Дар Узбекистон ба Рустами Эмомалӣ, писари президенти Тоҷикистон, ки дар ҳоли ҳозир раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе аст ва ҳамзамон вориси эҳтимолии падараш номбар мешавад, орден ё нишони “Барои хидматҳои фидокорона” додаанд.
Ҷоизаро раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 4-уми ноябр дар шаҳри Тошканд барои, ба гуфтааш, “саҳми бузург дар тақвияти ҳамкориҳои стратегии байни ду давлат, фаъолияти босамар дар заминаи тавсеаи муколамаи байни порлумонҳо” тақдим кард.
Орден ё нишони “Барои хидмати фидокорона”-ро асосан ба шаҳрвандон ва низомиёни Узбекистон барои саҳмашон дар рушди иқтисодию фарҳангии кишвар, тақвияти қудрати дифоии он ва амнияти миллӣ, таъмини сулҳ, субот ва ҳам хидмат ба мардум медиҳанд. Ҷоиза ба хориҷиён ҳам тақдим мешавад.
Додани нишон ба Рустами Эмомалӣ аз тарафи Узбекистон танҳо як паём дорад: таҳкими ҳокимияти хонаводагӣ дар Осиёи Марказӣ. Зеҳни мардумро дар Тоҷикистон ба тағйироти қарибулвуқуъ омода мекунандМуҳиддин Кабирӣ
Рустами Эмомалӣ 3-юми ноябр бо сафари расмӣ ба Узбекистон рафта, пас аз боздид аз Тошканду Бухоро ба Душанбе баргашт. Вай рӯзи чоруми ноябр ҳангоми дидор бо Шавкат Мирзиёев дар бораи тақвияти ҳамкориҳо, шарикии стратегӣ ва ҳамчунин ҳамкории порлумонҳои Тоҷикистону Узбекистон суҳбат кардааст.
“Ҳарду ҷониб аз рушди босуръати нишондодҳо дар бахши тиҷорату савдо, интиқоли бор, ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, сохтмон, энергетика, кишоварзиву бахши фаннию электронӣ изҳори қаноатмандӣ кардаанд,” – гуфта шудааст дар хабарномаи расмӣ.
Намояндагони мухолифини тоҷик дар хориҷа Эмомалӣ Раҳмонро, ки 34 сол боз раҳбари Тоҷикистон аст, барои тамаркузи қудрат ва таъйини аъзои оила ва хешовандонаш дар мақомҳои муҳими раҳбарӣ сахт танқид мекунанд.
Ба ҷуз Рустами Эмомалӣ, Озода Раҳмон – духтари раисҷумҳури Тоҷикистон – раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент аст. Баъзе аз духтарони дигар ва домодҳояш ҳам дар идораҳои давлатӣ мақомҳои гуногун ва баландро соҳиб шудаанд. Дар ин миён Рустами Эмомалиро вориси эҳтимолии падараш медонанд. Мухолифони ҳукумат сафарҳои пайвастаи ӯро ба кишварҳои дуру наздик як навъ муаррифӣ, зеҳниятсозӣ ва ҳамзамон таҷрибаандӯзии ӯ мепиндоранд.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллӣ, эътилофи иборат аз се созмони мухолифи ҳукумат дар хориҷа, рӯзи панҷуми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “додани нишон ба Рустами Эмомалӣ аз тарафи Узбекистон танҳо як паём дорад: таҳкими ҳокимияти хонаводагӣ дар Осиёи Марказӣ. Зеҳни мардумро дар Тоҷикистон ба тағйироти қарибулвуқуъ, шояд дар соли оянда, омода мекунанд. Инчунин, барои Узбекистон хеле муҳим аст. Оҳиста-оҳиста зеҳниятсозӣ мешавад, ки чаро он коре, ки дар Тоҷикистон, Озарбойҷон ё Туркманистон мешавад, дар Узбекистон нашавад.”
Дар айни замон, ба қавли Кабирӣ, бархе дар ин як падидаи мусбат, яъне суботи сиёсӣ дар Осиёи Марказиро ҳам мебинанд. “Шояд зоҳири масъала ин аст, аммо дар дарозмуддат, бидуни шак, бар зарари миллату кишварҳо анҷом хоҳад шуд. Ин паёми ҷиддӣ ба наслҳои оянда дорад, ки новобаста аз истеъдод, амбитсия ва барномаҳо, ҳеч нафари берун аз оилаҳои қудратманд дар Осиёи Марказӣ наметавонад даъвои ин ё он мақоми сиёсӣ ва ҳатто иқтисодиро дошта бошад. Як муҳоҷирзода, як мусулмонзода дар Амрико метавонад сенатор интихоб шавад, аммо мардум дар Осиёи Марказӣ, дар ватани худашон, аз ин имконият маҳрум хоҳанд буд, агар ба ин ё он хонаводаи ҳоким пайванд надошта бошанд,” – шарҳ дод ӯ.
Қарор аст, соли 2027 дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ барпо шавад, аммо то кунун замони баргузории он ё барномаи ҳизбҳои сиёсӣ маълум нест. Солҳо боз аз эҳтимоли интиқоли қудрат дар Тоҷикистон суҳбат мешавад, вале падару писар дар ин маврид ва эҳтимоли ширкати худ дар интихоботи оянда чизе нагуфтаанд.
“Барои хидмати фидокрона” ҷоизаи нахустини Рустами Эмомалӣ нест. Ӯ соли 2025 зимни мулоқоташ бо президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев соҳиби нишони “Достик”-и дараҷаи 2 гардид.
Дар Тоҷикистон аз дасти падараш, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, нишони “Зарринтоҷ” ва нишони “Исмоили Сомонӣ”-и дараҷаи 1-ро дарёфт кардааст.
Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисҷумҳури Тоҷикистон, аз соли 2013, яъне 26-солагӣ, мансабҳои баланди ҳукуматиро ишғол мекунад. Вай дар гузашта дар мансабҳои раиси Хадамоти гумрук ва Оҷонси зидди коррупсия кор кардааст. Аз соли 2017 раиси шаҳри Душанбе ва аз соли 2020 раиси Маҷлиси Миллӣ ва амалан шахси дувуми ҷумҳурӣ аст.
Гуфтугӯ