Дар ин паём омадааст, ки Доналд Трамп ифшо кардааст, ки ҳукумати Амрико дар ҳоли гуфтугӯ бо Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси порлумони Эрон аст. Трамп ҳамчунин ба ин хабарнигор гуфтааст, ки "то ҳудуди як ҳафтаи дигар "маълум мешавад, ки Қолибоф оё касе ҳаст, ки Амрико битавонад бо ӯ кор кунад ё не".
Муҳаммадбоқир Қолибоф чанд соат пас аз нашри ин суханони Доналд Трамп, шомгоҳи душанбе дар паёме дар шабакаи Х, ки метавонад ради гузоришҳо дар бораи музокираи ӯ бо Амрико ба шумор равад, навишт, "орзуи худро дар қолаби хабар матраҳ мекунанд".
Раисҷумҳури Амрико рӯзи 30 март таҳдид карда буд, ки агар Ҷумҳурии исломӣ барои поёни ҷанг созиш накунад, таъсисоти нафтии ҷазираи Хорк, чоҳҳои нафт ва нерӯгоҳҳои барқиро нобуд хоҳад кард.
Раиси порлумони Эрон дар бахши дигари паёми худ дар Х таҳдид кард, ки "душманони Эрон" дар сурати ҳамла посухи сахттаре дарёфт хоҳанд кард ва навишт, "яке бизананд, чанд то мехӯранд".
Доналд Трамп рӯзи 29 март ҳам дар як мусоҳиба бо Financial Times" гуфта буд, ки Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси порлумони Эрон ва яке аз раҳбарони баландпояи даврони ҷанг, иҷозатномаи убури нафткашҳои изофӣ аз тангаи Ҳурмузро "барои ӯ" содир кардааст.
Раиси порлумони Эрон ду рӯз пеш дар шабакаи Х Амрикоро муттаҳам кард, ки дар зоҳир ҳарф аз музокирот мезанад, аммо дунболи пиёда кардани нерӯ дар хоки Эрон аст. Ӯ ҳамчунин чанд бор дар шабакаи Х ҳар гуна гуфтугӯи Ҷумҳурии исломӣ бо ҳукумати Амрикоро рад кард.
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳам бо нашри паёме дар Х навишт, кишвараш дар ин сиву як рӯзи ҷанг ҳеҷ музокирае бо Амрико надоштааст ва ончӣ буд, ироаи дархости музокира бо маҷмуае аз пешниҳодҳо аз тарафи Амрико будааст, ки аз сӯи бархе миёнаравҳо, аз ҷумла, Покистон ба дасти онҳо расидааст.
Ин изҳороти сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон пас аз он нашр шуд, ки Доналд Трамп аз гуфтугӯ миёни Амрико ва Эрон сухан гуфта буд.
Каролин Левитт, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки музокирот байни Амрико ва Эрон ба хубӣ пеш меравад ва ҳамчунон дар ҷараён аст. Хонум Левитт ҳамчунин гуфт, ки мақомҳои эронӣ, ки Амрико бо онҳо сӯҳбат мекунад, "дар пушти саҳна мантиқитар" аз раҳбарони қаблӣ ба назар мерасанд.
Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси порлумони Эрон аз камшумор раҳбарони баландмақоми он кишвар аст, ки дар як моҳи гузашта аз кушта шудан дар ҳамлаҳои ҳадафманди Исроил ҷони солим ба дар бурдааст.
Аз сӯи дигар, бархе нозирон ҳам бо таваҷҷуҳ ба собиқаи Муҳаммадбоқир Қолифбоф ба унвони яке аз чеҳраҳои саршиноси усулгароён дар Эрон, эҳтимоли гуфтугӯи ӯ бо Амрикоро баъид донистаанд.
Гуфтугӯ