Фармондеҳии марказии артиши Амрико ё СЕНТКОМ аз поёни амалиёти панҷсоата дар Эрон хабар дод.
СЕНТКОМ рӯзи 14-уми июл эълон кард, ки бо ҳадафи ҳимоят аз убури амн аз тангаи Ҳурмуз ва кам кардани тавоноии Эрон, ба чандин ҳадаф дар дохили хоки Эрон ҳамла кардааст.
Ин зарбаҳо дар ҳоле анҷом мешаванд, ки Иёлоти Муттаҳида муҳосираи дарёии Эронро дубора барқарор кард.
Дар хабарномаи Фармондеҳии марказии Амрико омадааст, ин ҳамлаҳо қобилияти Эронро барои ҳамла "ба шаҳрвандони бегуноҳ ва киштиҳои тиҷоратӣ дар тангаи Ҳурмуз коҳиш медиҳанд."
Расонаҳои давлатии Эрон аз таркиш дар ҷазираҳои Киш, Қишм ва Абумусо хабар доданд.
Ин ҳамлаҳо охирин нишона аз поёни тафоҳунома миёни Амрико ва Эрон гуфта мешавад, ки моҳи июн имзо шуда буд.
Видеоро инҷо бинед:
Расонаҳои амрикоӣ 13-уми июл гузориш доданд, ки Доналд Трамп ба Конгресси Амрико хабар додааст, ки ҳамла ба Эрон дубора оғоз шудааст ва маъмурияти ӯ аз муҳлати 60-рӯзаи истифодаи артиш бидуни тасдиқи қонунгузорон истифода мекунад. Мутобиқи қонунҳои ИМА, барои оғози ҷанг ва истифодаи артиш дар хориҷ бояд президент то 60 рӯз аз Конгресс иҷозат гирад.
Доналд Трамп 13-уми июл дар суҳбат бо хабарнигорон дар Кохи Сафед гуфт, ҳадафи ҳамлаҳо аз байн бурдани имкониятҳои Эрон барои халалдор кардани ҳаракати озоди киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз аст.
Ӯ афзуд, сарфи назар аз ҳамлаҳои се шаби охир ба Эрон, имкони ба даст омадани созиш ҳоло ҳам вуҷуд дорад: "Бале, ман фикр мекунам, созиш имконпазир аст. Албатта, ин корро мекунам. Ду рӯз пеш мо бо онҳо созиш доштем, вале онҳо баъдан гуфтанд, ки мо наметавонем ин созишро анҷом диҳем. Мо бояд дар ин бора музокирот кунем."
Як рӯз пеш аз ин Доналд Трамп дар суҳбат бо телевизиони Fox News гуфт, Иёлоти Муттаҳида назорат бар тангаи Ҳурмузро ба даст мегирад. Тибқи гуфтаи Трамп, Вашингтон барои таъмини амнияти киштиронии байнулмилалӣ аз киштиҳо маблағ мегирад. Он ба 20 дарсади бори интиқолшуда баробар будааст.
Сипоҳи посдорони Эрон пеш аз нашри ин ҳарфҳои Трамп гуфт, роҳи ягона барои равуои озод ва амни киштиҳо поёни дахолати баҳрии ИМА аст. Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба ҳарфҳои Трамп гуфт, "Эрон ҳамеша муҳофизи тангаи Ҳурмуз буд ва абадан чунин хоҳад монд."
Дар ҳамин ҳол, вазири дифои Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи 13-уми июл гуфт, мушакҳои Эрон ба ду киштии нафткаши ин кишвар дар тангаи Ҳурмуз ҳамла кардаанд. Дар ин ҳамла як сарнишини ҳинди киштӣ кушта шуда, ҳашт каси дигар захмӣ гардиданд.
Гулӯгоҳи Ҳурмуз яке аз муҳимтарин масирҳои тиҷорати ҷаҳонии нафт ба ҳисоб меравад ва пештар 20 дарсад аз нафти ҷаҳон аз ин масир мегузашт. Баъди ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон дар таърихи 28-уми феврал, Эрон гулугоҳи Ҳурмузро баст.
Боз шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз яке аз бандҳои асосии ёддошти тафоҳум буд, ки моҳи июн миёни Вашингтон ва Теҳрон ба имзо расид. Дар аввали моҳи июл Трамп изҳор дошт, ки оташбас бо Эрон амалан ба поён расидааст. Пас аз ин, Эрон бори дигар аз баста шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз хабар дод.