Додгоҳи таҷдиди назар дар Қазоқистон ба баррасии шикояти Файзулло Тӯйчиеви 31-сола сар кардааст. Ин шаҳрванди Тоҷикистон дар моҳи июли имсол бо гуноҳи куштори як зан ва дуздӣ дар вилояти Ҷамбули Қазоқистон ба 16 сол зиндон маҳкум шуд, вале худашу пайвандонаш ҳукмро беасос дониста, бозбинии онро хостанд.
Сайдулло Тӯйчиев, падари Файзулло, моҳи сентябри имсол дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ барои баррасии қазияи писараш ва раҳоии ӯ аз зиндони Қазоқистон аз раисҷумҳури Тоҷикистон ва ниҳодҳои дигар мадад хост. Дар ҳоле ки мақомоти тоҷик то кунун вокуниш накарданд, Додситонии кул ва Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон ба номаҳои Радиои Озодӣ дар бораи Файзулло Тӯйчиев посух доданд.
Бино ба номаи Додситонии кулли Қазоқистон аз 13-уми ноябри имсол, "ҳайати Додгоҳи таҷдиди назар далелҳои шахси муттаҳамро ҳамаҷониба ва воқеъбинона баррасӣ мекунад ва додситону ҳайати додрасҳои масъули парванда баҳои муносиби ҳуқуқӣ хоҳанд дод."
Берик Абилов, додситони минтақаи Ҷамбули Қазоқистон, дар паёми расмӣ ба Бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, Файзулло Тӯйчиев феълан дар Боздоштгоҳи рақами 67 дар шаҳри Тароз нигоҳ дошта мешавад. "Додситонҳо чанд дафъа ӯро диданд, аммо дар бораи вазъи саломаташ ягон шикоят нашудааст," – афзуд ӯ.
Абилов ҳамзамон иддаои шиканҷа шудани шаҳрванди Тоҷикистонро рад кардааст: "Додситонии шаҳри Тароз шикоятро дар бораи шиканҷа шудани Тӯйчиев аз сӯйи маъмурони пулис санҷид. Бинобар набудани далел, парвандаи ҷиноӣ аз 9-уми январи соли 2025 баста шуд."
Посухи ба ҳамин монанд аз Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон расидааст. Дар ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "пизишкон дар бадани ӯ ҷароҳатеро наёфтанд." Ин дар ҳолест, ки Сайдулло Тӯйчиев, падари Файзулло, моҳи сентябри имсол гуфт, "лабҳои бачаам варам карда буд" ва "се дандонашро зада шикастаанд".
Файзулло Тӯйчиев дар моҳи октябри соли 2024 дар Қазоқистон дастгир шуд. Падараш мегӯяд, ин ҳодиса пас аз он рух дод, ки ӯву писараш ҳамроҳи арӯси хонадон баъди ронда шудани Файзулло Тӯйчиев аз Русия дар ҷустуҷӯйи кору даромад ба Қазоқистон рафта буданд.
Нақли падари Файзулло Тӯйчиев:
Қазоқистон баъд аз Русия дуюмин кишварест, ки дар он муҳоҷирони кории тоҷик зиёданд ва душвории будубошу кори онҳо низ борҳо расонаӣ гардидааст.
Пештар чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистон зиндонӣ шуда, хоҳони дахолати мақомот ба сарнавишти онҳо гардиданд. Гурӯҳе ҳам хостаанд, ки барои адои ҷазо ба Тоҷикистон фиристода дода шаванд, вале мақомоти тоҷик расман дар ин бора посух надодаанд.