Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар иттилоияе мардумро ба оромӣ ва риояи қоидаҳои рафтор ҳангоми заминҷунбӣ даъват кард. Ба иттилои расмӣ, тайи 24 соати гузашта дар ҳудуди ВМКБ як силсила заминларзаи аз 3 то 4-дараҷаӣ сабт шудааст.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумита, ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 20-уми сентябр низ аз cоати 6 то 10-и субҳ замин дар ин қаламрав 5 дафъа такон хӯрд. Маркази заминларза 290 километр ҷанубу шарқи Душанбе ва 25 километр шимолу шарқи Хоруғ буда, нерӯяш дар марказ 3 ва дар Хоруғ 2-3 дараҷаро ташкил додааст.
Кумита бо истинод ба маълумоти Хадамоти геофизикии Тоҷикистон гуфтааст, ин пасларзаҳои заминҷунбии 27-уми августи имсол мебошад, ки нисбатан сахт буд. Ба қавли олимон, пасларзаҳо метавонанд аз 1 ҳафта то 2 моҳ давом кунанд.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳар сол дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 20-уми сентябр гуфт, биноҳои баландошёнае, ки дар шаҳри Хоруғ сохта шудаанд, ба заминҷунбиҳои 8-9-дараҷаӣ тобоваранд.