Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи президентӣ - 2020

Аз муҳоҷирони тоҷик напурсидаанд, ки ҷонибдори номзадҳо ҳастанд, ё не

Акс аз бойгон

Шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон ба ҷонибдорӣ аз номзадҳои худ дар интихоботи президентии 11-уми октябр аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия имзо ҷамъ накардаанд.

Дар Русия бар асоси ҳисобҳои тақрибан ним миллион ва бар асоси ҳисобҳои ғайрирасмӣ зиёда аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Намояндагони баъзе аз ҳизбҳо гуфтанд, ки буҳрони коронавирус иҷозат надод, то имзои муҳоҷирон гирифта шавад ва бархеи дигар мегӯянд, ба ин зарурат набуд.

БЕШ АЗ 250 ҲАЗОР ИМЗОРО ДАР КУҶО ҶАМЪ КАРДАНД?

Барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии интихобот номзадҳо бояд беш аз 250 ҳазор имзо (панҷ дарсади интихобкунандаҳо) ҷамъ биоранд. Ҷамъоварии имзо ба тарафдории шаш номзад, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буданд, 11-уми сентябр поён ёфт. Дар интихоботи гузашта намояндагони Ҳизби халқии демокоратии Тоҷикистон, ки ҳукуматро дар даст доранд, гуфта буданд, аз муҳоҷирон низ ба тарафдориашон имзо гирифтаанд.

Маҳмадулло Наимов, сухангӯи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон рӯзи 10-уми сентябр гуфт, тамоми имзоҳоро аз дохили кишвар гирифтанд. «Мо ҳоло дар Русия ва Қазоқистон ҳеч кореро оғоз накардаем. Пас аз сабти номзад дар миёни муҳоҷирон таблиғот мекунем», -- гуфт ӯ.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ягона ҳизбест, ки дар Русия намояндагӣ дорад ва ба иидаои масъулонаш 10 дар сади аъзои ҳизб, яъне беш аз 50 ҳазор нафар дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

«ҚОИДАИ ҶАМЪ ОВАРДАНИ ИМЗОҲО ДИГАР ШУД»

Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, мегӯяд, имкони сафар карданро ба Русия надоштанд, вале 1,5 ҳазор нафарро барои гирифтани имзои сокинон ба шаҳру навоҳӣ фиристоданд.

Саидҷаъфар Исмонзода, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон гуфт, дар интихоботи имсол шеваи ҷамъоварии имзоҳо тағйир карда буд. Бар асоси қоидае, ки имсол ҷорӣ шуд, раисони шаҳру ноҳияҳо бояд варақаҳои имзошудаи номзадҳоро тафтиш ва тасдиқ кунанд ва баъдан онро Кумисюни марказии интихобот ва райъпурсӣ қабул мекунад.

«Мо аз муҳоҷирон имзо нагирифтем, вале аз хонаводаҳои онҳо имзо гирифтем», -- гуфт Исмонзода.

БОЗГӮЙИ БЕТАВАҶҶУҲӢ НИСБАТ БА МУҲОҶИРОН?

Аз миёни беш аз 9 миллион аҳолии Тоҷикистон 5 миллион кас аз ҳаққи иштирок дар интихобот ё раъйдиҳӣ бархурдоранд. Дар интихоботи рӯзи 11-уми октябри имсол дар баробари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури ҳозира, намояндаи панҷ ҳизби дигари сиёсӣ, ки коршиносон онҳоро бештар вобастаи ҳукумат медонанд, иштирок хоҳанд кард. Намояндагони ин аҳзоб худро мустақил медонанд.

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, рӯзи 11-уми сентябр гуфт, «дар қонун рӯшан гуфта нашудааст, ки номзадҳо ризоияти шаҳрвандони дар хориҷ бударо бигиранд ё на, вале аз лиҳози мантиқӣ, сарфи назари номзадҳо аз имзои муҳоҷирон бозгӯи бетаваҷҷӯҳӣ ба ин қишри муҳими шаҳрвандони кишвар аст.»

Аксар раҳбарони аҳзоби сиёсӣ мегӯянд, аслан ин чунин маъно надорад ва як бахши барномаҳои онҳо ба беҳтар кардани зиндагии муҳоҷирон бахшида шудааст. «Мо ба райъи муҳоҷирон ниёз дорем ва таблиғотро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барои онҳо оғоз мекунем», -- гуфт раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода.

МУҲОҶИРОН ВА ПАНДЕМИЯ

Интихоботи Тоҷикистон дар шабу рӯзе баргузор мешавад, ки роҳҳо ба Тоҷикистон баста аст ва қисми маҳдуди шаҳрвандон бо истифода аз парвозҳои чартерии ҳавопаймоҳо аз Русия ба ватан бармегарданд. Теъдоде аз муҳоҷирон дар талоши бозгашт ба ватан ҳастанд ва шумори дигар корашонро дар замони пандемия аз даст додаанд ва ё даромадашон кам шудааст.

Иззат Амон мегӯяд, муҳоҷирони тоҷик дар давраи пандемияи коронавирус сардаргум шуданд ва ҳоло дар ҷустуҷӯи роҳи ҳали мушкилоти худ ҳастанд. Вай афзуд, муҳоҷирон ба ин интихобот, ки чизеро тағйир бидиҳад, умедвор нестанд, вале баръакси шаҳрвандон дар дохили кишвар ба сиёсат аз нигоҳи дигар таваҷҷӯҳ доранд.

“Аксарашон натиҷаи интихоботро медонанд ва дилгарми иштирок дар он нестанд. Кадом номзад пешниҳод шудааст, ҷиддӣ намегиранд. Медонанд, ки рақобат нест. Аммо аз суҳбат бо онҳо маълум аст, ки интихоботи озодро мехоҳанд. Дигар ба ҳалли мушкилашон аз ҷониби ҳукумат бовар надоранд. Дар Русия барои муҳоҷирон Интернет дастрас аст ва ба фарқ аз расонаҳои давлатӣ инҷо иттилои дигар мегиранд ва вазъиятро таҳлил мекунанд”, -- афзуд Иззат Амон.

«МУҲОҶИРОН ДУ ГУРУҲАНД, АР БИДОНӢ…»

Намояндагони ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мегӯянд, ҳамеша дар миёни муҳоҷирон ҳастанд, вале ин назар, ки онҳо ба интихоботи озод бовар надоранд, дуруст нест.

Исфандиёри Давлат, муҳоҷири тоҷик мегӯяд, бештари муҳоҷирон ба интихоботи озод бовар надоранд, вале теъдоде низ ҳастанд, ки ба ин гуна низоми интихоботӣ дар Тоҷикистон мувофиқанд. Ӯ гуфт, ки назари муҳоҷиронро ҳангоми кор ва гирифтани санад шунида, ба чунин хулоса расидааст.

“Ду гурӯҳ аз муҳоҷирон ҳастанд. Гурӯҳи аввал, ки 10-12 дар сади муҳоҷиронро ташкил медиҳанд, воқеан бовар доранд, интихоботҳо воқеӣ аст ва мардум ҳамон нафареро интихоб мекунанд, ки мехоҳанд. Ин гурӯҳ зери таъсири таблиғоти ҳукумат мондаанд. Гурӯҳи дуюм, ки аксарият ҳастанд, бовар надоранд ва норозӣ ҳастанд. Онҳо фикр мекунанд, ки агар нафари наве интихоб шавад, зиндагӣ дигар мешавад”, -- гуфт ӯ.

САҲМИ МУҲОҶИРОН ДАР ИНТИХОБОТИ 7 СОЛ ПЕШ

Шумораи муҳоҷироне, ки дар интихоботи президентии соли 2013 иштирок карданд, ба гуфтаи мақомот, ҳудуди ним миллион нафар будаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия он замон гуфта буд, 94,3 дарсади шаҳрвандоне, ки дар сафорат сабтином шуданд, раъйи худро додаанд. Раъйи муҳоҷиронро мақомот муҳим мехонад. Мисли ин ки иқтисоди Тоҷикистон ба пули фиристодаи онҳо сахт вобаста аст.

Бо ин вуҷуд, муҳоҷирон натавонистанд на дар интихоботи порлумонӣ ва на президентӣ номзадҳои худро пешбарӣ кунанд, дар ҳоле ки пандемияи коронавирус бахше аз муҳоҷиронро ба натиҷае расонд, ки бояд дар ҳукумат ва порлумони кишвар ҳомиёни худро дошта бошанд, ки аз манфиаташон пуштибонӣ кунад. Мушкилоти бозгашти онҳо, нархи гарони парвозҳои чартерӣ, дар марзҳо дармондани ҳазорон нафар бархе аз онҳоро водор кард, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бигӯянд, «танҳо пули онҳо ба ҳукумат даркор аст, на худашон».

Интихоботи 11-уми октябри имсол интихоботи президентии панҷум аз соли 1994 дар Тоҷикистон аст. Дар чаҳор интихобот расман Эмомалӣ Раҳмон, президенти кунуниро пирӯз эълон карданд. Натиҷаи интихоботҳое, ки мақомоту кишварҳои дӯсти Тоҷикистон онро демократӣ ва созмону кишварҳои ғарбӣ ношаффофу ғайриодилона хондаанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

"Вазифаи хонагӣ"-и Усмонзода. Кӣ метавонад Эмомалӣ Раҳмонро ба суҳбат бо рақибонаш моил кунад?

Саидҷаъфар Усмонзода ва Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Ҳарчанд Саидҷаъфар Усмонзода ба интихоботи президентӣ роҳ наёфт, имкон дорад худро таъсиргузортар аз онҳое нишон бидиҳад, ки дар ин сабқат иштирок доранд. Гап сари иддаое нест, ки сабти ном нашудани раҳбари демократҳоро ба фаъолмандии ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ нисбат дода, аз ӯ "қаҳрамон" тарошиданӣ мешаванд.

Дар анҷумани Ҳизби демократ, ки ӯро номзад пешниҳод карданд, яке аз ҳамсафонаш - Мирзо Нуриддинов пешниҳод намуд, ки ба Президенти Тоҷикистон расонад, то бо намояндаҳои аҳзоби сиёсӣ мулоқоти ҷудогона ташкил намояд.

Воқеан, ин гуна вохӯриро дар маҳфилҳои сиёсии кишвар шояд ба хотир надоранд.

Зимнан, агар интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон як маъракаи ҷолибу пуррақобате мебуд, ки ҳамаи номзадҳо дар мулоқот бо интихобкунандаҳо ҳозир мешуданд, баҳс мекарданд ва зарфиятҳои худро нишон медоданд, шояд зарурати ин гуна мулоқот пайдо намешуд. Аммо интихобкунандаи тоҷик ёд надорад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаҳои интихоботии инак панҷуми худ кай бевосита ҳамчун номзад бо мардум сӯҳбат дошт, ба саволу масъалагузории онҳову рақибонаш посух дод. Имсол ҳам ба ин сӯҳбату мулоқотҳо шахсони боэътимодашро мефиристад.

Ин гуна мавқеъгирӣ, аз як ҷониб ҷаззобияти интихоботро ҳарчӣ камтар намояд, аз сӯи дигар боис ба "сироят шудани" дигарон мегардад. Номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода низ дар мулоқоти рӯ ба рӯ бо интихобкунандагон дар Данғараву Кӯлоб иштирок накард ва ба ҷои худ шахси боэътимодаш Фирӯз Ҳақназарзодаро фиристод.

Раиси коммунистҳо ҳарчанд дар мулоқоти Бохтар ҳузур дошт, ба ҷои ӯ шахси боэътимодаш ҳарф зад. Дар Кӯлобу Данғара ҳам, тавре аз гузориши шабакаҳои телевизионӣ дидем, Мироҷ Абдуллоев айнан ҳамин корро кард: дар минбар ӯ менишаст, аммо барномаи ҳанӯз дар расонаҳои хабарӣ муаррифинашудаашро намояндаи ҲКТ дар Кӯлоб шарҳ медод.

Ҳоло танҳо Рустам Латифзодаву Абдуҳалим Ғаффорзодаро мебинем, ки дар мулоқоти ташкилнамудаи КМИР шахсан иштирок мекунанд. Намегуфтем, ки бисёр ҷиддӣ масъалагузорӣ мекунанд, вале кӯшишҳое ҳаст ва ин маънои эҳтиром ба мардуму маъракаҳои муҳиме чун интихоботро дорад.

Албатта, аҷиб намебуд, ки рӯзи эълони натиҷаи интихобот ин ду нафар аз "номзадҳои номаълум" камтар овоз бигиранд. Зеро мо интихоботҳои парлумониеро низ бисёр шоҳид будаем, ки маҳз номзадҳое ба вакилӣ пазируфта шудаанд, ки тақрибан бо мардум сӯҳбат надоштаанд. Онҳоро боре инҷониб "фариштаҳои ҳамабин” номида будам, ки ба пеши мардум наомада, аллакай паёми худро мерасонанд...

Хуб, Эмомалӣ Раҳмон метавонад ҳузур надоштанаш дар ин маъракаҳоро ба серкории худ ва сафарҳои кориаш ҳамчун президенти амалкунанда ва маълум аст, ки оянда, нисбат бидиҳад. Қонунгузории Тоҷикистон ба эҳтимоли зиёд маълум накардааст, ки дар сурати номзад буданаш, оё ӯ ҳаққи иҷрои мансаби президентиро дорад ва агар чунин талабот дар қонунгузорӣ нест, ин наметавонад ба ҷараёни интихобот таъсир расонад?

Ба ҳар сурат, масалан хабари №1 -и шабакаҳои телевизионӣ маҳз гузориши муфассали сафару иқдомҳои Эмомалӣ Раҳмон аст. Танҳо пас аз он дар бораи ягон мулоқоти суратгирифтаи номзадҳо ва "омодагиҳои ҳамаҷонибаи қитъаҳои интихоботӣ ба маъракаи муҳим" хоҳанд гуфт.

Ин як масъалаи ҳуқуқист, ки ҳоло баррасӣ нашудааст. Номзадҳо бошанд мегӯянд, ки барои интихобот "ҳамаи шароитҳо муҳайёст".

Вале иштирок накардани номзадҳо дар мулоқот бо мардуми ақаллан ҷамъовардаи ҳавзаҳои интихоботӣ аз чӣ гувоҳӣ медиҳад?

Масалан ҳамин Рустам Раҳматзода кори муҳимтаре аз интихобот дар ин шабу рӯз бояд дошта бошад? Ё ӯ дар ҷои дигар бо мардум сӯҳбат дошт? Оё аз ситоди интихоботии ӯ хабаре ҳамчунин шунидед? Ва аслан дар бораи мавҷудияти ин ситоди интихоботӣ, ки Раҳматзода даъво дорад, ки доранд, бохабаред?

Чунин саволу баррасиҳо ба маъракаи бисёр камранги интихоботии президент дар Тоҷикистон ҳатман асаргузор хоҳад шуд. Масалан нозирони байналхалқӣ, ки ахиран мегӯянд барои мушоҳида меоянд, ҳамаи ин нуктаҳоро пайгирӣ мекунанд.

Барои ҳамин, баргузор намудани як мулоқот бо намояндаҳои аҳзоби сиёсӣ ё баҳс (дебат) бо рақибони интихоботӣ дар ин шабу рӯз барои Эмомалӣ Раҳмон бисёр муҳим ба назар мерасад. Ҳоло бояд баҳси "сатҳи номзадҳо"-ро канор гузошт, агар мехоҳанд то ҷое фазои интихоботӣ ҳоисл шавад.

Бовар дорам ду Рустам - Латифзода ва Раҳматзода дар бахшҳои вобаста ба худ метавонанд дар муқобили Эмомалӣ Раҳмон ҳарфҳое бигӯянд. Ҳатто Ғаффорзода, ки президент дар дидори аввали худ, вақти оғози даъвати нави парлумон дар соли 2015, барояш хушгӯиҳое намуд, имкон дорад як "комплимент"-и дигар ба ҷаноби Раҳмон намояд. Мироҷ Абдуллоев бигзор ба ин дебат ё мулоқот биёяду хомӯш нишинад. Ҷои аслии сукути ӯ ҳамин ҷост, на назди мардум...

Аслан мавзӯи дидору мулоқот бо Президенти Тоҷикистон нав нест. Соли 2009, дар оғози бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ раиси сотсиал - демократҳо Раҳматилло Зойиров ин гуна пешниҳодро матраҳ кард. Аммо ношунида монд. Масъулини ҳукумат бар ин назаранд, ки доираи Шӯрои ҷамъиятӣ намояндаҳои аҳзоби сиёсӣ иштирок мекунанд ва ин кифоя аст. Вале на дар ҳамаи ҷаласаҳои ин ниҳод президент иштирок мекунад ва масъулини ҳизбҳо мегӯянд аз ҷаласаҳои дигар, ки бе иштироки Эмомалӣ Раҳмон мегузарад, на ҳамаи пешниҳодоти онҳоро барояш манзур мекунанд.

Дар солҳои аввали пас аз Созишномаи сулҳ дар Тоҷикистон як таҷрибаи нодир буд, ки президент сари чанд вақт бо раҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дидору мулоқот анҷом дода, бисёр масоили ҷамъшударо баррасӣ мекарданд ва ин барои рушди ҷомеа хеле муҳим ба назар мерасид.

Абдуҳалим Ғаффорзода дар сӯҳбат бо инҷониб аз тавофуқи ҳосилшудае дар соли 2004 -2005 ёдоварӣ намуд, ки тибқи он гӯё ҳар сол ду маротиба бо Президент ва ду маротиба бо раиси Маҷлиси намояндагон бояд сӯҳбату вохӯриҳои раисони аҳзоб ташкил мешуд. Аммо дар бораи баргузории онҳо чизе нашунидем. Роҳбарони аҳзоби сиёсӣ, агар иштибоҳ накунам, фақат соли 2006 бо Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбат доштанд. Он ҳам пас аз интихобот буд, ки президенти навинтихоб бо рақибони худ мулоқот намуд. Соли 2013 ин гуна иқдом сурат нагирифт.

Вале муҳимияти мавзӯъ ҳоло ҳам мондааст. Дуруст аст, ки аз аҳзоби фаъол ба сифати нерӯҳои тавонманде сӯҳбат намешавад, ки маълумоти кофии зарурӣ аз вазъи ҷомеа дошта бошанд, ё чизи муҳиме ба роҳбари давлат расонанд. Ҳарчанд Муҳиддин Кабирӣ соли 2013 дар мусоҳибае бо инҷониб изҳор намуд, ки тобистони соли 2010 номаи расмие дар бораи мулоқот бо Президент фиристода буд. "Зеро хабарҳое дар бораи эҳтимоли сар задани ҳодисаҳои Рашт доштам. Фикр мекунам, имкони пешгирии ин ҳаводис вуҷуд дошт. Вале шояд аз серкорӣ буд, ки ин дархости мо сарфи назар гардид" -- гуфта буд ӯ, ки он замон ҳизби зери роҳбариаш расман амал мекард.

Пас, бигзор ҳизбҳои фаъол ҳоло тавонмандиву зарфияти зиёде надошта бошанд, аммо аз онҳо мешавад ба сифати як канали мустақими гуфтугӯ бо ҳукумат истифода намуд. Инро набояд ҳамчун минбари интрига ё ғаразҳои сиёсӣ қабул кард, балки масоили зиёде вуҷуд доранд, ки қобили баррасианд:

  • истифодаи зарфияти (потенсиали) ақлӣ ва зеҳнии тамоми миллат. Яъне ҷалб намудани намояндагони тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар сохторҳои давлатӣ, ки онро мешавад ҳамчун шурӯи ҳамкории байни раҳбарияти кишвар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қабул кард. Ин масъала хусусан дар давраи навбатии президентии Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфта мешавад охирин аст, муҳим арзёбӣ мешавад;
  • огоҳ гардидани раҳбарияти давлат аз воқеиятҳои ҷомеа. Зеро ба назар мерасад, ки раҳбарияти кишвар на аз ҳама он чизе, ки дар ҷомеа мегузарад, огоҳ аст. Ё, агар огоҳ бошад, тарзе вонамуд мекунад, ки ин мушкили сатҳи поин ва ё миёнаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ аст, на тасмим ва иродаи раҳбарияти кишвар.

ХУЛОСАИ МУҲИМ ДИГАР АСТ:

  • ҳукумат бояд эҳсос намояд, ки мардум танҳо бо онҳо нест. Марказҳои қабули қарорро зарур аст ниҳоят эътироф кунанд, ки дар Тоҷикистон ҳамчунин шояд нерӯ ва шахсиятҳои ҷудогонае ҳастанд, ки мардум ба онҳо эътимод дорад!

Аз ҳамин ҷост, ки фикр мекунам, раиси демократҳои тоҷик Саидҷаъфар Усмонзода, агар барои баргузории мулоқоте ҳамчунин мусоидат карда тавонист, нақши бузургтаре аз номзадҳои дигар ба президентиро иҷро мекунад.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Талош барои дарёфти курсии президенти Тоҷикистон – бо 4000 доллар?

Акс аз бойгонӣ

Маъракаи таблиғи номзадҳо ба мансаби президенти Тоҷикистон расман оғоз шуд. Довталабони курсии раиси ҷумҳурӣ мегӯянд, бо кӯлбори пур аз барномаву ваъдаҳо ба назди сокинон мераванд, вале намегӯянд, ки барои маъракаи таблиғотӣ чӣ қадар пул доранд.

Фақат масъулони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфтанд, ки барои таблиғот 40 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан чаҳор ҳазор доллар ба нақша гирифтаанд. Бо ишора ба ин, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ба ҷуз аз раиси ҷумҳури ҳозира Эмомалӣ Раҳмон боқии номзадҳо нияти таблиғи густарда надоранд ва зоҳиран барои рақобатӣ нишон додани интихобот ба ин маърака ворид шудаанд.

ВАРАҚА, НАШРИЯ ВА...

Ҳизби аграрии Тоҷикистон барои таблиғи номзадаш 15 ҳазор варақа ва овезаҳои таблиғотӣ омода кардааст. Рустам Латифзода, раиси ҳизб ва номзад ба мақоми президентӣ, гуфт, рӯзномаи ҳизбро 40 ҳазор нусха нашр ва дастраси мардум мекунанд. Ин номзади интихоботи президентӣ ҳамчунин ба 15 шахси боэътимодаш умед мебандад, ки ӯро миёни сокинон таблиғ хоҳанд кард.

“Фаъолони мо кор мебаранд. Маводи тарғиботиро ба мардум дастрас мекунем. Аз нашрияҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ҳам истифода мебарем. Роликҳои тарғиботӣ омода карда истодаем”, -- афзуд Латифзода.

"СИРРИ ДОХИЛИҲИЗБӢ"?

Масъулони чаҳор ҳизби дигар ҳам гуфтанд, тақрибан ҳамингуна ба таблиғи номзадашон шуруъ кардаанд. Рустам Раҳматзода, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, чӣ қадар маблағ сарф кардан барои таблиғотро “кори дохилиҳизбӣ” донист. Посухи кӯтоҳи Раҳматзода чунин буд: “Барои таблиғот дар сатҳи баланд маблағи кофӣ дорем.”

Дар ин миён танҳо Заррагул Мирасанова, муовини раиси Ҳизби коммунист гуфт, ки барои таблиғи номзадашон 40 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кардаанд ва аллакай 18 ҳазори он сарф шуд. Коммунистҳои Тоҷикистон бо 22 ҳазор сомонии боқимонда мехоҳанд давоми ду ҳафтаи оянда барномаи Мироҷ Абдуллоевро таблиғ кунад.

“Тамоми имкониятҳо барои мо фароҳам аст. Ягон кас фишор намеорад. Дар телевизионҳои давлатӣ 40 дақиқа вақт ҷудо шудааст,” -- мегӯяд муовини раиси Ҳизби коммунист.

МУШКИЛЕ, КИ КОРОНАВИРУС ЭҶОД КАРД

Шароити баргузории таблиғоти номзадҳо аз интихоботҳои пешина фарқ дорад, чун паҳншавии коронавируси нав яке аз шаклҳои асосии таблиғи номзадҳо - вохӯрӣ бо сокинонро мушкил кардааст.

Дар интихоботҳои гузашта номзадҳо асосан аз тариқи ҷамъ кардани сокинон дар биноҳои маъмурӣ барномаҳои худро таблиғ мекарданд. Намояндагони баъзе аз ҳизбҳо гуфтанд, ин бор тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизион паёми худро ба мардум мерасонанд. Аммо ба ҷуз аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ чаҳор ҳизби дигар сомонаи худро надоранд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол нестанд.

Дар чанд оҷонсиҳои таблиғотии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз ягон номзад барои сохтани наворҳои кӯтоҳи таблиғотӣ дархост нагирифтаанд.

Як мушкили дигаре, ки ҳизбҳо дар бораи он зиёд суҳбат намекунанд, муҳлати ками таблиғ мебошад. Номзадҳои интихоботи президентӣ аз рӯзи 16-уми сентябр то 10-уми октябр ҳамагӣ 24 рӯз барои таблиғ фурсат доранд.

"ШАВҚ АГАР РОҲБАР НАБОШАД..."

Бо ишора ба ин вазъ, коршиносон мегӯянд, бархе аз номзадҳои интихоботи президентӣ дар тасмими худ ҷиддӣ нестанд ва ба ин хотир барои таблиғоти худ кӯшиши зиёд намекунанд. Интиқоде, ки номзадҳои сабтшуда онро рад кардаанд.

Ёқуб Ҳалимов, рӯзноманигори тоҷик, ду интихоботи қаблии президентиро мушоҳида кардааст ва ҳоло ҷараёни сабқати моҳи октябрро мушоҳида дорад. Мегӯяд, бархе аз номзадҳои сабтшуда аз сари шавқ ва аз сари сидқ вориди ин маъракаҳо намешаванд.

“Чанд рӯз пеш яке аз номзадҳо дар мусоҳибааш эътироф кард, ки номзад шудан намехост, вале дар ҳизб хоҳиш кардаанд. Яъне чӣ? Ту аз номи халқ мебароӣ, даъвои курсии президентӣ мекунӣ, вале дар дилат нияти пирӯз шудан нест. Ё бо талоши ҷиддӣ вориди маъракаи интихоботӣ шаванд ё аз иштирок даст кашанд. Бо раъй ва бовари мардум бозӣ накунанд”, -- афзуд ӯ.

Масъулони ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар интихобот ширкат мекунанд, ба ин гуна интиқодҳо розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, бо барномаҳои мукаммал ва фарқкунанда ба интихобот ворид шудаанд ва нияташон ғалаба кардан аст.

"МО ҶИДДӢ ҲАСТЕМ"

Мирзоанвар Ахмедов, вакили Ҳизби аграрӣ дар порлумон мегӯяд, талош доранд бо вохӯрӣ ва тақсими варақаҳои таблиғотӣ барномаи ҳизбро ба мардум расонанд. Ӯ гуфт: “Мо ҷиддӣ ҳастем, ҳаракат дорем, ки мавқеи худро дар ҳаёти сиёсӣ мустаҳкам кунем. Агар раваду дигар номзадҳо ғолиб оянд, мо омода ҳастем барномаи худамонро барои амалӣ кардан ба онҳо пешниҳод кунем.”

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор мешавад ва панҷ номзад дар он ширкат меҷӯянд. Аз соли 1994 ба ин тараф ин интихоботи панҷуми президентист. Дар чаҳор интихоботи гузашта, ба иттилои Кумисюни марказии интихобот, раиси ҷумҳури ҳозира Эмомалӣ Раҳмон пирӯз шудааст. Бисёриҳо аз ҳоло мегӯянд, ҳузури ӯ дар интихоботи моҳи октябр ва набудани намояндаи барҷастаи мухолифин “интрига”-ро аз байн бурдааст. Чизе, ки мақомот бо он розӣ нестанд.

Интихоботи якхела. Масъулияти аслии интихобот ба зиммаи шабакаҳои телевизионӣ афтодааст?

Яке аз овезаҳо дар бораи интихоботи президентӣ дар Душанбе

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон танҳо аз як нигоҳ ба Белорус монанд мешавад. Дар Минск ҳам розӣ шуданд, ки танҳо панҷ нафар ба сабқати асосӣ роҳ ёбад, дар мо ҳам. Як фарқи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки дар маъракаи интихоботии мо ягон бону номзад нест. Он ҷо ду нафар буданд, ки ахиран якеаш фазои интихоботӣ ва пас аз онро дигаргун кард.

Аслан дар таърихи сиёсии Тоҷикистон ҳамагӣ як бор кӯшиши иштироки бонувон ба чунин маъракаи муҳим дар соли 2013 сурат гирифтааст, ки он ҳам ба рақобати асосӣ роҳ наёфт. Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки дар он аҳзоби мухолифи ҳукумат шомил буданд, моҳи сентябри ҳамон сол Ойниҳол Бобоназароваро номзади ягонаи худ эълон намуд. Аммо чанд рӯз пеш аз хатми расмии маъракаи имзоҷамънамоӣ гуфтанд, ки ҳамагӣ 202 ҳазор имзо ҷамъ овардаанд, на 210 ҳазоре, ки он замон меъёр ба ҳисоб мерафт.

Як бор тамдид намудани мӯҳлати ҷамъоварии имзоро он замон чунин арзёбӣ карданд, ки дар сатҳи расмӣ омода буданд номзади ягонаи нерӯҳои мухолифро ба маърака ворид намоянд. Вале мухолифин, ки дар дохили худашон ихтилоф ба вуҷуд омад, розӣ нашуданд, то асноди заруриро ба Комиссияи марказии интихобот пешниҳод кунанд.

Бо ин вуҷуд, ҳамин ҳолатҳои пурихтилоф низ як навъ аломатҳои фазои интихоботиро нишон медод. Кабирӣ, ки он вақт вакили парлумон буд ва ҳизбаш ҳам мамнӯъ не, Раҳматилло Зойиров, ки он замон мисли имсол маъракаро таҳрим (бойкот) эълон накарда буд, шахсан худашон ба хонаи мардум мерафтанд, имзо ҷамъ мекарданд ва хабару гузоришҳо дар ин бора нашр мешуд.

“Интихоботи хомӯшона”-и имсол аз соли 2013 ҳамин қадар фарқ дошт. Як тафовути нисбии дигар ҳам буд - шумораи номзадҳо. Ҳафт сол пеш шаш номзадро сабти ном карданд, аммо як парадокс ба миён омад. Дар соли 2006, ки низ панҷ номзад дар сабқат буд, КМИР ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон 79,3% раъйи интихобкунандаро нисбат дод. Соли 2013, ҳарчанд теъдоди номзадҳо шаш нафар буд - ҳудуди 84 фоизро.

Яъне шумораи номзадҳо ҳар қадар бештар бошад, ҳамон қадар эътиқоди мардум ба Эмомалӣ Раҳмон бештар мешавад?

Воқеан, дар як матлаби дигарамон ишораҳоеро аз мардум оварда будем, ки мегуфтанд: “бархе номзадҳоро гӯё махсус ба маърака ворид мекунанд, то дар муқобили Эмомалӣ Раҳмон онҳоро дида, барояшон овоз надиҳанд”.

Бубинед, дар миёни номзадҳо сабти ном шудани раҳбари нави коммунистҳо суол, баҳс ва шубҳаҳои мухталифро ба бор овард. Номзаде, ки на танҳо дар байни мардуми оддӣ, ҳатто дар доираҳои коршиносиву таҳлилӣ ва маҳфилҳои сиёсӣ аслан шинохт надорад. Дар фурсати кӯтоҳ ҷамъ овардани имзо барои ин номзади ношинос аз як тараф, аз ҷониби дигар ҳоло маълум мешавад ҳарф зада натавонистанаш дар байни мардум шубҳаҳоро боз бештар хоҳад кард. Дирӯз, агар иштибоҳ накунам, аввалин мулоқоти номзадҳо бо интихобкунанда дар шаҳри Бохтар сурат гирифт. Ду нафар буданд, ки ба ҷои номзадҳо шахсони боваринокашон ҳарф заданд: Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сабабҳои маълум дар чунин маъракаҳо иштирок намекунад ва ҳамеша шахсони боваринокашро мефиристад, Мироҷ Абдуллоев – раиси ҲКТ.

Аммо ба фарқ аз президент, раҳбари коммунистҳо дар ин мулоқот ҳузур дошт, бо ин вуҷуд на худаш, балки шахси боэътимодаш суханронӣ намуд. Хотиррасон мешавем, ки коммунисти №1 ҳамчун вакили калонсолтарин мебоист то интихоби раиси Маҷлиси намояндагон роҳбарии иҷлосияи навтаъини даъвати навро ба зимма мегирифт. Шояд таҷрибаи чунин корҳоро надорад, ки ин рисолатро каси дигар анҷом дод.

Баҳси дигари ба миёномада дар интихоботи имсола, ба қайд нагирифтани номзадии раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода ба ҳисоб меравад. Назарҳое гуфта шуданд, ки шояд ба хотири “сергапиаш” дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро аз ин ҳақ маҳрум карданд. Фикр мекунам, мусоҳибаи ӯ дар расонаҳои хабарӣ дар авҷи коронавирус, ки гуфта буд, бояд дар мамлакат “вазъияти ҷангӣ ва карантини сартосарӣ” эълон шавад, низ дар тасмими ниҳоӣ бетаъсир намонд.

Ӯ вобаста ба мушкилоти бӯҳронии он замон гуфта буд, ки мебояд роҳбарии ситоди зидди коронавирусро аз сарвазир Қоҳир Расулзода гирифта, ба зиммаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймӯъмин Ятимов вогузошт ва шояд барои эҳтиёт, то ӯро дигаргуна нафаҳманд, гуфт, муовини раиси ин ситод бояд Рустами Эмомалиро таъин кард. Ба эҳтимоли зиёд ӯро дигаргуна фаҳмиданд ва Усмонзода маҷбур шуд дар саҳифаи Фейсбукиаш дигарбора нависад, ки ӯ чӣ мехост.

Дертар бошад, раиси демократҳо дар посух ба мухолифони дар хориҷа қарордоштаи ҳукумат навишт, ки “дар ҳоли ҳозир ҳеҷ ҳизби сиёсӣ, ҷараёни демократӣ ва гурӯҳе қудрат надорад, кишварро аз ин беҳтар пуштибонӣ кунад”.

Бо ин вуҷуд, натавонист ба маъракаи интихоботи президентӣ раҳ ёбад. Албатта, ворид шудани ӯ низ гумон буд чизеро тағйир бидиҳад. Ҳамон тавре, ки соли 2013 ҳамагӣ 1 фоизи раъйро КМИР ба ҷонибдории Саидҷаъфар Усмонзода эълон намуд, ки ҳатто аз Абдуҳалим Ғаффоров ним фоиз кам буд.

Бидуни шубҳа одамон дар интихоботҳои Тоҷикистон ба фикр фурӯ хоҳанд рафт: ба кӣ ва барои чӣ бояд овоз дод? Ба номзадҳои ношинос, ё на он қадар шинос? Ба онҳое, ки ҳатто намедонанд ситоди интихоботӣ доранд, ё не? Чӣ барномаҳои тафовутпазир аз ҳукумат доранд?

Ба ҳар сурат, интихоботи президентӣ бояд муборизаи идеологияву идеяҳо, баҳсҳои ҷиддии стратегӣ бошад.

Аз мулоқоти нахустини номзадҳо, ки рӯзи 17-уми сентябр дар шаҳри Бохтар сурат гирифт ва шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон гузориши якхела дода, суханрониҳои айнанро такрор карданд, маълум шуд, ки онҳо баҳси ҷиддие надоранд.

Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ боз ҳам баҳси хоҷагиҳои деҳқонӣ ва таҷдиди онҳоро дар миён гузошту гуфт дар замони шӯравӣ Тоҷикистон ҳамагӣ 500 колхозу совхоз дошту ҳоло қариб 200 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ. Манзураш ин аст, ки ин хоҷагиҳои хурди деҳқониро бояд ба хоҷагиҳои калон табдил дод. Дар интихоботи парлумонӣ, ки низ ин мавзӯъро мегуфт, пурсида будам, ки инро чӣ гуна роҳандозӣ карданианд, посух дод, ки ҳанӯз то охир баррасӣ накардаанд.

Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалист, ки бо мусоҳибааш дар бораи пулакӣ кардани воридшавӣ ба пойтахт “хеле машҳур” гардид, дар шаҳри Бохтар “гапи нав” гуфт, аммо мисле, ки популистона: «Ҳар зане, ки 5 тифл таваллуд кунад, бояд давлат барояш нафақа таъмин намояд!»

Аммо ин идеяро дар замони пас аз бӯҳрони коронавирусӣ, ки ҷаҳон дармондааст, бо чӣ роҳ метавон роҳандозӣ кард, посух надошт. Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло буҷаи ҳарсолаи худро бо мушкилӣ пур мекунад, чӣ расад ба барномарезиҳои дигар, ки ҳатто бисёр муҳим намоянд ҳам.

Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ки “кисагӣ” номидани ҳизбашро таҳқир дониста, таҳдид мекунад, ҳар касе онҳоро чунин гуфт, “беҷавоб намемонад”, ба назар мерасад чандон ҷонибдори моликияти шахсӣ нест. Ба ҳар сурат, ӯ гуфт, ки 80 фоизи буҷаи Тоҷикистонро аслан 30 корхонаи бузурги давлатӣ таъмин мекунанд ва давлат бояд сафи ин корхонаҳоро афзоиш диҳаду баъзе фишангҳоро ба даст гирад. Ба ин номзад, соҳибкорону тоҷирони хусусӣ, ки дар Тоҷикистон ҳоло нақши муассир доранд, чӣ вокуниш хоҳанд кард, шояд рӯзи 11-уми октябр шоҳид шавем.

Муовини раиси ҲХДТ, ки ҳамчун шахси боэътимоди Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ мекард, аслан гапи наве нагуфт ва бештар тамаркуз кард сари сохтмони нерӯгоҳҳои нав, ки як масъалаи баҳснок аст.

Ба ҷои Мироҷ Абдуллоев аз ҲКТ, ҳамон тавре гуфтем, шахси боэътимодаш Зарагул Мирасанова ба назди мардум баромад, ҳарчанд худи номзад дар нишаст ҳузур дошт. Он чи ки ду шабакаи телевизионӣ аз ӯ мисли дигарон такрор нишон дод, фарогири як мавзӯъ буд: робитаи мактабу оила. Он чи ки ҳукумати феълӣ бо амалисозии “қонуни миллии” “Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” масъалаи ҳалшуда мепиндорад...

То имрӯз ҳарфи нав аз номзадҳо ҳамин аст. Бархеҳо акнун аз масъалагузориҳои қаблиашон худдорӣ мекунанд. Масалан, Рустам Латифзода дар бораи қонунӣ кардани дузанагӣ дигар ҳарф намезанад.

Таври маълум, онҳо сӯҳбату мулоқотҳои ҷудогона анҷом намедиҳанд ва танҳо аз рӯи нақшае амал мекунанд, ки КМИР барояшон таҳия кардааст. То имрӯз берун аз он чизе надидаем. Соли 2006 ё 2013, вақте аз як масъули маъракаи интихоботӣ пурсиданд, ки чаро номзадҳо дар алоҳидагӣ бо интихобкунанда мулоқот анҷом намедиҳанд, посух шуд, ки ба ин васила амнияти онҳоро таъмин хоҳанд кард.

Гӯё гап дар бораи одамони аз ҳад муҳим ва як кишвари ноамн меравад. Ҳол он ки дар як мамлакати демократӣ ва ҳуқуқбунёд шахсиятҳои пуртаъсир вориди маърака мешаванд, худашон иқдомҳои ҷудогонаи ҷиддӣ ташкил мекунанд, ба муқобили рақибонашон сахт мубориза мебаранд ва ба амнияти онҳо чизе халал намерасонад.

Дар натиҷа гӯё мушкили аслии интихоботи президентӣ ба зиммаи шабакаҳои телевизионӣ афтодааст. Чизи наве нест ва онҳо фақат дар бораи “омодагиҳои сатҳи баланди ҳавзаву қитъаҳои интихоботӣ ба маъракаи муҳим” гузориш таҳия мекунанду бас. Ҳадди ақал бояд фазоро интихоботӣ нишон дод.

Ду рӯзи ахир хабарнигорони шабакаҳои ТВ аз сокинон мепурсанд, ки оё медонанд интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон кай баргузор мешавад?

Баъзан дар посухи ин саволи оддӣ ҳам ба назар мерасад, ки одамон ҳарфҳоеро аз рӯи варақи қаблан омодашуда мехонанд. Бигзор. Дар ин бора хабар ёфтани мардум чизи бад нест. Дар идомаи барномаҳояшон, агар ақаллан пурсанд, ки кадом ҳизбу номзадҳоро медонанд, шояд барои як қисмати мардум маълумоти нав мешуд. Ба ҳар ҳол, то интихобот рӯзҳои башумор мондаасту гузориши расонаҳои дигар ҳокӣ аз онанд, ки мардум фақат як номзадро мешиносанд. Аз ҷониби номзадҳои дигар талоше нест. Масъулияти асосӣ бошад, мисле, ки ба зиммаи шабакаҳои телевизионист...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

"Гапи Озод": Манъи худпешбарӣ фоида ба кишвар ё зарар? ВИДЕО

Дар барнома Сайфулло Сафаров ва Иззат Амон иштирок карданд. Гардонанда Муъмин Аҳмадӣ аст

Талоши худпешбарии Фаромуз Иргашов, ҳуқуқшиноси ҷавон аз Хоруғ, монеаеро дар Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон ошкор кард, ки шаҳрвандон ҳақ надоранд мустақилона номзад ба мансаби раиси ҷумҳурӣ шаванд.

Қонун танҳо ба ҳизбҳои сиёсӣ, Иттифоқҳои касаба, Иттифоқи ҷавонон ва маҷлисҳои вилоятӣ иҷоза додааст, ки номзадҳоро ба мақоми президент пешбарӣ куннад. Иддае мегӯянд, ин банди қонун бо Конститусия мухолифат дорад. Оё ин ҳолат барои кишвар хуб аст, ё бад?

Дар баҳси имрӯз Сайфулло Сафаров, муовини пешини мудири Маркази тадқиқотии стратегии назди президенти Тоҷикистон ва Иззат Амон, раҳбари Маркази тоҷикон дар Маскав ва фаъоли ҷамъиятӣ иштирок карданд.

  • Чаро шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳаққи худпешбарӣ ба мақоми президенти кишвар маҳруманд?
  • Маҳдуд будани роҳҳои пешбарии номзад дар интихоботи президентӣ ба манфиати кист?
  • Ин пешгирӣ аз хеле зиёд шудани номзадҳост ё ба таври сунъӣ сохтани фазое, ки танҳо афроди дилхоҳ пешбарӣ шаванд?
  • Ҳамаи номзадҳои феълии интихобот арзандаанд ва рақобат вуҷуд дорад?
  • Бе таъсиси ҳизби сиёсӣ оё дар идораи давлати Тоҷикистон саҳим будан мумкин аст?
  • Чаро қонунро бояд ислоҳ кунанд?

Посух ба ин суолҳоро дар нашри нави барномаи "Гапи Озод" пайдо кунед. Онҳое, ки мехоҳанд, баҳсро идома диҳанд, дар шарҳи ин матлаб фикри худро бинависанд. Имкони ширкат дар баҳс бо ин роҳ дар саҳифаи Ютюб, Инстаграм ва Фейсбуки Радиои Озодӣ низ мавҷуд аст.

Баҳсро дар инҷо бинед:

"Гапи Озод" Манъи худпешбарӣ фоида ба кишвар ё зарар?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:27:15 0:00

Барномаро дар Ютуб тамошо кунед:

"Гапи Озод" Манъи худпешбарӣ фоида ба кишвар ё зарар?

"Гапи Озод" Манъи худпешбарӣ фоида ба кишвар ё зарар?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:27:15 0:00

Рақибони Эмомалӣ Раҳмон, ё номзадҳои "идорашаванда"?

Дар акс: Рустам Раҳматзода, Рустам Латифзода, Мироҷ Абдуллоев ва Абдуҳалим Ғаффоров

Аксар коршиносон чаҳор номзадеро, ки дар баробари Эмомалӣ Раҳмон, президенти амалкунанда барои иштирок дар интихоботи 11-уми октябр сабти ном шудаанд, “номзадҳои идорашаванда аз ҷониби ҳукумат” меноманд. Назаре, ки номзадҳои сабтиномшуда “туҳмати беасос” медонанд.

Рӯзи 14-уми сентябр Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва чаҳор нафареро, ки худро аз рақибони ӯ медонанд, барои ширкат дар интихоботи 11-уми октябр сабти ном кард. Саидҷаъфар Усмонзода, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон бо далели “мутобиқ набудани санадҳои пешниҳодкардааш ба қонун” аз маъракаи интихоботӣ берун шуд. Фаромуз Иргашов, ҳуқуқшиноси ҷавон аз Хоруғ, ки мехост бо роҳи худпешбарӣ вориди маъракаи интихобот шавад, натавонист имзои кофӣ ҷамъ кунад, ҳарчанд, ин амалашро низ мақомот берун аз доираи қонун унвон карда буданд.

РАҚИБОНИ “СУНЪӢ”?

Акнун, ба гуфтаи Файзи Олӣ, ҳуқуқшиноси тоҷик дар интихоботи президентӣ номзадҳое иштирок хоҳанд кард, ки “аз доираи хатти кашида берун намебароянд”. Ба андешаи ӯ, ин номзадҳо ҳеч гоҳ мустақилона амал намекунанд ва ҷиддӣ барои соҳиб шудан ба курсии президентӣ мубориза намебаранд.

“Аз ин рӯ, ҳизби халқии демократӣ онҳоро на ҳамчун рақиби ҷиддӣ, балки дӯстоне медонад, ки барои демократӣ нишон додани ҷомеаи Тоҷикистон дар паҳлӯяшон қарор мегиранд”, -- афзуд Файзи Олӣ.

Ҳуқуқшиноси тоҷик ба ин назар аст, ки аз соли 1994, пас аз рақобати ҷиддии Эмомалӣ Раҳмон бо Абдумалик Абдуллоҷонов, сарвазири вақт дар интихобот идеяи “рақибони сунъӣ” пайдо шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 1992 ҳамчун раҳбари Шӯрои Олӣ Тоҷикистонро идора мекард, соли 1994 пас аз қабули Конститутсияи нав дар интихоботи президентӣ иштирок кард. Ӯ дар ин интихобот ва интихоботҳои соли 1999, 2007, 2013 пирӯз эълон шуд. Интихоботҳое, ки мухолифон ва созмонҳои байналмилалӣ шаффоф надонистаанд.

“Дигар пас аз он ки ҳама ҳизбҳо зери назари ҳукумат ва ё як ҳизб амал карданд, мафҳуми ҳизб ҳам дар ҷомеа бемантиқ шуд. Мардум фаҳмид, ки ҳизбҳо асар надоранд. Ин барои ҳукумат фоида надорад, балки барои ҳукуматдорон фоида дорад", -- гуфт Файзи Олӣ, ҳуқуқшиноси тоҷик.

ЯКЕ АЗ НОМЗАДҲО: «ИН ГАП БЕҶАВОБ НАМЕМОНАД»

Раҳбарони аҳзоби сиёсие, ки вориди сабқати интихобот шудаанд, бетаъсир будани ҳизбҳои сиёсиро дар ҷомеа ҳарфи шахсоне медонанд, ки дар миёни мардум нестанд. Онҳо ибораи “номзадҳои идорашаванда”-ро барои худ таҳқир мешуморанд.

Рустам Раҳматзода, номзад ба мақоми президентии Тоҷикистон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, якнавохт, бидуни далел “ҳизбҳои кисагӣ, ё номзадҳои идорашаванда” номидани онҳо таҳқир аст, ки “беҷавоб намемонад”.

Ӯ гуфт: “Ҳар як сухане, ки гуфта мешавад, бояд далел дошта бошад. Ин хел ҳавоӣ набояд гап зананд. Далел дошта бошанд, гапи дигар аст. Борҳо гуфтам, ки мо мустақилем, 31 ҳазор узв дорем. Ягон бор дар ҳукумат ҳисобот супориданамро диданд, пул гирифтанамро диданд, чӣ ҳаст далелашон?”

ҲИЗБҲОИ «САРКАШ» ВА «ГАПДАРО»

Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ ва муовини раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон мегӯяд, далели «кисагӣ» будани онҳо дар ин аст, ки «ҳукуматҳои маҳаллӣ барои сабти ном шуданашон имзо ҷамъ кардаанд ва ба ҷуз аз маъракаҳои интихоботӣ ҳеҷ корашон маълум нест».

Ибораи “ҳизбҳои кисагӣ” аз интихоботи соли 2007 пайдо шуд. Дар интихоботҳои порлумонии соли 2010 ва интихоботи президентии соли 2013 бо сабти номи чанд ҳизби нав ва дигар шудани раҳбарони аҳзоби ба истилоҳ “саркаш” ибораи маъмулӣ гашт. Дар ин муддат Вазорати адлия ба ҷойи Мирҳусейн Нарзиев, ки сиёсатҳои ҳукуматро танқид мекард, Абдуҳалим Ғаффоровро раҳбари ҳизби сотсиалистӣ шинохт. Ӯ пайиҳам дар интихоботҳои президентӣ ва порлумонӣ иштирок мекунад ва соҳиби курсии вакилӣ дар Маҷлиси олӣ ҳаст.

Ҳизби демократи Тоҷикистон аз ҳизбҳои мунтақиди сиёсатҳои ҳукумат буд. Пас аз ҳабси раҳбараш Маҳмадрӯзӣ Исканадаров, раёсати онро Масъуд Собиров ба дӯш гирифт. Дертар санадҳои Собиров ғайриқонунӣ дониста шуд ва Саидҷаъфар Усмонзода раҳбари ҳизб шуд.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ҳизби аграрӣ, аз ҳизбҳои навтаъсисе буданд, ки дар зудтарин фурсат дар порлумон соҳиби курсӣ шуданд. Ҳизби комунисти Тоҷикистон пас аз барканории Шодӣ Шабдолов ва фавти Исмоил Талбаков, ду раҳбаре, ки ҳамеша бо сӯҳбатҳои тундашон шинохта мешуданд, ба дасти Мироҷ Абдуллоев, як шахси ношинохта дар сиёсат гузашт, ки ҳоло яке аз рақибони Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот аст.

САБАБ ЧИСТ?

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик ва муовини раиси ҲСДТ ба ин назар аст, ки идеяи рӯйи кор овардани номзадҳои идорашаванда аз ҷониби элитаи ҳукмрон аз тарси аз даст надодани қудрат аст. Бо ин роҳ, ба гуфтаи ӯ, «ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон додан мехоҳанд, ки дар Тоҷикистон демократия ва гуногунҳизбӣ вуҷуд дорад».

Ӯ афзуд: “Сабаби асосии чунин муносибат дар интихоботҳо набудани иродаи сиёсӣ ва номукаммалии қонун ва ҳарос аз рақобати солим аст. Агар инҳо ба фоидаи ҷамъият кор мекарданд, бояд рақибони пурзӯрро роҳ медоданд. Бар асоси ин набзи ҷомеаро меомӯхтанд. Дар баҳсҳои солим камбудҳо ошкор мегашт ва агар ҷиддан мехостанд, онҳоро ислоҳ мекарданд”.

Ин тамоюл, ба гуфтаи Ҳакимов, аз оғози соли 2000-ум пайдо шуд ва далел ҳам пешгирӣ аз ҷанг номида мешуд. Ӯ мегӯяд, солҳои 90-ум мардуми Тоҷикистон дар пасманзари эълони бозсозии Горбачёв, охирин раҳбари Шӯравӣ дигарандеш шуда буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ ин рӯҳияро хадшадор кард ва ба гуфтаи Ҳакимов бо ҳамин баҳона дигар пеши роҳи дигарандешон гирифта мешавад.

ҒАФФОРОВ: «МОРО БА ҚОНУНШИКАНӢ ТЕЛА МЕКУНАНД»

Андешае, ки Абдуҳалим Ғаффоров, номзади дигар ба мақоми президенӣ онро қабул надорад. Ӯ мегӯяд, баръкс гурӯҳе бо «кисагӣ» ва «идорашаванда» хондани онҳо мехоҳанд, онҳоро эҳсосӣ кунанд. Ба иддаои ӯ, барои ин гурӯҳ, танҳо ҳизбе мустақил дониста мешавад, ки қонушиканӣ кунад.

“Мо ҳизбе ҳастем, ки на аз ҷониби ҳукумат, балки аз тарафи қонун идорашавандаем. Мо ҳама камбудҳоро мегӯем. Онҳое моро ҳизби «кисагӣ» мегӯянд, ки мехоҳанд, қонуншиканӣ кунем, лекин мо ба чунин гапҳо ҳаргиз гӯш намекунем”, -- гуфт ӯ.

Алим Шерзамонов, як мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунад, мегӯяд, “ин ҳизбҳо барои машруъият бахшидан ба ҳокимияти ҳизби ҳоким заруранд, вагарна ягонтои онҳо садди 5 дарсадиро гузашта наметавонанд”.

“Баъд аз имзои созишномаи сулҳ, ҳизбҳои сиёсии мамнуъро дубора сабтином карданд. Иловатан ҲСДТ ба арсаи сиёсӣ омад. Сулҳ ба иқтисоди Тоҷикистон хазинаҳоеро низ ихтисос дод ва ба хотири ҳар чӣ бештар ба даст овардани ин маблағҳо ҳукумат барои рақобати сиёсӣ ва озодии матбуот фазоро каме боз монд. Новобаста аз ин аз рӯзи аввали баҳамоии нерӯҳои мухолиф ҳукумати Раҳмон тамоми имкониятҳоро барои заиф кардани мухолифонаш ба кор бурд», -- гуфт Алим Шерзамонов.

Қарор аст, рӯзи 11-уми октябр дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор шавад. Дар ин интихобот дар баробари Эмомалӣ Раҳмон, президенти кунунӣ чаҳор номзади дигар – Абдуҳалим Ғаффоров, Мироҷ Абдуллоев, Рустам Латифзода ва Рустам Раҳматзода вориди сабқат шудаанд. Сабқате, ки бозигаронаш ба ҷиддӣ будани он таъкид доранд, вале аксарият бо шубҳа менигаранд.

Усмонзода аз сабқат берун шуд. "Ҷазо" барои танқидҳо, ё "бозӣ"-и дигари ҳукумат?

Саидҷаъфар Усмонзода

Тасмими ғайримунтазираи Комиссияи марказии интихобот дар бораи сабти ном накардани Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ба мақоми президентӣ суолҳои зиёдеро ба миён овардааст. Бархе мегӯянд, Усмонзодаро барои танқидҳояш ба корзори сиёсӣ роҳ надоданд, гуруҳи дигар инро гашти навбатии ҳукумат арзёбӣ мекунанд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ шоми 14-уми сентябр хабар дод, ки дархости Саидҷаъфар Усмонзода барои иштирок дар интихоботи президентӣ рад шудааст. Дар баёнияи кӯтоҳи КМИРТ омадааст, “санадҳои ҳизб мутобиқ ба қонун набуд”, аз ин рӯ Саидҷаъфар Усмонзодаро ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур сабти ном накарданд.

Масъулони Комиссияи марказии интихобот дар баёнияи худ ва дар суҳбат ба Радиои Озодӣ шарҳ надоданд, ки далели рад шудани дархости Усмонзода кадом аст. Дар иттилоияи КМИРТ ба қонуни интихоботи президентӣ ишора шудааст, ки пешбинӣ мекунад, шахси номзад дар интихоботи президентӣ бояд имзои 5 дарсад аз интихобкунандаҳоро пешниҳод кунад.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, рӯзи 15-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “мушкил сари имзо аст”, аммо нахост дар ин бора зиёд суҳбат кунад. Раиси ҳизби демократ гуфт, ҳоло танҳо шикоят ба додгоҳ мемонад, ки ӯ ба ин роҳ намеравад, чун аллакай муҳлати сабти номи номзадҳо ба анҷом расид.

Сабти ном нашудани Саидҷаъфар Усмонзода, ки бо вуҷуди интиқод аз кори баъзе вазоратҳо, дар кул аз сиёсати ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ мекард, барои расонаҳо ғайриинтизор буд. Усмонзода рӯзи 11-уми сентябр дар баробари панҷ номзади дигар гуфт, имзои заруриро ҷамъ овард ва ба КМИР супурд.

Худдории раиси Ҳизби демократ ва ҳам масъулини Комиссияи марказии интихобот аз шарҳи мавзуъ суолҳои зиёдеро ба миён овардааст, ки пушти масъалаи сабт нашудани Усмонзода чӣ меистад.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, Ҳизби демократ ҳоло ҳизбе дар дохили низом аст, вале шояд интиқодҳои Усмонзода ба баъзе доираҳо писанд наомадааст. Ӯ афзуд: “Шояд каме аз ӯ норозӣ бошанд. Дар давоми ду соли гузашта изҳоротҳое дод, ки шояд ба мақомот писанд наомадааст. Мисол танқиди вазоратҳову интиқод аз қарорҳои иқтисодӣ. Шояд дар ин маврид ҳам норозигӣ то андозае вуҷуд дошта бошад. Албатта, фикр намекунам, ки ҳизби вай мухолифи ҳукумат аст.”

Ба таъкиди Муллоҷонов, сабт нашудани Усмонзода метавонад як гашти навбатии мақомот пеш аз интихобот ҳам бошад, ки таваҷҷуҳро ба самти дигар баранд.

Бо рад шудани дархости раиси Ҳизби демократ, акнун панҷ нафар – Абдуҳалим Ғаффоров, Мироҷ Абдуллоев, Рустам Латифзода, Рустам Раҳматзода ва Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи моҳи октябр иштирок мекунанд. Бисёриҳо аз ҳоло тахмин мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмон номзади асосии интихобот аст ва иштироки номзадҳои дигар ба хотири пуррақобат нишон додани интихобот аст. Назаре, ки ҷонибдорони ҳукумат ва номзадҳои сабтшуда онро рад мекунанд.

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ҳатто дар сурати роҳ ёфтани Саидҷаъфар Усмонзода ба интихоботи президентӣ чизе тағйир намеёфт.

Абдуғанӣ Мамадазимов, коршиноси масоили сиёсӣ таъкид мекунад, Усмонзода худро ҳамчун вакили мардумӣ нишон дод: “Аммо иштирок доштан ё надоштани Усмонзода ба ҳайси номзад ба мақоми президентӣ ягон таъсири ҳалкунанда надорад. Ҳарчанд ба ҳайси раиси Ҳизби демократ дар баромадҳо метавонист масоили мубрами рӯзро бардорад ва онро ба афкори ҷомеа партояд.”

Саидҷаъфар Усмонзода соли 2006 ба Ҳизби демократ пайваст ва моҳи декабри соли 2012 раиси он интихоб шуд. Дар интихоботи президентии соли 2013 ба ҳайси номзад аз ин ҳизб ширкат кард. Вакили Маҷлиси Намояндагон аст. Азбаски сиёсатҳои ҳукуматро тарафдорӣ мекунад, коршиносону таҳлилгарон мегуфтанд, ки ҳизбаш қабл аз ҳар кор, ризояти ҳукуматро мегирад ва ба саҳна овардани ӯ як навъ рақобатӣ нишон додани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст. Аммо худи Усмонзода борҳо ин ақидаро рад карда, гуфтааст, ҳизби ӯ «мухолифи созанда» аст.

Бовар ба 260 ҳазор имзо. Нодида ва носанҷида?

Мироҷ Абдуллоев, раиси Ҳизби коммунист ва номзади ҳизб ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон

Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори мустақил

Бознашр аз блоги муаллиф

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо имзои беш аз 260 ҳазор интихобкунанда иҷоза пайдо кард, ки номзади худро вориди користони интихобот кунад. Ҳамакнун номи Мироҷ Абдуллоев, раис ва номзади ин ҳизб барои мақоми раёсати ҷумҳурӣ, дар қатори номзадҳо аз аҳзоби ислоҳоти иқтисодӣ, кишоварзӣ, сотсиалистӣ ва ҳизби халқии демократӣ дар баргаи раъйдиҳӣ ба унвони довталаб навишта мешавад.

Ин ҳизб, ки кӯҳантарин созмони сиёсии Тоҷикистон мебошад, давоми солҳои ахир камфаъолият буд ва Анҷумани қабл аз интихоботиашро ҳам аз ҳама ахир - рӯзи 5-уми сентябр ва бо шумораи камтари вакилон - 55 нафар доир кард. Аз ин ҷост, ки дар як фурсати ниҳоят тангу маҳдуд, ҳамагӣ чаҳор рӯз, гирдоварии имзои беш аз 260 ҳазор интихобкунанда аз сӯи ин ҳизб як навъ гумонҳоеро метавонад ба бор оварад.

Бо ин назар наметавон мутмаин буд, ки аҳзоби дигар ба ғайри халқии демократӣ имзои тарафдорони худро бидуни мусоидат ва ёрӣ ба даст оварда бошанд. Агар интихоботи ахири парлумонии моҳи марти соли ҷориро ҳам маҳак қарор бидиҳем, танҳо Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон буд, ки бо касби раъйи бештари интихобкунанда комёб шуд, ки дар парлумон ҷиноҳи худро таъсис бидиҳад. Аммо ҳоло рӯи суханамон ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва дар як фурсати танг гирдоварии имзоҳо аз тарафи ҲКТ аст.

ҲКТ Анҷумани худро рӯзи 5-уми сентябр доир кард. Табъан, ки асноди онро дар ихтиёри Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бигзошт, то баъди мутолаа ва исботи баргузории Анҷуман барояшон варақаҳои ҷамъоварии имзоҳоро бидиҳад. Барои ин кор ҳатман рӯзи 5 ва шоядам то нимарӯзи 6-уми сентябр сипарӣ мешавад. Баробари дарёфти варақаҳо барои ҷамъоварии имзо бо суръат ва шитоб мераванд ба ҳукуматҳои шаҳру навоҳии кишвар, то имзову мӯҳри онҳоро дар ин варақҳо бигиранд.

Барои ин кор гурӯҳи ташаббускор ва масъулони ҳизб сафарбар мешаванд, ки вақт металабад. Дар идораи ҳукумати ноҳияву шаҳр навбат меистанд ва дар инҷо ҳам вақт якҷо намеистад, мегузарад. Як рӯз набошад ҳам, ним рӯз барои ин кор сипарӣ мешавад. Ҳамин тавр, омад рӯзи 7-уми сентябр.

Гурӯҳи ташаббускор ва шояд бо мадади ихтиёриён аз шумори ҳаводорони ҲКТ дар саросари кишвар мустақим назди мардум, ба манзили зист, кӯчаҳо, бозорҳо, корхонаҳо, мактабҳои ҳамагонӣ, коллеҷҳо ва донишгоҳҳо мераванд, ки имзоҳоро бигиранд. Барои ин кор сахт шитоб кунанд ҳам, на танҳо фурсат, ҳамчунин пулу мошин ҳам лозим меояд. Дар шаҳрҳои пурҷамъияти Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар ҳам бояд, ки мошин савор шавӣ ва аз маҳалле ба маҳалле биравӣ. Вале рустоҳо, ки аксарияти интихобкунанда дар онҷо зиндагӣ мекунанд, боз махсусиятҳои худро дорад, ки вақту фурсати зиёд металабад.

Вақте аз маркази ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва ё Исфараву Мастчоҳи Кӯҳӣ ва Айниву Панҷакент ва ё Муъминободу Ховалинг ё Лахшу Рашт то деҳаҳои онҳо меравӣ, боястӣ хеле роҳҳо тай ва мошин киро карда шавад. Чунки варақаҳои ҷамъоварии имзоҳоро бояд раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ имзо ва мӯҳр монанд ва сипас иҷоза аст, ки имзо ҷамъоварӣ кунед.

Баъдан аз деҳаҳо то ба марказ оварда, дар якҷо ҷамъ карда ва аз онҷо ба қароргоҳи ҲКТ овардан низ вақти зиёдеро мегирад, ки як рӯз кифоят намекунад. Ин ҳама фурсат мехоҳад ва маблағ. Барои ташкили гурӯҳҳои ташаббускор ва ё ихтиёриёне, ки ҳозиранд барои ҲКТ кумак кунанд, низ вақти кам талаф намешавад.

Дар ҳоле ки шароити зиндагӣ тавре шудааст, ки ҳамсоя ба ҳамсоя бепул кор намекунад. Ҳоло мафҳуми ҳашар аз байн рафтааст ва дар қонунгузории интихобот ҳам ин тарзи ҷамъоварии имзоҳо роиҷ нест. Манзур ин аст, ки ҳатто ҳамин Гурӯҳҳои ташаббускор, ки агар ташкил шуда бошанд, баъид аст, ки бе музд ва ройгон деҳ ба деҳ бигарданд. Масалан, аз Панҷакент то Ғазаву Ворӯ ва ё аз Махшеват то дашти Сабақи Мастчоҳ ва ё аз Исфара то Чоркӯҳ хеле роҳ аст ва аз эҳтимол дур аст, дар як рӯз ҳам равиву ҳам имзо ҷамъовариву ҳам боз баргардӣ ва биёӣ ба қароргоҳи ҳизб, ки табъан дар маркази ноҳия аст, албатта, агар чунин қароргоҳро ҲКТ дошта бошад.

Нуктаи дигар ин аст ки ҳамаи ин варқаҳоро дубора ба назди раиси шаҳру ноҳия бояд бурд, ки аз назар бигузаронад (Ба гуфтаи Сайидҷаъфар Усмонзода, раиси ҲДТ, ин навигарӣ дар ҳамин интихобот ҷорӣ шудааст: “Бар асоси қоидае, ки имсол ҷорӣ шуд, раисони шаҳру ноҳияҳо бояд варақаҳои имзошудаи номзадҳоро тафтиш ва тасдиқ кунанд ва баъдан онро Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ қабул мекунад”). Акнун баъди ин ҳама бояд аз навоҳӣ биёварӣ ба Душанбе ва сипас барои мутолиба ва бозрасии саҳеҳиву дурустии имзоҳо таслими КМИР кунӣ.

Тамоми ин марҳала ва корҳоро ҲКТ аз рӯзи 6-уми сентябр то 9-уми сентябр ва шояд то нимарӯзи 10-уми сентябр иҷро кардааст.

Сайидҷаъфар Усмонзода, ки мегӯяд 285 ҳазор бештар имзо ҷамъ овардааст, хиҷил аст, ки аз ҳама дер, рӯзи 9-уми сентябр аснодашро ба КМИРТ додааст, то имзоҳояшро бисанҷад. Аз ин бармеояд, ки ҲКТ аз ҲДТ пештар асноди имзоҳо - варақаҳоро таслими Комиссияи марказии интихобот кардааст. Фарз кардем, рӯзи 8-уми сентябр ва ё субҳи рӯзи 9-уми сентябр. Акнун суол ин аст, ки беш аз 260 ҳазор имзоро ҲКТ дар чанд рӯз ҷамъоварӣ кард?Ду рӯз? Яъне 7 ва 8-уми сентябр? Ва ё се рӯз? 6, 7 ва 8-уми сентябр?

Яъне ҳар рӯз ҳудуди 90 ҳазор имзоӣ? Албатта, ин суръату ин чустиву чолокиро аҳзоби дигар ҳам зоҳир кардаанд. Масалан Ҳизби демократи Тоҷикистон 285 ҳазор, сотсиалист 295 ҳазор, ислоҳоти иқтисодӣ ва кишоварзӣ ҳам на камтар аз 270-ҳазорӣ имзо ҷамъ овардаанд. Аммо инҳо чанд рӯзӣ фурсати бештар доштанд. Гап дар инҷост, ки ҲКТ рӯзи 5уми сентябр Анҷуман доир кард ва аллакай рӯзи 11-уми сентябр Комиссияи марказии интихобот эълом кард, ки номзади ин ҳизб сабти ном шуд.

Ин ҳам аҷиб аст, ки ҳамагӣ дар чанд соати рӯз дурустии ин имзоҳо аз ҷониби КМИРТ санҷида шудааст. Бармеояд, ки КМИРТ ҳам бо аҷала ва бо шитоб ва шояд ҳам шабона кор кардааст, ки давоми як рӯз беш аз 260 ҳазор имзои ҲКТ-ро тафтишу таҳқиқ кардаву камбуд наёфтааст. КМИР хеле сахт кор карда истодааст. Қироати ҳатто сарсарии 260 ҳазор имзо ҳам хеле замон мебарад. Баъид аст ки як рӯз кофӣ бошад. Боз ҷаласа баргузор ва овоздиҳӣ кардаву қарор қабул ва Протокол пур мекунанд. Ҳамаи ин дар як рӯзи 10-уми сентябр иттифоқ афтодааст.

Маълум нест аз соҳибони имзо чанд нафарашонро сӯҳбат карда, дурустии имзои ӯро пурсида бошанд.

Ҳамаи ин талошҳо ба манзури чӣ аст? Чиро бояд нишон доду исбот кард? Баргузории интихоботи борақобат ва ғалабаи шаффофи номзади сазоворро? Фикр намекунед, ки фаъолияти босуръати лазерӣ ҳам боис ба шакку шубҳа мешавад?

Аз хелеҳо пурсидам, гуфтанд, касе барои гирифтани имзоҳо наёмадааст. Бубинед, ки ҳар имзо дона-дона, на яклухт ҷамъ оварда мешавад. Оё дар чунин ҳолат имкон вуҷуд дорад, ки дар ду рӯз 260 ҳазор бештар имзо ҷамъ овард?

Тамоми талошамро кардам, бовар кунам,ки аҳзоб мустақилона, бе мусоидат ва росту дуруст имзо ҷамъ кардаанд ва Шумо ҳам тамоми талошатонро ба харҷ диҳед ва худро водор созед, ки бале, аҳзоб ва аз ҷумла ҲКТ ин ҳама имзоҳоро ҷамъ карданд, бинед, ки мешавад ё не? Агар бовар кардед, бовар кунед, ки дар Мурғоб пахтаи маҳиннах мерӯяду захоири бузурги яху барфи Айваҷ камтар аз захоири Аляска нест.

Агар ба мавзуъамон наздиктар оварем, Лукашенко ва ё як нафаре дигари амсоли ӯ дарозумри сиёсӣ истеъфояшро бо майлу хоҳиши худ эълон карда бошад. Ва гӯяд,ки мардуми азизам, бубахшед, ман ғалат кардам, ки ба интихобот омадам ва ё ба интихобот рафтаниам.

Чӣ олӣ мешуд, агар КМИРТ дар посух ба чунин шубҳаҳо, ҳамаи маълумотро нашр кунад, ки кадом ҳизб дар кадом ноҳия чӣ қадар имзо ҷамъ овард. Бовар доред, ки ин корро мекунанд? На. Зеро ҳаросе мавҷуд аст, ки мумкин имзоҳои ду ё се ҳизб аз як ноҳия ба маротиб бештар аз шумори аҳолии онҳо бошанд. Ё чӣ шаффофу ҳақиқӣ мебуд, агар КМИРТ номи ҳар шаҳрванд ва имзои онро, ки ба тарафдорӣ аз ин ё он номзад рӯйи коғаз гузоштааст, дар интернет нашр мекард! На. Яке садҳо нафаре пайдо мешавад, ки аслан ҳеч куҷо имзое нагузоштааст.

Ё Додситонии кул ҳамаи имзоҳоро тафтиш кунад, ки дуруст будаанд, ё не? На, ин ягон ҷазои ҷиноӣ ё маъмурӣ надорад. Ба интихобкунанда гуфта мешавад, ки нодида ва носанҷида бовар кун, тамом.

Вақте ба навишта нуқта мегузоштам дар шабакаи иҷтимоӣ ин шарҳро дидам ва, ба назарам, ҷой дорад, ки инҷо иқтибос шавад:

  • "Дар мачмуъ, 1,5 миллион имзо. Аз куҷо ин қадар имзо? Ба интихобот оё 1,5 миллион нафар меравад, ё не? Бигзор, 3 миллион одам дар интихобот овоз медиҳад ё не? 2 миллион муҳоҷир дорем, пас, маълум мешавад дар Тоҷикистон ҳҳар як нафари сеюм имзо кардааст. Шумо дар кӯча пурсед, аз се не, аз сӣ нафар якеяш имзо мондагӣ нест. Чаро ба муҳоҷирон иҷозаи имзо нест ? Овоз медиҳанду имзо не?"

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Саломат метарсад, ба интихобот равад, мақомот мегӯянд, натарсед. ВИДЕО

Омодагӣ ба интихобот идома дорад, бими сироят ҳам дар байни сокинон будааст.

Саломат, сокини 43-солаи шаҳри Душанбе, даҳ рӯз аст, ки аз бемории COVID-19 ранҷ мекашад. Мегӯяд, бо шавҳараш дар хона табобат мегиранд ва пизишкон тавсия додаанд, ки хешу ҳамсояҳо ба аёдаташон наоянд. Саломат яке аз даҳҳо нафар аст, ки коронавирус дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба онҳо сироят кардааст. Шояд сокинон аз ҳоло дар бораи раъй додан ба номзаде фикр кунанд, вале тасмими Саломат ниҳоӣ шудааст.

Ӯ мегӯяд, ба раъйдиҳӣ намеравад, чун метарсад, ки дигаронро сироят накунад ва ё бо масунияти заиф ба бемории дигаре гирифтор нашавад. Саломат, ки телефонӣ бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт: "Ҳар нафаре, ки ин бемориро аз сар гузаронидааст, медонад, чӣ қадар сахт аст. Аз ин рӯ, намехоҳам, ба овоздиҳӣ рафта, чанд нафари дигарро бемор кунам, ё сиҳатии худро зери хатар монам. Агар қуттиҳои сайёр биёранд, имкони овоз доданро дорам, вале ҳеҷ вақт дар ин вазъ таваккал намекунам."

Бими Саломат аз ширкат дар интихобот дар ҳолест, ки мақомот мегӯянд, интихоботро бо назардошти риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор мекунанд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ки маъракаи интихоботӣ дар аҳди коронавирус дар кишварҳои дигар таҷриба шудааст ва Тоҷикистон низ ин корро бо риояти қоидаҳои беҳдоштӣ анҷом дода метавонад.

Дар посухи комиссия чунин омадааст: “Вазъи вобаста ба коронавируси нав мушкилоти ҷаҳонӣ буда, Тоҷикистон танҳо кишваре нест, ки дар ин давра чунин маъракаи сиёсиро мегузаронад. Маълумот аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ин давра дар кишварҳои гуногун маъракаҳои интихоботӣ гузаронда шудаанд, ё мешаванд”. Дар посухи Комиссияи марказии интихобот гуфта нашудааст, ки риояти кадом қоидаҳои беҳдоштӣ зимни раъйдиҳӣ ҳатмист ва ё иҷро карда мешаванд.

Назарҳои дигар доир ба шеваи раъйдиҳӣ

Интихобот рӯзи 11-уми октябри имсол баргузор мешавад. Ба фарқ аз солҳои пеш имсол ин маъракаи сиёсӣ дар шароите баргузор мегардад, ки пандемияи COVID-19 ҷаҳонро фаро гирифтааст ва дар аксари кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон барои монеъ шудан ба сирояти васеи беморӣ чорабиниҳои серодамро манъ кардаанд. Бино ба иттилои расмӣ, аз 30-юми апрел то 14-уми сентябр коронавируси нав дар Тоҷикистон ба бештар аз 9000 нафар сироят кардааст ва 72 нафар ҳам фавтидаанд.

Дар як назарпурсии сарироҳии Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе чанде аз раҳгузарон гуфтанд, агар воқеан ба раъйи онҳо эҳтиром гузошта шавад, бояд мақомот чораҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд. Тоҳир Лашкаров, як сокини пойтахт гуфт, беҳтар аст нуқтаҳои райъдиҳӣ на дар утоқҳои хурду баста, балки дар хиёбон ва ё майдонҳо сурат бигирад. Вай гуфт: “Маводи антисептикӣ ва дигар маводе, ки ба вирус муқовимат мекунад, бисёртар гузошта шавад, хуб мешуд”.

Аваз Маҳмудов, ҳамсуҳбати дигари Радиои Озодӣ аз ноҳияи Варзоб гуфт, бовар надорад, ки дар интихобот ҳама қоидаҳои беҳдоштӣ риоя мешавад ва аз сокинон хост худро эҳтиёт кунанд: “Интихоботро монему дохили нақлиёти мусофиркашро бубинем. Ҳама бениқоб, болои ҳамдигар савор мешаванд. Дар интихобот чӣ кор мекунанд? Ҳар кас пешгирӣ кунад, барои худаш аст.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Интихобот дар давраи пандемия чӣ хел мегузарад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Тавсияи табибон чист?

Дар Тоҷикистон 5 миллион нафар ҳаққи овоздиҳӣ доранд. Таҳлилгарон мегӯянд, дар сурати ширкати нисфе аз онҳо дар интихобот хатари васеъ паҳн шудани беморӣ вуҷуд дорад.

Мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт машварат додаанд, ки назорати қоидаҳои беҳдоштӣ дар ин маъракаи серодам ҷиддӣ гирифта шавад. Ин ниҳоди байналмилалӣ аз ҷумла гуфтааст, интихобот, ки маъракаи серодам аст, метавонад, сабаби паҳншавии фавқулодаи беморӣ гардад, барои ҳамин, тамоми ниҳодҳо, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худи сокинон бояд эҳтиёткор бошанд.

Пизишкон ҳузури ҳамтоёни худро дар марказҳои овоздиҳӣ муҳим медонанд. Саидҷон Нодирӣ, номзади илмҳои тиб ва раҳбари "Ҷамъияти пайравони Сино” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Агар фосилаи ҷисмонӣ нигоҳ дошта шавад, ҳарорати ҳар нафар санҷида шавад, он гоҳ метавон, хатари сироятро кам кард. Ҳарчанд гирифторӣ дар Тоҷикистон поён рафтааст, боз ҳам барои онҳое, ки сироятёфта, ё гуруҳи осебпазир ҳастанду дар хона мемонанд, барояшон қуттиҳои сайёр бурда шавад."

Интихоботи моҳи октябр интихоботи президентии панҷум аз соли 1994 дар Тоҷикистон аст. Дар чаҳор интихобот расман Эмомалӣ Раҳмон, президенти кунуниро пирӯз эълон карданд. Натиҷаи интихоботҳое, ки мақомоту кишварҳои дӯсти Тоҷикистон онро демократӣ ва созмону кишварҳои ғарбӣ ношаффофу ғайриодилона хондаанд.

Раиси Ҳизби демократро ба интихобот роҳ надоданд

Саидҷаъфар Усмонзода мегӯяд, ки ҳизбаш дастнигари ҳукумат нест.

Комиссияи марказии интихобот ғайричашмдошт эълон кард, ки довталаби курсии раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Ҳизби демократро сабти ном накардааст. Дар баёнияи кӯтоҳи марказ аз рӯзи 14-уми сентябр омадааст, ки санадҳои ҳизб мутобиқ ба қонун набуд, аз ин рӯ Саидҷаъфар Усмоновро ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур сабти ном накарданд.

Дар ин баёния омадааст, ки санадҳои Ҳизби демократро рӯзи 13-уми сентябр дарёфт карданд ва “Комиссияи марказӣ ҳуҷҷатҳои воридгардидаи номзадро мавриди омӯзиш қарор дода, бинобар ба талаботи қисми сеюми моддаи 65 Конститутсия ва қисми чоруми моддаи 24-и Қонуни конститутсионии ... (интихоботи президент) ҷавобгӯй набудани ҳуҷҷатҳо бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Саидҷаъфар Усмонро, ки аз ҷониби Ҳизби Демократи Тоҷикистон пешбарӣ гардидааст, рад намуд.”

Зоҳиран бар тибқи хулосаи Комиссияи марказии интихобот, Ҳизби демократ натавонистааст, теъдоди кофии имзои тарафдоронашро ҷамъ оварад. Дар ду банде, ки комиссия ба онҳо такя карда ва гуфтааст, ки санадҳои ҳизби демократ ба ин талабот ҷавобгу набуд, омадааст, “Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.”

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ, ки хабари рад шудани дархост барои сабти номзадиашро аз Радиои Озодӣ шунид, гуфт, ки ҳануз посухи расмиро ба онҳо надодаанд. Ӯ афзуд, баъд аз тамоми дигар аҳзоби сиёсӣ санадҳояшонро ба Комиссияи марказии интихобот супурдаанд ва 285 ҳазор имзо ҷамъ овардаанд: “Мо мутобиқи талабот ва қонун санадҳоро бурда додем, онҳо ҳам мутобиқи қонун ваколат доранд ва мутобиқи қонун тафтиш мекунанд. Дигар намедонам. Агар қарор бароварда рад карда бошанд, ҳоло моро расман маълумот надодаанд.”

Саидҷаъфар Усмонзода соли 1960 дар оилаи омӯзгор таваллуд шуда, соли 1983 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар ниҳодҳои мухталифи давлатӣ - Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, Кумитаи радио ва телевизион, пулиси андоз ва Донишгоҳи аграрӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият дошт.

Саидҷаъфар Усмонзода соли 2006 ба Ҳизби демократ пайваст ва моҳи декабри соли 2012 раиси он интихоб шуд. Дар интихоботи президентии соли 2013 ба ҳайси номзад аз ин ҳизб ширкат кард. Вакили Маҷлиси намояндагон аст. Азбаски сиёсатҳои ҳукуматро тарафдорӣ мекунад, коршиносону таҳлилгарон мегуфтанд, ки ҳизбаш қабл аз ҳар кор, ризояти ҳукуматро мегирад ва ба саҳна овардани у як навъ рақобатӣ нишон додани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст.

Аммо ӯ чанде пеш дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт: «Ман шахси мустақил ҳастам, арзишҳои зиндагии ҳамаро эътироф мекунам ва дар баробари он арзишҳои зиндагии худро дорам. Омадани маро ба Ҳизби демократ бисёр собиқадорон бовар надоштанд. Вале ман исбот кардам, ки ҳизб порлумонӣ шуд. Мо эълон кардем, ки ҲДТ ҳизби "опозитсиони конструктиви" аст, яъне бо ҳама аҳзоб кор мекунем, алалхусус бо ҳукумат ва ҳизби ҳукмрон. Чун нуфузи бештар дорад ва сохторҳои давлатӣ дар дасти ҳизби ҳукмрон ва ҳукумат аст. Вале новобаста аз ин аз таҷрибаи порлумонии ман медонед, ки тамоми нуқтаҳоеро, ки новобаста аз онки он шахсият кӣ аст, хешутаборӣ кӣ аст, интиқоди сахт мекардам. Аз манфиатҳои мардум пуштибонӣ мекардам. Чӣ мавзӯи корти пластикӣ, чӣ интернет, соҳаи бонк, қарзҳо, хеле мавзуъҳои зиёде буд, ки мо дар муқобили ҷараёни ҳукумат будем ва камбудии сохторҳоро гуфтем. Пас чигуна мо ҳукуматӣ ҳастем?”

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор мешавад. Комиссияи марказии интихобот панҷ нафарро ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур дар интихоботи моҳи октябр сабти ном кардааст. Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалистӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ, Эмомалӣ Раҳмон, аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил, Иттифоқи ҷавонон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадҳоест, ки сабт шудаанд.

Аз ҳоло бисёриҳо тахмин мезананд, ки натиҷаи интихобот маълум аст ва иштироки чанд нафар ба ҳайси номзад танҳо барои рақобатӣ вонамуд кардани интихобот аст. Назаре, ки тарафдорони ҳукумат ва номзадҳои сабтшуда онро рад мекунанд. Аксарият пешбинӣ мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълӣ дигарбора 7 соли дигар дар мақомаш мемонад.

Довталаби курсии президенти Тоҷикистон гуфт, соли 2027 ҳам айни корро мекунад

Фаромуз гуфтааст, ки акнун барои ислоҳи Қонуни интихобот саъй мекунад, ки иҷоза намедиҳад, касе мустақилона номзадиашро ба мақоми раиси ҷумҳур пешбарӣ намояд.

Фаромуз Иргашев, ҳуқуқшинос ва ягона довталаби курсии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки худаш номзадиашро ба ин мақом пешниҳод кард, гуфт, ба қадри кофӣ имзо ҷамъ карда натавонист ва аз ин сабаб корзори интихоботиашро ба анҷом мерасонад. Муҳлати сабти номзадҳо ба мақоми президент рӯзи 15-уми сентябр поён меёбад.

Фаромуз Иргашев рӯзи 14-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо тими интихоботиаш 83 ҳазор имзо ҷамъ карданд, ки кофӣ нест, чун бар асоси қонун довталаби курсии раиси ҷумҳур барои сабти ном шудан ба ҳайси номзад бояд 260 ҳазор имзо ҷамъ оварад. Иргашев гуфт, варақаҳои имзоҳоро барои мушкил эҷод нашудан барои тарафдоронаш, нобуд мекунад. Ҳуқуқшиноси ҷавон афзуд, аз ин баъд барои ислоҳи Қонуни интихобот саъй мекунад ва ба Додгоҳи конситутсионӣ муроҷиат хоҳад кард.

Бар асоси қонуни мазкур, дар Тоҷикистон касе ҳақ надорад, мустақилона номзадиашро ба мақоми раиси ҷумҳур пешбарӣ кунад. Дар кишварҳои дигар чунин таҷриба ҳаст. Фаромуз Иргашев мегӯяд: “Бигзор қонунро мукаммал гардонанд. Чун ин талаботи қонун бисёр монеаовар аст, ки бисёр ҳуқуқи конситутсионии шаҳрвандро вайрон мекунад. Сар карда аз додани муҳлати зиёдтар барои ҷамъ кардани имзоҳо то зарурияти тасдиқ кардани имзоҳо аз сӯи раисони шаҳру ноҳияҳо, ки лозим нест. Онҳо ҳизби ҳукуматро муаррифӣ мекунанд ва баҳона карда, дар умрашон имзоҳоро тасдиқ намекунанд.”

Дар интихоботи гузашта номзади нерӯҳои мухолифи давлати Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова низ ба гуфтаи мақомот натавонист 210 ҳазор имзои заруриро ҷамъ биоварад ва ба интихобот роҳ наёфт.

Ҳуқуқшиноси ҷавон афзуд, аз сабти ном накарданаш ноумед нашудааст ва соли 2027 низ айни корро мекунад ва барои расидан ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон мубориза мебарад. Тасмими Фаромуз Иргашев барои пешбарии номзадиаш баҳсу вокунишҳои зиёдеро ба миён овард, зеро кори ӯ дар Тоҷикистон, ки барои саркӯби дигарандешон танқид мешавад, як навъ ҷасорат ва қолабшиканӣ ба ҳисоб меравад. Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин тасмими ӯ ҷонибдорӣ карданд.

Мақомот ҳарчанд расман дар ин бора чизе нагуфтанд, аммо саҳифаи ҳукумати Бадахшон дар Фейсбук аз номи як омӯзгор ва сомонаи Маркази тадқиқоти стратегӣ тасмими Иргашевро танқид карданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам алайҳи Фаромуз Иргашев як маъракаи бадномкунӣ оғоз шуд. Коршиносон бо ишора ба ин ҳама ҳадс мезаданд, ки мақомот ба вуруди як номзади мустақил ба интихобот роҳ намедиҳанд.

"Зеби интихобот мешуд"

Ба гуфтаи Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ, ширкати як номзади мустақил метавонист, ба интихобот таъсири ногаҳонӣ расонад, ки пешгӯи карданаш душвор аст. Ӯ афзуд: “Ин як омили нав аст ва бинобар таҷрибаи дигар кишварҳо бахусус таҷрибаи Беларус ҳамин гуна омилҳои нав шояд боиси нигаронӣ бошад. На танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ ин нигарониҳо вуҷуд доранд.”

Аммо коршиносони наздик ба ҳукумат дар бораи талошҳои Фаромуз Иргашев назари дигар доранд ва мегӯянд, мақомот барои ширкати ҳуқуқшиноси ҷавон дар интихобот ягон монеа пеш наовардаанд, танҳо Иргашев бояд талаботи қонунро иҷро кунад. Сайфулло Сафаров, муовини собиқи раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд, Иргашев мехост дар сафи муборизон бошад, “вале ҳамчун ҳуқуқшинос ҷиҳатҳои гуногуни қонунро ҳоло намедонад, вазъият бахусус вазъияти сиёсиро.”

Сайфулло Сафаров афзуд: “Агар дар интихобот ширкат ҳам мекард, чизеро тағйир дода наметавонист. Аммо як зеби сабқати интихоботӣ мешуд, чун мо медидем, ки ҷавонон албатта як қисмаш, ки саводи сиёсиву фаҳмиши ҳуқуқӣ надоранд, нохудогоҳ ба ӯ овоз медоданд. Ин ҳам нишонаи сохтори демократии ҷомеа мешуд.”

Сабти панҷ номзад ба мақоми раиси ҷумҳур

Рӯзи 11-уми сентябр муҳлати ҷамъ кардани имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзадҳо ба поён расид. Комиссияи марказии интихобот панҷ нафарро ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур дар интихоботи моҳи октябр сабти ном кардааст. Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалистӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ, Эмомалӣ Раҳмон, аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил, Иттифоқи ҷавонон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадҳоест, ки сабт шудаанд.

Наврӯз Самадзода, котиби комиссия рӯзи 14-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳуҷҷатҳои Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ дар баррасӣ мебошанд. Қарор аст, фардо шаҳодатномаи ширкат дар интихоботро ба номзадҳо ба мақоми президент супоранд. Маъракаи таблиғи номзадҳо ҳам баъди гирифтани шаҳодатномаи номзадӣ оғоз мешавад.

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр сурат мегирад. Аз ҳоло бисёриҳо тахмин мезананд, ки натиҷаи интихобот маълум аст ва иштироки чанд нафар ба ҳайси номзад танҳо барои рақобатӣ вонамуд кардани интихобот аст. Назаре, ки тарафдорони ҳукумат ва номзадҳои сабтшуда онро рад мекунанд. Аксарият пешбинӣ мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълӣ дигарбора 7 соли дигар дар мақомаш мемонад.

Аз ҳафт ҳизби сиёсии Тоҷикистон, танҳо Ҳизби сотсиал-демократ дар интихобот ширкат надорад. Ин ҳизб ягона нерӯи мухолиф дар дохил охири моҳи август эълон кард, интихоботро таҳрим ё бойкот мекунад.

Даъвогарони қудрат: Кӣ бо чӣ барнома мехоҳад президенти Тоҷикистон шавад?

Акс аз ҷараёни овоздиҳӣ дар интихоботи порлумонии моҳи марти 2020

То интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон (11-уми октябр) камтар аз як моҳ мондааст. Бештари номзадҳо ба мақоми раёсатҷумҳурӣ онҳое ҳастанд, ки дар интихоботҳои гузашта низ вориди рақобат шуда буданд. Бо вуҷуди ин, Радиои Озодӣ тасмим гирифт интихобкунандагонро бо шахсият ва барномаи пешазинтихоботии онҳо ошно кунад.

Дар мавриди интихоботи пеширӯ дар Тоҷикистон наметавон билофосила ҳадс зад. Ҳолу ҳаво дар дохили кишвар тақрибан ба рақобат барои курсии сардори давлат монанд нест, ба истинои пайдо шудани таблиғот дар шабакаҳои давлатӣ, ки ёдовар мешаванд чӣ касе ҳаққи рақобат барои мансаби президентиро дорад. Аммо ин ҳақро танҳо президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисони ҳизбҳои сиёсии кишвар, ки худро мухолиф меноманд, вале аз сӯйи доираҳои коршиносии мустақил ин гуна эътироф намешаванд, истифода мебаранд.

НОМЗАДИ ҲИЗБИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН

Сарфи назар аз набуди алоқамандии густарда ба райъдиҳии пеширӯ, бештари номзадҳо барномаҳои пешазинтихоботияшонро омода кардаанд.

Яке аз аввалин номзадҳое, ки ваъдаҳои худро ҳамагонӣ кард, Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон аст. Барномаи пешазинтихоботии ӯ аз чанд бахш иборат аст: Дар бахши амният болои ҳамкорӣ дар доираи СПАД, ИДМ ва СҲШ ва роҳандозӣ намудани хидмати сарбозии шартномавӣ таъкид мешавад; дар бахши иқтисод номзад ба пайваст шудан ба иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) ва ҳадди ақал кардани санҷиш дар корхонаҳои саноативу истеҳсолиро ваъда медиҳад; дар бахши кишоварзӣ озод шудани кишоварзонро аз андоз ва боло бурдани нафақапулии кормандони ин бахшро то ҳадди миёна дар сатҳи ҷумҳурӣ пешбинӣ мекунад; дар бахши илм ва соҳаи маориф баланд кардани маоши муаллимон ва то 50% коҳиш додани ҳаққи таҳсили шартномавӣ дар донишгоҳҳо барои қишри нодори аҳолӣ пешбинӣ мешавад. Ваъдаи хеле пурсарусадои Латифзодаро метавон қонунӣ кардани бисёрзанӣ дар сурати интихоб шуданаш ба мақоми президенти Тоҷикистон донист.

  • Рустам Латифзода зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аст. Хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи кӯҳии Санкт-Петербург бо тахассусҳои "муҳандиси ҳидротехник" ва "муҳандис-эколог" мебошад. Вакили феълии Маҷлиси Намояндагон. Ба сифати мудири шуъба дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист, сармутахассиси шуъбаи мелиоратсияи Дастгоҳи президент, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва ҷангал ва раиси ноҳияи Восеъ низ кор кардааст. Соли 2005 муовини раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон шуд ва аз соли 2014 ба ин сӯ онро раҳбарӣ мекунад.

Рустам Латифзода
Рустам Латифзода

Иттиҳоми "кисагӣ" будани ҳизби худро Латифзода комилан рад мекунад ва бар ин аст, ки онҳо дар интихоботҳои ахири порлумонӣ ба муваффақиятҳои бузурге даст ёфтанд ва соҳиби ҳафт курсӣ дар ниҳоди қонунгузорӣ шуданд.

НОМЗАДИ ҲИЗБИ ДЕМОКРАТИ ТОҶИКИСТОН

Дар барномаи номзади Ҳизби демкорати Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода махсусан таъкид мешавад, ки ҳизби ӯ тағйироти радикалии хосияти инқилобидоштаро намепазирад ва ҷонибдори роҳи рушди таҳаввулотӣ (такомулӣ, эволютсионӣ) аст. Дар баробари ин, Усмонзода муттаҳид ба мусоидат кардан ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифозат аз истибдод, озодсозии низоми сиёсӣ, баргузории интихоботҳои одилонаву шаффоф, боло бурдани нақши порлумон ва васеъ кардани ваколатҳои маҷлисҳои маҳаллӣ мебошад. Дар барнома ҳамчунин ба зарурати мухолифин ва озодии расонаҳо ва даст кашидан аз инҳисор (монополия) дар соҳаи иттилоотиву иртибототӣ низ таъкид мешавад.

Дар миёни ваъдаҳои марбут ба бахши иқтисоди Усмонзода мешавад пешниҳоди ташкили харитаи корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти кишварзиву саноатиро бо ишора ба сарватҳои табиӣ, шумораи одамон, нишондиҳандаҳои кишварзӣ, зерсохтҳо ва ғайраро дид. Номзад бар ин аст, ки чунин шева ҷолибтар ва барои сармоягузорон фоидаовартар хоҳад буд.

  • Саидҷаъфар Умсонзода зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва фориғи риштаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Дар вазифаҳои иқтисоддони бонки сохтмонии Қӯрғонтеппа дар солҳои 80-ум, Кумитаи гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон, роҳбари Иттифоқи ҷавонон дар Душанбе дар соли 1997, дар Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ, Вазорати мудофиа ва пулиси андоз кор кардааст. Соли 2005 муовини ректори Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон таъин шудааст. Соли 2012 роҳбари Ҳизби демкорати Тоҷикистон шуд. Дар соли 2013 бидуни натиҷа дар интихоботи президентии Тоҷикистон рақобат кард ва бо гузашти 2 сол як курсиро дар порлумон ба даст овард, ки онро дар интихоботи баҳори соли 2020 низ ҳифз кард.

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Усмонзода ҳамчунин ин андешаи коршиносонро, ки ҳизби ӯ танҳо ба хотири нишон додани вуҷуди гуногунандешии сиёсӣ фаъолиятҳои сёисӣ мекунад, намепазирад. Дар охирин мусоҳибааш дар Радиои Озодӣ ин сиёсатмадор дар дифоъ аз худ гуфт, ки борҳо алайҳи тасмимҳои ҳукумат бархостааст ва ҳатто истеъфои вазиронро талаб кардааст.

НОМЗАДИ ҲИЗБИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН

Раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров дар барномааш дар мавриди зарурати ҳифзи субот, амният ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум мегӯяд. Ваъда додааст, ки барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, боло бурдани маблағгузории маориф ва илм, пуштибонии ҳуқуқи зан, таъмини хидматчиёни давлат бо хона мусоидат мекунад ва дар Душанбе метро месозад.

  • Абдуҳалим Ғаффоров дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст ва дар риштаи педагогика тахассус дорад. Номзади илм, дотсент ва аълочии маорифи Тоҷикистон аст. Ду бор – солҳои 2006-2013 бидуни муваффақият дар интихоботи президентӣ иштирок кардааст. Бори севум аст, ки курсии ваколатро дар ниҳоди қонунгузории кишвар ба даст меоварад.

Абдуҳалим Ғаффоров
Абдуҳалим Ғаффоров

НОМЗАДИ ҲИЗБИ КОММУНИСТИИ ТОҶИКИСТОН

Барномаи номзади Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Меҳроҷ Абдуллоев тақрибан шабеҳи барномаи номзадҳои дигар аст. Дар он дар бораи ислоҳоти сохторҳои қудратӣ, зарурати рушди истеҳсолоти ватанӣ, коҳиши сатҳи фақр ва муҳоҷират, мубориза бо коррупсия, кам кардани ниҳодҳои назораткунандаи соҳибкорону истеҳсолкунандагон, ҳифзи манофеи меҳнаткашон ва ғ. гуфта мешавад.

  • Раиси ҳизби коммунистӣ, Меҳроҷ Абудллоеви 72-сола аз миёни номзадҳо аз ҳама калонсолтар аст. Ин сиёсатмадор зодаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон аст ва аз соли 2017, баъд аз марги Исмоил Талбаков ҳизбро раҳбарӣ мекунад. То омадан ба сиёсат дар бахши омодакунии кадрҳо дар мақомоти қудратӣ кор кардааст.

Мироҷ Абдуллоев
Мироҷ Абдуллоев

Ҳизби замоне пурнуфузтарини Тоҷикистон, бино ба баҳогузории коршиносни тоҷик, маҳруми муваффақиятҳои сиёсист. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи Абддулоев ҳизби онҳо дар интихобот сарбаландона иштирок мекунад.

НОМЗАДИ ҲИЗБИ ИСЛОҲОТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН

Роҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Рустам Раҳматзода дар барномаи худ масъалаҳои ақибмондагии иқтисодии ҷумҳуриро матраҳ мекунад ва пешниҳод мекунад, ки корхонаҳои коркарди канданиҳои фоидаоварро миллӣ кунанд. Барномаи номзад ислоҳот дар бахши андоз, бонкдориву кишоварзӣ, коҳиши дастгоҳи девонсолорӣ (чиновничий аппарат), ҳамчунин бозгардонии сармояҳои молӣ аз минатқаҳои офшорро дар бар мегирад. Ба ҷуз аз ин, Раҳматзода бештар кардани маблағгузории илму навоварӣ, шароит барои сармоягузорӣ ва коҳиши андозҳои иҷтимоӣ барои манотиқи баландкӯҳи ВМКБ, Хатлон ва Зарафшону Раштро ваъда медиҳад.

  • Рустам Раҳматзода, зодаи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон аст. Хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар риштаи "иқтисод ва мудирияти комплексҳои агросаноатӣ" мебошад. Ба унвони декани факултаи фермерии ин донишгоҳ кор кардааст. Маркази бозомӯзии кадрии Вазорати кишоварзии Тоҷикистонро ҳам раҳбарӣ кардааст. Соли 2019, баъди истеъфои Олим Бобоев роҳбари ҲИИТ шуд. Вале то кунун ҳеч таъсире ба имиҷи ҳизб, ки доирҳои коршиносӣ ҳукуматмаобаш медонанд, наафзудааст.

Рустам Раҳматзода
Рустам Раҳматзода

НОМЗАДИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Пештози корзорҳои интихоботӣ, тавре пештар тахмин зада мешуд, раисҷумҳури барҳоли кишвар Эмомалӣ Раҳмон боқӣ мемонад. Дар барномаи пешазинтихоботии ӯ омори баланд шудани нишондиҳандаҳо дар бахши иқтисод, саноат, соҳаи иҷтимоӣ ва ғайра оварда шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар ҳафт соли ахир дар доираи иҷроӣ кардани “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои соли то 2030” роҳандозии истеҳсолоти рақобатпазир дар бозори молу коло ва таъмини содироти онҳо, таннавӯи иқтисод, бештар кардани қишри миёна ва расидан ба сатҳи иҷтимоиву иқтисодии кишвари дорои даромади миёна дар назар дошта шудааст. Дар барнома доир ба зарурати маблағгузории зуд дар бахши маориф, тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ таъкид мешавад. Беҳтарсозии дастгоҳи девонсолорӣ ва истифодаи муассири маблағҳои буҷавӣ низ дар барнома таъкид шудааст.

Гуфта мешавад, ҳадафҳое, ки барои 7 соли оянда дар назар гирифта шудаанд, имкон медиҳанд, ки модели нави иқтисодӣ сохта шавад ва ҳадафҳои стратегӣ дастрас гарданд, муҳоҷирати аҳолӣ коҳиш дода шавад ва сатҳи зиндагӣ боло бурда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Дар интихоботи пеширӯ Эмомалӣ Рамон бори нахуст аз имконоти қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат”, ки барояш ҳақ медиҳад мудомулумр дар корзорҳои интихоботӣ ширкат кунанд, истифода мекунад.

НАХУСТИН ХУДПЕШБАР

Дар миёни номзадҳои барои ҷомеа маъмул, хабари ғайримунтазир худпешбари Фаромуз Иргашев, ҳуқуқшиноси 30-сола аз Хоруғ буд. Дар барномаи пешазинтихоботии худ номзади ҷавон барҳам додани маҷлиси болоии порлумон, тағйири тартиби таъмини маъмурии раисони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо, додани бахше аз салоҳиятҳои президент ба порлумон, тақвияти кори Додгоҳи Қонуни асосӣ, таъсии палатаи ҷамъиятии назди президент, сахттар кардани ҷазо барои фасод ва ғайраро пешниҳод кардааст. Ба ҷуз ин номзад ба пуштибонии иҷтимоии пизишкон, муаллимон ва дигар қишрҳои ниёзманди аҳолӣ ваъда медиҳад.

Асоси барномаи Иргашев, бино ба изҳороти ӯ, мубориза алайҳи фасод мебошад. То изҳори эълони ширкат дар интихобот Иргашев мушовири ҳуқуқӣ буд. Солҳои 2015-2020 дар маҷлиси вилоятӣ курсии ваколатро ба даст оварда буд.

Ҳанӯз рӯшан нест, ки ин номзад имзоҳои лозимро барои ҳимояти худ ҷамъ карда метавонад ё не, вале ҳукумати ВМКБ дар саҳфаи фейсбукии худ ба он ишора кардааст, ки имзоҳоро зарур аст, ки дар варақаи вижа ҷамъ кард. Дар ҳоле, ки Иргашев аз ҷонибдоронаш талаб кардааст, имзои худро барои пуштибонияш тавассути почтаи электронӣ ва паёмрасонҳо бифиристанд.

Қобули таваҷҷуҳ аст, ки дар миёни номзадҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳама пештар маҳз Иргашев мавриди ҳамла қарор мегирад.

Фаромуз Иргашев
Фаромуз Иргашев

ИНТИХОБОТИ БИДУНИ ИНТИХОБ?

Муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров мегӯяд, натиҷаҳои интихобот маълум аст, зеро ҳеч кадом аз номзадҳо обрӯву эътибори Эмомалӣ Раҳмонро надоранд. “Худи иштироки намояндаи аҳзоб ва чӣ миқдор раъй ба даст оварданашон муҳим аст”, -- мегӯяд Сафаров. Ба гуфтаи вай, хусусияти фарқкунандаи интихобот ширкати номзади 30-сола аст, ки имконоти густардаи ҷавононро дар Тоҷикистон ба намоиш мегузорад.

Коршиносони мустақил тахмин мезананд, ки интихоботи пешорӯ сарфи назар аз рушди фанновариҳо ва имконоти нав бар асоси сенарияи кӯҳна такрор мешавад. Рӯзноманигор Раҷаби Мирзо тахмин мезанад, ки ба интихобот танҳо 4 номзад роҳ меёбанд. "Мешавад тахмин зад, ки 85%-и овозҳоро раисҷумҳури феълӣ ва боқимондаро миёни номзадҳои дигар тақсим мекунанд, вале ин танҳо тахмин аст", -- таъкид мекунад коршинос.

Сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов амалкарди қобили пешбинии мақомотро дар интихобот марбут ба сабақҳо аз таҷрибаи Белорус медонад. Ӯ гуфт, "ҳоло ба шахсиятҳое, ки ба сифати чеҳраҳои рақиб дар интихобот ширкат мекунанд, ҷиддан бархӯрд мешавад. Ба Тихановская дар Белорус талош мешуд, ки таваҷҷуҳ накунанд, ҳоло талош мешавад, ин иштибоҳ дар дигар кишварҳо такрор нашавад."

Шореҳи сиёсӣ Марат Мамадшоев мегӯяд, ешгӯиҳо дар мавриди ин ки мақомот дар интихоботҳо интригаҳои сиёсӣ ташкил мекунанд, дақиқан ба далоили табиати худи қудрат рад шуданд. "Таҷриба нишон медиҳад, ки шахсиятҳои рақами як дар ин гуна низомҳо то охир, мисли Сафармурод Ниёзов ва Ислом Каримов истодагарӣ мекунанд", -- мегӯяд Мамадшоев.

Ба гуфтаи вай, заминаҳо барои норизоятиҳо дар ҷомеа вуҷуд доранд, хусусан дар пасманзари бад шудани вазъи иқтисодӣ бар асари ҳамагирӣ, "вале баъид аст, ки мунтазири норизоятиҳои ошкоро бошем."

Интихоботи пеширӯ дар Тоҷикистон интихоботи шашум хоҳад буд, ки дар таърихи давлати навин баргузор мешавад. Ба иттилои расмӣ, аз соли 1994, дар чаҳор интихоботи гузаштаи президентӣ пирӯзиро сардори кунунии давлат Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст. Вале рақибаш дар интихоботи соли 1994 Абдумалик Абдуллоҷонов иддао дошт, ки пирӯзи насиби ӯ буд.

Ҳеч кадом аз интихоботҳои Тоҷикистон аз сӯйи ниҳодҳои ғарбӣ ҳамчун интихоботи одилонаву шаффоф эътироф нашудааст, ҳарчанд мақомот ва кишварҳои дӯсти Тоҷикистон ббовар доранд, ки ин интихоботҳо демократӣ буданд.

ODIHR барои назорат аз интихоботи президентии Тоҷикистон ҳанӯз даъватнома нагирифтааст

Акс аз бойгонӣ

Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон, як ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, барои фиристодани ҳайати нозиронаш ба Тоҷикистон ҳанӯз даъватнома нагирифтааст.

Ин созмон аз соли 2006 ба ин тараф ҷараёни интихоботҳои президентиро дар Тоҷикистон назорат мекунад ва ҳеч кадоме аз онҳоро ҷавобгӯ ба меъёрҳои байнулмилалӣ эътироф накардааст.

Лорен Барановска, ноиби сухангӯи Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), рӯзи 10-уми сентябр дар як паёми кӯтоҳи хаттӣ ва дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт: “Айни замон ODIHR интизори даъватнома аст, то мувофиқи уҳдадориҳои САҲА ба назорат шуруъ кунад.”

Барановска афзуд, "танҳо дар сурати гирифтани даъватнома (манзур аз Тоҷикистон) метавонем фаъолиятҳоямонро ҷиҳати назорати интихобот ба нақша гирем."

То интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон, ки 11-уми октябр доир мешавад, камтар аз як моҳ мондааст. Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол қазияро шарҳ надодаанд. Дар сурати ба даст омадани шарҳи кумисюни марказии интихобот ва ё ниҳодҳои дигари расмии Тоҷикистон дар ин ҷо нашр хоҳем кард.

Зимнан, бори нахуст дар соли 2020 ин созмон аз ирсоли ҳайати дарозмуддати худ барои назорат аз ҷараёни интихоботи порлумонии Тоҷикистон худдорӣ карда, танҳо ҳайати хурди коршиносонашро фиристода буд.

Гуруҳе аз нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки моҳи март барои назорати интихоботи вакилон ба Маҷлиси Намояндагон омаданд, рӯзи 27-уми май гузориши ниҳоии хешро аз дидаву шунидаҳо ва таҳқиқи қонунгузории интихоботии Тоҷикистон нашр карданд.

Дар ин гузориш аз ҷумла омадааст, интихоботи порлумонӣ дар як муҳите баргузор шуд, ки “нақзи пайвастаи ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои бунёдӣ, фазое барои мубоҳисаҳои гуногунандеши сиёсӣ нагузошт ва мухолифони аслӣ аз саҳнаи сиёсӣ ронда шуданд.”

Дар натиҷа, ба гуфтаи муаллифони гузориш, мардум дар Тоҷикистон алтернатива ва ё гузинаҳои сиёсӣ барои интихоб надоштанд. Интихобот барои 63 курсии Маҷлиси Намояндагон рӯзи 1-уми март баргузор шуд.

Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон ҳеч яке аз интихоботҳои Тоҷикистонро “шаффофу демократӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ эътироф накардааст”.

Муносибати Тоҷикистон бо САҲА ва ниҳоду созмонҳои зертобеи он баъд аз ҳузури мухолифони тоҷик дар нишасти Варшава сард шуд. Аз ҷумла, моҳи июли соли 2020 Тоҷикистон ба дубора таъин шудани Ҳарлем Дезир, дипломати фаронсавӣ ба ҳайси намоянда дар умури озодии матбуоти САҲА мухолифат кард. Дезир борҳо Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён танқид карда буд.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор мешавад. Ҳизбҳои аграрӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, сотсиалистӣ, демократӣ, коммунистӣ ва халқии демократӣ роҳбарони худро барои ширкат дар интихобот пешбарӣ кардаанд.

Сокинон дар Тоҷикистон мегӯянд, дигарбора пирӯз эълон шудани раисҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Кумисюни марказии интихобот аз ҳоло маълум аст ва номзадҳои дигар танҳо барои вонамуд кардани рақобат ва демократӣ ҷилва додани интихобот пешбарӣ шудаанд. Иддаое, ки мақомот ва номзадҳо ба курсии президентӣ онро рад мекунанд ва ба ҷиддӣ будани кӯшишҳои худ таъкид доранд.

Дар ин миён Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон интихоботро бо чанд далел, аз ҷумла барвақт таъйин шудани санаи интихобот ва набудани рақобати воқеӣ таҳрим ё бойкот кард. Фаромуз Иргашев, сокини 30-солаи шаҳри Хоруғ, довталаби мустақил шуд, ки мехоҳад, бо роҳи худпешбарӣ вориди сабқат шавад ва то 11-уми сентябр ба ҷонибдориаш 70 ҳазоор имзо ҷамъ овардааст.

Роҳ ба марҳилаи асосии интихобот. Кӣ чӣ қадар имзо ҷамъ кард?

Аъзои Кумисюни интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон

Панҷ ҳизби сиёсии Тоҷикистон хабар доданд, ки имзоҳои заруриро барои сабтиноми номзадҳои худ ба мансаби президентӣ ҷамъ оварда, ба Кумисюни марказии интихобот супурданд.

Дар маҷмуъ, номзадии шаш нафар пешбарӣ шудааст, вале дар ин миён маълум нест, ки намояндагони Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ба ҷонибдорӣ аз номзади худ чӣ қадар имзо гирифтанд. Рустам Раҳматзода, раиси ҳизб, ба зангҳои паёпайи мо посух надод.

Фаромуз Иргашев, сокини 30-солаи шаҳри Хоруғ, ки мехоҳад бо роҳи худпешбарӣ дар интихобот ширкат ҷӯяд, гуфт, ба тарафдорияш 70 ҳазор имзо ҷамъ овард. Ин дар ҳолест, ки довталабони мансаби президент вазифадоранд, ризояти панҷ дарсади интихобкунандаҳо ё имзои 260 ҳазор касро бигиранд.

Усмонзода 285 ҳазор ва Ғаффоров 295 ҳазор имзо гирифтаанд

Рӯзи 11-уми сентябр, моҳе пеш аз интихоботи президентӣ, муҳлати ҷамъ кардани имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзадҳо ба поён расид. Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ то 15-уми сентябр имзоҳоро тафтиш ва номзадҳоро сабтином хоҳад кард.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, 285 ҳазор имзо ҷамъ карданд.

Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалист иддао кард, ки 295 ҳазор имзо гирифтанд.

Масъулони Ҳизби халқии демократӣ, аграрӣ ва коммунист низ гуфтанд, ки имзоҳои заруриро ҷамъ овардаанд, вале рақами мушаххасеро ба забон наоварданд.

Ваъдаи Иргашев ба мардум

Фаромуз Иргашев, довталаби мансаби президенти Тоҷикистон, ки мехоҳад аз роҳи худпешбарӣ номзад шавад, рӯзи 11-уми сентябр дар як баромади видеоӣ аз шаҳрвандон хост, ба тарафдории ӯ имзо гузошта, барояш фиристанд. Ҳуқуқшиноси ҷавон афзуд, дар сурати сабти ном нашудан дар интихобот имзоҳоро нобуд мекунад, то барои шаҳрвандон мушкил пеш наояд.

Маъракаи имсолаи ҷамъоварии имзо ба фарқ аз интихоботҳои пешина сокит гузашт ва ҳеч яке аз ҳизбҳо аз ҷараёни ин кор аксу навор нашр накарданд. Ба дархостҳои зиёди мо дар бораи мушоҳидаи рӯйхати имзоҳои ҷамъшуда низ посухи рад доданд. Намояндагони баъзе аз ҳизбҳо гуфтанд, ки рӯйхатро ба КМИРТ супориданд, бархеи дигар гуфтанд, дидани рӯйхат мумкин нест.

Бо ин вазъ шубҳаҳо дар бораи тавоноии ҳизбҳо ба ҷамъоварии то 260 ҳазор имзо зиёд аст. Заррагул Мирасанова, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, дар посух ба ин гуна шубаҳаҳо гуфт, “тавонистем, қудрату тавоноӣ дорем.”

Шикояти донишҷӯён

Намояндагони ҳизбҳои дигар ҳам посухи ҳамсон доданд. Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалистӣ гуфт, сарусадо дар бораи ҷамъоварӣ шудани имзоҳо аз сӯйи мақомоти маҳаллӣ беасос аст: “Ин корро ҳеч кас накардааст. Маърака бисёр хуб буд, бачаҳои мо хона ба хона рафта, имзо ҷамъ карданд.”

Ин дар ҳолест, ки баъзе аз донишҷӯёни мактабҳои олии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, устодон аз онҳо талаб кардаанд, дар зери варақаҳо ба тарафдорӣ аз номзадҳо имзо гузоранд. Масъулони баъзе аз ҳизбҳои сиёсӣ мегӯянд, аз донишҷӯён низ имзо гирифтанд, аммо ин кор ихтиёрӣ буд.

Дар интихоботи гузашта номзади нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова тайи як маърака натавонист буд 210 ҳазор имзои заруриро ҷамъ биоварад ва танҳо ба ҳамин далел ба марҳилаи асосии интихобот роҳ наёфт.

Шубҳаи коршиносон

Бо таваҷҷуҳ ба он, таҳлилгарон мегӯянд, гирифтани 260 ҳазор имзо дар Тоҷикистон кори мушкил аст ва бештари аҳзоб чунин тавоноиро надоранд. Азизи Нақибзод, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ба тавоноии ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва коммунист то ҷое метавон бовар кард, ки ин миқдор имзо ҷамъ кардаанд.

Вале ба қавли ӯ, ба тавоноии ҳизбҳои дигар дар бораи ҷамъ кардани имзои панҷ дарсад аз интихобкунандаҳо наметавон мутмаин буд. “Дар ҳоле ки бештари мардум на шахсиятҳои ҳизбро мешиносанду на барномаи ин ҳизбро хондаанд. Мо дар ҳеч куҷо нахондем, ки барномаи ҳизб тақсим шуда бошад ё дар расонаҳо тарғиб карда бошанд. Пас, аз куҷо метавон бовар кард, ки инҳо 250 ҳазор имзо ҷамъ карданд,” -- суол гузошт ӯ.

Нақибзод афзуд, мақомоти маҳаллӣ ба ҷамъ кардани имзо барои номзадҳои пешбаришуда аз ҳизбҳо манфиатдор аст, чун ҳукумат мехоҳад “интихоботро машруият бахшад, то мардум ба ҳақиқӣ буданаш мардум бовар кунанд.”

Масъулини ҳизбҳо чунин шубҳаву суолгузориро беасос шумурданд.

Интихоботи навбатии президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор мешавад. Маъракаи таблиғи номзадҳо баъд аз рӯзи 15-уми сентябр оғоз мешавад. Ягона нерӯи мухолиф дар дохили кишвар, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон эълон кард, ки интихоботро таҳрим ё бойкот мекунад.

Интихобот кай аст ва номзадҳоро мешиносед?

Интихобот кай аст ва номзадҳоро мешиносед?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00

Посухи КМИРТ ба даҳ суоли Озодӣ дар бораи интихоботи президентӣ

Ҷараёни овоздиҳӣ дар интихоботи порлумонӣ. Акс аз моҳи марти 2020

Радиои Озодӣ дар охири моҳи август аз раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) Бахтиёр Худоёрзода хост, ки ба даҳ суол дар бораи интихоботи президентӣ посух диҳад. Суолҳо хаттӣ пешниҳод шуда буданд.

Дар оғози моҳи сентябр бо имзои Носирҷон Салимӣ, раҳбари дафтари матбуоти ин ниҳод, ба суолҳо ҷавоб омад. Масъулони Кумисюн гуфтанд, Бахтиёр Худоёрзода ин шабу рӯз "серкор аст" ва наметавонад рӯ ба рӯ бо хабарнигорон суҳбат кунад. Инак, суолҳои пешниҳодии Радиои Озодӣ ва посухи масъулони КМИРТ.

- Дар чанд макон дар Русия, Қазоқистон ва кишварҳои дигар барои райъдиҳандагон имкон фароҳам оварда мешавад, ки дар интихобот иштирок кунанд?

- Бо мақсади таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандоне, ки дар хориҷа ҳастанд, дар 29 давлат 39 қитъаи интихоботӣ ташкид карда шудааст. Аз ҷумла, дар Федератсияи Русия 5 ва дар Ҷумҳурии Қазоқистон ду қитъаи интихоботӣ ҳаст.

- Оё пандемияи коронавирус ба раванди интихобот чӣ таъсир дорад?

- Вазъияти вобаста ба коронавируси нав мушкилоти ҷаҳонӣ буда, Тоҷикистон танҳо кишваре нест, ки дар ин давра чунин маъракаи сиёсиро мегузаронад. Маълумот аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ин давра дар кишварҳои гуногун маъракаҳои интихоботӣ гузаронда шудаанд, ё мешаванд. Комиссияҳои интихоботӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида интихоботро бо риояи чораҳои беҳдоштӣ мегузаронанд.

- Баъзе аз коршиносон пешниҳод кардаанд, ки интихоботи электронӣ ё ба воситаи телефонҳои ҳамроҳ ба роҳ монда шавад. Чунин чизе таҷриба карда хоҳад шуд?

- Яке аз меъёрҳои байналмилалӣ дар мавриди баргузории интихоботҳои шаффофу демократӣ риояи қонунгузорӣ дар бораи интихобот аст. Вобаста ба ин, Конститутсия ва Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" интихоботи раёсатҷумҳуриро аз тарафи шаҳрвандон дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ муқаррар намудааст. Шакли дигари овоздиҳӣ дар қонунгузории кишвар муқаррар нашудааст.

- Дар интихоботи порлумонӣ аз як силсила қонуншиканиҳо шикоят мешуд, аз ҷумла овоз додани як кас ба ҷойи чанд кас, ба беморон нарасондани имконияти раъйдиҳӣ, тақаллуб дар шумориши оро, дар ду ё зиёда қитъа овоз додани одамон ва ғайра. Ягон кас барои чунин корҳо ҷазо гирифт?

- Ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, инчунин, ба комиссияҳои поёнии интихобот вобаста ба раванди овоздиҳӣ дар интихоботи парламентӣ шикоят ворид нагардидааст.

- Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шикоят мекунад, ки наздики 80 дарсади аъзои комиссияҳои интихоботӣ аз ҳизби ҳокиманд. Ба ин чӣ назар доред?

- Чунин маълумот асоси воқеӣ надорад. Мувофиқи моддаи 17-и қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" узви комиссия бояд бетараф ва холис бошад, набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунад, супоришҳои онро иҷро намояд ва дар тарғибу ташвиқи пешазинтихоботии номзадҳо ширкат варзад. Ҳамин тавр, аъзои комиссияи интихоботӣ дар давраи кор узвияти худро дар ҳизб бозмедоранд. Дигар ин ки ба узвияти комиссияҳои интихоботӣ новобаста аз аъзои кадом ҳизби сиёсӣ будан, шахсони ботаҷриба, дорои қобилияти баланди корӣ, ташкилотчигӣ ва хусусияти мусбати шахсӣ пешниҳод карда мешаванд.

- Баробарӣ дар маъракаи таблиғотии номзадҳо чӣ гуна нигоҳ дошта ва назорат карда мешавад? Масалан, яке аз номзадҳо мегӯяд, намоиши президенти амалкунанда дар телевизион бо баҳонаи хабарҳо баробариро аз байн мебарад. Назари КМИРТ чист?

- Мувофиқи моддаи 27-и қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" номзадҳо аз лаҳзаи сабтином шудан барои истифодаи имкониятҳои воситаҳои ахбори умуми кишвар дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ ҳуқуқи баробар доранд. То имрӯз Комиссияи марказӣ ягон номзадро ба мансаби президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд нагирифтааст. Ҳоло марҳилаи пешбарии номзадҳо идома дорад. Ба ҳар як номзад ба мансаби президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телевизиони Тоҷикистон, Сафина, Ҷаҳоннамо, радиои Тоҷикистон, Овози Тоҷик, Садои Душанбе, Фарҳанг ва радиову телевизионҳои маҳаллӣ то 40 дақиқа ва барои шахсони боэътимоди онҳо (якнафарӣ аз ҳар номзад) то 20 дақиқа эфири ройгон ҷудо карда мешавад. Ҳамчунин барои номзадҳо ба мансаби президент дар матбуоти давлатии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ чопи ройгони маводи иттиллотӣ дар ҳудуди 12 саҳифаи дуинтервалии компютерӣ, шрифти 14, кафолат дода мешавад.

- Иштироки хабарнигорон дар бозтоби интихобот чӣ гуна таъмин карда мешавад?

- Иштироки намояндагони воситаҳои ахбори умум дар ҷараёни интихоботи президентии Тоҷикистон бо тартиби иштироки намояндагони воситаҳои ахбори хориҷӣ ва маҳаллӣ, ки бо қарори Комиссия аз 19-уми июни соли 2020 қабул гардидааст, муқаррар карда шудааст. Тартиби мазкур дар сомонаи Комиссияи марказӣ ва замимаи мобилии "Интихоботи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2020" ҷойгир карда шудааст.

- Бархе аз аҳзоби сиёсӣ ва низ коршиносони мустақил ҷамъоварии тақрибан 260 ҳазор имзоро ба тарафдории номзад ба президентӣ ғайриимкон медонанд. Ба назари Шумо, оё ин як рақами калон нест ва раванди ширкати афрод дар интихоботро душвор ва маҳдуд намекунад?

- Мувофиқи моддаи 65-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ба номзадии президент сабт карда мешавад, ки ҳадди ақал 5 дарсади интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд. Меъёри мазкур бо раъйи мардуми шарифи Тоҷикистон қабул гардида, мустақиман амал мекунад. Ҳамзамон чунин меъёр дар моддаи 24-и қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" низ пешбинӣ шудааст. Чунин таҷруба дар давлатҳои дигар низ мавҷуд аст.

- Афроди зиёде ҳастанд, ки душаҳрвандӣ доранд -- ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд ва ҳам аз Русия. Бар асоси қонунҳои интихоботӣ, оё онҳо ҳаққи раъй доданро доранд ё на?

- Созишномаи байни Тоҷикистону Русия дар бораи ба танзим даровардани масъалаҳои душаҳрвандӣ аз 7-уми сентябри соли 1995 баста шуда, аз 26-уми апрели соли 1997 ба қувваи қонунӣ даромадааст. Бино ба он, шахсони дорои душаҳрвандӣ дар ҳолати истиқомати доимӣ доштан дар ҳудуди яке аз давлатҳои тарафи шартнома аз ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандони он давлат, аз ҷумла ҳуқуқи интихоботӣ пурра истифода менамоянд. Шахсоне, ки душаҳрвандӣ дошта, дар ҳудуди Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунанд, дар интихоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи овоз доданро доранд.

- Бархе аз аҳзоби сиёcӣ дар мавриди тағйири замони интихобот аз моҳи ноябр ба моҳи октябр мулоҳизоти худро доранд ва онро «ғайриқонунӣ» мегӯянд. Назари КМИР чист?

- Тибқи моддаи 55-и Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъини интихоботи президент ваколати истисноии ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон мебошад. Тартиби таъини интихоботи президентӣ дар моддаи 6-и қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар гардидааст. Тибқи он, интихобот аз тарафи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон на дертар аз ду моҳи ба охир расидани муҳлати ваколати раиси ҷумҳур таъин карда мешавад. Интихоботи президентӣ дар доираи Конститутсия ва қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъин гардидааст.

Се ғолиби озмуни "Лаҳзаҳои интихобот" муайян шуданд!

Саҳифаи видеоҳое, ки ба озмун омадаанд: https://www.ozodi.org/p/7514.html

Дар рӯзи Иди Истиқлолияти Тоҷикистон Радиои Озодӣ ғолибони озмуни "Лаҳзаҳои интихобот – 2020"-ро эълон кард.

Радиои Озодӣ дар арафаи Интихоботи порлумонии 1-уми марти Тоҷикистон озмуни беҳтарин видеоҳои бахшида ба ин маъракаро эълон карда буд. Даҳҳо нафар дар ин сабқат ширкат карданд ва 14 навор ба марҳалаи баҳодиҳии доварон роҳ ёфт. Бо сабаби ҳамагири COVID-19 ҷамъбасти озмун ба таъхир уфтод ва дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон баргузор гашт. Хушхабари дигар ин аст, ки ба зудӣ идома ё даври дувуми ин озмун бо айни ҳамон шарт ва ҷоизаҳо баргузор хоҳад гашт.

Ҷойи якум насиби...

Доварони озмун баландтарин баҳоро ба видеои #4 доданд, ки дар он на танҳо лаҳзаи омодагӣ ба раъйдиҳӣ сабт шуда, балки суолу ҷавобе ҳам дорад. Навори "Ба ҷойи занам овоз медиҳам" ҳамчунин аз як қонуншинканӣ дар ҷараёни интихобот пешгирӣ намудааст. Пас аз муайян шудани қарори доварон, рӯзи 9-уми сентябр муайян карда шуд, ки муаллифи навор хабарнигори шинохтаи тоҷик, корманди хабаргузории "Азия-Плюс" Абдуллоҳи Ғурбатӣ аст ва акнун соҳиби ҷоиза – видеокамераи нимаҳирфаӣ мегардад. Дар зимн, ӯ барои ширкат дар озмун ду навор фиристодааст, ки дувумӣ -- #11 "Афсӯс, ин даъват самимона нест!", лавҳаи видеоие дар бораи мушкили маълулон ҳангоми ширкат дар интихобот низ аз ҷониби доварон баҳои баланд гирифт.

Ғолиби дувуми озмун

Ҷойи дувумро дар озмуни "Лаҳзаҳои интихобот" видеои #8 гирифт. Навори "Дар назди қуттии раъйдиҳӣ чӣ иттифоқ афтод?" лаҳзаи ба cандуқ андохтани чандин баргаи раъй сабт шудааст. Ба гуфтаи яке аз доварон, ин як саҳнаи хотирмон аст ва сабт кардани он ҷасорат мехоҳад. Вале, мегӯяд ӯ, хуб мешуд, агар муаллиф гирду атрофро низ ба навор мегирифт ва шояд аз интихобкунанда мепурсид, ки оё рафтораш то куҷо қонунист. Наворро сокини шаҳри Душанбе Наргис Соҳибова ба озмун фиристодааст ва акнун соҳиби ҷоиза – навъи охирини планшет мегардад.

Ҷойи савум марбут ба муҳоҷирон

Ҳайати доварон бо иттифоқи оро навори #10 "Назари тоҷикони Маскав дар бораи интихобот"-ро барандаи ҷойи саввум эълом доштанд. Дар ин навор аз чанд муҳоҷири тоҷик дар кӯчаҳои Маскав пурсида мешавад, ки оё дар интихобот ширкат карданд, ё не. Доварон гуфтанд, ин мусоҳибаҳо дар сатҳи хеле хуб анҷом дода шуда, муносибати муҳоҷиронро ба интихобот бозгӯ мекунад. Муаллифони он Камолхон Файзуллоев ва Суҳроби Ҷаҳон ҷоизаи Радиои Озодӣ (як смартфон)-ро хоҳанд гирифт. Радиои Озодӣ ҳамаи барандагон ва ширкаткунандагони озмунро табрику таҳният мегӯяд!

Эълони озмуни нав

Ба ақидаи ҳайати доварон, аксари наворҳо хуб ва арзандаи ҷоиза буданд. Ба монанди #13 "Ман сирри махфии интихоботро ошкор кардам", #11 "Афсӯс, ин даъват самимона нест!", #9 "Тасвири се интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон", #3 "Кӣ чӣ гуна раъй дод?" ва ғайра, аммо ин мусобиқа аст ва яке мебараду дигаре мебозад.

Аммо онҳое, ки пирӯз нашуданд, набояд ноумед гарданд, дар пеш озмуни нав бо айни ҳамин шартҳо ва ҷоизаҳо онҳоро мунтазир аст. Радиои Озодӣ эълом медорад, ки аз 11-уми сентябр то 12-уми октябр даври дувуми ин озмун баргузор мешавад.

Дар он ҳамаи хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд. Барои ин, бояд лаҳзаҳои ҷолиби маъракаи интихоботиро ба навор гиранд ва ба Радиои Озодӣ фиристанд. Ин лаҳзаҳо метавонанд мулоқоти номзадҳо бо интихобкунандагон, суханронии онҳо, ҷамъомаду маъракаҳои таблиғотӣ, ширкати мардум дар интихобот ва дархосту таманнои интихобкунандагон аз номзадҳо ва лаҳзаҳои овоздиҳии интихобкунандагон бошанд.

Дурбину телефонҳои худро омода кунед. Озмуни нав сар мешавад!

Ҳолу ҳавои пеш аз интихобот дар Тоҷикистон. Яке намедонад, дигарӣ аз муҳоҷират мегӯяд. ВИДЕО

Овезае дар бораи интихобот дар маркази шаҳри Душанбе. 8-уми сентябри 2020

Шиору навиштаҳо дар бораи интихобот дар хиёбонҳои пойтахт аз камтарин нишонаи он аст, ки Тоҷикистон як моҳ баъд раиси ҷумҳури ояндаро интихоб мекунад.

Ин шиорҳо ҳам асосан ба хиёбонҳои марказӣ маҳдуд мешаванд. Бо ин вуҷуд бештари ҳамсуҳбатони мо рӯзи интихоботро аз телевизион ё расонаҳо фаҳмидаанд, вале дар бораи номзадҳо ва барномаи онҳо посух дода наметавонад.

Шарофат Бобораҳимова 65 сол дорад ва дар назди бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе гул мефурӯшад. Ӯ гуфт, ба ғайр аз номи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон номзадҳои дигарро намедонад.

"Номзадҳоро намешиносам, аҳамият надодам. Ба фикрам, чор номзад аст. Дигарон ҳар хел ваъда медиҳанд, аммо ба ҷаноби олӣ овоз медиҳам", --мегӯяд ин сокини пойтахт.

Ба монанди Бобораҳимова ҳадди ақал даҳ ҳамсуҳбати мо дар кӯчаҳои Душанбе ба ҷуз аз номи президенти феълӣ номзадҳои дигарро гуфта натавонистанд. Ҳеч яке аз мусоҳибони мо гуфта натавонист, ки ҳизбҳои сиёсӣ чӣ барномаи пешазинтихоботӣ доранд.

Ба ҷуз аз ному насаби номзадҳо, Розия Холова, сокини ноҳияи Ёвон, намедонад, ки интихобот кадом рӯз баргузор мешавад. Холова ҳоло танҳо ба ёди 6 фарзанди муҳоҷираш аст, ки кай ба Тоҷикистон бармегарданд.

Ҳамсуҳбати мо вақте дар бораи фарзандони муҳоҷираш суҳбат мекард, ашк мерехт: "Мехоҳам фарзандонам аз муҳоҷират баргарданд, як сол шуд онҳоро надидаам. Мехоҳам Тоҷикистон тинҷу амон бошаду ҷойи кор бошад, фарзандонам дигар ба Русия нараванд. Писаронам таҳсилдидаанд, аммо дар ватан ҷойи кор нест. Танҳо як фарзандам дар наздам аст. Фақат орзу дорам, ки карантин тамом шаваду бачаҳоямро бинам."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

"Дар бораи интихобот маълумот зиёд дорем, вале дар бораи номзадҳо не"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:45 0:00

Масъулони ҳизбҳои сиёсӣ ба интиқодҳо дар бораи бехабарии сокинон аз номзадҳои интихоботи президентӣ розӣ нестанд.

Рустам Раҳматзода (Қудратов), раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон гуфт, бештари номзадҳо вакилони Маҷлиси Намояндагон ҳастанд ва мардум онҳоро мешиносад. Раҳматзода, баръакс, моро ба он муттаҳам кард, ки дар миёни "аудиторияи нодуруст" пурсиш гузарондем.

"Ягон кӯдакро қапида мепурсед, баъд ин тавр мегӯед. Мардум ҳамаро медонанд, чӣ хел намедонанд? Ҳамаашон вакилони Маҷлиси Намояндагон ҳастанд, чӣ хел намедонанд, чӣ хел намешиносанд?" -- суол гузошт ӯ.

Масъулони баъзе аз ҳизбҳои дигар гуфтанд, бехабарии иддае аз сокинон аз номзадҳо ва барномаҳои онҳо шояд ба он хотир аст, ки ҳанӯз маъракаҳои таблиғ расман оғоз нашудааст. Номзадҳо ба мақоми президентӣ танҳо баъд аз рӯзи 15-уми сентябр ва сабти ном шудан дар Кумисюни марказии интихобот метавонанд расман маъракаи таблиғотии худро оғоз кунанд.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор мешавад. Ҳизбҳои аграрӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, сотсиалистӣ, демократӣ, коммунистӣ ва халқии демократӣ роҳбарони худро барои ширкат дар интихобот пешбарӣ кардаанд.

Фаромуз Иргашев, ҳуқуқшиноси ҷавон аз шаҳри Хоруғ ҳам гуфт, номзадиашро аз тариқи худпешбар пешниҳод мекунад, аммо баъд аз эълони тасмимаш, ба ҳамлаҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шуд ва намояндагони мақомот ҳам бо ӯ "суҳбат кардаанд".

Ҳизби сотсиал-демократ, ягона нерӯи воқеии мухолиф дар дохил, эълон кард, ки интихоботро таҳрим мекунад.

Бисёре аз коршиносон мегӯянд, бо номзад шудани раиси ҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи интихобот аз ҳоло маълум аст ва бештари номзадҳои пешбаришуда танҳо барои пуррақобат нишон додани интихобот ворид корзори сиёсӣ шудаанд. Иддаое, ки мақомот ва бештари номзадҳо онро рад мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Даъвогари пешинаи интихоботи президентӣ: Хостам, "сиёсати тарс"-ро шиканам, аммо...

Қувваталӣ Муродов, намояндаи пешини Фронти Халқӣ, моҳи январи соли 2019 аз тасмими худ барои иштирок дар интихобот хабар дода буд.

Худпешбарии як номзади ҷавон барои иштирок дар интихоботи президентии моҳи октябр таваҷҷуҳро ба тарафи шахсе кашонд, ки ҳанӯз соли гузашта айни чунин иддаоро кард, вале дертар аз он даст кашид.

Қувваталӣ Муродови 70-сола дар гузашта яке аз фаъолони Фронти Халқӣ буд. Ӯ мегуфт, бо иштирок дар интихоботи президентӣ "сиёсати тарсро мешиканад", вале ҳоло мегӯяд, "сиёсати тарс" ӯро низ "шикаст".

Муродов соли гузашта аз мақомот хост, қонун дар бораи интихоботи президентиро соддатар кунанд ва пешниҳод кард, барои афроди худпешбар ҷамъоварии имзоро аз 250 ҳазор ба 25 ҳазор ва ба ҳизбҳои сиёсӣ то 150 ҳазор кам кунанд.

Пешниҳодҳои ӯ баррасӣ нашуданд, вале вокунишҳои тунди мақомотро ба бор овард ва Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар матлабе пешниҳод кард, "ҳолати рӯҳии ӯ бояд ташхис шавад".

Бар асоси қонун дар бораи интихоботи президентӣ танҳо нафаре ҳаққи ширкат дар интихоботро дорад, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, маҷлисони вакилони шаҳру навоҳӣ, иттифоқи касаба ва ҷавонон пешбарӣ мешавад.

Радиои Озодӣ: Соли гузашта аввалин нафаре будед, ки барои ширкат дар интихобот изҳори омодагӣ кардед. Гуфта будед, дар Тоҷикистон "сиёсати тарс" вуҷуд дорад ва мехоҳед, онро бишканед. Ҳоло то интихобот тақрибан як моҳи дигар мондааст, вале аз Шумо ҳеч хабар нест. Тасмиматон чӣ шуд?

Қувваталӣ Муродов: "Он чизе, ки мехостам, тағйир кунад, нашуд. Қонунро тағйир надоданд ва ба ҳадде мушкил карданд, ки мантиқан як шахси мустақил вориди маъракаи интихоботӣ шуда наметавонад. Худпешбарӣ тамоман иҷозат нест. Пешниҳоди дигари ман ин буд, ки президенти ҳозираамон Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот иштирок накунад. Вақте ӯ иштирок мекунад, дигар тақдири интихобот аз пеш маълум аст."

Радиои Озодӣ: Ба пешниҳодҳоятон аз мақомот чӣ посух гирифтед?

Қувваталӣ Муродов: "Кӯтоҳ посух гирифтам, ки пеш аз интихобот ҳуҷҷатҳоятонро пешниҳод кунед. Дуюм, як посухи нағз гирифтем, ки ду полковники КГБ (манзур Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон) ба тарафи хона омада, дар боғча кӯдаконро дидаанд. Ду полковники дигар аз МВД (Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон) ба деҳа рафта, мактаби таҳсилкардаам, хешу табор ва ёру рафиқро пурсидаанд. Дар хона ман набудам, омада аз ҳамсарам ҳуҷҷат пурсидаанд. Ба фарзандонам гуфтаанд, ки падарат чаро чунин гапҳо мегӯяд. Ҳамин хел посухҳои нағз гирифтем.

Аз тарафи дигар шаҳрванди Тоҷикистон худпешбарӣ карда наметавонад. Ин маҳдудият аст. Дар Русия, ки аҳолиаш аз Тоҷикистон чанд маротиба зиёдтар аст, барои номзади худпешбар 100 ҳазор имзо даркор аст. Дар мо аз 9 миллион 250 ҳазор имзо бояд ҷамъ кардан даркор аст. Ин як монеае, ки ҳаст, ки маънояш иштирок накардани номзадҳои мустақил дар интихобот мебошад. Конститутсияи мо ба манфиати танҳо як нафар хидмат мекунад, барои шаҳрвандони оддӣ не. Фикр кунед, ки 250 ҳазор имзоро қонунӣ ва дар як муддати кӯтоҳ кӣ дар Тоҷикистон ҷамъ карда метавонад? Амалан касе наметавонад. Агар бо роҳи кумак ҳизбҳое, ки онҳоро "кисагӣ" мегӯянд, ҷамъ накунанд, дигар кӣ мекунад? Онро ҳам кӣ тафтиш мекунад, ки ҳамин миқдор имзоро ҷамъ кардаанд, ё не. Мантиқан намояндагони ин ҳизбҳо дар интихобот 250 ҳазор овоз намегиранд. Агар панҷ фоизи интихобкунандаҳо ба тарафдориашон имзо гузошта бошанд, пас, чаро он панҷ фоиз ҳеч вақт дар интихоботҳои гузашта ба онҳо овоз надодааст?"

Радиои Озодӣ: Номзадҳое, ки тасмим доранд, дар интихобот иштирок кунанд, дар суҳбатҳояшон ба чунин ҳарфҳо розӣ набуданд ва барои ҳар чунин суол посухе ҳам доранд. Аммо далели ширкат накардани худи Шумо монеи қонун буд ва ё таҳдид ҳам вуҷуд дошт?

Қувваталӣ Муродов: "Таҳдид буд, вале иштирок маъние надорад. Ягон нишони демократия дида нашуд."

Радиои Озодӣ: Яъне, нафаре, ки «сиёсати тарс»-ро шикастанӣ буд, худаш аз ворид шудан ба ин маърака тарсид?

Қувваталӣ Муродов: "Дар кишвари мо тарс вуҷуд дорад. Эътироф мекунам, ки сиёсати тарс маро шикаст. Ҳам тарсидем ва ҳам дидем, ки маъно надорад. Вазъ берун аз пешбинии мо будааст. Ин қадар имзо ҷамъ карда намешавад. Дар як кишвари мо ҳама ба манфиати як шахс кор мекунад. Расонаҳо, суд ба фоидаи як кас аст ва прокуратура мисли адвокати ҳукумат аст. Гуфта будам, инҳо бояд шароит созанд, ки ман иштирок карда тавонам ва ба демократия дар Тоҷикистон бовар кунанд. Ҳамон масхарабозиҳоро такрор кардан шарт нест. Ин як театри бетамошобинро мемонад. Як театре, ки нақшҳоро худаш омода мекунад, вале ягон бозигари «ҳалол» надорад."

Радиои Озодӣ: Номзадҳое, ки аз ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳод шудаанд, ҳарфҳои монанд ба инро қабул надоранд ва мегӯянд, онҳо мустақилона амал мекунанд…

Қувваталӣ Муродов: "Ба ин бовар надорам. Фикр мекунам, ки ин ҷо танҳо пули буҷаи давлат сарф мешавад ва ин хок пошидан ба чашми халқ аст. Барои як кӯдаки қади роҳ мустақил будани номзадҳо маълум аст. Барои занҳои лаби об ҳам маълум аст. Инро аз мо не, аз зани лаби об пурсед, медонанд."

Радиои Озодӣ: Фаромуз Иргашев, як ҷавони сисола аз Хоруғ иддао дорад, ки ба таври худпешбарӣ дар интихобот иштирок мекунад. Ҳарчанд қонун дар бораи интихоботи президентӣ инро пешбинӣ накардааст, ҷавони ҳуқуқшинос мегӯяд, қонун инро манъ ҳам накардааст. Ҳоло ӯ барои сабти ном имзо ҷамъ мекунад…

Қувваталӣ Муродов: "Ин ғайраташ кори хуб аст, аммо сабти ном шудан ва иштирок карданаш амри маҳол аст. Ман ин ҷавонро намешиносам. Агар ӯ тавоноие дошта бошад, ки мо надонем, гапи дигар аст. Лекин воқеиятҳоеро, ки ман дидам бовар надорам. Ҷамъ кардани 250 ҳазор имзо худаш кори хеле мушкил аст. Қариб як миллион мардуми мо дар хориҷа аст. Як қисми дигар аз имзо кардан метарсанд. Агар ӯро раиси ҷамоат ё раиси шаҳру ноҳия нагӯяд, ки имзо кун, аз пеши худаш ҷасорат надоранд. Дар давраи СССР аз Кремл аниқ мекарданд, ки дар кадом ноҳия говҷӯш ва дар кадом ноҳия ронандаи трактор депутат шавад. Ҳоло ҳам чунин аст. Ҳама чиз аз пеш аниқ мешавад. Халқи мо барои қабул кардани як ҷомеаи дигар омода нест. Дар Русия, ки ба кишвари мо таъсир карда метавонад, баръакс ба мо монанд шудааст. Барои ҳамин, ҳеч чиз гуфта намешавад."

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Раҳмон ва 9 рақиби ӯ. Интихоботи президентии Тоҷикистон ба чӣ номзадҳо ниёз дорад?

Раъйдиҳӣ дар яке аз қитъаҳои интихоботӣ, моҳи марти 2020

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Интихоботи президентии пешорӯи Тоҷикистон аз як нигоҳ ба интихоботи соли 1991 монанд мешавад. Он замон якбора 8 нафар муддаии курсии президентӣ гардид:

Раҳмон Набиев;

Давлат Худоназаров;

Сайфиддин Тӯраев;

Ҳикматулло Насриддинов;

Қадриддин Аслонов;

Бӯрихон Салимов;

Бобишо Шоев;

Акбар Махсумов.

Гуфтан мумкин аст, ки ин рӯйхат аз шахсиятҳои таъсиргузори вақт иборат буд. Имкон дошт сафи номзадҳо аз ин ҳам бештар шаванд, агар Аслиддин Соҳибназаров ва Тоҳири Абдуҷаббор ба маърака ҳамроҳ мешуданд. Соҳибназаров, ки ҳуҷҷатҳои худро ба КМИР пешниҳод карданӣ буд, якбора тасмим гирифт, ба тими Давлат Худоназаров пайвандаду дар сурати пирӯзӣ муовини ӯ бошад. Мегуфтанд, Тоҳири Абдуҷаббор имзои заруриро ҷамъ оварда натавонист, ҳарчанд бархе барояш ваъда дода буданд, ки 10 ҳазор имзои он замон меъёршударо фақат аз ноҳияи Маскав (ҳоло Ҳамадонӣ) ҷамъ мекунанд.

“Номзадҳои шӯх” ҳам баъзан даркоранд...

Шояд бо тамасхур аз муносиб набудани на ҳамаи номзадҳо буд, ки нашрияи машҳури вақт “Чароғи рӯз” Абдулло Дӯст Хоксорӣ – шоири дарвешнаморо ҳам шӯхиомез номзади худ эълон намуд, ки мегуфт барномаи интихоботиаш аз як нуктаи муҳим иборат аст: китоби “Дарёнома”-и худро бо теъдоди калон нашр мекунад ва бо пули фурӯши он имкон дорад буҷаи Тоҷикистонро таъмин кард.

Дар байни онҳое низ, ки расман сабти ном гаштанд, “номзадҳои шӯх” кам набуд. Аз ҷумла, Бӯрихон Салимов ва Бобишо Шоев, ки якеаш мегуфт дар шоҳроҳҳои кишвар дарахтони бисёре хоҳад шинонду бо ҳамин ҳалли хеле масъалаҳо имконпазир мегардад.

Аммо он маърака аз интихоботи президентии соли 2020 як тафовути ҷиддӣ дошт: ду номзади қавӣ!

Ин боис гардид, ки ҷомеаи фаъоли Тоҷикистон ба ду тақсим шаванд ва як муҳити интихоботиро шакл бидиҳанд: ҷонибдорони Набиев ва Худоназаров.

Зимнан, ҳузури номзадҳои қавӣ маъракаро хеле гарм нигоҳ медошт ва зарфияту хостаҳои гуногуни бофтҳои иҷтимоии кишварро маълум менамуд. “Номзадҳои шӯх” дар ин ҳолат гӯё фақат нақши тафреҳӣ доштанд.

Дар натиҷа интихобот бо фарқи начандон калони байни ду номзади аслӣ хотима ёфт, ки он ҳам ҷониби мағлуб эълоншударо қонеъ намекард. Ин ки ҳукумати вақт аз ҳолати маълумшудаи воқеиятҳои ҷомеа истифода карда натавонист, ҷурми худи онҳост. Ё шояд таҷрибаи кор дар чунин ҷомеаро надоштанд, ё масъаларо ҷиддӣ нагирифтанд...

Аз он маърака ба рухдодҳои 29 сол пас баргардем, саҳнаи дигареро шоҳид мешавем. Дуруст аст, ки аз 6 номзади ҳоло пешниҳодшуда дар интихоботи президентии пешорӯ номаълум чанд нафар 250 000 имзо ҷамъ карда метавонад, то ба сабқати асосӣ раҳ ёбад. Эҳтимол 3 ё 4 нафари онҳо монанд, ки бо махсусиятҳои интихоботи пешорӯ он ҳам шумораи зиёд аст.

Вале ҳамин маъракаи пешниҳоди “номзадҳои дуруст” маълум кард, ки на ҳамаи онҳо ҷавобгӯи хостаи интихобкунандаи тоҷик будаанд. Дар маҳфилҳои мухталиф то охир мушаххас карда наметавонанд, ки ин ё он изҳороти номзадҳо, ки аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ пешбарӣ шудаанд, то куҷо ҷиддӣ фаҳмида шавад ва то куҷо шӯхӣ.

Масалан, вақте Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалист гуфт, ки вуруд ба пойтахтро пулакӣ карданист, ё Латифзода масъалаи дузанагиро ба баҳс кашид. Дуруст, масъалаи дузанагӣ вуҷуд дорад, ки ҳатман танзими ҳуқуқиро мехоҳад. Танбашавии нақлиёт дар Душанбе низ баъзан пеш меояд, аммо ҳоло мардум менависанду мегӯянд, номзадеро дастгирӣ кардан мехоҳанд, ки аз ҷумла роҳи шимоли мамлакатро ройгон намояд, чӣ расад ба роҳи пулакии пойтахт.

Раиси Ҳизби аграрӣ шояд ба назар нагирифт, ки интихобкунандаи асосӣ дар Тоҷикистон занҳоанд ва гуфтан душвор аст, ки аксари онҳо ҷонибдори дузанагӣ бошанд. Воқеан, соли 1995 - 1996 раҳбари собиқи Горди президентӣ Ғаффор Мирзоев, ки ҳамзамон вакили Шӯрои олӣ буд, тарҳи қонуни дузанагиро ба муҳокима гузошт. Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон бо як савол ба генерал мавзуъро ниҳоӣ кард:

“Оё розӣ мешавед, ки духтари худатон зани дуюм шавад?”

Ғаффор Мирзоев гӯё дар посух хомӯш мондааст...

Вақте “номзадҳои расмӣ” хостаҳои ҷомеаро ошкор намекунанд...

Бо ҳамин, гуфтан душвор аст, ки аҳзоби фаъоли сиёсии Тоҷикистон воқеиятҳои рӯзгори моро санҷидашудаву таҳлилӣ баррасӣ карда метавонанд. Маълум аст, ки анҷоми ин кор танҳо хос ба нерӯҳои тавонманд ва пуштибонии мардумидошта имконпазир мегардад. Ё аҳзобе, ки даъвои идеологиву сиёсӣ доранд. Аз ҳизбҳои фаъол бошад, аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодиро, ҳатто таҳлилгарони наздик ба ҳукумат “ғайриидеологиву ғайрисиёсӣ” арзёбӣ мекунанд. Ҳизби демократ, коммунист ва сотсиалист, ки бояд ҳизбҳои ҷиддии сиёсӣ бошанд, мегӯянд бо ҳукумат даъвои хос надоранд ва танҳо масоили иҷтимоӣ – иқтисодиро асоси барномаҳои худ меҳисобанд. Албатта, дар ин гуна баҳсҳо низ ба назар мерасад аз эҳтиёт сахт кор мегиранд.

Оё чунин ҳолат тамоми интихобкунандаро қонеъ мегардонад?

Дар асри 21 таъмин будан бо газу барқ, ҷойи кори муносиб, мошин ва манзил оё имтиёз аст, ё шароити ҳадди ақалли зиндагии як инсони бошараф?

Оё таъмин намудан бо ин шароитҳои аввалия вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумате нест, ки 28 сол дар сари қудрат аст?

Шояд вуҷуди ин саволҳо буд, ки бори аввал дар интихоботҳои президентии кишвар “номзадҳои ғайрирасмӣ” ба миён омаданд. Гап сари ба истилоҳ номзадҳое меравад, ки мехостанд ба таври худпешбарӣ вориди рақобат шаванд. Ҳарчанд қонунгузории Тоҷикистон чунин тартибро муқаррар накардааст.

“Номзади №1” аз рӯи ин меъёр Қувваталӣ Муродов - узви собиқи Фронти халқӣ буд, ки ҳанӯз баҳори соли гузашта аз тасмими иштирокаш дар интихоботи президентии соли 2020 хабар дод. Вале дертар дар сӯҳбат бо расонаҳои хабарӣ гуфт, ки таҳти фишори фарзандон қарор гирифтааст ва аз раъяш мегардад.

Бо ин вуҷуд гуфт, ин тасмимаш қолабҳоеро дар муҳити Тоҷикистон шикаст: "Фалон корро накун, ки ҳабс мешавӣ" ва "фалон гапро нагӯй, хуб нест", бояд аз байн бурда шавад. Эҷоди фазои тарс хуб нест. Бигзор ҳар кас дар доираи қонун гапи худро гӯяд ва ҳаққашро талаб кунад, - гуфта буд Қувваталӣ Муродов.

Пас аз эълони расмии маърака бошад, як сокини шаҳри Панҷакент бо аризае ба унвони раисони ҳарду қабатҳои парлумон муроҷиат карду хост, ки номзадии ӯро дар интихоботи президентӣ ба қайд гиранд. Маълум аст, ки ин ариза ба суроғаи нодуруст ирсол шуда буд, чун парлумон чунин салоҳият надорад. Шояд ба ҳамин хотир буд, ки ба он посух надоданд. Ҳарчанд Иброҳимҷон Юсуфбеков мегуфт, ки ҳадафи иштирокаш ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд ва дар охир аз онҳо хоҳиш мекунад, то ба президенти кунунӣ овоз диҳанд.

Аммо вақте бо даъвои номзадии мустақил Фаромӯз Иргашев, ҳуқуқшиноси 30-сола аз шаҳри Хоруғ баромад намуд, дар доираҳои наздик ба ҳукумат мисле, ки такон хӯрданд. Акнун шумораи зиёди «фейкҳо» ба таҳқиру таҳдиди ӯ гузаштанд. Шояд матбуоти расмӣ ҳам ба муқобилаш матолибе нашр намоянд. Инро фаҳмидан мумкин. Ба ҳар ҳол даъвоҳое, ки ӯ дорад, дар муқобили номзадҳои расмӣ ҷиддитаранд:

“Дар тӯли 7 соли корам дар шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба беадолатӣ дар мурофиаҳои судӣ ва зулму ситам аз тарафи мақомоти қудратӣ нисбат ба шаҳрвандон, фасод дар хидмати давлатӣ, суиистифода аз мансаб ва табдил додани мақомоти давлатӣ аз тарафи хидматчиёни давлатӣ ба корхонаҳои шахсии худ дучор шудам. Бино бар чунин ҳолати кор, тасмим гирифтам, дар интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намоям. Ва дар якҷоягӣ бо мардуми оддии Тоҷикистон ҳокимияти давлатиро аз чунин хидматчиёни давлатӣ, ки бо фасод сару кор доранд ва ҳокимиятро барои худ ҳамчун хонаи шахсӣ кардаанд, ягон касро ба дохилаш ҳатто даромадан намемонанд, аз чунин одамон тоза намоем. Чунин хидматчиёни давлатӣ дар сохтори давлат бояд кор накунанд!”

Вақте танқидро “беэҳтиромӣ” меҳисобанд...

Бояд дуруст дарк кард, ки интихобот маҳз бо вуҷуди чунин номзадҳо маъракаи муҳим мешавад. Ҳукумат ва институтҳояш дар натиҷаи ин гуна баҳсҳо нуқсҳои ҷойдошта, майлону ормонҳои мардумро эҳсос карда, барои оянда барномарезӣ мекунад.

Дар ин сурат, мантиқӣ мебуд, агар бипурсем, ки оё барои ҳар ҳукумати нав маҳз номзадҳое бояд муҳим бошанд, ки чизи наверо ошкор мекунанд, ё чанд нафаре, ки барои “зеб” ба маърака ворид мешаванд?

Дар интихоботи парлумонии имсол аз намояндаи коммунистҳо пурсидам: “Шабдолов мегуфт, мо нафароне ҳастем, ки дарди дили мардумро гуфта метавонем. Ҳам дар минбари парлумон ва ҳам аз тариқи расонаҳо. Ҳоло, агар 5 соли ахирро хулоса намоем, ҲКТ тақрибан хомӯш буд. Пас, умеди Шумо ҳоло ба чист, ки мардум ба ҷонибдориатон овоз медиҳад?”

Сардабири нашрияи ҳизбиашон журналисти шинохта Ҳабибулло Ёров ҷавоби аҷибе дод: «Фикр мекунам, дарди мардумро ғайр аз ҳукумат касе бештару беҳтар гуфтаву дарк карда наметавонад. Ягон ҳизб ҳам. Гуфтан мехоҳам, ки танҳо ҳизби ҳукмрон, ки тамоми маълумоти зарурӣ ва имконотро дар ихтиёр дорад, метавонад аз дарди мардум бохабар бошаду роҳи ҳал пайдо кунад. Он имкониятҳое, ки Президенти Тоҷикистон аз рӯи ваколату салоҳияташон доранду ба минтақаҳо сафар мекунанд ва бо мардум мулоқоти доимӣ доранд, ҳеҷ ҳизбе надорад. Шабдолов ҳам ба минтақаҳо намерафт, агар мерафт, ҳамчун вакили парлумон мерафт. Раиси нави ҳизб ҳам ин имконро надорад.»

Ба раиси ҲСТ Абдуҳалим Ғаффоров савол додам, ки чаро аз интиқоди ҳукумат канорагирӣ мекунед? Ҷавоби ӯ: “Соли 2006 вақте номзад ба президентӣ будам, аз ман хабарнигорони хориҷӣ пурсиданд, ки чаро Шумо рақибони худро сахт танқид намекунед? Посухи ман ин буд, ки фарҳанг ва ҷомеаи Шарқ аз Ғарб комилан фарқ мекунад. Дар мо, баръакс, агар рақибро сахт интиқод кардед, мардум дар симоятон нафареро мебинанд, ки ҳарифи худро эҳтиром намекунад.»

Чунин “посухҳои ҷиддӣ” ва ҳам “шӯхиомез” –ро, ки мисолашро дар боло овардем ва шояд дар раванди маърака боз шоҳид мегардем, баъзан мардумро ба хулосаи дигар мебарад: Ин гуна номзадҳо барои он ба маърака роҳ дода мешаванд, ки ба онҳо овоз надиҳанд!

Вокуниши ҷолиб ва мантиқӣ. Аммо интихоби байни “баду бадтар” дар маъракаи муҳиме чун интихоботи президентӣ набояд меъёр бошад. Ё ин ченакҳо тағйир ёфтаанду мо бехабарем?

Агар чунин аст, саволи асосии интихобкунанда пайдо хоҳад шуд:

Зиндагии мо кай тағйир меёбад?

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Фаромуз Иргашев гуфт, бо ӯ "суҳбат шудааст", аммо аз тасмимаш даст намекашад

Фаромуз Иргашов, ҳуқуқдони ҷавон, ки иддаои ширкат дар интихоботро дорад

Фаромуз Иргашов, ҳуқуқшиноси ҷавон дар шаҳри Хоруғ, ки иддаои ширкат дар интихоботи президентии 11 октябрро дорад, мегӯяд, пас аз изҳороташ ду намояндаи ҳукумати вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон бо ӯ сӯҳбат кардаанд.

Ӯ рӯзи 3-уми сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳорот дод, ки барои номзади мақоми президенти Тоҷикистон дар интихоботи моҳи октябр аз роҳи худпешбарӣ омода мешавад.

Қонуни дар бораи интихоботи президентии Тоҷикистон танҳо ба номзадоне ҳақи иштирок дар интихоботро медиҳад, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, маҷлисҳои вакилон дар шаҳру вилоят, иттифоқи касаба ва иттифоқи ҷавонон пешбарӣ мешаванд.

Пас аз изҳороташ Фаромуз ду рӯз барои журналистон дастнорас шуд ва бархе аз дӯстони ӯ гуфтанд, ки ӯро мақомоти интизомӣ барои сӯҳбат даъват кардаанд.

Фаромуз Иргашов мегӯяд, ӯро ба ягон идора даъват накардаанд ва танҳо ду нафаре, ки худро корманди ҳукумати вилоят муаррифӣ кардаанд, дар бораи қонунӣ будани талошҳояш пурсидаанд.

Ӯ гуфт, ин сӯҳбат дар канори яке аз хиёбонҳои Хоруғ дар ҳавои боз сурат гирифт.

"Бе ягон фишор озодона сӯҳбат кардем. Гуфтанд, ки ба қадри сулҳу оромӣ бояд расем. Ман гуфтам, ки шаҳрванди итоаткори қонун ҳастам ва арзишҳои давлату миллатро бо ҷонам ҳифз мекунам. Ман радикалӣ сӯҳбат накардаам ва ба шахсияти касе ҳам кор надорам. Ташвиши онҳо аз ин буд, ки маро ҳамчун ҷавон қуввае истифода набарад ва тинҷӣ вайрон шавад. Гуфтам, бо ягон қувва ҳамкорӣ надорам ва нахоҳам кард. Ҳуқуқшинос ҳастам ва аз чорчуби қонун намебароям. Онҳо маро фаҳмиданд ва рафтанд",-гуфт ӯ

Ҳанӯз ҳукумати вилояти Бадахшон ва дигар мақомот ин мавзуро шарҳ надодаанд.

Пас аз дастнорас шудани Фаромуз дар ду рӯзи ахир бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки эҳтимол ӯ аз тасмимаш даст кашидааст.

Фаромуз Иргашов мегӯяд, ба ҳеҷ сурат аз роҳаш пас намегардад ва талош дорад, то 11-уми сентябр имзои заруриро барои сабти номаш дар Комиссияи марказии интихобот ҷамъ кунад. Ӯ гуфт, ҳоло 48 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кардааст.

Барои сабти ном дар Коммисияи Марказии интихобот номзад ба мақоми президентӣ бояд имзои 260 ҳазор нафар ҷонибдоронашро ҷамъ кунад.

Фаромуз 30 сол дорад ва аз соли 2015 то моҳи марти имсол вакили Маҷлиси вакилони Бадахшон будааст.

То соли 2016 дар Тоҷикистон танҳо онҳое ҳақи ширкат дар интихоботи президентии Тоҷикистонро доштанд, ки 35 сол доштанд. Пас аз тағйири конститутсия дар як райъпурсии суолбарангез сину соли номзад аз 35 ба 30 поён шуд.

То кунун шаш номзад аз ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, президенти амалкунанда аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи президентӣ пешбарӣ шудаанд. Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон, Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, Рустам Раҳматзода, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Мироҷ Абдуллоев, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон барои ширкат дар интихобот изҳори омодагӣ кардаанд.

Аммо коршиносон мегӯянд, номзадҳое, ки талоши ширкат дар интихоботро доранд, мустақил нестанд ва танҳо барои ҷомеаи демократӣ нишон додани Тоҷикистон нақш мебозанд.

Президенти Тоҷикистон дар ҳафт сол як дафъа интихоб мешавад ва як нафар ҳақ надорад беш аз ду дафъа номзадияшро бигузорад. Аммо дар давоми наздик ба 28 соли роҳбарии президент Раҳмон чанд дафъа қонуни интихобот тағйир кард ва ба ӯ имкон дод, ки бе маҳдудият дар интихоботҳо номзад шавад.

Мақомоти Тоҷикистон ва нозирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро демократӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ арзёбӣ карданд.

Аммо нозирони кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамвора гуфтаанд, ки ҳеч яке аз интихоботҳо дар Тоҷикистон шаффофу одилона ва тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ нагузаштааст.

Раҳбари 72-солаи коммунистҳо номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон шуд

Меъроҷ Абдуллоев, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон

Мироҷ Абдуллоев, раҳбари 72 солаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон дар интихоботи моҳи октябр пешниҳод шуд.

Ӯ кӯҳансолтарин номзад дар миёни шаш номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон аст.

Огоҳон бар ин назаранд, ки ин ҳизб танҳо ба хотири пуштибониаш аз ҳукумат ба интихобот роҳ ёфтааст ва мустақилона амал намекунад.

Дар анҷумани рӯзи 5-уми сентябр Мироҷ Абдуллоев рақиб надошт ва 55 вакили ҳизб ба тарафдории ӯ райъ доданд.

Ӯ зимни суханронӣ дар анҷумани ҳизб гуфт, ки “Ҳизби мо мустаҳкам аст ва дар интихобот ғалаба мекунем”.

Ҳизби коммунистӣ дертар аз дигар ҳизбҳо анҷумани худро доир кард. Бар асоси нақшаи Кумисюни марказии интихобот ва райъпурсӣ, номзадҳои интихоботи президентӣ бояд то 11-уми сентябр имзоҳои гирдовардаи тарафдоронашонро пешниҳод кунанд.

Мироҷ Абдуллоев дар сӯҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, боварӣ дорад, дар ин фурсат беш аз 200 ҳазор имзои лозимаро ҷамъоварӣ мекунанд. Аммо бархе аз коршиносон ба тавоноии ин ҳизб барои ҷамъоварии ин миқдор имзо дар фурсати кӯтоҳ шубҳа доранд.

Раҳбари комунистҳо, ки барномаи пешазинтихоботии худро муаррифӣ накард, аз сӯҳбати бештар бо расонаҳо низ худдорӣ намуд. Фаъолони ҳизб гуфтанд, барнома пас аз се рӯз аз тариқи рӯзномаи ҳизб муаррифӣ хоҳад шуд.

Нусхаи барномаи ҳизб, ки дастраси Радиои Озодӣ гардид, тақрибан аз шиорҳое иборат буд, ки дар барномаҳои дигар аҳзоб низ дида мешаванд. Аз ҷумла, ислоҳот дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рушди истеҳсоли ватанӣ, паст кардани сатҳи камбизовативу муҳоҷирати меҳнатӣ, коҳиши мақомотҳои назораткунанда, решакан кардани ришвахурӣ, ҳимояи ҳуқуқуқи колективҳои меҳнатӣ, аз ҳадафҳои он пешбинӣ шудааст.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз кӯҳантарин ҳизб дар Тоҷикистон аст, ки аввали солҳои 1920 дар ҳудуди ин кишвар таъсис ёфтааст.

Дар замони Шӯравӣ ин ҳизб яккаҳукмрон буд ва қудрати Иттиҳоди шӯравиро дар даст дошт. Пас аз пош хӯрдани шӯравӣ ин ҳизб нуфузашро аз даст дод.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон то соли 2015 дар порлумони кишвар ду ҷой дошт. Шодӣ Шабдолов, раҳбари собиқи ин ҳизб ва Исмоил Талбаков, муовини ӯ дар порлумон бархе аз сиёсатҳои ҳукуматро танқид мекарданд. Дар интихоботи соли 2015 онҳо ба порлумон роҳ наёфтанд. Шодӣ Шабдолов дар як ҷалассаи ҳизбӣ, ки ӯ онро “табаддулот” номида буд, аз мақомаш барканор шуд ва ба ҷояш Исмоил Талбаков раҳбари ин ҳизб шуд. Пас аз даргузашти Исмоил Талбаков раҳбарии ин ҳизб ба Мироҷ Абдуллоев, як нафари ношинохта дар сиёсат гузашт.

Коршиносон мегӯянд, ин ҳизб кайҳо боз дигар дар Тоҷикистон тарафдор надорад ва ҳукумат онро танҳо ба хотири гуногунрангии фазои сиёсии ҷомеа ҳифз кардааст. Ин ҳизб низ, ба гуфтаи онҳо, аз “хати кашидаи ҳукумат” берун амал нахоҳад кард.

Раҳбарони ин ҳизб иддао доранд, ки мустақиланд ва беш аз 38 ҳазор тарафдор доранд, ки 12 фоизи онро ҷавонон ташкил медиҳад.

Баъзе аз собиқадорони ҳизб дар анҷумани имрӯза аз он интиқод карданд, ки дар сафи ҳизб ҷавонон кам мондааст ва зарур донистанд , ки дар ин самт кори ҳизб бояд фаъол шавад.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябр баргузор хоҳад шуд. Аз 7 ҳизби сиёсӣ то ҳол 6 ҳизб номзадҳои худро барои ворид шудан ба маъракаи интихоботӣ эълон кардаанд, вале Ҳизби сотсилат-демократи Тоҷикистон интихоботро таҳрим ва эълон кард, ки дар он ширкат нахоҳад кард.

Ин интихоботи шашуми президентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Аз соли 1994 ба ин тараф дар чаҳор интихоботи президентӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунӣ пирӯз шудааст.

Президенти Тоҷикистон дар ҳафт сол як дафъа интихоб мешавад ва як нафар ҳақ надорад беш аз ду дафъа номзадияшро бигузорад. Аммо дар давоми наздик ба 28 соли роҳбарии президент Раҳмон чанд дафъа қонуни интихобот тағйир кард ва ба ӯ имкон дод, ки бе маҳдудият дар интихоботҳо номзад шавад.

Мақомоти Тоҷикистон ва нозирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро демократӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ арзёбӣ карданд.

Аммо нозирони кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамвора гуфтаанд, ки ҳеч яке аз интихоботҳо дар Тоҷикистон шаффофу одилона ва тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ нагузаштааст.

Латифзода мегӯяд, дар ду ҳафта 260 ҳазор имзо ҷамъ оварданд. Мунтақидон шубҳа доранд. САДО

Номзадии панҷ нафар барои иштирок дар интихоботи президентии Тоҷикистон пешниҳод шудааст

Ҳизби аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистон эълон кард, ки барои сабтиноми расмии номзадаш ба мансаби президент 260 ҳазор имзо ҷамъ овардааст.

Ин ба он маъност, ки панҷ дарсад аз шумори умумии интихобкунандаҳо барои ба марҳилаи асосии рақобат роҳ ёфтани Рустам Латифзода розӣ ҳастанд. Номзадии ӯро 15-уми август пешбарӣ карданд.

Бархе аз коршиносон ба тавони ҳизбҳои сиёсӣ барои ҷамъоварии ин миқдор имзо дар фурсати кӯтоҳ шубҳа доранд. Илова ба ин, тибқи баъзе аз хабарҳои дарёфтӣ, дар баъзе аз минтақаҳо намояндагони мақомот дар варақҳои беном барои номзадҳо имзо ҷамъ меоранд. Мақомот ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.

"Дар бозор будем, хона ба хона гаштем"

Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрӣ ва номзади ин ҳизб дар интихоботи моҳи октябр, гуфт, имзоҳои зарурӣ барои сабтиноми ӯ ҳамчун номзади интихоботи президентӣ ҷамъоварӣ шудааст. Вай афзуд, “рӯзҳои наздик ин имзоҳоро ба Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон месупорем.”

Дар ҳоле ки бархе аз коршиносон шубҳа доранд, ин имзоҳоро Ҳизби кишоварзӣ ба танҳоӣ ҷамъ овардааст, Латифзода гуфт, “дар бозору маҳаллаҳо ва хона ба хона гаштем. Азоб ҳам кашидем. Ба раисони маҳаллаҳо мақсаду мароми ҳизбро фаҳмондем ва ин миқдор изҳоро ҷамъ овардем.”

Намояндагони ҳизбҳои дигари сиёсӣ ҳам гуфтанд, ин шабу рӯз дар минтақаҳо ба ҷамъ овардани имзо машғуланд. Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон гуфт, рӯзи 10-уми сентябр маълум мешавад, ки чӣ қадар имзо ҷамъ кардаанд.

Яке аз номзадҳо ба мансаби президент гуфт, имзои заруриро ҷамъ овард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:19 0:00
Линки мустақим

15 сентябр маълум мешавад: Кӣ роҳ ёфт, кӣ аз бозӣ берун шуд

Бар асоси нақшаи Кумисюни марказии интихобот ва райъпурсӣ, номзадҳои интихоботи президентӣ бояд то 11-уми сентябр имзоҳои гирдовардаи худро пешниҳод кунанд. КМИРТ то 15-уми сентябр ҳуҷҷатҳои номзадҳоро тафтиш карда, онҳоро сабти ном мекунад.

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон шумораи умумии интихобкунандҳоро дар кишвар 4 миллиону 900 ҳазору 545 нафар ҳисоб кардааст. Ҳар муддаӣ тибқи қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон, бояд имзои дастикам 260 000 интихобкунандаро ҷамъ оварда, рӯйхати онҳоро ба Кумиссиюни марказии интихобот (КМИР) бисупорад.

Як сокини ноҳияи Синои Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони боғча ба манзили онҳо бо варақаҳое омаданд, ки номи номзад ва ҳизб сабт нашуда буд. “Дар варақ ному насаби ягон номзад ё номи ягон ҳизб набуд. Маълум нест, мо ба тарафдории кадом номзад имзо кардем. Гуфтанд, ки имзо кунед”, -- афзуд ин ҳамсуҳбати мо.

"Ин кори дохили ҳизб аст"?

Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам навиштанд, чунин вазъ дар бархе минтақаҳои кишвар низ ҷой доранд. Аммо намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, хабарҳоро дар бораи ҷамъоварии имзо барои номзадҳои худ аз сӯи мақомоти маҳаллӣ беасос медонанд.

Роҳбарони ҳизби аграрӣ, демократӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ рӯзи 4-уми сентябр гуфтанд, аъзои ҳизб ва ихтиёриён барои онҳо имзо ҷамъоварӣ мекунанд. “Мақомоти маҳаллӣ ба мо кор надоранд. Ҳар ҳизб алоҳида имзо ҷамъ меорад. Онҳо мегӯянд, марҳамат равед, агар мардум имзо монанд, мондан гиранд, мо кор надорем”, -- афзуд Саидҷаъфар Усмонзода.

Бо вуҷуди таъкиди роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ ба мустақилона ҷамъоварӣ шудани имзо, ҳеч аксу видео аз ҷараёни ин кор пахш нашудааст. Инчунин, намояндагони на ҳама аҳзоб мехоҳанд дар ин бора шарҳ диданд. Роҳбари яке аз ҳизбҳои сиёсӣ дар посух ба суоли он ки чӣ гуна дар ду ҳафта 260 ҳазор имзо ҷамъ меоред, гуфт, “ин кори дохили ҳизби мо аст, фарқаш чист, ки мо чӣ хел имзо ҷамъ мекунем?”

"Мақомот онҳоро сахт намегиранд, чунки..."

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, “ин имзоҳо дуруст тафтиш намешаванд. Чунки номзадҳо қаблан қоидаи бозиро риоя карданд. Аз ин хотир ҳама гуна ҳолатҳои истисноӣ ва бигзор ғайриҳуқуқӣ бошад ҳам, давлат онро нодида мегирад. Ҳол он ки агар мақомот хоҳанд, муайян намудани он ки аслан ин ҳизбҳо ва намояндаҳои онҳо чанд имзо ҷамъ карданд, ягон мушкил надорад.”

Ба қавли мунтақидон, ҷамъоварии имзоҳои воқеӣ раванди чандон содда нест. Дар интихоботи соли 2013 номзади Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ Ойниҳол Бобоназарова танҳо ба далели он ки натавонист 210 ҳазор имзои заруриро ҷамъ биорад, ба марҳилаи асосии интихобот роҳ наёфт. Ӯ тақрибан 202 ҳазор имзо ҷамъ оварда буд.

Интихоботи навбатии президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор мешавад. То имрӯз барои ширкат дар он панҷ номзад, аз ҷумла раиси ҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ шудаанд. Ҳизби коммунист фардо Анҷумани худро баргузор хоҳад кард. Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон эълон кард, ки интихоботро таҳрим ё бойкот мекунад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Нигоҳҳо аз чанд сӯ ба тасмими ҲСДТ. Таҳрими интихобот ба нафъу ба зарари кист? ВИДЕО

Шояд шунида бошед, ки яке аз сиёсатмадорон дар Тоҷикистон гуфт, дар интихоботи президентӣ дар рӯзи 11-уми октябр ширкат намекунад. Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ эълон кард, азбаски ҳамаи корҳои интихоботро мақомоти ҳукуматӣ анҷом медиҳанд, ширкат дар ин корзори сиёсӣ барои ҳизби онҳо мантиқ надорад.

Баҳсе дар бораи гуфтаҳои Раҳматулло Зоиров дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук ва ҳамсомонаи мо идома дорад ва ҳоло мебинем, ки мардум чӣ мегӯянд. Аз шарҳи корбаре бо номи “Шейх” оғоз мекунем, ки дар саҳифаи мо дар Фейсбук гузоштааст:

“Дуруст, ҳама медонад, ки кӣ президент мешавад. Ин гуна хароҷоти зиёд ба кӣ даркор аст. Ин пулҳоро барои беморони COVID-19 ва одамони камбизоат хайр мекарданд, пеши роҳи бемориро мегирифтанд, хубтар буд. Президентро бе интихобот боз 7 сол дигар таъйин мекарданд.”

Корбаре бо номи Сулаймон дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, таҳрими интихобот ва ё даст кашидани Раҳматулло Зоиров аз ширкат дар ин корзор ба фоидаи ҳукумат аст, чун нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон дигарандешии сиёсӣ ҳаст.

Сулаймон чунин навиштааст: “Таҳрими интихобот аз як тарафи дигар ба интихоботи президентии Тоҷикистон фоида дорад. Ғарбиҳо мегӯянд, ки Ҳизби сотсиал-демократ онро бойкот кард ва ин як аломати демократия дар Тоҷикистон буда метавонад. Ҳарчанд худи интихоботи тарҳрезишуда аломати худкомагиву фиреб додани мардум ва ҷомеаи Тоҷикистон аст."

"Интихоботи тарҳрезишуда фиреб додани ҷомеаи Тоҷикистон аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00

Корбари дигаре, ки дар худро Мирсаид Сатториён муаррифӣ кардааст, дар саҳифаи мо дар Фейсбук гуфтааст, Раҳматулло Зоиров бояд дар интихобот ширкат кунад, чун даст кашидан аз он, ё таҳрим, ба нафъи ӯ нест. Шарҳи кӯтоҳро ҳамроҳ мехонем: «Зоиров дар муқоиса бо дигар ҳамтоёнаш фаъолтар аст ва бояд дар ин корзори сиёсӣ боқӣ монад.»

Ба ин андеша на ҳама мувофиқ будаанд ва аз ҷумла корбаре бо номи «Сиёсатшинос», ки дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст: «Он чи ки Раҳматулло Зоиров гуфтааст, мантиқи соддае дорад, яъне чаро Ҳизби сотсиал-демократ вақти худро талаф кунад. Мисли он аст, ки медонед, ҳамин тухмии картошкаро кишт кунед, баъди ду моҳ ҳеч чиз намегиред. Ҳосилаш обилаи дасту миёндарду зоеъ кардани пул аст.»

Муҳаммад Муҳаммадов ҳам дар Фейсбук навиштааст, "хуб кард, ки Раҳматулло Зоиров номзадиашро дар интихобот намонд, чун ҳама медонад, ки Эмомалӣ Раҳмон президент мешавад."

Дар воқеъ, Ҳизби халқии демократӣ рӯзи 3-юми сентябр эълон кард, ки номзадии раиси ҷумҳур Раҳмонро барои ширкат дар интихоботи оянда пешбарӣ мекунад.

Барои як бонуи тоҷике, ки зоҳиран дар Русия муҳоҷир аст, муҳим набудааст, кӣ раҳбари ояндаи Тоҷикистон мешавад. Ӯ мехоҳад, ҳар касе, ки раиси ҷумҳур шавад, онҳоро аз мушкилоту саргардонии кор дар Русия халос кунад. Шарҳи ин корбарро мехонем, ки худро Мавлуда муаррифӣ кардааст: “Шахсе президент шавад, ки муҳоҷиронро аз патент дар Русия халос кунад. Аз супоридани пули патент безор шудем.”

Барномаро дар Ютуб бинед:

Шумо чӣ мехоҳед, чӣ шахсе сазовори раиси ҷумҳур шудан дар Тоҷикистон аст? Нависед ё дар видео бигӯеду ба мо бифристед. Вотсап, Вайбер ва Телеграму ИМО дорем.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Ёфтҳои бештар

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG