Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли афв хонаводаи баъзе зиндониҳоро умедвор кардааст. ВИДЕО


Хабари эҳтимоли афв шудани 182 зиндонӣ, зоҳиран маҳбусони сиёсӣ, хонаводаи бисёре аз онҳоро хушҳол кардааст. Бино ба хабарҳо, ин афв дар остонаи таҷлил аз 24-умин солгарди қабули Қонуни асосии Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт.

Як комиссияи ҳукуматӣ ташкил шудааст. Бояд онҳо мавод тайёр кунанд. Шартҳояш дар онҷо нишон дода шудааст.

Зарина Набиева, ҳамсари вакили мудофеи зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров, мегӯяд, аз замони шунидани ин хабар “ҷойи нишаст намеёбад”. Бузургмеҳр Ёров, ки бо ҷурми “ифротгароӣ”, “беэҳтиромӣ ба намояндаи додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият" ба 28 соли зиндон маҳкум шуд, ба бовари худи ӯ ва наздиконаш, як зиндонии сиёсӣ аст.

"Дар сарам фақат фикри озодиаш аст"

Набиева рӯзи 12-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, эҳтимоли афви зиндониҳоро ба ӯ бародару хоҳари Бузургмеҳр дар хориҷа расондаанд. Онҳо гуфтаанд, чунин иттилоъро Сайфулло Сафаров – муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон – дар ҳошияи нишасти Варшава баён кард.

Зарина Набиева
Зарина Набиева

“Ҷамшед Ёров, бародари шавҳарам дар Варшава аз Сайфулло Сафаров пурсидааст, ки дар рӯйхати афроди мавриди афв номи Бузургмеҳр ҳаст ё не? Ӯ гуфтааст, бале ҳаст. Ин саҳар хоҳараш Хосият Ёрова низ гуфт, ҳамин хел гуфтугузор аст. Аз хурсандӣ намедонам, чӣ кор кунам. Аз субҳ дар сарам фақат фикри озодии Бузургмеҳр аст”, - нақл кард ӯ.

Чанде дигар аз оилаи маҳбусон гуфтанд, расман касе онҳоро дар бораи афви эҳтимолӣ огоҳ накардааст. Аммо шунидани ин хабар умеди раҳоӣ ё кам шудани муҳлати ҷазои пайвандонашонро дар дили онҳо бештар кардааст.

Хабарҳои зиддунақиз: Афв мешавад ё намешавад?

Мақомоти Тоҷикистон вуҷуди ҳамагуна маҳбусони сиёсиро дар зиндонҳои кишвар рад мекунанд. Мақомот мегӯянд, онҳое, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ зиндонии сиёсӣ ном бурда мешаванд, бо ҷиноятҳои мухталиф ба маҳбас рафтаанд.

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Бо ин ҳол, дар мавриди афви эҳтимолӣ хабарҳои зиддунақиз садо медиҳад. Ду рӯз пеш бо такя ба суханони Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, хабари омодагии Тоҷикистон барои афви 182 зиндонӣ, аз ҷумла маҳбусони сиёсӣ нашр шуд.

Худи Сафаров рӯзи 11-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳарфҳоро дар посух ба талаби мухолифин барои озодии маҳбусони сиёсӣ баён намуд. Сайфулло Сафаров дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар ҳошияи ҷаласаи САҲА дар Варшава гуфт: “Дирӯз, вақте аз нишаст ба берун баромадем, Муҳиддин Кабирӣ ба ман навиштаеро нишон дод. Дар онҷо “Афв ба маҳбусони сиёсӣ” навишта шудааст. Ба ман гуфт, “нигоҳ кунед”. Ман гуфтам, ки ин коратон хуб нест. Ҳукумат дар ин маврид андешаи худро дорад ва як комиссияи ҳукуматӣ барои афв ташкил шудааст. Бояд онҳо мавод тайёр кунанд. Шартҳояш дар онҷо нишон дода шудааст. Дар ҳоле ки ба қонунҳои Тоҷикистон мувофиқ бошанд, дархост кунанд, дар он ҳолат озод мешаванд.”

Паём барои бозгашт ба ватан?

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Сайфулло Сафаров гуфт, дақиқ намедонад, ин масъала расман дар долонҳои ҳукумат дар ҳоли баррасӣ аст ё не, вале таъкид кард, ки хабари таҳияи феҳристи афроди мавриди афвро аз матбуот шунидааст. Ӯ гуфт, “агар ин хабарро аз ҳукумат мегирифтем, дар ҷаласа мегуфтем. Ин гап дар беруни ҷаласа буд ва аслан бояд паҳн намешуд. Ин барои хуш кардани он шаҳрвандоне буд, ки дар дигар давлатҳо ҳастанд ва ҷиноят накардаанд. Онҳо бояд инро ҳамчун паём барои ба ватан баргаштан ва Тоҷикистонро ноором накардан бипазиранд.”

Хабарнигори Радиои Озодӣ Мӯъмин Аҳмадӣ дар ҳошияи нишасти САҲА дар Варшава аз Сайфулло Сафаров пурсид, ки маълумоти ӯ дар бораи аз зиндон озод шудани беш аз 200 нафар, ки ҳукмҳои онҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд, аз куҷо маншаъ мегирад.

С.Сафаров дар бораи афви эҳтимолӣ сӯҳбат кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:53 0:00

Дар пасманзари ин хабар, рӯзи 11-уми сентябр “Азия-Плюс” низ бо такя ба манбааш дар Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, 182 нафар ва зоҳиран зиндониҳои сиёсӣ афв хоҳанд шуд.

Ду мақоми расмӣ: хабар надорем

Иззатулло Шарифов
Иззатулло Шарифов

Аммо баъзе аз мақомоти расмии Тоҷикистон аз вуҷуди тарҳи афв изҳори бехабарӣ карданд. Иззатулло Шарифов, муовини вазири адлия ва раиси зиндонҳои Тоҷикистон, гуфт, ҳамин гуна тарҳеро рӯи даст надоранд. “Бародари азиз, ин гапҳоро аз Шумо шунида истодаам. Ин гап ҳеҷ асос надорад”, - посух дод ӯ ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ.

Ҳамчунин, Маҳмадалӣ Ватанзода, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқӣ, гуфт: “Хабар надорам. Касе, ки ин хабарро мегӯяд, аз кадом манбаъ гирифтааст? Ҳамон одам бояд шарҳ диҳад. Ман хабар надорам ва дурӯғ намегӯям.”

Дар Тоҷикистон дар солҳои истиқлол 15 дафъа қонуни афви маҳбусону боздоштшудаҳо қабул шудааст. Афви тиллоӣ бори охир дар моҳи августи соли 2016 қабул шуда, нисбат ба 12 ҳазор нафар татбиқ шуд.

Маҳмадалӣ Ватанзода
Маҳмадалӣ Ватанзода

Ҳадафи татбиқи қонуни афв дар Тоҷикистон, талоши мусоидат дар бозгашти маҳбусон ба ҳаёти осоишта ва ҷилавгирӣ аз содир шудани ҷиноятҳои бештар дар оянда мебошад. Дар навбати аввал ноболиғону занон ва зиндониёни солхӯрда мавриди афв қарор мегиранд. Вале дар аксари ин тасмимҳо афроде сарфи назар шудаанд, ки худро “зиндонии сиёсӣ” унвон мекунанд.

XS
SM
MD
LG