳе дар ин вазъият мушкил буд, чунки ба худи ман ҳам ин ҳодисаҳо таъсири амиқи равонӣ доштанд, аз он хотир, ки бисёри онҳоеро, ки аз ин ҳодисаҳо осеб диданд, шахсан мешинохтам. Ҳамчун зан ҳам душвор буд, чунки бисёр ҳамсарон ё модарони мардони бурдашударо мешинохтам. На фақат онҳоеро, ки мақомоти интизомӣ ҳабс карданд. Онҳое ҳам, ки бо нафарони таҳти пайгард ва зери назорат шинос буданд, ба онҳо машварат мешуд, ки фирор кунанд. Бисёриҳоро медонам, ки ба Русия ё Аврупо ё ҷойҳои дигаре фирор карданд.

Баъд ман медидам, ки занҳое, ки монданд, чӣ рӯзгори сахте доштанд. Ҳамин мавзӯъ ба бовари ман пурра баён нашудааст, чунки занҳо воқеан ҳам азият шуданд. Мардҳо ҳам бешубҳа азоб кашиданду хушунат диданд, вале занҳо таъсири дарозмуддати ин хушунатҳоро чашиданд. Чун ногаҳон бархе ягона ноновари панҷ кӯдак шуданд, дар ҳоле ки дар муддати баъди арӯсӣ ҳеч гоҳ кор накардаанд. Ин масъала имрӯз ҳам бисёр ҷиддӣ аст."

"Ба Шуғнону Рӯшону Поршнев бисёр сафар кардам"

Радиои Озодӣ: Оё барои кору таҳқиқи шумо ягон монеае дар сатҳи бюрократӣ пеш наомад? Дар ҳаракат, кору суҳбат бо мардум ва мақомот оё тавонистед озодона пеш равед?

Фиона Наим: “Дар муқоиса бо баъзе аз ҳамкоронам, ман як инсони хушбахтам, ки тақрибан ҳеч мушкил надоштам. Шояд аз он ки бо сабаби маҳдудияти виза ман пеш аз он ҳеч гоҳ дар Тоҷикистон дурудароз набудам. Ман дар байни Душанбе ва Хоруғ зиёд омадурафт мекардам. Аз он ҷо ба Шуғнону Рӯшону Поршнев ҳам бисёр сафар мекардам. Аз ин пеш ман ба Тоҷикистон дар давраи магистратураам сафар карда будам. Аз ин рӯ, одат ҳам мекунед. Ман ҳоло ин ҷо мехоҳам аз кормандони сафорати Олмон сипосгузорӣ кунам, чунки кормандонашон бисёр кумак мекарданд. Аз сӯи дигар, барои онҳо ҳам аҷиб буд, ки як нафаре баъд аз ҳодисаҳои солҳои 2021 ва 2022 ба ВМКБ сафар мекунад. Барои онҳо ҳам ин чиз ҷолиб буд."

Радиои Озодӣ: Давраи ишғолгариҳои русҳо, инқилоби болшевикиву зарбаи шадиди аз як дарёи одӣ ба сарҳади сахту пӯшидаи байни ду давлат табдил шудани Панҷ, дур кардани мардум аз дастрасӣ ба пешвои мазҳабиашон, ҷанги дохилии Тоҷикистон ва дар солҳои 1990-ум дубора барқарор шудани ҷамоат ва сафари Оқохони 4 ба Помир. То куҷо дар таърихи ин таҳаввулот зеҳният ва рӯҳияи мардум дар вилояти Бадахшон дигар шуд, аз назари шумо?

Фиона Наим: “Ман бо омӯзиши минтақаҳо машғулам ва мушаххасан бо ҳаёти одамон дар маконҳои муайян, кишварҳо ва давлатҳои миллӣ. Он гусастагиҳое, ки шумо гуфтеду ман дар китобам тасвир кардам, онро мешавад ҳамчун дигаргунӣ арзёбӣ кард. Масалан, шумо аз боздиди Оқохони 4 дар соли 1995 ёдовар шудед, ки ин як давраи бисёр торик дар таърихи ҷанги дохилӣ ҳам буд. Ин сафар имкони ёрирасониро дар шакли хӯроку дигар ёриҳо фароҳам кард ва дар китоб ҳам ман гуфтам, ки ин чиз барои наҷоти мардуми минтақа бисёр ёрӣ расонд. Яъне тағйирот омад. Масалан, дар пайи ин тағйирот, ҷомеаи исмоилимазҳаби Бадахшон дар сатҳи ҷаҳонӣ матраҳ шуд. Ҳоло мо мебинем, ки бисёриҳо дар бораи ин минтақа бохабар ҳастанд ва мардуми ин маҳал ҳам ба забони англисӣ хуб суҳбат мекунанд. Ин намунаи як тағйироти кӯчакест, ки мешавад аз он намуна овард. Барои ин, бешубҳа, саҳми шабакаҳои Оҷонси рушди Оқохон муҳим аст. Албатта, хоҳиши иртибот доштан бо Оқохон бо далелҳои мазҳабӣ ҳам нақш дорад.”

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

"Дунёи зиндагии помириҳо" дар тасвири Фиона Наим
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 1:09:24 0:00

Тафсире аз "Чорхонаи помирӣ"

Радиои Озодӣ: Дар бораи таассуротатон аз чорхонаи помирӣ бигӯед, ки тавре ман дарёфтам, ба назари шумо нақши бисёр муҳиме дар ҳифзи таърихи ин мардум мебозад.

Фиона Наим: “Баъд аз нашри китоб ман дар бораи чорхонаи помирӣ як мақолаи ҷудогона ҳам чоп кардам. Барои ман ҷолиб буд, ки меъмории он чӣ гуна асту аз куҷо меояд? Чорхонаро ба забони шуғнӣ “чид” мегӯянд. Баҳсе вуҷуд дорад, ки ин фарҳанги хонасозӣ аз куҷо меояд ва бисёриҳо онро ба мероси хонасозии даврони Зардуштия рабт медиҳанд. Як намунае аз мероси эронӣ аст, вале мардум зиёд мутмаин нестанд ва баҳси ин ки маънои “панҷ сутун чӣ аст?” ҳамчунон идома дорад. Онгуна ки пештар гуфтам, Носири Хусрав бо корҳои таблиғоти мазҳаби исмоилӣ дар қарни 11 ба минтақа рафт. Худи ӯ аслан аз Балх аст. Ӯ Маккаро зиёрат кардааст ва муддате дар хилофати Фотимиён ҳам зиндагӣ кардааст. Баъди ин ӯ бо мақсади таблиғот ба минтақаи онвақтаи Осиёи Марказӣ меравад. Дар ҳамон давра ӯ дар Помир муқимӣ мешавад. Вақте ӯ ба Помир бо мақсади ислоҳот дар Ислом меравад, ӯ бо худ чанд мероси фарҳангие ҳам меорад. Яке аз онҳо ҳамин шеваи бунёди хона аст, ки ба он мазмуне аз дини Ислом медиҳад.

Аз ин рӯ, панҷ сутуни хона чун панҷ узви оилаи паёмбар Муҳаммад фаҳмида мешавад. Худи Муҳаммад пайғамбар, баъд Алӣ, Фотима, Ҳасану Ҳусейн. Дар бораи чорхона ва ё шифти он ҳам баҳс мекунанд. Баъзеҳо мегӯянд, як маънояш ин нури Аллоҳ аст, ки аз тоқи хона ворид шуда шуморо мебинад. Дигарон онро ба дини Зардуштӣ ва ниёиш ба чор унсур рабт медиҳанд. Чун аз шифти хона ҳам ҳаво вориди манзил мешаваду ҳам об, ҳар вақте борон борид. Ва ин об ба рӯи оташе, ки дар хона афрӯхта мешавад, мерезад ва худи хона дар рӯи замин ҷойгир аст ва дар ҳамин ҷо як васле ба вуҷуд меояд. Як чизи бисёр ҷолиб ин аст, ки ин намуд хонасозӣ асрҳо пеш эҷод шудааст, вале то ҳол мардум ин рамзҳоро истифодаву қабул доранд ва дар корҳои дастии мисли халтадӯзиву ҷавоҳироти дастӣ рамзи чорхона ҳамеша вуҷуд дорад. Ба ман як дӯстам ҳамингуна як гарданбанде тақдим намуд, ки чунин рамзе дорад.

Ба бовари ман, мардум ин рамзҳоро ба он хотир бахусус дар Тоҷикистон ҳифз кардаанд, ки дар ин кишвар на ҳамеша нишон додани ҳувияти помирӣ бехатар аст. Бахусус дар сатҳи маъмурӣ агар нигоҳ кунед, аз лиҳози ҳуқуқӣ онҳоро чун гурӯҳи қавмӣ ҷудо намекунанд ва онҳоро тоҷик меноманд ва ин як таърихи печидаи тӯлоние дорад. Ба бовари ман, мардум ин рамзҳоро барои нишон додани мансубияти худ истифода мекунанд, чун барои гуфтани он шояд на ҳамеша худро роҳат ҳис мекунанд.”

"На ҳамеша адабӣ гап мезанед"

Радиои Озодӣ: Шумо забони тоҷикӣ ва баъди ин шуғниро ҳам омӯхтед. Ин забонҳоро дар куҷо омӯхтед ва то куҷо ин чиз барои беҳтар шинохтани мардум дар Тоҷикистон ва ҳам Бадахшон ба шумо кумак кардааст?

Фиона Наим: “Ман шармандаам, ки ин мусоҳибаро натавонистам ба забони тоҷикӣ анҷом диҳам. Чанд сол пеш сатҳи забондонии ман беҳтар буд. Замони корам дар Помир ба забони тоҷикӣ гап мезадам. Ман тоҷикиро дар донишгоҳ, дар Пажӯҳишгоҳи мутолеоти Осиёву Африқои донишгоҳи Ҳумболти Берлин омӯхтам. Ман се омӯзгори олие доштам, ки дар чандин семестр ба ман дарс доданду аз таҳи дил талқин мекарданд, ки бояд забони адабии тоҷикиро омӯзем. Ва баъди ин ба Душанбе мераведу мефаҳмед, ки он ҷо шумо на ҳамеша адабӣ гап мезанед. Ман ҳам инро дар он ҷо фаҳмидам. Баъд дидам, ки забонҳои дигар ҳам, аз ҷумла забонҳои помирӣ ҳастанд. Забони яғнобӣ ҳам ҳаст, ки гӯяндааш шумори бисёр кам мебошад. Ман қарор кардам, ки забони шуғниро омӯзам, вале росташро гӯям, чандон муваффақ нашудам.

Мусоҳибону дӯстонам, ки дар ВМКБ буданд, бисёр таҳаммул мекарданду ёрӣ медоданд. Онгуна, ки дар зернависҳои китоб ҳам дидан мумкин аст, гоҳо мусоҳибаҳо на бо як, балки бо се-чор забон анҷом мешуданд, чун ин ҳолат дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳам зиёд дида мешавад, ки вақти гуфтугӯ мардум якбора ба забони дигар мегузаранд. Яъне фақат ба тоҷикӣ гап намезанед. Инчунин ба русӣ, гоҳо ба узбекӣ ҳам гап мезананд, чун ба сарҳади Узбекистон наздик аст. Дар Помир ҳам айнан чунин аст.”

Радиои Озодӣ: То куҷо, ба назари шумо, вижагиву таърихи вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва ҳам мардуми он пурраву ҳамаҷониба омӯхта шудааст ва ё баръакс, ҳастанд паҳлӯҳое, ки фикр мекунед, таҳқиқношуда ҳастанд?

Фиона Наим: “Бояд бигӯям, ки инҷо дар Тоҷикистон як минтақаи мушкил барои таҳқиқ аст. Чандин маҳдудиятро бояд ба эътибор бигиред. Вале ман ният дорам дар тарҳи ояндаам ба мавзӯи нақши Оқохон ва Оҷонси рушди Оқохон назаре андозам. На танҳо ба тағйироте, ки онҳо оварданду дар рушди забони англисӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуоти рақамӣ оварданд, балки таҳсилу маълумотгирии замонавиеро, ки фароҳам карданд ва барои корёбӣ дар оянда бо ёрии оҷонсии рушд мусоидат кардааст. Помириҳои исмоилӣ таҳрики зиёде пайдо карданд. Ин мавзӯъро ман мехоҳам дар тарҳҳои ояндаам боз кунам. Дар ин бораҳо баъзеҳо аллакай навиштаанд, вале ман мехоҳам аз диди илми инсоншиносӣ ба ин масъала муроҷиат кунам. Бахусус, чӣ гуна ба Лондон рафтаву он ҷо дар ҷомеаи худ ба сар мебаранд.”

XS
SM
MD
LG