Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷаби Мирзо. Варта. Чаро диктатура ҳам акнун хавфнок мешавад?


Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус, ҳоло фақат як хоҳиши худро иҷро кард. Қотеона пеш аз интихобот гуфт, ки курсиро ба касе доданӣ нест ва феълан надодааст. Аммо дар доираҳои таҳлиливу коршиносӣ сахт бовар доранд, ки сенарияи эҳтимолии сарнагунсозии президенти аллакай шашумбораи Беларус дигар навишта шудааст ва ӯ хоҳад ё не, як рӯз ба он рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Ҳаводиси ахири ин кишвари қораи Аврупоро мешавад ба рӯзҳои ахири суқути Шӯравӣ монанд кард, ки гардиши таърихии сиёсати ҷаҳонӣ гардида буд. Он замон низ, агар ёдатон ҳаст, раҳбароне буданд, ки аз курсӣ рафтан намехостанд. Президентшавии "котибони якум" аз ҳамон давра ба муд табдил ёфт. Ба таври дигар, раҳбарони коммунист фикр доштанд, ки танҳо бо табдили ном дар курсиҳои худ метавонанд солҳои тӯлонӣ худро дар мансабҳои аввали ҷумҳуриҳои тобеи СССР ҳифз намоянд. Аммо зеҳнашон ба ин намерасид, ки дунё дар рӯ ба рӯи гардишҳои нав қарор дорад ва танҳо бо “бозсозии зоҳирӣ” ба ин майлонҳо расидан имкон надорад.

“Президенти ҷавонам, кор карда метавонам”, ки пас аз суханронии Қаҳҳор Маҳкамов мардум шӯхиомез байни худ мегуфтанд, воқеияти он рӯзҳо буд. Одамон шояд аслан ба умқи шӯхиҳои худ сарфаҳм намерафтанд. Ҳамчунон бархеҳо баъд бо ҳасрат “таҳдид”-и пеш аз тарки курсӣ намудани Маҳкамовро ба ёд меоварданд: “Ман меравам, аммо шумо пушаймон мешавед!”

Инро нафаре мегуфт, ки дар аҳди ӯ аввалин бор хуни тоҷик бо силоҳи низомиёни давлат рехта шуд. Бигзор артиши Лукашенко феълан мисли баҳманмоҳи соли 1990-и Душанбе ҷони 24 нафарро нагирифтааст. Дар ҳаводиси ахири Минск ҳоло танҳо аз як кушта хабар дода мешавад. Аммо бори нахуст ба муқобили режим тазоҳуроти ҷиддӣ сурат гирифт. Ин паём ва ҳушдори бисёр ҷиддист. Ин аст, ки ҳоло баъзеҳо мегӯянд, агар баҳори соли 1991 “Набиеви тарсончак” майдони Шаҳидонро аз “тӯдаи исломиҳо” холӣ мекард, аз ҷанги бародаркуш пешгирӣ мешуд. Андешаи омиёна. Баррасии фаротару ҷиддитар мехоҳад. Ҳоло баҳси аслӣ ин нест. Фосилаи ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 1990 ва баҳори соли 1992-ро ҳисоб намоед. Камобеш як сол аст. Як соле, ки дар ҳукумат муҳокимаи ҷиддиву бунёдӣ сурат нагирифт. Ё чунин имкон наёфт...

Аз ин пеш, тавре гуфтем, Маҳкамов низ ҳукумати худро дар зӯри силоҳ нишон доданӣ буд, ҳарчанд баъд мегуфт фармони тиркушоӣ ба ӯ мансуб нест. Дигар ин муҳим ҳисобида нашуд, чун раванди ҳодисаҳоро аз реша баррасӣ накард.

Лукашенко ҳам феълан асоси ҳукумати худро артиш ва ниҳодҳои қудратӣ ҳисобидаву дар симои онҳо ҳампаймон ёфтааст. Аз ин ҷост, ки мешавад гуфт, худро барои чанд муддат ором намуд.

Дар асл, агар ӯ сиёсатмадори қавӣ мебуд ва ба ниҳодҳои ҳукумати 26-солаи худ бовар медошт, як маъракаи воқеии интихоботӣ анҷом медод ва зарфиятҳои давлати худро месанҷид. Агар дар 26 сол низоми собити давлатдорӣ насохт, оё бовар кардан мумкин аст, ки дар панҷ соли пешорӯи бӯҳронӣ имкони таҳияи онро пайдо мекунад?

Ба ҷои маъракаи нишонгари воқеиятҳои кишвараш, Лукашенко беҳтар донист шоуи сиёсие ташкил намояд. Рақибони то ҷое тавонмандаш Бабарико ва Тихановскийро пешопеши интихобот пушти панҷара бурд. Аммо як “занаки хонашин” бо ӯву ҳукуматаш чӣ кард? Тасаввур намоед, ки дар мубориза бо ӯ, агар чанд ҳарифи ҷиддӣ қарор мегирифт, ҳоло чӣ аҳвол дошт ва дар куҷо буд?

Барои диктаторҳо ин саволи стратегист: пас аз ҳукумат ҷойи ман куҷо хоҳад буд?

Таърих нафареро аз ин қишр ёд надорад, ки осуда ва бо марги худ дунёро тарк гуфта бошад. Маҳбас, фирор аз ватан ё қатли ваҳшиёна – тақдири диктаторҳо то айни замон дар ҳаминҳо будааст.

Туркманбошӣ ҳатто имкон наёфт, дороиҳои ҷамъовардаашро ба хориҷа интиқол диҳад. Муҳофизи шахсиашро, ки ин корро бояд анҷом медод, боздоштанду ба маҳбас кашиданд. Тасаввур намоед, инро як ҳукумати мухолифон не, атрофиёни пешинаш карданд. Китобу дастурҳои ӯ ҳам акнун ба касе даркор нест. Ҳайкали тилоиаш ҳам дигар баробари гардиши офтоб чарх намезанад. Номи моҳу рӯзҳои ҳафтаро, ки ба номи пайвандонаш монда буд, ба асли худ баргардониданд...

Тақдири Ҳайдар Алиев дар Озарбойҷон, ки писарашро ба курсии худ нишонд, сабабу омилҳои дигар дорад. Гуфтан мумкин нест, ки Илҳом Алиев кафолати садфоизаро соҳиб шудааст. Дунё акнун дар пешорӯи интихоби дигарест ва дар ин моваро нафт чандон муҳим ба назар намерасад.

Қаҳҳор Маҳкамов худро баъд шояд марди хушбахт меҳисобид, ки бо Волга ГАЗ-24-и худ дар кӯчаҳои Душанбе сайругашт карда метавонад. Ҳатто нафаре, ки дар феврали соли 1990 ӯро бо калуш зада буд, тавре баъдан худаш нақл кард, дар куҷое ӯро дида, бахшиш пурсидааст. Ҷанозааш ҳам пуродам буд. Зеро ҳадафи зиндагӣ ва фаъолиятҳояшро ба ҷамъ овардани сарвату дороӣ қарор надод...

Вобаста ба ин, Лукашенко шояд ба ин суханони худаш бовар намекунад, вақте мегӯяд, ки “ман мисли Янукович пул ҷамъ наовардаам, ки ҳоло ба Русия бираваму зиндагии роҳат дошта бошам”. Агар не, як бор аз Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон, ки ба ӯ сарпаноҳ додааст, бипурсад, ки ҳамаи дороиҳои бешумори ӯву Максими писараш, ки дар Лондон зиндагии шоҳона дорад, аз куҷост?

Қоидаи умумии диктаторҳо ҳамин аст, ки аз дурӯғгӯӣ шарм намедоранд. Ҳаводиси ахири Беларус нишон дод, ки аслан ҳадафи диктаторҳо “ҳифз кардани давлат” – он тавре гуфтанашро дӯст медоранд, нест. Қаззофӣ, агар ин қадар ватанпараст мешуд, дар рӯзҳои аввали моҷарои Либия қудратро канор мегузошту мегуфт, ки “агар мушкил дар ман аст, инак меравам, аммо ватанамро осуда гузоред!”. Ба ҷои ин, бо таппончаи тиллоӣ дар даруни кадом як қубур пинҳон шуд ва ба таври ваҳшиёна кушта гардид. На худаш зинда монд, на Либия он давлати пешин аст. Ҳам аз нигоҳи сохтори давлатӣ ва ҳам ҷуғрофӣ.

Дар Беларус фақат як “зани хонашин” исбот кард, ки пояҳои ин гуна ҳукуматҳо фалаҷшудаанд ва аз худ ҷуз силоҳ бо чизе ҳимоя карда наметавонанд. Оё як давлати шаклгирифтаву қавӣ танҳо ҳамин як усулро медонад? Бубинед, дар атроф чӣ мегузарад. Ҳатто дар кишварҳои абарқудат ба раҳбарӣ онҳое меоянд, ки якрӯза собиқаи кор дар ҳукуматҳоро надоранд. Ин аст маънои низом ва давлатсозӣ!

Бадбахтӣ дар он аст, ки акнун Лукашенко на танҳо ба худ, балки ба тамоми атрофиёни худ тамғаи “диктатор”-ро зад. Маълум аст, ки одамони оқил худро аз чунин ҳукуматҳо канор мегиранд ва дар ҳайати он будан намехоҳанд. Мушкили аслии ҳукуматҳои ивазнашаванда ҳамин аст, ки шарики доимӣ ва устувор надоранд. Онҳо бисёрии вақт мамлакатро моликияти хусусии худ мепиндоранд. Президент ҳам дар ин гуна давлатҳо барои мардум не, балки мардум барои президенту оила ва атрофиёни ӯ кор мекунанд. Маҳз барои ҳамин онҳо аз курсӣ рафтан намехоҳанд, зеро аз “роҳат” (комфорт) дур шуданӣ нестанд. Институти интихобот дар чунин ҳукуматҳо расмиёте беш нест ва танҳо ба хотири машрӯият додани ҳукумати онҳо хидмат мекунад. Фаромӯш набояд кард, ки меъёрҳои машрӯият ҳоло дигаргун шудаанд. Бардошт аз сиёсатҳои ҷаҳонӣ ҳоло ҳаминро бозгӯ мекунанд.

Ин ки мегӯянд дар ҳодисаҳои ахири Беларус ва кишварҳое мисли он дасти хориҷӣ бештар ба назар мерасад, шояд дар худ ҳақиқатҳое дорад. Вале инро бояд ба назар гирифт, ки “дасти хориҷӣ” вокунишу эътирозест ба чунин тарзи раҳбарӣ, ки ба сиёсатҳои замони нав муносиб нестанд. Ҳарчанд дар маъракаҳои интихоботии Беларус Лукашенко аз ин пеш ҳам “дасти хориҷӣ” пайдо карданӣ мешуд. Ё Украина, ё Русия, ё кишварҳои ғарбиро муттаҳам мекард, ки ба ҳукумати ӯ “чашм ало кардаанд”. Ягон интихоботе надошт, ки ин ё он кишвари хориҷиро “душман”-и худ эълон накарда бошад. Аммо дар ҳамин 26 соли раҳбарии ӯ чанд нафар номзадҳои қавии президентӣ “гум” шуданд? Юрий Захаренко ва Виктор Гончар, ки як замон ҳамсафони ӯ будаву баъдан даъвои президентӣ намуданд, куҷо шуданд? Аз ҳамин ҷост, ки барои хонум Тихановская роҳкушоӣ намудану пас аз “қироати муроҷиатнома” якбора дар Литва пайдо шудани ӯро, барояш хушбахтӣ меҳисобанд, вагарна эҳтимол дошт, ки ӯ ҳам “гум шавад”. Барои як бонуе, ки мегуфт аслан пешвои сиёсӣ нест, балки рамзи эътирози белорусиҳост. Шавҳарашро пеш аз интихобот ба зиндон андохтанд ва пас аз фирораш аз Белорус ин хонум бисёр маънидор гуфт, ки “ояндаи фарзандонро бояд фикр кард”.

Аз ҳамин ҷост, ки мардуми ҷамъшуда дар кӯчаҳои Минск ва шаҳрҳои дигар ин бонуи аз сиёсат дурро сахт нагирифтанд ва ба хиёнат ҳукм накарданд. Вале белорусиҳои ҷамъшуда дар майдонро то ҳанӯз қаҳрамон меҳисобанд. Чун онҳо медонистанд, ки ин эътирозашон бо чӣ меанҷомад ва Лукашенко омода аст ҳамон қадар хунеро бирезонад, ки барои бақои ҳукуматаш зарур аст. Дертар ошкор гашт, ки афсарони амният ӯро аз кишавр берун бурдаанд. Паёми видеоии ӯ дар коргоҳи раиси комиссияи интихоботӣ ва ҳатман зери фишор сабт шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Лукашенко ба сохторҳои қудратии худ сахт такя намуда, як воқеиятро фаромӯш кардааст: ӯ акнун аз генералитети ҳукумати худ вобастагии садфоиза дорад!

Дигар хел шуданаш имкон надорад. Акнун ӯ иттифоқчиву шарики дигаре ҷуз онҳо нахоҳад дошт. Вале танҳо дар такя ба онҳо мардумро хӯронидану пӯшонидан мумкин аст? Иқтисоди кишвар, ки аксари вақт бо фурӯши маҳсулот дар Русия чарх мезад, акнун дар пояи чӣ фаъол хоҳад буд? Шоуи “зиддипутинӣ”, ки дар интихоботаш истифода кард ва шояд ба ин восита мехост “муҳаббати” Ғарбро ба бор орад, натиҷа надод. Ҷиддӣ нагирифтанд ва бовар накарданд. Баръакс шиори “диктатори охирини аврупоӣ” шояд дар маҳфилҳои сиёсии Ғарб бештару ҷиддитар садо диҳад. Захираҳои Лукашенко, ки қаблан ӯро бархе як сиёсатмадори зирак медонистанд, ба назар мерасад тамом шуд. Қоида ҳамин аст, чун аз ҳад зиёд дар қудрат буд, тамоми қартаҳояшро бозигарони аслии сиёсӣ хуб шинохтанд. Белорусҳо низ.

Ин ҳам воқеият аст: касе ба ӯ ошкор гуфта наметавонад, ки “аз ҳад гузашт, акнун бирав”! Манзур дар хориҷи кишвар аст. Мардуми дохил гапи худро аллакай гуфтанд ва ин ибтидо дониста мешавад.

Касе ҳам барояш ягон хел кафолат дода наметавонад ва шояд барои чунинҳо ин гуна кафолат дигар аслан вуҷуд надорад.

Ӯ медонад, ки аз ду курсӣ бояд якеро интихоб намояд: ё ҳукумат то марг, ё ҳабси абад!

Маълум аст, ки худаш курсиро холӣ намекунад. Вале таҳлилгарон ин фарзияро аз эҳтимол дур намедонанд, ки як рӯз дар экранҳои ТВ раиси кумитаи амнияти Беларус, ё кадом генерали дигар пайдо мешаваду аз “боздошти президенти собиқ барои ҷиноятҳои вазнин” хабар хоҳад дод. Дар шакли сабуктар, ин вариант ҳам вуҷуд дорад, ки барояш билети якбора ба Чинро хоҳанд гирифт. Жириновский, ки ӯро сухангӯи ғайрирасмии Кремл ҳам мегӯянд, аллакай эълом намуд, ки дери дер то охири соли 2021 Лукашенко аз кишвар фирор хоҳад кард.

Президенти Беларус ин хавфро эҳсос мекунад. Соле пеш беҳуда сардори амнияти шахсиашро барои ҳамкорӣ бо Хадамоти амнияти федералии Русия ба зиндон наандохт. Аслан ҳаводиси ахир метавонад бозии генералитети амниятиву низомиаш бошад. Ба ҳар сурат, то моҳи май – июн ӯ хеле боҷуръат дар сӯҳбат бо мардум пайдо мешуд ва ҳатто мехост бӯҳрони коронавирусро ба масхара бигирад. Вазъият якбора тағйир ёфт. Шояд генералитет барояш арқому маълумотеро махсус пешниҳод карданд, ки ӯро ба ташвиш биёранд? Паёмеро, ки пешопеши интихоботаш ба мардуму вакилони парлумон ироа намуд, дар таърихи сиёсии ин мамлакат бесобиқа буд. “Ошкоргӯиҳояш” низ. Аз ин бештар, эҳсос мешуд, ки ё сахт асабист, ё толор сахт гарм аст, ки зуд-зуд арақи сару гарданашро пок мекард. Шояд гап дар бораи толори онрӯза ҳам набуд, чун имкон надорад, ки дар чунин маъракаҳо кондитсионер набошад, хоса дар пеши президент...

Овоздиҳии пешакӣ, ки бо баҳонаҳои зиёд онро роҳандозӣ кард, шояд ба як хотир буд: ӯ чандон бовар надошт, ки мардум барояш овози заруриро хоҳанд дод. Аммо тақаллуби “овоздиҳии пешакӣ” мушкили хос надорад...

Хулоса, ҳоло мешавад гуфт, ки Лукашенко худро фақат аз як “бало”, агар он тавре тасаввур мекарду воқеан вуҷуд дошт, халос кард. Дар пеш ӯро чӣ тақдире интизор дорад, гуфтан душвор аст. Аз рӯи баҳову хулосаи таҳлилгарон як чизро мешавад тахмин зад: ӯ ҳатто имкони пас аз худ ба ворисаш вогузоштани ҳукуматро пайдо намекунад!

Ба қудрат овардани писар ба ҷои падарро шояд дар як мамлакати ғарбӣ на мардум ва на атрофиён напазиранд. Аз мансабдорони феълӣ танҳо номи вазири корҳои хориҷӣ Владимир Макеяро мегиранд, ки ба таври бесобиқа барои диктаторҳо, аз аввалҳои соли 2000-ум дар тими ӯ боқӣ мондааст (ба сифати ёрдамчӣ, роҳбари дастгоҳ ва аз соли 2012 вазири корҳои хориҷӣ). Ҳамзамон собиқаи 12-солаи корӣ дар Қувваҳои мусаллаҳро дорад, ки барои як кишвари диктаторӣ ин меъёри муҳим аст. Шояд сабаби дар бораи ин ворис ошкоро сӯҳбат накардани Лукашенко тарс аз генералҳои дигараш бошад, ки метавонанд аз ин тасмимаш норозӣ бошанд ва балои дигареро ба сараш биёранд.

“Балои дигар” барои диктатура варта ном дорад, ки на мешавад ба касе бовар кард, на ҷои рафтан пайдо намуд. “Ҳифзи давлат” ва “низомсозӣ”-и онҳо то ҳамин ҷо идома меёбад.

Тамом...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG