Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Пайрави Фатҳулло Гюлен?” Як шаҳрванди Қирғизистонро дар Туркия муҳокима мекунанд

Эрмек Сoбирҷонов
Эрмек Сoбирҷонов

Як шаҳрванди Қирғизистон, ки бо гумони иртибот бо ҳаракати дар Туркия мамнӯъ ва ғайриқонунии “Хизмет” боздошт шудааст, моҳи сентябр дар додгоҳ ҳозир мешавад.

Ба навиштаи Бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Эрмек Собирҷоновро дар доштани робитаҳо бо ин созмон муттаҳам мекунанд, ки муассисаш мухолифи ашаддии ҳукумати президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон Фатҳулло Гюлен аст, ки соли 2024 даргузашт.

Ҳамсари Собирҷонов - Аделина Қосимова гуфтааст, шавҳарашро дар зиндони “Синҷон”-и Анкара нигоҳ медоранд ва мурофиаи додгоҳии ӯ 9 сентябр дар шаҳри Измир оғоз хоҳад шуд.

Собирҷонови 34-соларо рӯзи 22 май дар фурудгоҳи байналмилалии Анкара ва замоне боздошт карданд, ки ҳамроҳ бо ҳамсару се фарзандаш бо ҳавопаймо аз Бишкек ба Анкара ва аз он ҷо ба Қибриси Шимолӣ парвоз мекард. Рӯзи дигараш қарори ҳабси ӯ содир шуд. Қосимова мегӯяд, онҳо мехостанд ба Қибриси Шимолӣ барои истироҳат раванд.

Бино ба маълумоти пешакӣ, ходимони ҳифзи қонун дар Туркия Собирҷоновро дар доштани робита бо созмони террористии “Фето” гумонбар медонанд. Дар Туркия баъди соли 2016 ва ҳодисаҳое, ки мақомот талоши табаддулоти давлатӣ меноманд, ҳаракати “Хизмет”-и Фатҳулло Гюленро “Фето” меноманд.

Соли 2014 Эрмек Собирҷонов дар шаҳри Измир таҳсил кардааст.

"Аввалин ҳодиса нест"

Ин ҳодисаи аввалини иттиҳоми як шаҳрванди Қирғизистон дар Туркия нест. Апрели соли 2025 дар Туркия бо гумони иртибот бо “Фето” Азамат Нурмат уулу – як омӯзгор аз Қирғизистон боздошт шуд. Бо мусоидати консулгарии Қирғизистон дар Истамбул ба ӯ иҷоза доданд, ки аз Туркия берун равад ва моҳи декабри соли гузашта тавонист ба ватанаш баргардад.

Ҳукумати Туркия мегӯяд, санаи 15 июли соли 2016 дар ин кишвар як талоши нокоми табаддулоти давлатӣ сурат гирифт, ки дар натиҷаи хушунатҳои вобаста ба он беш аз 300 кас кушта шуд. Ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ин ошӯби нокомро рӯҳонии бонуфуз ва як мухолифи сарсахти ӯ Фатҳулло Гюлен ташкил кардааст.

Гюлен дар ИМА ба сар мебурд. Тарафдоронаш ин иттиҳомотро рад карданд. ИМА ҳеҷ гоҳ дархости Туркияро барои истирдоди Гюлен ба ватан иҷро накард ва моҳи октябри соли 2024 дар синни 83-солагӣ дар Пенсилвания даргузашт.

Акси садо дар Тоҷикистону дигар кишварҳо

Баъди ҳодисаҳои соли 2016 созмони вобаста ба Гюленро дар Туркия мамнӯъ ва террористӣ эълон карданд. Гюлен дар гузашта як ҳампаймони Эрдуғон буд. Тарафдорони ӯ гуфтанд, ки ҳодисаҳои соли 2016 саҳнасозиҳои ташкилкардаи худи ҳукумат буд.

Баъди ин бисёр мактабу муассисаҳои вобаста ба Гюленро бо дархости Туркия дар кишварҳои Осиёи Миёна ҳам бастанд.

Зимнан, соли 2023 сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар ҳам мавқеи давлаташро дар бораи “Фето” такрор карда гуфт, бастани мактабҳои туркӣ ва давлатӣ кардани онҳо дар Тоҷикистон ҳам "кори дуруст" буд. Аҷар он замон гуфт, ки созмони “Фето” аз даромади мактабҳои туркӣ дар хориҷи кишвар сармоягузорӣ мешуд ва кори ҳукумати Тоҷикистон «дуруст буд».

Соли 2015 Ҳукумати Тоҷикистон бо имзои як қарор литсейҳои муштараки тоҷикиву туркӣ, марбут ба ҳаракати Фатҳуллоҳ Гюленро, ки аз муассисаҳои таълимии бонуфуз ба ҳисоб мерафтанд, расман ба "Литсей барои хонандагони болаёқат" табдил дод. То он замон шаш литсейи муштараки тоҷикӣ-туркӣ дар Душанбеву Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода ва Қӯрғонтеппа садҳо шогирдонро тарбия кардаанд.

Дар мавриди фаъолияти ин литсейҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон андешаҳо гуногун буд. Бархе ин литсейҳоро барои густариши андешаҳои пантуркистиву туркпарастӣ айбдор мекарданд, аммо бархе аз соҳибназарони дигар аз сифати таълим дар ин литсейҳо тавсиф карда, ба сатҳи дониши шогирдони он баҳои баланд медоданд.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG