Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо аз чаҳор гӯшаи ҷаҳон – ба оғози кори Роғун. ВИДЕО


Фаъол шудани чархаи аввали нирӯгоҳи Роғун, ки дастикам дар чиҳил соли гузашта чандин садди сиёсиву иқтисодӣ ва ташхиси байналмилалиро гузаштааст, бо вокунишҳои асосан мусбат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хориҷӣ рӯ ба рӯ шуд.

  • Корбарони тоҷик дар интернет оғози кори Роғунро поёни торикӣ дар кишвар номида ва хостори ҳарчи зуд ба кор даровардани чархаҳои дигари нирӯгоҳ шудаанд. Расонаҳои хориҷӣ дар навбати худ бештар ба баландии садди нирӯгоҳи Роғун ва аҳамияти минтақавии он таваҷҷуҳ кардаанд.
Бовар дорем, сохтмони нирӯгоҳ бар асоси муваффақона анҷом меёбад ва ин ба густариши робитаҳои байни Русияву Тоҷикистон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид
Сафири Русия дар Тоҷикистон

Чархаи аввали нирӯгоҳи Роғун пас аз зуҳри 16-уми ноябр ба кор даромад. То кунун ZDF-и Олмон, Евронюс, Би-би-сӣ, NHK-и Ҷопон, НТВ, "Россия 24" ва шабакаҳои дигари Русия ва даҳҳо вебсайти дигар дар ин бора гузориш доданд.

Телевизиони ZDF-и Олмон дар гузориши худ гуфт, "садди 335-метрӣ дар ҳудуди кишвари Шӯравии собиқ феълан садди баландтарин дар ҷаҳон аст”. "Евронюс" гузориш дод, ки аз соли 2008 ба ин тараф дар сохтмони нирӯгоҳ беш аз 1,5 миллиард доллар харҷ шудааст.

Русия Роғунро "тарҳи бузурги миллӣ" номид

Игор Лякин Фролов
Игор Лякин Фролов

Намояндагони чанд кишвари хориҷӣ дар Тоҷикистон низ аз фаъол шудани чархаи аввали Роғун тавсиф кардаанд. Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар баёнияи расмӣ ифтитоҳи чархаи аввали Роғунро "лаҳзаи таърихӣ" ва худи нирӯгоҳро "тарҳи бузурги миллӣ" хонд. Сафири Русия гуфт, "бовар дорем, сохтмон нирӯгоҳ тибқи нақша муваффақона анҷом меёбад ва ин ба густариши робитаҳои байни Русияву Тоҷикистон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид."

Кевин Коверт, кордори сафорати Амрико дар Душанбе, дар изҳороти кӯтоҳе гуфт, ки "бунёди Роғун имкон медиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон ба барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дастрасӣ дошта бошанд". Вай афзудааст, "аз ин нирӯи барқ дар Узбекистону Афғонистон ва кулли минтақа низ истифода хоҳад шуд".

Бозигари бозори барқи минтақа?

Намояндагони баъзе аз корпусҳои дипломатӣ дар Тоҷикистон. Шоми 16-уми ноябр, маҳалли сохтмони Роғун
Намояндагони баъзе аз корпусҳои дипломатӣ дар Тоҷикистон. Шоми 16-уми ноябр, маҳалли сохтмони Роғун

Бонки Ҷаҳонӣ ҳам эълон кард, "нерӯгоҳи Роғун метавонад ҳамчун асос барои бозори минтақавии нерӯи барқ, ки Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Шарқиро фаро мегирад, хидмат намояд. Ҳамчунин ба ҳамкории байни кишварҳои ҳамсоя дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ, аз қабили идоракунии захираҳои об дар тамоми ҳавзаи Амударё мусоидат кунад."

Даҳҳо корбари шабакаҳои иҷтимоӣ аз дохил ва хориҷи Тоҷикистон изҳори умед кардаанд, ки бунёди Роғун ба нафъи мардум хоҳад буд ва пеш аз ҳама лимит ё маҳдудияти нирӯи барқро аз байн хоҳад бурд. Бархе дигар аз корбарон дар баробари ситоиш аз ин тарҳ ин сулро матраҳ кардаанд, ки сокинон фоидаи саҳимяҳои худро кай хоҳанд гирифт?

Умеди тоҷикон ба пурра фаъол шудани Роғун

Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон, дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, "хабари хуш аз Ватан. Имрӯз нахустин воҳиди нерӯгоҳи барқии Роғун ба кор шурӯъ кард! Ин дастовардро барои тамоми миллати наҷиби тоҷик хуҷаста бод мегӯям. Умедворам воҳидҳои боқимондаро низ дар асраъи вақт ба истифода хоҳанд дод."

Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик, дар Фейсбук навишт, бо фаъол кардани як агрегат мушкили бебарқӣ дар кишвар комилан ҳал нахоҳад шуд, вале изҳори умед кардааст, "ин қадами аввалин барои аз байн бурдани лимити барқ барои аҳолии кишвар мусоидат мекунад".

“Зина ба зина дигар агрегатҳои Роғун сохта ва ба истифода дода хоҳад шуд. Хуб дарк мекунам, ки бо бунёди даҳҳо Роғун шояд мушкили бебарқӣ пурра аз байн бурда нашавад, зеро то системаи гармидиҳӣ барқарор карда нашавад, талабот ба барқ боқӣ мемонад. Вале, умед дорам, ба инқилоби пурраи энержӣ хоҳем расид”, - афзудааст Файзиннисо Воҳидова.

"Аз тарҳҳои гуруҳӣ даст кашед, ба тарҳҳои миллӣ рӯ оред"

Иршод Сулаймонӣ, хабарнигори тоҷик, гуфтааст, "тарҳҳои миллӣ (Роғун намунааш) миллатро ба ҳам меоранд ва моро зудтар миллати босаодат мекунанд. Ин аст, ки бояд аз тарҳҳои хонаводагӣ, гуруҳӣ, инҳисорӣ даст бардошт ва ба сӯи саодати миллӣ гом ниҳод!”

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 16-уми ноябр нирӯгоҳи Роғунро "омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва зиндагии осудаи мардум" донист. Ӯ гуфт, бо фаъол кардани чархаи нахустини нирӯгоҳи Роғун, Тоҷикистон ба иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегиаш наздик шудааст.

Вазирони тоҷик бо либоси сохтмончӣ

Рӯзи 16-уми ноябр маҳалли сохтмони Роғун хеле серодам буд. Раиси ҷумҳур дар ҳузури тақрибан 10 ҳазор нафар аз кормандони Роғун, кормандони мақомот ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ бо ибрози “Бисмиллоҳи раҳмонир раҳим” чархаи аввали нирӯгоҳи “Роғун”-ро ба кор даровард.

Бархе аз мақомдорони баландпоя аз ҷумла Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раиси ҷумҳур дар умури робита бо ҷомеа бо либоси коргарӣ меҳмонҳоро қабул карданд. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон низ дар тан либоси сохтмончиро доштанд.

Ба маросими ифтитоҳи Роғун чеҳраҳои собиқу феълии ҳукумат даъват шуда буданд. Дар ин маросим Муродалӣ Алимардон, собиқ муовини нахуствазир ва раиси феълии бонки “Агроинвестбонк” ва Гул Шералӣ, вазири пешини энержӣ иштирок доштанд.

Шебу фарози Роғун

Нирӯгоҳи Роғун аз 6 чарха иборат аст ва дар сурати такмили он солона то 17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, на танҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои манотиқи Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд. Сарбанди обанбори Роғун бо 335 метр баландӣ бузургтарин дарғоти ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Қарор аст, чархаи дувуми Роғун моҳи апрели соли 2019 ба гардиш ояд.

Лоиҳаи нирӯгоҳи Роғун ҳанӯз аз замони Шӯравӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ дар он вақт оғоз шуда буд. Аммо ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шурӯъ кард.

Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 1-уми июли соли 2016 бо ширкати итолиёвии "Салини Импреҷило" (Salini Impregilo SpA) созишнома имзо кард. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, маблағи умумии ин созишнома 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Танҳо маблағи сохтмони садди асосии нерӯгоҳ ба 1 милларду 950 миллион доллар ҳисоб шудааст. Тоҷикистон барои сармоягузории муҳимтарин тарҳаш – нерӯгоҳи Роғун соли гузашта тасмим гирифт, ки 1 миллиард доллар коғазҳои қиматнок ва ё вомбаргҳои давлатӣ нашр кунад. Дар даври нахустин 500 миллион доллари ин вомбаргҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш гузошта шуд.

XS
SM
MD
LG