Ба дунболи ӯ дигар роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба Душанбе мерасанд. Мақомоти Тоҷикистон барои мизбонӣ аз роҳбарони кишварҳои ИДМ дар шаҳри Душанбе чораҳои амниятие ҷорӣ кардаанд, ки ҳадди ақал дар чанд соли ахир назир надошт.
Дар дарвозаҳои Душанбе сад (блокпост) гузоштаанд то сокинони минтақаҳо беҳуда вориди пойтахт нашаванд. Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон аз сокинони ин минтақа хост аз 8 то 12 октябр “бе зарурати ҷиддӣ” ба шаҳри Душанбе нараванд, дар акси ҳол "аз дидбонгоҳҳои БДА бозпас гардонида мешаванд".
Айни ҳамин чиз аз сокинони дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ хоста шудааст. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ҳам аз мардуми кишвар хост, ки рӯзҳои 8-12 октябр бе зарурат ба Душанбе сафар накунанд. Ширкати IRS, ки масъули нигаҳбони роҳи Душанбе-Чаноқ аст дар хабарномае гуфт, аз 8 то 10-уми октябр дар ин масир низ маҳдудият ҷорӣ мешавад. “Роҳи мазкур дар маҷмуъ кушода буда, вобаста ба зарурат ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан боздошта мешавад”, - омадааст дар хабарномаи IRS.
Чунин маҳдудият нақшаи кори баъзеҳоро дигар кард. Рустам Носиров, сокини ноҳияи Варзоб рӯзи 8-уми октябр бояд ба минтақаи Шаҳритус мерафт. Аммо мошинҳои таксӣ аз он тараф наомаданд. “Ман чупонам, кор рафтанӣ будам, ки барор нагирифт. Гуфтанд, роҳҳо баста ҳастанд. Мумкин барои ҳамин мошин наомад,”--гуфт ӯ.
Видеоро инҷо бинед:
Тибқи дастури шаҳрдории Душанбе, аз 8 то 12 октябр бозорҳои "Корвон", "Кӯшониён", "Меҳргон", инчунин марказҳои савдои "Панҷшер", "Ганҷина" ва "Садбарг" кор намекунанд. Бозори Корвон, яке аз калонтарин нуқтаҳои савдо дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 8-уми октябр сокиту ором аст. Як рӯз пеш инҷо ба қавле ҷойи сӯзанпартоӣ набуд. Сокинон баъди шунидани хабари баста шудани бозор аз пойтахт ва дигар минтақаҳо барои хариди молу коло ба инҷо омада буданд.
Соҳибкорони бозори “Корвон”, ки то ин вақт дар як ҳафта фақат як рӯз таътил доштанд, акнун чор рӯз бекор мемонанд. Ин вазъ баъзе тоҷиронро нороҳат кардааст, чун мегӯянд, даромадашон кам мешавад. Аммо бархе ин эълонро ором қабул карданд, зеро ба гуфтаашон дигар илоҷ надоранд. Бозори "Корвон" дар канори шаҳри Душанбе ҷойгир шуда, қаблан дар вақти сафари роҳбарони кишварҳо қариб ки баста намешуд.
Дар рӯзҳои сафари Владимир Путин ва дигар роҳбарони ИДМ ба Душанбе, дар пойтахти Тоҷикистон танҳо нуқтаҳои фурӯши хӯрокворӣ кор мекунанд. Аз ҷумла дарҳои бозорҳои "Саховат" ба рӯйи муштариён боз аст, аммо дар паҳлуи он марказҳои савдои "Панҷшер" ва "Ганҷина" баста шудаанд.
Назди фурӯшгоҳи “Садбарг”, ки ҳамарӯза серодам буд, рӯзи 8-уми октябр нимахолӣ асту ба дари мағозаҳо муҳр задаанд. Ба ҷуз фурӯшгоҳи “Садбарг”, дари тамоми нуқтаҳои савдо, аз ҷумла ошхона, мағоза, бонк ва дигар марказҳои хизматрасонӣ дар хиёбони Айнӣ ва то фурудгоҳ баста аст. Мақомот аз қабл эълон кардаанд, ки ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои асосӣ, аз ҷумла хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Айнӣ то чор рӯзи оянда маҳдуд мешавад. Дар чунин шароит сокинони пойтахт маҷбуранд аз дигар тариқ худро ба дарс ва ҷойи кор расонанд. Вазорати маориф эълон кард, ки рӯзҳои нишаст дарс дар мактабу донишгоҳҳои пойтахт қатъ намешавад.
Шарофиддин Холмуродзода, омӯзгори яке аз мактабҳои пойтахт мегӯяд, “аз ҳозир омодагӣ дида истодаем, ки пагоҳ роҳ соати чанд баста мешавад ва аз кадом роҳҳо ба мактаб рафта расем. Ба ҳамаи ин тайёрӣ дидагием.”
Калонтарин масҷидҳои Душанбе низ то охири ин ҳафта ба рӯи намозгузорон баста хоҳад шуд. Ин ибодатгоҳҳо дар рӯзҳои ҷумъа хеле серодам мешаванд. Ба гуфтаи пулис, аз 7 то 12 октябри соли ҷорӣ дар масҷидҳои "Мавлоно Яъқуби Чархӣ", "Сари Осиё", "Абӯ Ҳанифа", "Ҳоҷӣ Исматулло" ва аз санаи 8-ум то 12-уми октябр масҷиди ба номи "Эмом-ал-Бухорӣ", намозҳои ҷамоат барпо намешаванд.
Хиёбонҳои марказии Душанбе бо парчамҳои Тоҷикистону Русия ва аксҳои роҳбарони ду кишвар оро дода шудаанд. Қарор аст Владимир Путин аз 8 то 10 октябр дар Душанбе бимонад. Тибқи эълони расмӣ, Путин бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон вохӯрда, ҳамчунин дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ иштирок намояд. Путин бори ахир соли 2022 ба Тоҷикистон омада буд.
Тибқи эълони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ба ҷуз Владимир Путин ҳамчунин роҳбарони Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Белорус ба Тоҷикистон меоянд.
Бастани роҳҳои марказӣ дар вақти омадани роҳбарони кишварҳо барои сокинони Душанбе нав нест. Аммо ҷорӣ кардани чунин тадбирҳои сахт, аз ҷумла бастани бозор ва фурӯшгоҳҳои калон дар солҳои ахир мушоҳида нашудааст.
Гуфтугӯ