Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари мухолифони Озарбойҷон ба иттиҳоми "тавтеа" зидди Алиев боздошт шуд


Ҳизби ҷабҳаи халқ дар Озарбойҷон мегӯяд, мақомҳои амниятии ин кишвар Алӣ Каримлӣ, раҳбари ин ҳизбро, ки аслитарин ҳизби мухолифи ҳукумат аст, пас аз юриш ба хонааш дар Боку, боздошт кардаанд.

Бар пояи эъломияи ин ҳизб, нерӯҳои амниятӣ рӯзи 30 ноябр вориди манзили Алӣ Каримлӣ шуданд ва пас аз тафтиши хона, ӯро бо худ бурданд. Як рӯз баъд, ҳизб эълон кард, ҳеч маълумоте аз сарнавишт ва ҷойи нигаҳдории ӯ надорад.

Ҳамзамон додгоҳе дар Боку рӯзи 1 декабр дастури ҳабси муваққати ӯро содир кард. Вакилони дифои Алӣ Каримлӣ гузориш додаанд, ки додгоҳ ӯро пас аз муттаҳам шудан ба тавтеа барои сарнагунии раисҷумҳур Илҳом Алиев, иттиҳоме ки метавонад муҷозоти ҳабси абад дошта бошад, то 13 феврали соли 2026 дар боздошт нигаҳ медорад.

Тибқи гузоришҳо, маҳали зиндагии шумори дигаре аз аъзои баландпояи ин ҳизб низ мавриди бозрасӣ қарор гирифтааст ва сипас онҳо ҳам нопадид шуданд.

Туран Иброҳим, фарзанди Муҳаммад Иброҳим, узви ҳайати раҳбарии ҳизб дар сафҳаи фейсбукаш навишт, беш аз даҳ корманди амният вориди хонаи падараш шуда, телефони ҳамроҳ ва роёнаи (ноутб) ӯро гирифтанд ва ӯро ба макони номаълум интиқол доданд.

Бархе дигар аз фаъолони ин ҳизб низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз "таъқиб" ва "таҳдид" ва "озор" хабар додаанд.

Хадамоти амнияти давлатӣ ва Вазорати корҳои дохилии Озарбойҷон ба пурсишҳои бахши озарбойҷонии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ посухе надоданд.

Расонаҳои давлатӣ дар Боку иддао карданд, ки боздошти Каримлӣ дар доираи як парвандаи ҷиноӣ сурат гирифтааст. Аммо ин расонаҳо ҷузъиёти бештар ироа накардаанд.

Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як мақоми давлатӣ, ки аз ӯ ном бурда нашудааст, боздошти Каримлиро бо парвандаи ҷорӣ алайҳи Ромиз Меҳдиев рабт додааст. Чеҳрае, ки солҳо аз наздикони Ҳайдар Алиев, раисҷумҳури пешини Озарбойҷон ба шумор мерафт.

Ҳайдар Алиев то пеш аз даргузашташ дар соли 2003, қудратро дар ихтиёр дошт ва пас аз ӯ писараш Илҳом Алиев ба мақоми президентӣ расид. Ҳукумати ӯ дар ду даҳсолаи ахир даҳҳо рӯзноманигори мустақил, фаъоли шаҳрвандӣ ва чеҳраи мухолифро боздошт кардааст.

Мақомҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон мегӯянд, озодиҳои асосӣ дар ин кишвар риоя мешавад ва "ҳеч кас бинобар фаъолиятҳои сиёсиаш ё дидгоҳи интиқодӣ" таҳти таъқиб қарор намегирад.

Ҳизби Ҷабҳаи халқ дар баёнияе гуфтааст, мусоҳибаҳои ахири Алӣ Каримлӣ бо расонаҳои хориҷӣ "ҳукумати Илҳом Алиевро нигарон кардааст" ва ин амалиёт "марҳилаи нав дар сахттар шудани саркӯбҳои сиёсӣ" дар кишвар аст.

Сеймур Ҳази, муовини раиси ҳизб дар гуфтугӯ бо Радиои Аврупои Озод Радиои Озоодӣ гуфт, "ҳадаф аз рабт додани ин боздоштҳо бо парвандаи Рамиз Меҳдиев, хадшадор кардани эътибори Алӣ Каримлӣ аст. Худашон наздик ба 30 сол бо Меҳдиев ҳамкорӣ кардаанд. Ин иттиҳомот ба мо намечаспанд".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG