Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз фавти марди 60-сола то "Шодмони Танӯркабоб". Таърихчаи оғози COVID-19 дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Дармонгоҳи деҳаи Қӯрғонча, ноҳияи Ҷаббор Расулов

Як сол пеш дар деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, минтақаи ҳаммарз бо Қирғизистон, хабари эҳтимоли расидани коронавирус ба Тоҷикистон паҳн шуд.

Шаби 5-уми апрели соли 2020 Радиои Озодӣ гузориш дод, ки пас аз фавти марди 60-сола дар бемористони ноҳияи Ҷаббор Расулов, ёздаҳ корманди он дар шаҳри Хуҷанд карантин шуданд. Намояндагони ниҳодҳои тандурустӣ дар Душанбеву Хуҷанд он замон бо COVID-19 рабт доштани ин рӯйдодро рад карданд.

Пас аз даҳ моҳ

Фаррух Мақсудзода
Фаррух Мақсудзода

Даҳ моҳ лозим шуд, то дурустии ин хабар эътироф гардад. Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, дар нишасти хабарии моҳи феврали имсол гуфт, "бори аввал дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сокинонро бо нишонаҳои бемории коронавируси нав дар бемористони сироятии Хуҷанд бистарӣ кардем. Он вақт ташхисгоҳи коронавирус надоштем ва тестҳоро ба Душанбе фиристодем. Ҷавобаш мусбат баромад."

Пас аз фавти Ҳабибулло Шодиев чанд узи оилаи ӯ дар деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо нишонаҳои коронавирус дар шифохонаи бемориҳои сироятии шаҳри Хуҷанд бистарӣ шуданд.

Як вижагии он рӯзҳо ин буд, ки ҳеч кас, на мансабдорон, на пизишкон, на беморон ва на наздикони онҳо, ҷуръат намекарданд, ҳақиқатро бигӯянд. Таъсири шадиди он то ҳоло баҷост. Бо гузашти як сол ҳам, ҳеч яке аз аъзои оилаи Шодиевҳо нахост, аз он рӯзҳо дар назди дурбин ёд кунад.

Наворро дар ин ҷо бинед:

Коронавирус дар Тоҷикистон аз куҷо оғоз шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:54 0:00

Қӯрғонча ва Қирғизистон

Яке аз нуктаҳои хабар ин буд, ки марҳум ҳафтае пеш аз беморияш ба Қирғизистон рафтааст. Аслан равуо ба он ҷо барои аҳолии Қӯрғонча, дар 60-километрии маркази вилояти Суғд, то сарусадоҳо ҳолати муқаррарӣ будааст.

Улуғбек Қурбонов, сокини деҳаи Қӯрғонча, мегӯяд, "роҳи мо бо маркази ноҳия хеле дур аст ва харҷи зиёд дорад. Назар ба бозори марказӣ рафтан, ба бозори Қирғизистон равем, наздиктар аст. Ҳам арзонтар. Роҳ маҳкам шуд, равуо низ гарон шуд."

Дар ин деҳа беш аз 5 ҳазор кас зиндагӣ мекунанд ва бо баста шудани марз сокинон аз дохили рӯд мегузаранд, то ба маркази ноҳия бираванд.

Ҳоҷимуҳаммад Тошев
Ҳоҷимуҳаммад Тошев

Даргузашти Ҳоҷимуҳаммад Тошев аз деҳаи Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки таҳти карантин буд, хабарҳои COVID-19-ро он замон ангехта буд. Наздиконаш бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо мегӯянд, ин овозаҳоро қабул надоштанд, чунки табибон марги Тошевро аз сустии кори дилу рагҳо медонистанд.

Коронавирус ё дарди дил?

Басирҷон Ҳаётуллоев, домоди Ҳоҷимуҳаммад Тошев, гуфт: "Cактаи дил гузаронида буданд ва барои ҳамин аз воҳимае, ки аз бемории ҳамагир дар байни халқ пайдо шуда буд, дил дошт надод ва даргузаштанд. Ин ҳодиса, ки ба омад-омади коронавирус рост омад, мардум фикр карданд, аз ҳамин вирус фавтиданд."

Ниҳодҳои тандурустӣ аксар маргумирро ба ҳама гуна бемориҳои мумкин бастагӣ медоданд, вале номи коронавирусро гирифтан намехостанд. Дафнҳои мармуз худ баёнгари вазъ буданд.

Дар ноҳияи Шаҳристон намози ҷанозаи Шодмон Раҷабов ё "Шодмони Танӯркабоб"-ро бе худи майит ба ҷой оварданд. Тани селофанпечи ӯро пизишкон ва кормандони интизомӣ дафн карданд. Мақомот ва пизишкон аввал гуфтанд, ӯ бемории дил дошт, сипас паём доданд, ки дар ҳаммом афтода маҷруҳ шудааст.

Маргумир аз "илтиҳоби шуш" афзуд

Дар рӯзҳои баъдӣ номҳои зиёде расонаӣ шуданд, вале сабаби даргузашти онҳоро расман “илтиҳоби шуш” меномиданд. Бино ба омори расмӣ, дар соли 2020 дар вилояти Суғд қариб 19 ҳазор нафар бемори илтиҳоби шуш шуданд, ки дар муқоиса ба соле пеш аз он шаш ҳазор маврид зиёд аст.

Фавт аз “илтиҳоби шуш” дар 9 моҳи соли 2019 – 13 ҳолат будааст ва ин рақам дар ҳамин давраи соли 2020 ба 392 маврид баробар шудааст.

Як таҳқиқи Радиои Озодӣ бо мадади ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон нишон дод, ки омори расмӣ ва ғайрирасмӣ аз ҳамдигар 10 баробар фарқ мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон танҳо 30-юми апрели соли 2020, дар остонаи сафари коршиносони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ расидани коронавирусро ба кишвар эътироф намуданд.

Он раддияҳо ва кашолкорӣ дар эътирофи мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон ҳоло тавре асоснок карда мешаванд, ки мақсади ҳукумат пешгирӣ аз ангехта шудани воҳима ва ҳифзи эътидол буд. Аммо масъулияти ҳуқуқии пинҳон доштани маълумоте, ки ба саломатӣ ва ҳаёти одамон таҳдид мекунад, то ҳол баррасӣ нагаштааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамарӯза хабар медиҳад, ки аз аввали соли 2021 ба ин сӯ дар кишвар ягон сирояти COVID-19 сабт нашудааст, вале шубҳаҳо ба омори расмӣ ҳамчунон боқист.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG