Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори тоҷик мегӯяд, тоҷиконро ба зӯр ба ҷанг мебаранд

Хабарнигор ва таҳлилгари тоҷики муқими Аврупо Абдуманнон Шералиев мегӯяд, ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҷанги Украина вақтҳои ахир зиёд шудааст ва ӯ далелҳое дорад, ки низомиёни Русия садҳо нафарро аз кӯчаву бозор, ҷойи кор ва ҳатто идораҳои муҳоҷиратӣ дуздида, ба ҷанг бурдаанд.

Ӯ, ки ба навиштани силсилае аз қисса ё достонҳои ҳузури ҷавонони тоҷик дар ҷанги Украина оғоз кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин замина таҳқиқи кӯтоҳеро ҳам анҷом додааст ва натиҷаҳояш изтиробангез аст.

Абдуманнон Шералиев: Ҳудуди як моҳ аст, ки ба таҳқиқи ҳамин масъала машғулам ва мутаассифона дар ҳамин муддати кӯтоҳ, ҳудуди беш аз сад далел пайдо кардам, ки афроди зиёдеро ҳамин гуна, ғайриқонунӣ, бо тӯҳмат, бо таҳдид, ҳатто бидуни тӯҳмату таҳдид аз кӯчаву бозор боздошт карданд ва пулис онҳоро ба низомиён супурдааст.

Дар ин масъала ман чанд далелҳои аҷибе дорам, ки ба зудӣ нашр хоҳам кард. Барои мисол, як нафар аз Тоҷикистон ба хотири пул кор кардан, барои туйи хонадоршавиаш ба Маскав парвоз мекунад ва дар фурудгоҳ ӯро боздошт мекунанд, тӯҳмат ва таҳдид мекунанд ва ба ҷабҳа мефиристанд ва ӯ ҳудуди ду-се ҳафта баъд дар онҷо кушта мешавад.

Хабарнигори тоҷик мегӯяд, тоҷиконро ба зӯр ба ҷанг мебаранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

Радиои Озодӣ: Тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина дар як соли охир номи зиёда аз се ҳазор зодаи Тоҷикистонро нашр кардааст, ки дар ҷанги Русия бар зидди Украина ширкат карда, бархе кушта ё нопадид шудаанд. Ҳадаф аз ин таҳқиқ ва навиштани силсилаи достонҳо дар бораи ҳузури тоҷикон ва рафтани онҳо ба ҷанги бегона чист?

Абдуманнон Шералиев: Таҷрибаи рӯзноманигорӣ ва нависандагӣ нишон дод, ки таъсири достон ба маротиб бештар аз таъсири мақолаву таҳлил аст, чун мақолаву таҳлилро ҳамонҳое мехонанд, ки ба хондан, яъне ба ҳамон масоил таваҷҷуҳ доранд. Аммо достону қиссаро аксарият мехонанд ва чун эҳсосӣ ҳам ҳаст, зери таъсир қарор мегиранд ва ман дар ин чандин соли таҷрибаи ҳам рӯзноманигорӣ ва ҳам нависандагӣ мутмаин шудам, ки таъсираш ба маротиб бештар аст ва бинобар ҳамин тасмим гирифтам достон ё қиссаҳову саргузашти бачаҳоеро, ки ба ҷанг рафтанд, нопадид шуданд, кушта ё захмӣ шуданд, кам-кам нависам, шояд таъсир расонад ва шояд падару модарон таваҷҷуҳ кунанд.

Радиои Озодӣ: Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ширкат ва ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанги Русия дар Украина шарҳи возеҳе надодаанд ва сукут ихтиёр кардаанд. Назари шумо дар ин бора чист?

Абдуманнон Шералиев: Ба назари ман, далели хомӯшии мақомоти Тоҷикистон сиёсӣ аст. Ва на танҳо мақомоти Тоҷикистон хомӯшанд, мақомотҳои кишварҳои дигар ҳам агар садо баланд мекунанд, садои бисёр заъиф аст, вале умедворам, ки ба зудӣ ин садоҳо баландтар хоҳанд шуд ва мақомот ҳам вокуниши бештар хоҳанд дошт. Чун ҳамон таъсири геосиёсие, ки Русия дорад, кам шуда истодааст ва ба наздикӣ иншоаллоҳ, шоҳиди ин ҳам хоҳем шуд.

Гӯшаҳо

Вобаста

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG