Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде, ки шояд Амрико бо ӯ гуфтушунид кунад. Қолибоф кист?

Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси порлумони Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорон.
Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси порлумони Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорон.

Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорон, ки дар чаҳор интихоботи президентӣ шикаст хӯрдааст, ҳоло яке аз чеҳраҳои қудратмандтарин дар Ҷумҳурии Исломӣ ба шумор меравад. Ин имкон пас аз кушта шудани гурӯҳи бузурге аз раҳбарону фармондеҳони баланпдояи Эрон дар ҳамлаҳои якҷояи Исроилу Амрико ба ӯ даст дод. Номи Қолибоф дар гузашта бо моҷарои фасод гиреҳ хӯрда буд.

Гузоришҳои нашршуда дар як ҳафтаи охир баёнгари онанд, ки маъмурияти Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, бе ягон сарусадо Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси муҳофизакори порлумони Эронро ба унвони як ҷониби гуфтушунид ва шояд ҳатто раҳбари ояндаи Эрон баррасӣ мекунад.

Вашингтон, ки гузоришҳои CNN, Politico, Fox News ва расонаҳои дигарро тасдиқ накардааст, аз замони кушта шудани Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, дар рӯзи аввали ҳамлаҳои Амрико ва Исроил (28-уми феврал) дар ҷустуҷӯйи як роҳи тамос барои гуфтушунид бо Теҳрон будааст. Ҳарчанд Муҷтабо Хоманаӣ, писари Алии Хоманаӣ, раҳбари нави Эрон муаррифӣ гашт, аз ҳамон рӯзи ҳодиса нопадид буда, гуфта мешавад, захмӣ аст.

Дар чунин шароит, баъзеҳо дар Кохи Сафед Муҳаммадбоқири Қолибофро интихоби муносиб барои гуфтугӯ медонанд. Аммо Қолибофи 64-сола ин гумонзаниҳоро рад кард ва дар шабакаи "Х" ё Твиттери собиқ навишт, ки "ҳеч музокира бо Амрико анҷом нашуда" ва ин иддао "хабари дурӯғ" барои таъсиргузорӣ рӯйи бозорҳои молӣ ва нафт аст.

Ҳаводорони номзади муҳофизакор ба мақоми раисҷумҳури Эрон, Муҳаммадбоқири Қолибоф. Теҳрон, моҳи майи 2017
Ҳаводорони номзади муҳофизакор ба мақоми раисҷумҳури Эрон, Муҳаммадбоқири Қолибоф. Теҳрон, моҳи майи 2017

Сиёсатмадори муҳофизакор

Муҳаммадбоқири Қолибоф, сиёсатмадори муҳофизакор ва фармондеҳи собиқи низомӣ, солҳо бо раҳбари олии Эрон ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ пайванди наздик дошт. Вай дар соли 1961 зода шуда, дар 18-солагӣ ба Сипоҳи посдорон пайваст ва дар ҷараёни ҷанги Эрону Ироқ то фармондеҳии як воҳиди низомӣ пеш рафт.

Сипас фармондеҳи нерӯи ҳавоии Сипоҳи посдорон шуд, мақоме ки мустақим аз сӯи Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ба ӯ дода шуд ва роҳашро дар сиёсат барои даҳсолаҳо ҳамвор кард.

Муҳаммадбоқири Қолибоф то соли 2017 шаҳрдори Теҳрон буд. Ӯ тарҳҳои бузургеро ба монанди тавсеаи хати метро ва лоиҳаҳои калони дигар пеш бурд, аммо ҳамеша зери сояи расвоиҳои фасоди молӣ қарор дошт. Аз ҷумла, гузориши Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, дар соли 2022 нишон дод, ки Қолибоф талош кардааст миллионҳо доллари гумшударо дар як бунёди вобаста аз Сипоҳи посдорон пинҳон кунад.

Дар ибтидои имсол, вақте нерӯҳои амниятии Эрон алайҳи норозиён аз шароити сахти иқтисодӣ саркӯби хунинеро анҷом доданд, Муҳаммадбоқири Қолибоф дубора аз худ чеҳраи тундрав нишон дод. Вай дар ҷаласаи порлумон рафтори пулис, Сипоҳи посдорон ва Басиҷро бо эътирозгарон дуруст шумурда, гуфт, "онҳо дар ҷанг бо террористҳо устувор истоданд."

Ҳусайн Раззоқ, таҳлилгари эронии муқими Олмон, мегӯяд, вобастагии Қолибоф аз парвандаҳои фасод танҳо ҷойи сустии ӯ нест. Ба гуфтаи Раззоқ, Ҷумҳурии Исломӣ маъмулан ба шахсоне такя мекунад, ки манфиатҳои молияшон бо бақои режим пайванд хӯрда бошад.

Шикаст дар чор интихоботи президентӣ

Соли 1999. Муҳаммадбоқири Қолибоф дар қатори фармондеҳони дигари Сипоҳи посдорон дар номае ба раисҷумҳури ислоҳталаб Муҳаммад Хотамӣ эътирози донишҷӯёнро таҳдид ба амнияти миллӣ дониста, дахолати мустақилонаи Сипоҳро дар хомӯш кардани он зарурӣ номид. Хоманаӣ соли 2000 ӯро, ки 39 сол дошт, ба раҳбарии нерӯҳои миллии пулиси Эрон таъйин кард.

Давраи раҳбарии Қолибоф дар бахши пулис бо хушунат ҳамроҳ буд. Дар як навори садоӣ, ки дертар фош шуд, ӯ дар саркӯби соли 1999 шахсан донишҷӯёнро латукӯб карда, аз дастури тирпаронӣ алайҳи донишҷӯён дар эътирозҳои соли 2003 фахр намудааст.

Муҳаммадбоқири Қолибоф дар соли 2005 аз раёсати пулис истеъфо дод ва ба сиёсат ворид шуд ва дар интихоботи президентии ҳамон сол ҷойгоҳи чаҳорумро гирифт. Пирӯзии сиёсатмадори популист ё авомгаро Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин интихобот дари шаҳрдории Теҳронро ба рӯйи Қолибоф кушод ва ӯ дувоздаҳ сол дар онҷо монд.

Муҳаммадбоқири Қолибоф бо Алии Хоманаӣ
Муҳаммадбоқири Қолибоф бо Алии Хоманаӣ

Қолибоф дар соли 2013 дубора номзади раёсати ҷумҳури Эрон шуд ва дар мақоми дувум қарор гирифт. Вай дар соли 2017 боз ҳам вориди рақобат дар интихоботи президентӣ шуд, аммо ба хотири ҳимоят аз Иброҳим Раисӣ аз бозӣ канор рафт.

Ҳусайн Раззоқ, таҳлилгари эронии муқими Олмон, мегӯяд, ин номзадшуданҳо ва бавижа ақибнишинии Қолибоф дар интихобои соли 2017 бештар як навъ нишон додани вафодорӣ ба раҳбари олии Эрон буд, на талоши воқеӣ барои расидан ба қудрат. Ӯ дар интихоботи зудҳангоми соли 2024, ки пас аз марги Иброҳим Раисӣ баргузор шуд, бори чорум номзад гашт, аммо дар баробари Масъуди Пизишкиён шикаст хӯрд.

Дар интихоботи порлумонии соли 2020 дар Эрон, ки бисёре аз номзадони ислоҳталаб ва муътадил радди салоҳият шуданд, Муҳаммадбоқири Қолибоф дар Теҳрон нафари аввал шуд ва сипас раиси порлумон интихоб гардид. Дар даврони ӯ, Маҷлиси Эрон қонунеро қабул кард, ки суръати рушди барномаи ҳастаии он кишварро афзоиш дод.

Наздикӣ ба дафтари раҳбарӣ

Яке аз нуктаҳои муҳимтарин дар бораи Муҳаммадбоқири Қолибоф, робитаи наздики ӯ бо Муҷтабо Хоманаӣ, писари раҳбари собиқи Эрон аст. Ин робита аз соли 1980 оғоз шуд ва бо гузашти замон аҳамияти бештар пайдо кард. Дар чанд интихоботи президентӣ нишонаҳое аз пуштибонии шахсони наздики Муҷтабо ва баъзе аз фармондеҳони Сипоҳ аз Қолибоф дида шудааст.

Бо оғози ҷанги Амрикову Исроил ба зидди Ҷумҳурии Исломӣ ва кушта шудани Алии Хоманаӣ дар рӯзи 28-уми феврал ин робита аҳамияти бештаре пайдо кардааст.

Марги раҳбарони аршад, аз ҷумла фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон, вазири дифоъ ва нерӯҳои мусаллаҳи Эрон буҳрони бузургеро дар сохтори қудрат дар ин кишвар эҷод кардааст. Муҷтабо Хоманаӣ, ки ҳоло ба ҷойи падараш раҳбари олии Эрон муаррифӣ шуд, комилан нопадид аст. Ба ҷуз аз чанд паёми хатӣ, на аксе аз ӯ нашр шуда ва на садое шунида шудааст. Ин ҳолат сабаби пайдо шудани гумонҳо дар бораи вазъи саломати ӯ гаштааст.

Дар чунин холигоҳе, бо гузашти ҳар рӯз, нақши Муҳаммадбоқири Қолибоф пуррангтар мешавад. Пас аз кушта шудани Алии Лориҷонӣ дар ҳамлаи Исроил дар рӯзи 17-уми март акнун Қолибоф шахсияти намоёнест, ки метавонад байни қудратҳои сиёсӣ, амниятӣ ва рӯҳонии Эрон нақши ҳамоҳангкунандаро иҷро кунад. Лориҷонӣ пас аз марги раҳбари олии Эрон масъули ҳамоҳанги умури сиёсӣ буд.

Ҳусайн Раззоқ, таҳлилгари эронии муқими Олмон, мегӯяд, Муҳаммадбоқири Қолибоф ҳамеша "шахси мавриди эътимоди хонадони раҳбарӣ" будааст, вале ҳоло ки бисёре аз чеҳраҳои калидии Эрон аз байн бурда шудаанд, "нақши ӯ аз ҳар замони дигар муҳимтар гардидааст."

XS
SM
MD
LG