Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"То напурсанд, посух намегӯяд." Ваъдаи Путин пас аз як ҳафтаи қатли Қобилҷон


Владимир Путин
Владимир Путин

Пас аз як ҳафтаи қатли пурсарусадои Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик дар вилояти Маскав, президенти Русия Владимир Путин дар ин бора забон боз кард. Зоҳиран зери фишори вокуниши васеи ҷомеаи Тоҷикистону кишварҳои дигари минтақа.

Ӯ рӯзи 22-юми декабр ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ваъда дод, ки гунаҳкорон ҷазои сазовор мегиранд: “Амалиёти террористӣ бахусус нисбат ба кӯдакон бисёр ҷинояти нафратангез аст. Бешубҳа, таҳқиқоти комил сурат мегирад ва гунаҳкорон, агар чанд нафар бошанд, ҷазои сазовор хоҳанд гирифт."

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Агарчӣ дар гузашта ин қабил ҷиноятҳо нисбат ба тоҷикон дар Русия борҳо рух додааст, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ин ҳодиса ғайримунтазира буд: “Албатта, ончӣ ки рух дод, ғайриинтизор буд. Ин гуна ҷинояткорон дар ҷаҳон ба қадри кофӣ вуҷуд доранд. Мо ҳоло дар як дунёи бисёр печида зиндагӣ мекунем.”

Мулоқот рӯзи 22-юми декабр дар шаҳри Санкт-Петербург ва 6 рӯз баъд аз қатли Қобилҷон Алиев ва сукути раҳбарони Русия сурат гирифт. Қатле дар заминаи бегонаситезӣ, ки хашми ҷомеаи Тоҷикистон ва минтақаро барангехт.

"Ин кишвари демократӣ нест, ки ҳукуматаш посухгӯ бошад"

Валентина Чупик
Валентина Чупик

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, мегӯяд, “чаро пас аз як ҳафта? Агар суҳбат бо Раҳмон ҳамон рӯз сурат мегирифт, Путин ҳамон рӯз айни гапро мегуфт. Агар ду сол баъд бо Раҳмон гап мезад, ду сол баъд мегуфт. То замоне ки ба ӯ суол надиҳанд, посух намегӯяд. Эътироф ҳам намекунад. Ин кишвари демократӣ нест, ки ҳукуматаш посухгӯи ҳарчӣ дар он мегузарад, бошад."

Шаш рӯз пеш аз мулоқоти Путину Раҳмон, як навраси 15-солаи рус дар рӯзи рӯшан ба мактаб ворид шуду посбони он ва кӯдаки тоҷикро корд зад. Посбон захмӣ, кӯдак кушта шуд. Ҳамлавар аввал аз кӯдакони ларзон мепурсид, ки миллаташон чист? Ҷиноят дигарбора мушкили муҳоҷирситезиву миллатгароиро дар Русия аёнтар кард ва ба сархати расонаҳои зиёде кашид.

Аз ҷумла дар телевизиони Боку ТВ, ки хабарнигораш чунин мегӯяд: “Фоҷиа дар Одинтсово пайомади рӯшани ташвиқи зӯроварӣ ва таҳаммулнопазирии милливу динӣ аст, ки солҳои охир матбуоти Русия доман мезанад ва ин то ба шовинизм ва бегонаситезии ошкоро расидааст."

"Ончӣ иттифоқ афтод, натиҷаи бегонаситезӣ аст"

Сиёсате, ки ба гуфтаи Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик, дар Русия ҳоло ба сатҳи давлатӣ расида, ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа асар гузоштааст. Ӯ ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст: “Сабаби аслии ончӣ ки иттифоқ афтод, афзоиши бегонаситезӣ ва нафрат ба муҳоҷирон дар ҷомеаи муосири Русия аст."

Ӯ афзудааст: "Агарчӣ дар гузашта дар Русия бегонаситезӣ дар ҷомеа нисбатан пинҳон буд ва дар расонаҳои алоҳидаву созмонҳо ташвиқ мешуд, ҳоло ба як бахши сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Ин таркиб, яъне давлат ва созмонҳои ғайриҳукумативу матбуоти таҳти ҳимояти давлат сабаби афзоиши бесобиқаи нафрат ба бегонагон дар ҷомеаи Русия шудааст.”

Ҳазорон нафар аз кишварҳои гуногун дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба модари Қобилҷон Алиев, додари ӯ ва мардуми Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ карданд. Ба назар мерасад, мотами васеъ Путин ва Раҳмонро ҳам ба сухан овард.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Путин дар бораи қатли Қобилҷон чӣ гуфт?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00
XS
SM
MD
LG