Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи намози дастҷамъӣ ва "маршировка". Пешгирӣ аз вируси нав дар Тоҷикистон. ВИДЕО, САДО


Масҷиди марказии шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон "ба хотири пешгирӣ аз сирояти коронавирус", ки то ин дам дар ҷаҳон боис ба марги беш аз 3100 нафар шудааст, қарор кард, муваққатан аз хондани намоз дар

  • масҷидҳои ҷомеъ;
  • масҷидҳои панҷвақта;
  • ҷамоатхонаҳо;

худдорӣ шавад. Бино ба қарори Шӯрои уламо, ки рӯзи 4-уми март эълон шуд, танҳо ба хондани намози ҷаноза дар масҷидҳо иҷоза ҳаст. Ҷамолиддин Хомӯшӣ, раиси шӯъбаи фатвои Маркази исломӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор аз бомдоди 5-уми март ба иҷро медарояд.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ дар бораи манъи муваққатии намози дастҷамъӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:42 0:00
Линки мустақим

Раёсати Шӯрои уламо рӯзи чаҳоршанбе дар муроҷиат ба мардуми Тоҷикистон гуфт:

"Шахсоне, ки дар худ таби баландро эҳсос мекунанд, аз рӯйи масъулияти имондорӣ фавран ба табиб муроҷиат намуда, то шифо ёфтан аз рафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам худдорӣ варзанд. Шахсоне, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, онро пинҳон накунанд, зеро мусулмон набояд ба худу дигарон зарар расонад".

Гузориши видеоӣ дар ин бора:

Манъи муваққатии намози дастҷамъӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00

Вируси нави хатарнок моҳи декабри соли 2019 дар Чин кашф шуд ва то кунун дар ҷаҳон беш аз 90 ҳазор нафар ба он гирифтор шудаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар ҳеч мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Ба иттилои вазорат, то кунун 1500 нафаре, ки аз Чину Кореяи Ҷанубӣ, Итолиё ва Эрону Афғонистон омаданд, зери назорати пизишкон карор гирифтанд. Ҳоло 320 нафар дар ҳолати карантинӣ ҳастанд, дигарон рухсат шудаанд.

Сокинон бо таваҷҷуҳ ба чораҳои пешгирӣ аз вирус ба ҷиддӣ будани масъала дар кишвар таъкид мекунанд. Бино ба наворҳое, ки корбарон то ин лаҳза фиристоданд, овозаи камчин шудани хӯрокворӣ дар пайи чораҳои пешгирӣ аз коронавирус сокинонро нигарон кардааст.

Бархе сокинон дар бозорҳо барои захира маводи ғизоӣ мехаранд. Мақомот мегӯянд, овозаи камчин шудани маводи ғизоӣ дурӯғ аст ва сокинон хостаанд, ки ба овозаҳо дода нашаванд.

Видеоҳои корбарон: Навбат барои орд дар Тоҷикистон, дар пасманзари нигарониҳо аз коронавирус

Навбат барои орд дар Тоҷикистон, дар пасманзари нигарониҳо аз коронавирус
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Аз ин пеш мақомоти Тоҷикистон тамрини роҳпаймоӣ ё "маршировка"-и донишҷӯёнро барои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи имсола қатъ карданд.

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 4-уми март гуфт, ин кор бо ҳадафи "худдорӣ аз харҷи маблағҳо" ва "пешгирӣ аз сирояти коронавирус (COVID-19)" гирифта шуд. "Ба раҳбарони мактабҳо дастур шуд, ки ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар алоҳидагӣ ва дар доираи муассисаи таълимӣ... баргузор кунанд", - гуфта шудааст дар баёнияи дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илм.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Маршировка" дар Тоҷикистон бо ҳадафи пешгирӣ аз вирус қатъ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтанд, ҷашни байналмилалии Наврӯз мисли солҳои гузашта бо ҳузури зиёди мардум таҷлил нахоҳад шуд. Мирҳомуддин Камолзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, рӯзи 4-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз сирояти коронавирус мавзӯи манъи таҷлили Наврӯзи имсоларо баррасӣ дорад.

Қарор буд, ҷашни асосии Наврӯзи имсола рӯзи 22-юми март дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон" дар Хуҷанд ва бо иштироки беш аз 7 ҳазор нафар баргузор шавад.

Айни замони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иштироки хонандагонро дар озмунҳои байналмилалӣ низ муваққатан боздоштааст. Саймуҳаммад Абдиев, як масъули хадамоти матбуоти вазорат, ба Радиои Озодӣ гуфт, “дастур шудааст, барои пешгирӣ аз сироят ёфтан ба вируси нав аз сафари хонандагон ба кишварҳое, ки дар онҷо коронавирус сабт шудааст, худдорӣ кунанд".

Ӯ айни замон афзуд, ба мудирони мактаб-интернатҳои кишвар дастур шудааст, ки "хӯрок ва маводи зиддивирусӣ харида, захира кунанд".

Кумитаи рушди сайёҳӣ бо фиристодани номае ба ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон гуфтааст, барои ҷилавгирӣ аз вируси хатарнок аз ташкили саёҳати шаҳрвандоне, ки дар кишвари онҳо ин вирус ошкор шудааст, парҳез кунанд. Мақомот мегӯянд, ин муваққатӣ аст ва то замони муътадил шудани вазъ аст.

Яке аз масъулини масъулони ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон бе зикри номаш гуфт, феълан онҳо аз фиристодани сайёҳон ба кишварҳое ба монанди Чин, Эрон, Афғонистон ва Кореяи Ҷанубиву Итолиё худдорӣ мекунанд. "Ин боис ба кам шудани муштариён ва даромади ширкат шуд, вале ба хотири сиҳатии шаҳрвандон ба ин кор маҷбурем", - афзуд ӯ.

Чораҳои пешгирӣ аз вируси хатарнок дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00
Линки мустақим


Коронавирус моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд ва аз он замон то кунун босуръат дар даҳҳо кишвари ҷаҳон паҳн гардид. Дар ин муддат дар саросари ҷаҳон беш аз 3000 нафар ҷон бохта, беш аз 90 ҳазор тани дигар ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

Дар Тоҷикистон, ки ба қавли мақомот ҳеҷ ҳодисаи тасдиқшудаи олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, тадбирҳои санҷиш ва ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин вирус рӯи даст гирифта шудааст. Аз ҷумла, 1500 нафар, асосан онҳое, ки аз Чину кишварҳои дигар омадаанд, аз 14 рӯзи карантин гузашта, бисёрии онҳо ба хонаҳояшон ҷавоб шудаанд. Беш аз 300 нафарашон дар карантин ҳастанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (50)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG