Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфт, модар нигарон набош, аммо дигар занг назад." Олимҷон куҷо шуд?

Яке аз дӯстонаш гуфт, Олимҷон Бердиев барои дарёфти шаҳрвандии Русия ба ҷанг дар Украина рафтааст. Маълум нест, ин кор ихтиёрӣ будааст ё маҷбурӣ
Яке аз дӯстонаш гуфт, Олимҷон Бердиев барои дарёфти шаҳрвандии Русия ба ҷанг дар Украина рафтааст. Маълум нест, ин кор ихтиёрӣ будааст ё маҷбурӣ

Пайвандони Олимҷон Бердиеви 35-сола аз шаҳри Ҳисор мегӯянд, ӯ ёздаҳ моҳ пеш аз тарафи Русия ба ҷанг дар Украина бурда шуда, то кунун беному нишон аст.

Зӯҳро Шарифова, модари Олимҷон Бердиев, рӯзи 2-юми октябр дар муроҷиат ба Радиои Озодӣ гуфт, бори охир моҳи ноябри соли 2025 бо писари муҳоҷираш, ки дар шаҳри Волгоград кору зиндагӣ мекард, телефонӣ суҳбат дошт.

"Он замон гуфта буд, ки модар, нигарон набош, ҳамаи корҳоям хубанд, аммо дигар занг назад," -- нақл кард Шарифова. Вай афзуд, кӯшиши ёфтани писараш то ин дам натиҷа надод ва онҳо зинда, мурда ё асир будани ӯро намедонанд ва ин ҳолат аъзои хонадонро дар вазъияти ногувору дардноке гузоштааст.

Мақомоти Русия ва Тоҷикистон дар бораи бенишон шудани Олимҷон Бердиев расман чизе нагуфтаанд. Радиои Озодӣ дар рӯйхатҳои дастраси низомиёни асируфтодаи Русия ва тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина номи Олимҷон Бердиевро пайдо накард.

Яке аз дӯстони ӯ дар шаҳри Волгоград бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "Олимҷон дар воҳиди низомии 91714-и Вазорати дифои Русия хидмат мекард ва рӯзи 20-уми ноябри соли 2025 аз Ростов ба ҷанг дар Украина бурда шуд." Ба нақли мусоҳиби мо, агар Бердиев дар ҷанг кушта шуда, нишоне аз ӯ боқӣ мондааст, пас, танҳо наздикон бо ташхиси ДНК метавонанд онро дақиқ кунанд.

Алиса, дӯсти дигари Олимҷон, низ дар як паёми хатӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ба наздикони ҷавон дар Тоҷикистон маслиҳат додааст, ки ӯро дар вилояти Ростов ҷустуҷӯ кунанд, чун аз ин минтақаи Русия ба ҷанг бурда шудааст. “Мақомоти Вазорати дифои Русия фақат ба пайвандонаш метавонанд бигӯянд, ки ӯ дар куҷост ё дар чӣ ҳол аст,” - афзуд ӯ.

Зӯҳро Шарифова ва Нилуфар Бердиева, модар ва хоҳари Олимҷон, мегӯянд, то кунун натавонистаанд ба Русия рафта, намунаи ДНК супоранд ва аз зинда ё мурда будани фарзанди хонадон хабардор шаванд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи онҳо падари 72-солаи оила, Остон Бердиев, низ моҳи июли имсол ба далели фаромӯшхотирие, ки қаблан дар натиҷаи як латукӯб дар Русия гирифта буд, дар Тоҷикистон гум шуда, ташвиши онҳоро бештар кардааст. Бо вуҷуди муроҷиат ба мақомоту эълон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ ҳанӯз ёфт нашудааст.

“Баъди бедарак шудани фарзандам ва дертар гум шудани ҳамсарам сахт афсурдаам. Беморам. Дар ҷойгаҳ хобам. Бале, ба мо маслиҳат доданд, ки ба вилояти Ростов дар Русия рафта, писарамро суроғ кунем. О, ман бо ин вазъият чӣ гуна ба ҷустуҷӯяш равам?” – гуфт кард ӯ.

Олимҷон Бердиев ёздаҳ моҳ боз бедарак аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00

Олимҷон Бердиев солҳои дароз дар Русия муҳоҷири корӣ будааст. Яке аз дӯстонаш гуфт, ӯ барои дарёфти шаҳрвандӣ ва раҳоӣ аз пули патенту санҷиши пайвастаи мақомот, мехост, шаҳрвандии Русияро гирад ва гуё ба ҳамин далел ба ҷанги Украина рафтааст. Маълум нест, ин кор ихтиёрӣ будааст ё маҷбурӣ.

Мақомоти Русия ба хориҷиён ва бахусус муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шарт гузоштаанд, ки дар сурати бастани қарордод бо артиши Русия ва рафтан ба ҷанги Украина ба осонӣ соҳиби шиносномаи русӣ хоҳанд шуд.

Омори расмии тоҷикон дар ҷанги Русия алайҳи Украина маълум нест. Мақомот дар ин бора ҳеч иттилоъ намедиҳанд, вале дар тақрибан панҷ соли ҷанг хабари асир афтодан, кушта ва нопадид шудани даҳҳо шаҳрванд ва зодаи Тоҷикистон расонаӣ шуд.

Тарҳи давлатии “Зистан мехоҳам” дар Украина низ дар як соли охир номи зиёда аз се ҳазор зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки дар ҷанги Русия бар зидди Украина ширкат карда, бархе кушта ё нопадид гаштаанд. Баъзе аз онҳоро аз боздоштгоҳу зиндон ва иддаеро бо ваъдаи додани ҳаққи иқомат ё шиносномаи Русия бурдаанд.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

​
XS
SM
MD
LG