Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфт, ҷойи пулро нагӯйӣ, мекушам." Омилони марги ду мардро ҳанӯз наёфтаанд

Зариф Абураҳимов дар моҳи июни соли 2025 кушта ва Ёқуб Иброҳимов дар моҳи июли соли 2025 дар шароити мармуз ҷон бохт
Зариф Абураҳимов дар моҳи июни соли 2025 кушта ва Ёқуб Иброҳимов дар моҳи июли соли 2025 дар шароити мармуз ҷон бохт

Ҳарчанд аз кушта шудани Зариф Абдураҳимов, сокини деҳаи Саричашмаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва марги шубҳабарангези ҳамдеҳааш Ёқуб Иброҳимов як сол гузашт, мақомот то ҳол сабабгорони ҳодисаро наёфтаанд. Пештар барои ҳар гуна маълумот дар бораи гумонбарон 100 ҳазор сомонӣ ҷоиза таъйин шуда буд.

Олимбек Юлдошзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, чанде пеш дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, "дар мавриди куштори ду нафар. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор карда истодаанд. То ҳол омилони куштор муайян карда нашудаанд."

Зариф Абдураҳимови 38-сола шаби 27-уми июни соли 2025 дар назди фарзандонаш аз ҷониби ду шахси ниқобпӯш кушта шудааст. Ҳамсари ӯ, Гулсанам Абдураҳимова, дар суҳбати пешинаи худ бо Радиои Озодӣ ба нақл аз фарзандонаш гуфта буд, ки ҳамлаварон аввал аз Зариф Абдураҳимов пул талаб кардаанд.

"Гуфт, агар ҷойи пулро нагӯйӣ, мекушам. Вақте ҳеч чиз нагуфтем, дасту пой ва чашмонамонро "скотч" кард. Як илоҷ карда, "скотч"-ро канда, аз ҷой хестам. Онҳо ба тарафи саҳро гурехтанд. Сипас доду вой карда, ҳамсояҳоро даъват кардам. Падарам дар пеши чашмам ҷон дод," – нақл кард Озодбек Абдураҳимов, писари Зариф Абдураҳимов.

Кормандони Додситонии вилояти Суғд гуфта буданд, ки ҳадафи куштор ғоратгарӣ аст, вале ба сабаби халал нарасондан ба “сирри тафтишот” аз додани ҷузъиёт худдорӣ карданд.

Чанд сокини деҳаи Саричашма дар ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфтанд, то ин дам мақомоти тафтишотӣ чанд нафарро ба бозпурсӣ даъват ва бархеро дастгир кардаанд. Тақдири онҳо рӯшан нест.

Маъмурони милиса ва додситонӣ дар рӯзҳои аввали ҳодиса Ёқуб Иброҳимови 50-сола, яке аз пайвандони Зариф Абдураҳимовро низ дар бораи куштори хешовандаш пурсидаанд. Вай рӯзи 5-уми июл ба таври мармуз ҷон бохт. Наздиконаш гуфтанд, гуё худкушӣ кардааст. Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов мегӯяд, тафтиши марги ӯ низ идома дорад.

Кушторҳои пайиҳам дар баъзе аз гӯшаҳои вилояти Суғд, бавижа Конибодом, дар солҳои гузашта боис ба нигаронии сокинон гашта буд. Мақомот дар охири соли 2024 чанд нафарро дар пайванд ба куштори беш аз 20 сокини он шаҳр ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд.

Ҷоизаи молӣ ҳам барои кушодани сирри маргҳои мармузи ноҳияи Ҷаббор Расулов кумак накардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00
Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG