Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сояи афзояндаи худкомагӣ". Танқиди Freedom House аз ҳукумати Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон (рост) дар канори раҳбарони Русия ва Чин. Акс аз муқоваи гузориши Freedom House
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон (рост) дар канори раҳбарони Русия ва Чин. Акс аз муқоваи гузориши Freedom House

Freedom House ё Хонаи Озодӣ мегӯяд, Тоҷикистон дар бист соли гузашта бо рукуди башиддати нишондодҳои демократӣ рӯ ба рӯ шудааст. Гузориши ин созмони байнулмилалӣ рӯзи 19-уми март бо номи "Озодӣ дар ҷаҳон. Сояи афзояндаи худкомагӣ" нашр шуд.

Муаллифон Тоҷикистонро дар қатори Русия, Баҳрайн ва Қирғизистон аз ҷумлаи давлатҳое номбар кардаанд, ки "озодиҳои пешинаашонро ҳам торафт аз даст медиҳанд".

Ҳангоми арзёбии Тоҷикистон бештар рӯйи интихоботи порлумонии соли 2025 тамаркуз шудааст, ки бо пирӯзии ҳизбҳои рӯ ба ҳукумат ва бе ҳузури мухолифону нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо гузашт. Дар гузориш бо ишора ба баста ва аз майдони сиёсӣ ронда шудани Ҳизби наҳзати исломӣ дар соли 2015 чунин омадааст:

"Режими худкомаи президент Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ҷилави қудратро дар Тоҷикистон ба даст дорад, пеш аз интихоботи соли 2015 сабтиноми ҳизби умдаи мухолифонро бекор кард, баъзе аъзои ҳизб ва хешовандони онҳоро озору азият доду ба зиндон андохт ва дар баъзе ҳолатҳо кушт. Чунин саркӯбҳо солҳои баъдӣ ҳам идома кард ва имрӯз барои рақобати ҳамаҷониба дар интихоботи Тоҷикистон фазои хеле танг мондааст. Тоҷикистон соли 2025 аз 100 хол танҳо 5 хол ба даст овард, дар ҳоле ки соли 2005 дар ин арзёбиҳо 30 хол ба даст оварда буд."

Freedom House (Хонаи Озодӣ) дар гузориш қазияи мушаххасеро наовардааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба танқидҳои созмон ягон вокуниш накардаанд, вале дар гузашта тасмими бастан ва ба зиндон андохтани аъзои ҲНИТ-ро ба "ошӯб"-и генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифоъ, пайванд дода буданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро "мамнуъ ва террористӣ" эълон кардааст. Чизе, ки раҳбарони ҳизб дар хориҷа беасос меноманд.

Бист соли бисёр душвори озодиҳо дар ҷаҳон

Гузориши Freedom House (Хонаи Озодӣ) инчунин ба маҳдуд шудани озодии баён таваҷҷуҳ кардааст. Дар бахше аз он гуфта мешавад, ки дар бист соли гузашта бо рӯйи кор омадани фанновариҳои нав фаъолиятҳои демократӣ ҳам тавсеа ёфт, вале дар муқобил "ҳукуматҳои ноозод ва худкома назорати рақамӣ ва саркӯбҳоро барои изҳори назарҳо дар интернет бештар карданд".

Freedom House (Хонаи Озодӣ) мегӯяд, аз соли 2020 то 2025 шаш давлат – Беларус, Эрон, Никарагуа, Русия, Тоҷикистон ва Венесуэла аз ҷиҳати озодии баён ба сатҳи поинтарин расиданд. Дар ин кишварҳо фаъолияти шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди назорати шадид қарор мегирад.

Ҷейми Флай
Ҷейми Флай

Ҷеми Флай, мудири иҷроияи Freedom House (Хонаи Озодӣ), рӯзи 19-уми март дар баёнияе гуфт, "агарчӣ соли 2026 барои касоне, ки дар кишварҳои низомашон худкома, аз Венесуэла то Эрон, зиндагӣ мекунанд, имкониятҳои нав овард, 20 соли охир барои озодӣ дар ҷаҳон давраи бисёр душвор буд."

"Низоъҳои мусаллаҳона, табаддулот, ҳамла ба ниҳодҳои демократӣ ва саркӯби ҳуқуқ аз сӯйи ҳукуматҳои худкома боис гаштанд, ки коҳиши озодӣ ду даҳсола идома ёбад. Онҳое, ки ҳоло аз озодӣ баҳра мебаранд, бояд бештар талош кунанд, то ба худкомагӣ муқобилат кунанд ва мардумеро, ки барои ҳуқуқи худ мубориза мебаранд, пуштибонии муаассир намоянд. Агар не, ин коҳиш идома хоҳад ёфт," -- афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG