Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Амрико ба Эрон дар бораи бархӯрд бо эътирозгарон. ВИДЕО


Донишгоҳи Шарифи Теҳрон. 13-уми январи 2020. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон рӯзи 13-уми январ дар баъзе аз донишгоҳҳои Теҳрону Исфаҳон идома кард. Мардум аз сарнагун кардани ҳавопаймои мусофирбари украинӣ дар Эрон, ки 176 нафарро кушт, хашмгинанд. Мақомоти эронӣ пазируфтанд, ки рӯзи 8-уми январ ҳавопаймои украиниро нохоста сарозер намуданд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор дод, ки бархӯрди Эронро бо тазоҳургарон "назорат дорад".

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, таҷаммӯи эътирозгарон дар Донишгоҳи Шариф ва Амири Кабири Теҳрон ва Донишгоҳи саноати Исфаҳон дида мешавад. Онҳо шиор медиҳанд, ки "на эъдом, на зиндон дигар асар надорад" ва "басиҷӣ, бирав, гум шав".

Тасвирҳо аз тазоҳуроти қаблӣ нишон медиҳанд, ки пулис ва нирӯҳои амниятӣ барои пароканда кардани эътирозгарон оташ кушода ва аз гази ашковар истифода кардаанд. Мақомот инкор намуданд, ки пулис оташ кушодааст.

Артиши Эрон эълом кард, ки нирӯҳои дифои ҳавоии ин кишвар рӯзи 8-уми январ нохоста ҳавопаймои "Боинг"-и Украинаро заданд ва дар натиҷа 176 нафар ҷон бохтанд. Ҳодиса баъд аз чанд соати ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар Ироқ рӯй дод.

Эрон дар оғоз ҳар гуна иттиҳоми сарнагун кардани ҳавопаймои украиниро рад карда буд. Баъди онки рӯзи 11-уми январ мақомоти Эрон пазируфтанд, ки ҳавопайморо нохоста ҳадаф гирифтанд, дар Теҳрону минтақаҳои дигари Эрон тазоҳурот барпо шуд ва норозиён ба зидди раҳбарони кишвар шиор доданд.

Хабаргузории "Рейтерз" навишт, ки дар видеоҳо дар рӯйи замин пайи хун дида шудааст. Ва дар аксҳо маъмурони амниятии Эрон дар наздикии эътирозгарон ҳастанд. Хабаргузорӣ навишт, полиси зидди шӯриш дар кӯчаҳо тазоҳургаронро бо калтаки резинӣ кӯфтаанд.

Ҳусейн Раҳимӣ, раиси полиси Теҳрон, рӯзи 13-уми январ дар изҳороте дар телевизиони давлатии Эрон тиркушоӣ ба сӯи тазоҳургаронро рад кард. Раҳимӣ гуфт, "ба афсарони пулиси пойтахт дастур шудааст, ки хештандорӣ нишон диҳанд."

Тазоҳурот дар саҳни Донишгоҳи Амир Кабири Теҳрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

Вазорати умури хориҷии Олмон гуфт, "эрониён бояд барои ибрози андуҳ ва ҳамчунин асабонияти худ ба кӯчаҳо бираванд". Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Олмон гуфт, "бовар дорем, ин кор мусолиматомез, озод ва бе монеагузорӣ иттифоқ афтад."

Морган Ортагус, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, ба мақомоти Эрон ҳушдор дод, ки Вашингтон хушунатҳо ба зидди эътирозгаронро таҳаммул нахоҳад кард. Ӯ рӯзи 13-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мо мехоҳем режими Эрон бидонад, ки Иёлоти Муттаҳида назорат мекунад, ҷаҳон назорат мекунад. Ва мо кушта шудани тазоҳургарони бегуноҳро таҳаммул нахоҳем кард. Президент Трамп дар мавриди ин мавзуъ дар охири ҳафтаи гузашта бисёр возеҳ буд."

Рӯзи гузашта Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҳушдор дод, ки мақомоти Эрон набояд эътирозгарони зиддиҳукуматиро ҳадаф қарор диҳанд.

Алии Рабеӣ, сухангӯи ҳукумати Эрон, рӯзи 13-уми январ Трампро муттаҳам кард, ки ҳангоми ибрози нигаронӣ барои эрониён "ашки тимсоҳ" мерезад. Рабеӣ ҳамчунин гуфт, "дар ин рӯзҳое ғамангез, интиқодҳои бисёре ба мақомот сурат гирифтааст. Бархе аз мақомот ҳатто ба дурӯғпароканӣ ва сарпӯш гузоштан муттаҳам шуданд, аммо бо садоқат мегӯям, ки чунин набуд," – иброз дошт ӯ дар телевизиони давлатии Эрон.

Дар ҳавопаймои украинӣ 82 эронӣ, 57 табааи Канада, 11 украинӣ, 10 шведӣ, даҳ афғон, се олмонӣ ва се бритониёӣ буданд. Эрон аз Канада ва Украина даъват кардааст, ки дар таҳқиқоти сарнагун шудани ҳавопаймо ширкат кунанд.

Вазири умури хориҷии Украина ба "Рейтерз" гуфт, 16-уми январ бо ҳамтоёни худ аз панҷ "кишвари ғамзада" дидор хоҳад кард, то дар бораи таҳқиқот ва ҳамчунин иқдомоти қонунӣ ва ҷуброни хисорот гуфтугӯ кунанд.

Канада гуфтааст, ба ҳимоят аз хонаводаҳои қурбониён як гуруҳи ҳамоҳангсозро ташкил кард. Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада, рӯзи 12-уми январ ҳангоми ёдоварӣ аз қурбониёни ҳодиса қавл дод, ки барои қурбониён адолатро ҷустуҷӯ мекунад.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, Киев умед дорад, ҷасади 11 украиниро то поёни ин ҳафта ба ватан баргардонад, то пайвандонашон бо онҳо видоъ кунанд. Нӯҳ украинӣ ҳайати экипаж буданд, ду нафари дигар мусофир.

Амиралӣ Ҳоҷизода, раиси бахши ҳавонавардии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, рӯзи 11-уми январ гуфт, ки гуруҳи вай масъулияти пурраи ин фоҷиаро мепазирад.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG