Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рубио дар бораи "хатти поёни ҷанг", НАТО ва зарурати ҳамла ба Эрон

Марко Рубио
Марко Рубио

Котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, поёни ҷанг бо Эрон "дар ҳоли наздик шудан аст".

Марко Рубио рӯзи 1-уми апрел дар мусоҳиба бо шабакаи Fox News гуфт, Вашингтон "хатти поён"-и ҷангро мебинад, аммо ба гуфтаи ӯ "ин иттифоқ имрӯз ё фардо нахоҳад афтод".

"Эрон дар роҳи табдил шудан ба Кореяи Шимолии баъдӣ буд, бо ин тафовут, ки тавассути рӯҳониёни шиаи тундрав идора мешуд ва ба мушакҳои қорапаймо муҷаҳҳаз буд, ки метавонистанд ба Иёлоти Муттаҳида бирасанд. Агар раисҷумҳур Доналд Трамп ин корро анҷом намедод, ин иттифоқ меафтод", - афзуд Марко Рубио.

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 31-уми март дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, Амрико "ба зудӣ" аз ҷанг бо Эрон берун хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, ин кор метавонад "зарфи ду ё се ҳафта" анҷом шавад.

Дар ҳамин ҳол, Марко Рубио ҳокимони Эронро ба он муттаҳам кард, ки дар фикри сохтани силоҳи ҳастаӣ ҳастанд. “Чаро инро медонем? Чун онҳо дар ҳоли фароҳам кардани тамоми чизҳое ҳастанд, ки барои сохтани силоҳи ҳастаӣ зарур аст. Онҳо дар ҳоли сохти мушакҳои дурбурде ҳастанд, ки дар ниҳоят метавонанд ба Иёлоти Муттаҳида бирасанд ва ҳамин ҳоло ҳам бурдашон ба Аврупо мерасад. Мо ҳафтаи гузашта дидем, ки ду маврид аз онҳоро озмоиш карданд, бо вуҷуди ин ки дар ихтиёр доштани онҳоро инкор мекарданд.”

Вазири умури хориҷии Амрико мардуми Эронро аз ҳокимони ин кишвар "ҷудо" донист ва гуфт, ки онҳо ин давлат ё ин режимро "дӯст намедоранд".

Ӯ ҳукумати Эронро "бузургтарин пуштибони терроризм дар дунё" номид ва бо ишора ба ғанисозии 60-дарсадии уран аз сӯи Ҷумҳурии Исломӣ, гуфт: "Танҳо далеле, ки барои доштани ураниуми ғанисозишудаи 60-дарсадӣ вуҷуд дорад, ин аст, ки метавон онро то 90 дарсад ғанисозӣ кард ва дар як бомб қарор дод. Эрон ҳеч далеле барои доштани он надорад. Онҳо бояд аз ин кор даст кашанд."

Вазири корҳои хориҷии Амрико бо интиқод аз гузоришҳо дар бораи мушаххас набудани ҳадафҳои Амрико дар ҷанг бо Эрон гуфт: "Ҳадафи мо равшан аст, яъне нобуд кардани нерӯи ҳавоӣ, нерӯи дарёӣ, тавони мушакӣ ва корхонаҳои мушакии онҳо ва нобуд кардани сомонаҳои партоби мушак."

Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон дар роҳи расидан ба ҳамаи ҳадафҳояш комёб будааст. "Нерӯҳои низомии мо бо тавоноии фавқулода дар ҳоли амалӣ кардани ҳадафҳои мо ҳастанд, чизе, ки ба гумонам дар таърих ба унвони яке аз беҳтарин амалиёти низомии даврони муосир сабт хоҳад шуд."

"Бастани тангаи Ҳурмуз мисли иқдомоти фашистҳо аст"

Марко Рубио дар изҳороти худ ба вазъияти танга ё гулӯгоҳи Ҳурмуз ва иқдомоти Эрон дар мушкил кардани убуру мурури киштиҳо аз ин оброҳаи муҳим ишора кард ва онро монанди иқдомоти "фашистҳо" дар давоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Уқёнуси Атлантик муаррифӣ кард.

Вай гуфт, "ҳар коре ки Эрон барои халалдор кардани равуои тиҷорӣ анҷом диҳад, ғайриқонунӣ аст. Бомбаборон, ҳамла ба киштиҳои тиҷорӣ ва ғарқ кардани онҳо ғайриқонунӣ аст."

Марко Рубио бо ишора ба инки Иёлоти Муттаҳида сӯзишвории бисёр камеро аз тариқи гулӯгоҳи Ҳурмуз дарёфт мекунад, гуфт, "ҳампаймонҳои мо дар Халиҷи Форс миқдори зиёде нафт аз он ҷо содир мекунанд. Ин як мушкил барои кулли ҷаҳон аст. Кишварҳои гуногун дар саросари ҷаҳон бояд вориди кор шаванд ва бо он муқобила кунанд ва бигӯянд, ки ин ғайриқобили пазириш аст. Мо онҳоро ба анҷоми ин кор ташвиқ кардаем."

Вазири умури хориҷии Амрико ҳамзамон гуфт, президент Доналд Трамп "ҳамеша музокираро бар ҷанг бартарӣ медиҳад", аммо "фиреби бозиҳои Эронро нахоҳад хӯрд".

Интиқод аз НАТО; "бояд ҳузурамонро дубора баррасӣ кунем"

Марко Рубио дар посух ба суоле дар бораи интиқоди ахири раисҷумҳури Амрико аз паймони низомии Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО гуфт: "Мо бояд дубора баррасӣ кунем, ки оё НАТО ҳанӯз дар ҳоли анҷоми маъмурияти худ аст ё ба масири яктарафа табдил шудааст. Яъне Амрико фақат ба Аврупо кумак мекунад, аммо вақте мо ба кумаки муттаҳидон ниёз дорем, онҳо ҳаққи истифода аз пойгоҳ ва иҷозаи убури ҳавоиро аз мо дареғ медоранд."

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пештар аз он норозигӣ кард, ки кишварҳои узви НАТО дар амалиёт алайҳи Эрон бо Амрико ҳамкорӣ накарданд. Чанд кишвари узви НАТО, аз ҷумла Испания иҷоза надоданд, ки ҳавопаймоҳои Амрико дар амалиёт алайҳи Эрон аз пойгоҳҳои он кишвар истифода кунад.

Марко Рубио дар суҳбати ахираш ин суолро матраҳ кард, ки "чаро мо дар НАТО ҳастем? Чаро триллионҳо доллар сарф мекунем ва ин ҳама нерӯҳои амрикоиро дар минтақа ҷобаҷо кардаем, агар дар замони ниёзамон иҷозаи истифода аз он пойгоҳҳоро надошта бошем?"

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Амрико, "НАТО фақат барои дифоъ аз Аврупо набуд, балки ба мо иҷоза медод, ки барои амнияти миллии худ дар Аврупо пойгоҳҳои низомӣ дошта бошем. Агар ба нуқтае расидаем, ки паймони НАТО ба ин маъност, ки наметавонем аз он пойгоҳҳо барои дифоъ аз манофеамон истифода кунем, пас, ин як роҳи яктарафа аст."

Доналд Трамп дар беш аз як моҳи ҷанг бо Эрон борҳо барои беамалӣ аз НАТО интиқод кард. Буҷаи умумии Паймони Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО дар соли 2025 ҳудуди 5,3 миллиард доллар буд, ки саҳми Иёлоти Муттаҳида дар он ҳудуди 842 миллион доллар ҳисоб шудааст. Ин як бахши хурди буҷаи Вазорати дифои Амрико ё Пентагон аст, ки 882 миллиард доллар эълон шудааст.

Паём ба мардуми Амрико: ҳамла ба Эрон "зарурӣ" буд

Марко Рубио 1-уми апрел дар паёме видеоӣ хитоб ба мардуми Амрико гуфт, ҳамла ба Эрон "зарурӣ ва бамавқеъ" буд. Ӯ гуфт, "ҳукумати Эрон бар хилофи иддаояш барномаи ҳастаии худро ба сурати махфиёна ва бо қобилияти низомӣ пеш бурдааст."

Ба гуфтаи Рубио, далели иқдоми низомӣ дар ин замон талоши Ҷумҳурии Исломӣ барои эҷоди "сипари дифоӣ" аз тариқи ҷамъ кардани мушакҳо ва паҳподҳо аст. Иқдоме, ки ба гуфтаи Рубио метавонист ҳаргуна ҷилавгирӣ аз дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро дар оянда ғайримумкин кунад.

Кохи Сафед эълом кардааст, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида шаби чоршанбе ба вақти Амрико (субҳи 2-юми апрел ба вақти Душанбе) дар мавриди ҷанг алайҳи Эрон, хитоб ба миллати Амрико суханронӣ мекунад.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG