Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу: ҷанг бо Эрон ҳанӯз тамом нашудааст

Бенямин Нетаняҳу
Бенямин Нетаняҳу

Нахуствазири Исроил мегӯяд, гарчанде Ҷумҳурии Исломӣ баъди оғози ҳамлаҳои муштараки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил "заъиф" шудааст, аммо ҷанг бо ҳукумати Эрон "ҳанӯз поён наёфтааст". Ин ҳарфҳои Нетаняҳу дар мусоҳиба бо шабакаи CBS садо дод, ки якшанбеи 10-уми май пахш шуд.

Хабарнигори шабакаи CBS дар ин мусоҳиба аз Бенямин Нетаняҳу пурсид, ки "оё ҷанг бо Эрон тамом шудааст? Ва агар не, чӣ касе қарор медиҳад кай поён ёбад?". Нетаняҳу посух дод, ки ин ҳамла дастовардҳои бузурге дошт, аммо ҷанг тамом нашудааст.

Нахуствазири Исроил дар бораи сабаби поён наёфтани ҷанг ҳам гуфт, "ҳанӯз маводи ҳастаӣ ва ураниуми ғанишудае вуҷуд дорад, ки бояд аз Эрон хориҷ шавад. Ҳанӯз таъсисоти ғанисозӣ вуҷуд доранд, ки бояд аз байн бурда шаванд. Ҳанӯз гуруҳҳое ҳастанд, ки Эрон аз онҳо ҳимоят мекунад. Ҳанӯз мушакҳои баллистикӣ вуҷуд доранд ва мехоҳанд боз тавлид кунанд".

Бенямин Нетаняҳу таъкид кард, ки "мо бахши зиёде аз инҳоро заъиф кардаем, аммо ҳамаи инҳо ҳанӯз вуҷуд доранд ва корҳои бештаре боқӣ мондааст".

Ӯ дар бораи чигунагии хориҷ кардани ураниуми ғанишуда аз Эрон низ гуфт, "ворид мешавед ва онро хориҷ мекунед... Дар бораи шеваҳои низомӣ суҳбат намекунам, аммо раисиҷумҳур Доналд Трамп ба ман гуфт: "Мехоҳам вориди он ҷо шавам", ва фикр мекунам аз назари физикӣ қобили анҷом аст. Ин мушкил нест".

Нетаняҳу дар посух ба ин ки агар бо Эрон тавофуқе сурат нагирад, оё метавон бо зӯр захираи ураниуми Эронро хориҷ кард ё не, гуфт: "Шумо ин саволҳоро мепурсед ва ман ҳам аз ҷавоби мустақим гурез мекунам, чун қарор нест дар бораи тавоноиҳо ё барномаҳои низомии худ суҳбат кунем".

Ӯ дар бораи замони анҷоми ин иқдоми эҳтимолӣ низ аз посухи мустақим худдорӣ кард ва танҳо гуфт: "Ҷадвали замонӣ намедиҳам, аммо мегӯям ин як маъмурияти фавқулода муҳим аст".

Доналд Трамп борҳо таъкид кардааст, ки захираи ураниуми ғанишудаи Ҷумҳурии Исломӣ бояд ба хориҷ интиқол дода шавад.

"Муҷтабо Хоманаӣ зинда аст"

Нахуствазири Исроил дар ин мусоҳиба ҳамчунин гуфт, ки бовар дорад Муҷтабо Хоманаӣ, раҳбари севуми Ҷумҳурии Исломӣ, "зинда аст".

Вақте аз ӯ дар бораи вазъи ҷисмонӣ ва мизони нуфузи амалии Муҷтабо Хоманаӣ савол шуд, Нетаняҳу гуфт: "Фикр мекунам ӯ зинда аст. Ин ки вазъияташ чӣ гуна аст, гуфтанаш сахт аст. Медонед, ӯ дар як паноҳгоҳ ё макони махфӣ пинҳон шудааст".

Ӯ ҳамзамон гуфт, ки қудрати Муҷтабо Хоманаӣ дар қиёс ба падараш Алии Хоманаӣ "камтар аст".

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ 28-уми феврали имсол ва дар аввалин мавҷи ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон кушта шуд. Бар асоси гузоришҳо, Муҷтабо Хоманаӣ низ дар ин ҳамла сахт осеб дида, вале ба гуфтаи ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ, "зинда мондааст". Баъди ин Муҷтабо Хоманаӣ дар маҳзари ом дида нашудааст.

Бар асоси гузориши ахири шабакаи CNN, роҳбари нави Ҷумҳурии исломӣ дар маконе номаълум нигаҳдорӣ мешавад ва Амрико ҳанӯз натавонистааст маҳалли ӯро мушаххас кунад.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG