Ин ҳамлаҳои Арабистони Саудӣ, ки пештар гузориш нашуда буданд, нахустин маврид аз иқдоми низомии ин кишвар дар хоки Эрон ба шумор меравад.
Ба гуфтаи ду мақоми ғарбӣ, ин ҳамлаҳо, ки тавассути нерӯҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ анҷом шуданд, дар охири моҳи март сурат гирифт. Яке аз онҳо гуфт, ин ҳамлаҳо "иқдоми интиқомҷӯёна дар посух ба ҳамла ба Арабистон" будааст.
Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, ки натавонистааст ҳадафҳои дақиқи ин ҳамлаҳоро таъйид кунад.
Дар посух ба дархости "Рейтерз" барои изҳори назар, як мақоми баландпояи Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ ба таври мустақим ба ин суол, ки оё чунин ҳамлаҳое анҷом шудааст ё не, посух надод.
Вазорати корҳои хориҷии Эрон низ ба дархости ин хабаргузорӣ посух надодааст.
Ҳукумати Арабистони Саудӣ, ки робитаҳои низомии танготанг бо Амрико дорад, ба таври суннатӣ барои муҳофизат аз худ ба артиши Амрико такя мекунад.
Ҷанги ахир дар Ховари Миёна боис шуд ин кишвар дар баробари ҳамлаҳо осеб бинад.
Рӯзи 12 май рӯзномаи Wall Street Journal ба нақл аз манбаъҳои огоҳ, аз "ҳамлаҳои низомӣ"-и Имороти Муттаҳидаи Араб ба Эрон дар ҷараёни ҷанг хабар дода буд.
Бар асоси ин гузориш, ин ҳамлаҳо, ки Иморот ба таври ошкор онҳоро тасдиқ накардааст, шомили "ҳамла ба як полоишгоҳ дар ҷазираи Лован"-и Эрон дар халиҷи Форс будааст.
Ба навиштаи Wall Street Journal, ин ҳамла дар аввали моҳи апрел анҷом шудааст. Ин рӯзнома менависад, ин иқдоми Иморот метавонад ин кишварро ба яке аз тарафҳои фаъоли ҷанг табдил диҳад.
Аз замони оғози ҳамлаҳои муштараки Амрико ва Исроил ба Эрон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ беш аз ҳамсояҳои дигар ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии Эрон қарор гирифт. Мақомоти Иморот дар ҷараёни оташбас ҳам аз ҳамлаҳои Эрон хабар доданд.
Гуфтугӯ