Ду сарбози Горди миллии Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар наздикии Кохи Сафед ҳадафи тирандозӣ қарор гирифта, сахт маҷрӯҳ шудаанд. Мақомот ҳодисаро ҳамлаи ғофилгирона хонданд. Сарбозон аз воҳиди Горди миллӣ дар аёлати Вирҷинияи ғарбӣ дар чандметрии Кохи Сафед ба гаштзанӣ машғул будаанд.
Ҷефф Керрол, муовини сардори пулиси Вашингтон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳодиса тақрибан соати 2:15-и баъд аз зӯҳр рух додааст: "Он гуна, ки гуфтам, зоҳиран фарди мусаллаҳ ногаҳон ба сарбозони Горди миллӣ ҳамла кардааст. Ӯро сарбозони дигари горд ва мақомоти интизомӣ зуд боздошт карданд."
Ба гуфтаи пулис, сарбозони дигар ҳамлаварро захмӣ ва сипас дастгир карданд. Каш Пател, мудири Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико гуфт, ки вазъи ду сарбоз вазнин аст.
Як намояндаи Вазорати адлия гуфт, гумонбар Раҳмонулло Лаканвол, шаҳрванди 29-солаи Афғонистон ва сокини аёлати Вашингтон мебошад. Ҳодиса ҳамчун амали террористӣ тафтиш мешавад.
Раҳмонулло Лаканвол соли 2021 тавассути барномаи раводиди махсус барои гурӯҳе аз афғонҳо ба Амрико рафтааст. Дар он сол Иёлоти Муттаҳида ҳазорон нафар аз афғонҳоеро пазируфт, ки ба нерӯҳои Амрико дар Афғонистон кумак мекарданд ва баъди бозгашти “Толибон” ба қудрат ҷонашон ба хатар афтод. Аммо муҳлати раводиди ӯ поён ёфта, ҳузураш ғайриқонунӣ будааст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар як паёми видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social гуфт: "Ҳамчун президенти Иёлоти Муттаҳида тазмин медиҳам, ҳайвоне, ки ин ҷиноятро содир кард, сахттарин ҷазоро бигирад."
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Хадамоти муҳоҷирати Амрико шоми чоршанбе гуфт, баррасии дархостҳои муҳоҷирати шаҳрвандони Афғонистонро муваққатан боздошт.
Ин қарорро пас аз изҳороти дигари Трамп эълон карданд. Ӯ гуфт: “Мо бояд дубора парвандаи ҳамаи шаҳрвандони хориҷиро, ки дар аҳди Байден аз Афғонистон омаданд, баррасӣ кунем ва ҳама чораҳои заруриро андешем, то бегонагони нолозиму бефоида барои кишвар, аз ин ҷо берун карда шаванд.”
Пит Ҳегсет вазири дифоъ ё вазири ҷанги Амрико гуфт, ки барои таъмини амният дар Вашингтон нерӯҳои бештар фиристода мешаванд: "Президент Трамп аз ман хост ва ман аз фармондеҳи артиш хостам ба Вашингтон 500 сарбози иловагии Горди миллиро фиристад."
Нерӯҳои Горди миллиро моҳи август ба рағми мухолифати мақомоти маҳаллӣ ва демократҳо ба Вашингтон фиристоданд.