Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қасдашон ҷанг бо мардум нест." Наврӯз ва умеду нигаронии эрониҳо дар Душанбе

Лаҳзае аз таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон
Лаҳзае аз таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон

Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз мизбони гурӯҳе аз хориҷиён буд. Шумораи дақиқи онҳо эълон нашудааст, вале баъзеяшон эрониҳое ҳастанд, ки пеш аз шурӯи ҷанг аз Ҷумҳурии Исломӣ омадаанд ва ё эрониҳое, ки дар кишварҳои ғарбӣ кору зиндагӣ мекунанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ бо чандеи онҳо дар кӯчаҳои Душанбе ҳамсуҳбат шуданд.

"Чанд рӯз қабл аз ҷанг омада будам"

Ёсир аз Теҳрон ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ба Тоҷикистон омадааст. Вай гуфт, вазъ дар кишвараш боис гашт, ки дар Душанбе бимонад ва ҷашни имсолаи Наврӯзро на дар канори хонавода, балки бо мардуми Тоҷикистон таҷлил кунад. "Онҷо шароити ҷангӣ аст, дигар," - афзуд Ёсир.

Ин мусофири эронӣ мегӯяд, бо пайвандонаш дар Ҷумҳурии Исломӣ бо сахтӣ тамос дорад: "Шиддати бомбаборон зиёд аст. Дар қисматҳое, ки хонаводаи ман ҳастанд, шукри Худо, мушкиле пеш наомадааст ҳанӯз. Вале билохира дучори ихтилолоте дар зиндагӣ мешаванд."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Орзуҳои наврӯзии эрониён дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00

Соли гузашта, дар пайи бекор шудани низоми раводид (виза) миёни Тоҷикистону Эрон, гурӯҳе аз сайёҳони зиёди эронӣ барои таҷлили Наврӯз ба Душанбе омада, ширкатҳои ҳавопаймоӣ низ парвозҳои вижа ё чартерӣ роҳандозӣ карданд.

Аз оғози ҳамлаҳои Амрикову Исроил парвозҳо миёни Душанбе ва Теҳрону Машҳад лағв шудаанд. Танҳо гурӯҳи хурде ба мисли Ёсир, ки пеш аз шурӯи даргирӣ аз Эрон ба Тоҷикистон омада буданд, дар инҷо мондаанд. Шумораи онҳо дақиқ нест.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе чанд эронии муқими Аврупо ва кишварҳои дигари ғарбиро диданд, ки барои таҷлил аз Наврӯзро ва ошноӣ бо таъриху гӯшаҳои ҷаҳонгардӣ ба Тоҷикистон омадаанд.

"Қасдашон ҷанг бо мардуми Эрон нест"

Алии Содиқӣ
Алии Содиқӣ

Алии Содиқӣ яке аз онҳост. Ӯ гуфт, ҳарчанд дар барномаҳои наврӯзӣ дар гӯшаҳои Тоҷикистон ширкат кард ва аз хӯроку ҳунари мардум лаззат бурд, гӯшае аз хаёлаш бо он чизест, ки имрӯзҳо дар Эрон мегузарад.

"Мо худамон хостори кумак шудем. Ва ин кумак аз ҷониби Амрико ва Исроил анҷом мешавад. Ва қасди онҳо ин нест, ки бо мардуми Эрон биҷанганд. Ҳимоят аз мардуми Эрон аст. Чун ин режими диктотурӣ, мутаассифона, зарфи 47 сол ба касе раҳм накард. Вазъи иқтисодӣ, вазъи сиёсӣ ҳама чиз аз байн рафт. Ва мардум дар ҳар тазоҳуроте, ки ширкат карданд, саркӯб шуданд," -- афзуд ӯ.

Эрониёне, ки аз кишварҳои хориҷ барои таҷлили Наврӯз ба Душанбе омадаанд, ба макони ҷашну барномаҳои наврӯзӣ, аз ҷумла ба Боғи Куруши Кабир, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Наврӯзгоҳ ва майдони муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ба тамошо мераванд.

Боғи Куруши Кабир дар Душанбе
Боғи Куруши Кабир дар Душанбе

Алӣ Ризо аз Швейтсария ва духтару писараш аз Деҳлии Ҳинд барои гузарондани Наврӯзи имсол ба Тоҷикистон омадаанд. Ӯ мегӯяд, иттилоъ дар бораи маконҳои баргузории ҷашнҳои наврӯзӣ дар Тоҷикистон бояд зиёд ва аз ҷумла бо хатти форсӣ бошад, то эрониён зуд пайдо кунанд.

Вай дар пайванд ба ҳодисаҳои Эрон гуфт, "ҷанг чизи хубе нест", вале дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи ӯ "даргирӣ ба хотири ҳукуматест, ки қабул надорад мушкилро бо мардуми худ ва мардуми хориҷ бо гуфтугӯ ҳал бикунад".

Наврӯз яке аз ҷашнҳои асосӣ дар Тоҷикистон аст ва ба муносибати он то охири ин ҳафта истироҳати расмӣ эълон шудааст. Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Душанбе рӯзи 21-уми март бо афрӯхтани гулхан оғоз шуд ва бо барномаҳои гуногуни ҳунарӣ дар гӯшаҳои ҷумҳурӣ идома мекунад.

XS
SM
MD
LG